Омилҳои пирӯзии ахири Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар Тунис

Инқилоби Тунис, ки дар соли 2011 ба пирӯзӣ расид, он замон мардум ба Ҳизби Наҳзати Исломӣ раъйи болое дода ва ин ҳизб маҳори давлатро ба даст гирифта буд, аммо ба хотири бархе мушкилоти сохторӣ дар Тунис, Наҳзати Исломӣ маҳори давлатро дар ихтиёри ҳизби либероли “Нидо” қарор дод, ки дар интихоботи 2014 ҷойгоҳи аввалро ба даст оварда буд. Наҳзати Исломӣ дар давлати эътилофӣ ба раҳбарии ҳизби “Нидо” ширкат кард. Ин давлат ҳамакнун қудратро дар ихтиёр дорад. Бо вуҷуди ин, Наҳзати Исломӣ муваффақ шуд дар интихоботи ахири шӯроҳои шаҳр ҷойгоҳи аввалро ба даст биёварад ва бори дигар эътимоди мардумро ба худ ҷалб кунад.

* * *

Омилҳои пирӯзии Ҳизби Наҳзати Исломӣ

Яке аз омилҳое, ки сабаби ин пирӯзӣ шуд, инсиҷоми ҳизбӣ буд, ки дар Наҳзати Исломӣ вуҷуд дошт. Дафтарҳое, ки ин ҳизб дар марокизи устонҳо ва соири шаҳрҳои Тунис дошт, ба пирӯзии Наҳзати Исломӣ кӯмак кард. Дар воқеъ, ин ҳизб ба унвони як ҳизби қудратманд барномаҳои худро ба сурати мунсаҷим дар ин марокиз иҷро кард.

Омили баъдӣ, ғалабаи мантиқ бар ҳаяҷони аввалияи мардум пас аз инқилоби Тунис аст. Агар Ҳизби Наҳзати Исломӣ пас аз инқилоби 2011 давлатро дар даст гирифт ва натавонист ба мутолиботи иқтисодӣ посухи мусбат бидиҳад, ба хотири мушкилоти сохтории Тунис буд, на мудирияти Наҳзати Исломӣ, чаро ки давлати баъдӣ, ки давлати либеролҳо буд низ бо ин чолиш рӯ ба рӯ шуд ва натавонист ба мутолиботи маишатии мардум посухи мусбат бидиҳад.

Акнун мардуми Тунис ба як навъ ақлоният расидаанд. Онон бар ин боваранд, ки барномаҳои Наҳзати Исломӣ беҳтар аст. Мардум ба хотири масоили исломӣ, ки аз ин ҳизб мушоҳида карданд, бештар ба он эътимод кардаанд.

Рошид Ғаннушӣ

Омили дигарро метавон мудирияти Рошид Ғаннушӣ дар Наҳзати Исломӣ лиҳоз кард. Ба рағми ихтилофоте, ки дар ин ҳизб вуҷуд дорад, тамоми аъзои Наҳзати Исломӣ гӯш ба фармони Рошид Ғаннушӣ ба унвони раиси ин ҳизб ҳастанд, аз ин рӯ нақши Рошид Ғаннушӣ дар инсиҷомбахшӣ ва мудирият ва барномарезии Наҳзати Исломӣ хеле муассир аст.

Дар ҳақиқат, Ғаннушӣ барои мубтало нашудани ҳизбаш ба сарнавишти Ихвонулмуслимини Миср ақлоният ба харҷ дод ва ин масъаларо мудирият кард. Меҳварҳои аслӣ, ки боис шуд то Наҳзати Исломӣ масири мутафовите аз Ихвони Миср дошта бошад, дар чанд масъалаи асосӣ хулоса мешавад:

1) Адами инҳисорталабӣ:

Тамоми нозирон бар ин нукта иттифоқи назар доранд, ки мудирияти Ғаннушӣ тавонист Наҳзати Исломиро аз ин дом бираҳонад. Наҳзати Исломӣ дар ҳавзаи масоили дохилӣ ва хориҷӣ зиёд вориди мавзӯоти чолишбарангез бо мухолифин нашуд. Итминонбахшӣ, ҳам дар ҳавзаи дохилӣ барои ҷараёноти мухолиф ва ҳам дар ҳавзаи хориҷӣ барои Ғарб иттихоз шуд. Дар ҳамин робита, Наҳзати Исломӣ эълом кард, ки улгуи мо дар хусуси ташкили давлат, Ҳизби адолат ва тавсиъаи Туркия аст ва қасде барои ташкили давлати исломӣ дар Тунис надорад.

Ин иқдом (адами инҳисорталабӣ ва мушорикати дигар гурӯҳҳо дар қудрат) тавонист ин ҳизбро аз доми дучор шудан ба сарнавишти Ихвонулмуслимини Миср наҷот диҳад. Ба рағми ин ки Наҳзати Исломӣ метавонист қудратро ба таври комил дар ихтиёр бигирад, ин корро накард. Риёсати ҷумҳуриро ба Мунсиф Марзуқӣ аз ҳизби “Кунгра барои ҷумҳурӣ” ва порлумонро ба Мустафо бен Ҷаъфар аз ҳизби фроксиюни демукротик дод, аммо Ихвонулмуслимини Миср чунин иқдомеро анҷом надод. Ин ҷунбиш ибтидо эълом кард, ки қасд дорад бештарин курсиро дар порлумони Миср дошта бошад, баъд, ки раъйи хубе овард, барои мансаби риёсати ҷумҳурӣ низ тамаъ кард ва аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсии дигарро дар қудрат чандон саҳим накард. Ин инҳисорталабии Ихвонулмуслимини Миср таҷрибае шуд, ки Наҳзати Исломӣ ин масирро тай накунад.

* * *

2) Нақши артиш дар Миср ва Тунис:

Артиш дар Миср як нақши таърихӣ дорад. Иқтисоди ин кишвар дар дасти афсарони артиш аст ва мисриён ба артиш як нигоҳи мусбате доранд, аз ин рӯ артиш дар умури сиёсӣ дахолат дорад, ки охирини он барканории давлати ихвонии Муҳаммад Мурсӣ буд. Аммо Тунис артиши хеле қавӣ надорад ва нерӯҳои амниятӣ қавитар ҳастанд. Ҳамин нерӯҳо низ дар замони Бен Алӣ дар инқилоби Тунис бетараф шуданд. Ин масъала дасти Наҳзати Исломиро боз гузошт, то барномаҳои худро иҷро кунад ва балое, ки сари Ихвонулмуслимини Миср омад, сари Ихвони Тунис наёяд.

* * *

3) Манофеи миллӣ дар авлавият:

Вақте, ки як ҷунбиш қудратро ба даст мегирад, аз ормонгароӣ, ки дошта фосила мегирад ва амалгаро мешавад. Ин масъала дар мавриди Наҳзати Исломӣ иттифоқ афтод. Чанд сол қабл, кунграи даҳуми Наҳзати Исломӣ баргузор шуд. Дар ин кунгра эълом шуд, ки Ҳизби Наҳзати Исломӣ ҳисобаш аз Ҷунбиши Наҳзати Исломӣ ҷудост. Яъне Наҳзати Исломӣ эълом кард, ки мо ба унвони як ҷунбиш баҳси ислом ва ормонҳои онро пеш мебарем, аммо ба унвони Ҳизби Наҳзати Исломӣ дар қудрат мушорикат мекунем ва ба унвони як ҳизби миллӣ амал хоҳем кард ва манофеи миллӣ авлавияти мост.

Наҳзати Исломӣ як асле ба номи “тадриҷ ва тадарруҷ” дорад. Ин асл ба хотири шароити ҳоким бар фазои ҷомеаи Тунис аст, ки бештар таҳти таъсири фарҳанги Ғарб ба вежа Фаронса, матраҳ шуд. Наҳзати Исломӣ мӯътақид аст, мо наметавонем ҷомеаро ба зӯр ба самти ормонҳои исломӣ бибарем, аз ин рӯ бояд ибтидо худ амалкунанда ба дастуроти ислом бошем, то мардум ба унвони як улгуи исломӣ аз мо ёд кунанд. Дар асари ин иқдом кам-кам ҷомеа ба сӯи иҷрои ормонҳои исломӣ тамоюл пайдо мекунад.

* * *

Нигоҳи миллигароёнаи Ҳизби Наҳзати Исломӣ

Мавзӯъ (шаҳрдории як бонуи беҳиҷоб дар пойтахт)-ро бояд аз нигоҳи фарҳангии он ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дод. Беҳиҷобии ин хонум барои ҷомеаи Тунис мавзӯи чандон муҳимме нест. Нуктае, ки бояд таваҷҷӯҳ дошт, нигоҳи миллигароёна аст, ки Наҳзати Исломӣ дар хусуси интихобот дорад. Ин ҳизб дарҳои худро ба рӯи ҷараёноти фикрӣ ва сиёсӣ набастааст. Ин ҷараёнҳо метавонанд дар интихобот ширкат кунанд, мунтаҳо аз ҳимоятҳои Наҳзати Исломӣ бархӯрдор бошанд. Ин муҳим аст, ки чунин афроде дар ҳавзаи барномаҳои Наҳзати Исломӣ пой ба арсаи сиёсӣ гузоштаанд. Ҷазби ин афрод муҳимтар аз дафъу рондани онон аст.

* * *

Вазнкашии сиёсӣ

Интихоботи ахир дар ҳақиқат як вазнкашии сиёсӣ дар Тунис буд. Дар ин интихобот вазни Наҳзати Исломӣ дар ҷомеаи Тунис мушаххас шуд ва ин як аломати ҳушдор барои гурӯҳҳои сиёсии Тунис маҳсуб мешавад. Зеро ҳизбе, ки давлат дар ихтиёраш нест, дар интихоботи шӯроҳои шаҳр ҷойгоҳи аввалро ба даст овард ва аз ҳизби ҳоким яъне “Нидо”, пешӣ гирифт. Ин нишон аз пойгоҳи иҷтимоии қудратманди Наҳзати Исломӣ дорад.

Нуктаи баъдӣ ин аст, ки Наҳзати Исломӣ беш аз он ки ба дунболи ба даст гирифтани давлат бошад, ба дунболи ба даст гирифтани шӯроҳои шаҳрӣ аст, то аз ин тариқ битавонад бо мардум иртиботи бештаре дошта бошад ва ҷойгоҳи худро беш аз гузашта дар миёни ҷомеа тасбит кунад. Агар чунин иттифоқе рух диҳад, баҳси гирифтани муҷаддади давлат барои Наҳзати Исломӣ дар оянда чолиши муҳимме нахоҳад буд.

Ба қалами Мустафо Қосимӣ, дуктурои равобити байналмилал ва коршиноси масоили шимоли Офриқо

Tasnimnews

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: