Фалсафа ва равиши реализм (196)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (29)

Қазо ва қадар (2)

Матни мақола

Усуле чанд:

1) Дар мақолаҳои 8 ва 9 мубарҳан сохтем, ки чизҳое, ки дорои воқеият буда ва дар хориҷ ҳастанд, аз зарурат ва вуҷуби вуҷуд холӣ нестанд. Ҳар чӣ дар хориҷ аст, аз он ҷиҳат, ки дар хориҷ ҳаст маҳол аст, ки несту нобуд шавад. Чунончи барои он адаму нестӣ фарз шавад, нисбат ба як амри хориҷии дигар ё нисбат ба ғайри замон ё макони вуҷуди он фарз хоҳад шуд.

Масалан, имрӯз бо ҳаводиси вежааш имрӯз ҳаст ва аз фардо ва ҳаводиси он манфӣ аст. Ва ҳамчунин, ҳаводиси шаҳри Теҳрон дар Теҳрон аст ва дар Ландан нест. Ва ҳамчунин, ин инсон, ин инсон аст ва инсони дигар нест;

2) Дар ҳамин мақола собит шуд, ки силсилаи ҳастӣ дар ҳастии худ ва ҳамчунин дар зарурати вуҷуди худ мустанад ба воҷибулвуҷуд мебошад (вале маҷмӯи ҷаҳони ҳастӣ, ки як воҳид аст).

Ва аз ин ҷо маълум мешавад, ки мавҷудоти ҷаҳони ҳастиро бо яке аз ду роҳ метавонем нисбат ба воҷибулвуҷуд диҳем:

а) Аз ин роҳ, ки маҷмӯи мавҷудоти ҷаҳон, ки як воҳиди муталоимулаҷзоъ мебошад, мавҷуд ва заруриюлвуҷуд ва мустанад ба воҷибулвуҷуд аст;

б) Аз ин роҳ, ки як мавҷуди ҷузъро бо ҷамиъи иллатҳо ва шароити вуҷуди вай, ки дар таҳаққуқаш лозим мебошад, яъне ҳамаи аҷзои ҳозиру гузаштаи оламро қайди вуҷудаш фарз намуда ва ба воҷибулвуҷуд мансуб созем.

Яъне ба ҳасби ҳақиқат, ҳамаи аҷзои ҷаҳонро ба ҳасби фарз чида ва ангушт ба рӯи яке аз онҳо гузошта ва воҷибулвуҷудро барои он, иллат фарз кунем.

Ва пурравшан аст, ки бо ҳеч як аз ин ду роҳ, ки гуфта шуд, мавҷудеро ба ғайри он чи ҳаст наметавон фарз намуд, наметавон гуфт, метавонист фалон ҷур шавад ва нашуд, ё фалон ҷур нашавад ва шуд.

3) Дар мақолаи 8 ва 9 гузашт, ки: ҳар маълуле дар вуҷуди худ нисбате ба иллати томмаи худ дорад, ки нисбати “зарурат” мебошад, ва нисбате бо ғайри иллати томма дорад, ки нисбати “имкон” аст.

Ва дар натиҷаи ин ду назария, ҷаҳон аз назари аввал (нисбати зарурат) аз як силсила мавҷудоти заруриюлвуҷуд чида шуда, ки бо ғайри он вазъ, ки дорад маҳол аст қарор гирад.

Ва аз назари дуввум (нисбати имкон) ҷаҳон аз як силсила мавҷудоте, ки имкони ҳар гуна тағйиру табдил дар онҳо ҳаст таълиф шудааст.

Ва агар дуруст таъаммул шавад, аз ин назар мавҷудоти ҷаҳон аз иллатҳои вуҷудоти худ андозаи вуҷуд мегиранд, монанди як колои санъатӣ, ки аз қолабу мошину абзорҳои дигар ва маводди аввалияи худ чигунагии вуҷуд аз миқдору шаклу рангу хубӣ ва бадии ҷинсу моҳият касб карда ва андоза мегирад.

* * *

Натиҷа

Аз роҳи назари аввал, ҷаҳон ва аҷзои онро ба воҷибулвуҷуд нисбат дода зарурати ҳастии онҳоро “қазо” меномем, ки ба маънои ҳукми қатъӣ аст.

Ва аз роҳи назари дуввум, таъайюни вуҷуд ва мушаххас шудани роҳи пайдоиши онҳоро “қадар” меномем, ки ба маънои андозаи вуҷуд аст.

Пас қазо қобили тағйир нест, вале қадар тағйир мепазирад.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: