Партоби 20 мушак тавассути Сипоҳи Қудс ба Исроил / Ҳамлаи ҳавоии густурдаи Исроил ба Сурия

Артиши “Исроил” муддаӣ шуд, ки Сипоҳи Қудси Эрон 20 мушак ба самти минтақаи Ҷулони “Исроил” партоб кардааст.

Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳеч манбаи расмӣ дар Эрон ё манбаи мустақилли дигаре дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Пас аз ин ҳодиса, ҳамалоти ҳавоии “Исроил” ба Сурия оғоз шуд. Сухангӯи артиши “Исроил” гуфтааст, ки дар ин ҳамалот, аҳдофи низомии Сипоҳи Қудси Эрон дар Сурия бомбборон шудаанд.

Артиши “Исроил” идома дод, ки дар ин ҳамалот, марокизи Эрон мавриди ҳадаф ҳастанд ва Сурия набояд дахолат кунад, зеро паёмадҳои вахиме барои Димишқ дорад.

Хабаргузории расмии Сурия низ гуфтааст, ки дар ин ҳамалот, марокизи падофанди ҳавоӣ ва анборҳои муҳиммоти артиши Сурия мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин ба нақл аз манобеи низомии Сурия, артиши Сурия тавониста бо ҳамалоти мушакии “Исроил” муқобила кунад ва даҳҳо мушаки “Исроил” аз ҷумла мушакҳои партобшуда ба самти фурудгоҳи Димишқро сарнагун кунад.

Хабаргузории расмии Сурия ҳам тасовире аз муқобилаи падофанди артиши Сурия бо ҳамалоти ҳавоии “Исроил” дар осмони Сурия мунташир кардааст.

Артиши “Исроил” ҳамчунин гуфтааст, ки ба марокизи низомии Эрон дар Сурия ҳамла кардааст ва ҳамаи марокизе, ки дар Сурия мавриди ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтаанд, марбут ба Сипоҳи Қудс ҳастанд.

Артиши “Исроил” ҳамчунин муддаӣ шуд, ки Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудси Эрон, бар ҳамалоти мушакии бомдоди имрӯз аз Сурия ба минтақаи Ҷулони “Исроил” назорат доштааст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: