Перейти к содержимому

10 пойгоҳи низомии “Исроил”, ки ҳадафи мушакҳои Сипоҳи Қудс қарор гирифт

Дар ҳоле, ки артиши режими саҳюнистӣ иддао кард, ки “ҳамлаҳои мушакии субҳи имрӯз бо ин ки аз сомонаи “Гундаби оҳанин” убур карда ва боиси хасоратҳое шудаанд, аммо талафоте дарбар надоштаанд”, вале шабакаи Алмаёдин ба нақл аз манобеи худ дар Ҷулони ишғолӣ ва ироаи тасовире эълом кард, ки 10 маркази муҳимми режими саҳюнистӣ дар Ҷулони ишғолӣ мавриди исобати мушакҳо қарор гирифта ва хасоратҳои зиёде бар онҳо ворид шудааст.

Бар асоcи ин гузориш, марокизи номбурда аз қарори зер ҳастанд:

1) Маркази низомии фармондеҳии шунуди фаннӣ;

2) Мақарри марзии ҷамъоварии иттилоот;

3) Маркази низомии фармондеҳии ҷанги электруник;

4) Маркази низомии фармондеҳии шунуди шабакаҳои иртибототӣ дар ғарби Ҷулон;

5) Марокизи дарёфт ва ирсоли паём;

6) Мақарри дидабонии воҳиди силоҳҳои дақиқзан;

7) Фурудгоҳи болгардҳои низомии Ҷулон;

8) Мақарри фармондеҳии низомии минтақаии ягони 810 артиши “Исроил”;

9) Мақарри фармондеҳии типи низомӣ дар Ҳармун;

10) Мақарри воҳиди вежаи ҷанги зимистонии “Бенстим”.

Гуфтанист, субҳи имрӯз артиши “Исроил” муддаӣ шуд, ки Сипоҳи Қудси Эрон 20 мушак ба самти минтақаи Ҷулони “Исроил” партоб кардааст.

Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳеч манбаи расмӣ дар Эрон ё манбаи мустақилли дигаре дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Пас аз ҳодиса, ҳамалоти ҳавоии “Исроил” ба Сурия оғоз шуд. Сухангӯи артиши “Исроил” гуфтааст, ки дар ин ҳамалот, аҳдофи низомии Сипоҳи Қудси Эрон дар Сурия бомбборон шудаанд.

Артиши “Исроил” идома дод, ки дар ин ҳамалот, марокизи Эрон мавриди ҳадаф ҳастанд ва Сурия набояд дахолат кунад, зеро паёмадҳои вахиме барои Димишқ дорад.

Хабаргузории расмии Сурия низ гуфтааст, ки дар ин ҳамалот, марокизи падофанди ҳавоӣ ва анборҳои муҳиммоти артиши Сурия мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин ба нақл аз манобеи низомии Сурия, артиши Сурия тавониста бо ҳамалоти мушакии “Исроил” муқобила кунад ва даҳҳо мушаки “Исроил” аз ҷумла мушакҳои партобшуда ба самти фурудгоҳи Димишқро сарнагун кунад.

Хабаргузории расмии Сурия ҳам тасовире аз муқобилаи падофанди артиши Сурия бо ҳамалоти ҳавоии “Исроил” дар осмони Сурия мунташир кардааст.

Артиши “Исроил” ҳамчунин гуфтааст, ки ба марокизи низомии Эрон дар Сурия ҳамла кардааст ва ҳамаи марокизе, ки дар Сурия мавриди ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор гирифтаанд, марбут ба Сипоҳи Қудс ҳастанд.

Артиши “Исроил” ҳамчунин муддаӣ шуд, ки Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи Қудси Эрон, бар ҳамалоти мушакии бомдоди имрӯз аз Сурия ба минтақаи Ҷулони “Исроил” назорат доштааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: