Перейти к содержимому

Розу рамзи муваффақияти Пошиниён

Ба қалами Руберт Моркориён, коршиноси эронии масоили Арманистон

Як сол пеш аз ин, дар остонаи таблиғоти интихоботии порлумони Арманистон, шояд камтар касе метавонист тасаввур кунад, ки сиёсатмадори фурӯтан ва ошкорбаёне, ки он рӯз ба заҳмат худро аз деворҳо боло мекашид ва аз фарози бомҳои қадимӣ ва бо як баландгӯи дастии содда мардумеро, ки бо бетафовутӣ аз болкуни хонаҳояшон наззорагар буданд, ба нафарӯхтани раъйи худ ба ҳизби ҳоким даъват карда ва ба онон ин умедро медод, ки “роҳи кушоиш” ва хуруҷ аз вазъияти кунунӣ вуҷуд дорад, танҳо як сол баъд бо раъйи порлумони Арманистон бар маснади нахуствазирии Арманистон такя хоҳад зад. Ҳамон гуна, ки як моҳ пеш аз ин низ ҳамкорони ӯ дар эътилофи “Елк” (Роҳи кушоиш) дар порлумони Арманистон, бо беэътимодӣ нисбат ба натиҷабахш будани муборизааш, ҳозир ба ҳамроҳии ӯ дар ҳаракати иҷтимоии ҷадидаш нашуданд. Ҳаракате, ки бо сафари ӯ ба устонҳои мухталифи Арманистон бо пои пиёда, бо як кӯлапуштии содда, бо як баландгӯи дастии кучак ва бо ҳамроҳии теъдоди андаке аз ҳамҳизбиҳояш оғоз шуд ва дар камтар аз се ҳафта бо табдил шудан ба инқилоби саросарӣ, нахуст ба ҳукумати даҳсолаи Серж Саркисиён поён дод ва сипас дар фосилаи танҳо ду ҳафта ҳизби ҳокими Ҷумҳурихоҳро маҷбур ба таслим дар муқобили хости мардум кард.

Дар хусуси далелҳо ва чигунагии шаклгирии ҳаракати иҷтимоии ахир дар Арманистон, сайри таҳаввулоти як моҳи гузашта ва табдили он ба инқилоби махмалӣ ва дар ниҳоят пирӯзии он бидуни ҳеч даргирӣ ва хушунат ва хунрезӣ, метавон соатҳо қаламфарсоӣ карда ва ба назариёти сиёсӣ ва ҷомеашинохтии мухталиф истинод кард, аммо дар ин миён наметавон аз нақши инкорнопазир ва барҷастаи Никул Пошиниён ба унвони оғозгари ин ҳаракат ва ҷунбиши эътирозӣ ва сипас раҳбарии инқилоби махмалии Арманистон чашмпӯшӣ кард. Сиёсатмадоре, ки фаъолияти иҷтимоии худро аз донишгоҳ ва бо нигоштани мақолаи ифшогарона дар мавриди фасоди молии вобастагони раиси донишкада оғоз кард ва пас аз худдорӣ аз узрхоҳӣ ва ихроҷ аз донишгоҳ, ба ҳирфаи рӯзноманигорӣ рӯй овард, пас аз он вориди сиёсат шуд, зиндагӣ дар хафо ва ҳамчунин зиндонро таҷриба кард. Дар бозгашти муҷаддад ба арсаи сиёсат ҷазби фаъолиятҳои ҳизбӣ шуда ва бо нишастан бар сандалии намояндагии порлумон, масири худ ба сӯи маснади нахуствазириро ҳамвор кард.

Нигорандаи ин сутур як сол пеш аз ин дар матлаби кӯтоҳе дар бораи натоиҷи интихоботи порлумонии Арманистон ва ҳангоме, ки хелеҳо на танҳо Никул Пошиниёнро ҷиддӣ нагирифта буданд, балки равиши ӯ дар таблиғоти интихоботиро ба сухра (масхара) мегирифтанд, ӯро “падида” номидааст. Мавзӯе, ки акнун табдил ба воқеияте инкорнопазир шудааст.

Арманистон дар солҳои пас аз истиқлол ва ба вежа дар давраи даҳсолаи риёсати ҷумҳурии Серж Саркисиён, шоҳиди чандин ҷунбишу ҳаракати иҷтимоӣ ва эътирозӣ будааст, ки ё аз сӯи ҳукумат саркӯб шудаанд (воқеаҳои аввали моҳи марти 2008), ё пас аз муддате бо тарфандҳои мухталиф маҳор шуда ва поён ёфтаанд (эътирозоти пас аз интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2013 ва ҷунбиши мавсум ба “Ирвон” (Ереван) электрик” дар эътироз ба афзоиши баҳои барқи масрафӣ дар июни 2015) ва ё ин ки ҷанбаи ифротӣ ба худ гирифта ва ба сурати иқдомоти шибҳитеруристӣ имкони буруз ёфтаанд (гаравгонгирӣ ва ишғоли як маркази пулис дар Ирвон дар июли соли 2016).

Яке аз вежагиҳои муҳимми ҷунбиши ахир, ки онро аз мавориди мушобеҳи дигар дар солиёни гузашта мутамойиз месозад, ҳузури Никул Пошиниён ба унвони оғозгар ва раҳбари ин инқилоби махмалӣ дар раъси он аст. Никул Пошиниёнро на метавон бо Леун Тер Петрусиён муқоиса кард, ки ба далели қатлҳо ва тасфияҳои сиёсӣ ва ҳизбӣ дар давраи зимомдориаш ва ҳамчунин мавозеъи созишкорона дар мавзӯи муноқишаи Қарабоғ ҳамвора бо интиқодоти мутаъаддиде мувоҷеҳ будааст, на бо Рофи Ҳавонисиён, ки аз дохили ҷомеаи Арманистон барнахоста буд ва шояд ҳамчун Пошиниён бо руҳиёт ва забони муҳовираии мардуми кӯчаву бозор ошно набуд ва на бо Жироир Сафилиён ва аъзо ва ҳаводорони гурӯҳи ифротии “Порлумони муассис”, ки бо таъкид бар иқдомоти мусаллаҳона, баҳонаи лозимро барои саркӯб ва зиндонӣ шудан дар ихтиёри ҳукумат қарор доданд.

Пошиниён чӣ дар кисвати рӯзноманигорӣ ва чӣ дар мақоми намояндагии порлумон ҳеҷ ибое аз интиқод аз масъулон ва мақомоти давлатӣ надоштааст. Агарчи дар нутқҳои порлумонӣ забони тунду тезаш ағлаб оғишта ба чошнии танз буда ва шадидтарин интиқодотро мутаваҷҷеҳи амалкарди мақомот карда, аммо ҳамзамон ҷанбаи адабро нигоҳ доштааст. Дар пайи юриши гурӯҳе мусаллаҳ ба як маркази пулис дар Ирвон дар июли соли 2016 ва ҳангоме, ки ҷамъияте аз мардум ба ҳавохоҳӣ аз муҳоҷимони мусаллаҳ то марзи даргирии физикӣ ва хушунатомез бо нерӯҳои пулис пеш рафта буданд, ин Никул Пошиниён буд, ки бар хилофи бархе аз шахсиятҳои мухолифи давлат, ки ба навъе оташбиёри маърака шуда ва дар садади гирифтани моҳӣ аз оби гилолуд буданд, худро сипари мардум карда ва дар ҷиҳати ором намудани ҷамъият талош кард.

Никул Пошиниён ба ҷои интишори фарохон барои гирдиҳамоӣ ва сипас интизор барои ҳузури мардум, худ рахти мубориза пӯшид, пои пиёда ба роҳ афтод ва бо соатҳо роҳпаймоӣ дар хиёбонҳои Ирвон, вуруд ба муҳити донишгоҳҳо ва марокизи тиҷорӣ ва бо кӯмаки ҳамон баландгӯи дастии соддаи худ мардумро ба ҳузур дар хиёбон ва гуфтани “На” ба нахуствазирии Серж Саркисиён фаро хонд. Дархосте, ки пас аз истеъфои Серж Саркисиён ба хезиши иҷтимоӣ алайҳи ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва дархост барои нахуствазирии Пошиниён табдил шуд. Ҳамроҳии донишҷӯён ва қишри ҷавони ҷомеа, нофармонии маданӣ ва бастани хиёбонҳои аслии Ирвон (ки бо таваҷҷӯҳ ба меъмории вежаи Ирвон тарроҳӣ шуда ва дар кӯтоҳтарин замон фаъолиятҳои рӯзмарра дар шаҳрро фалаҷ мекард) ва дар ниҳоят пайвастани аҳзоб, гурӯҳҳои сиёсӣ ва ҳамчунин ақшори мухталифи мардум ба ин хезиши иҷтимоӣ дар канори парҳез аз ҳар гуна иқдоми хушунатомез ва даргирӣ бо нерӯҳои пулис мӯҷиб гардид то ба якбора Никул Пошиниён табдил ба чеҳрае устураӣ шуда ва номи ӯ дар канори номи Арманистон ба титри дурушти расонаҳои ҷаҳон табдил шавад.

Акнун пас аз ҳудуди як моҳ талоши хастагинопазир, паймудани садҳо километр бо пои пиёда ва эҷоди иттиҳод ва якдилӣ миёни садҳо ҳазор армании сокин дар Арманистон ва диаспора, Никул Пошиниён бар маснади нахуствазирии Арманистон такя задааст.

Дар мавриди ин ки оё давлати Никул Пошиниён давлати муваққатӣ буда ё ин ки хоҳад тавонист аз садди бузурге ҳамчун раъйи аксарияти ҳизби мухолифи Ҷумҳурихоҳ дар маҷлис гузашта ва барномаҳои худро дар ҷиҳати ислоҳоти воқеӣ дар системи қазоӣ ва ҳалли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Арманистон ба иҷро дароварад, замон дар ояндаи наздик қазоват хоҳад кард. Аммо он чи ки номи Никул Пошиниёнро дар таърихи навини Ҷумҳурии Арманистон ҷовидона сохт, бедор намудани руҳи хуфтаи миллати арманӣ, бозгардондани шӯру ҳаяҷону умед ба ҷомеаи Арманистон ва аз ҳама муҳимтар поён додан ба афсонаи шикастнопазирии Серж Саркисиён ва ҳизби Ҷумҳурихоҳи Арманистон аст, ки метавонад барои бисёре аз миллатҳои минтақа сармашқ қарор гирад.

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: