Перейти к содержимому

Фалсафа ва равиши реализм (197)

Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад (30)

Хайру шарр ва саодату шақоват

Матни мақола:

Шак нест, ки дар ҷаҳони модда шарру фасод ва бадбахтиҳо ва нокомиҳои бисёре мавҷуд аст, ки ҳеч гуна тардиде дар воқеияти онҳо наметавон дошт, ва аз сӯи дигар ҷаҳон ва аҷзои ҷаҳон дар воқеият ва ҳастии худ мустанад ба Худои ҷаҳон аст; Худое, ки ҳамаи бурҳонҳои вуҷудаш ӯро вуҷуде ороста бо ҳар камол ва пок аз олоиши ҳар норавоӣ муаррифӣ мекунад.

Ва равшан аст, ки ин ду матлаб (воқеияти шарру фасод ва таназзуҳи воҷиб) дар бодии назар бо ҳам вифқ намедиҳанд: ё Худое бояд дар кор набошад, ё агар бошад, ҳастиҳои пур аз шарру фасод ба вай мустанад набояд бошад. Ин матлабро дар сурати ишкол бо яке аз ду тақрир метавон даровард:

Ишкол

Агар офариниш, Худои офаридгоре дошт, ин ҳама шарру фасодро намеофарид.

Посух

Шарру фасод ва назоири онҳо рӯи ҳам рафта бадиҳо ва норавоиҳое ҳастанд, ки дар ҷаҳони модда пайдо мешаванд, ва мафҳуми “бад” ва “нораво” мафҳуме аст, ки бо муқоиса ба “хуб” ва “раво” муҳаққақ мегардад. Агар тандурустӣ, ки хостаи нафс ва мулоими табъи мост набуд, ҳаргиз бемориро бад намешумурдем, ва агар осоишу амну ҳар як аз лазоизи ҳавоссу ҳузузи (баҳраҳои) нафс набуд, ҳеч гоҳ аз даст додани онҳо барои мо талх набуд ва “бадбахтӣ” хонда намешуд, чунонки ҳаргиз завҷиятро барои адади 4 ва фардиятро барои адади 3 хуб ё бад, хушбахтӣ ё бадбахтӣ намешуморем, зеро қиёс дар кор нест.

Ва аз ин ҷо пайдост, ки шарр амрест қиёсӣ ва мафҳуме аст адамӣ дар муқобили як амри вуҷудии мумкинулҳусул, яъне дар мавриди шарр мавзӯе бояд бошад дорои сифате вуҷудӣ, ки матлуби мавзӯи мафруз буда бошад, то надоштани ин сифати матлуб барои он “шарр” шумурда шавад, чунонки доштани чашм барои инсон, ки табъан чашм мехоҳад ва мумкин ҳам ҳаст надошта бошад, “хайр” буда, нобиноӣ барои вай “шарр” шинохта мешавад.

Дар натиҷаи ин ковиш, ба ин нукта бармехӯрем, ки: шарр — ҳар ҷо бошад — аввалан амри адамӣ ва сониян амре имконӣ аст.

Ва дар боло гуфтем: чизеро, ки ба Худои ҷаҳон нисбат медиҳем аввалан бояд амре вуҷудӣ ва сониян дорои нисбати зарурат ва вуҷуб буда бошад. Ва то дар мавриди шарр қиёс накарда ва амре адамӣ фарз накунем, монанди мараз бо сиҳҳат, фақр бо ғино, зиллат бо иззат, зулм бо адл, ва ҳамчунин хайру шарр ҳар дуро мумкин фарз накунем, шарр муҳаққақ нахоҳад шуд. Пас, шарр ба Худо нисбат надорад.

Ишкол

Дуруст аст, ки шарр амре қиёсӣ ва имконӣ аст, вале чаро Худо офариниши ҷаҳонро ба наҳве наёфарида ва начида, ки қиёсу имкон дар кор набошад? Ва ба иборати дигар, чаро ҳар мавҷудеро ҳамоғӯш бо хушбахтӣ ва комравоии худаш наёфарид, ки рӯи бадӣ ва бадбахтӣ ва нокомиро набинад, чунонки адади 4 ҳаргиз рӯи фардият ва адади 3 ҳаргиз рӯи завҷият намебинад?

Посух

Маънии ин сухан ба ҳасби таҳлил ин аст, ки: чаро Худои модда ва табиат, модда ва табиатро ломодда ва лотабиат қарор надод?

Зеро қиёс ва имкони номбурда лозимаи маънии модда аст, ва агар мавҷуде имкон доштан ва надоштани камолро надошта бошад, моддӣ нахоҳад буд.

Агар ин ҷаҳон ин хоссаро надошт, ки ҳар як аз аҷзои он қобили табдил ба дигаре аст ва бо иҷтимои шароит, манофеи вуҷудии худро меёбад ва бе он тиҳидаст ва бадбахт мемонад, асосан ҷаҳони модда набуд.

Пас равшан шуд, ки: ҳар шарру фасод аз он ҷиҳат, ки шарру фасод аст, нисбате ба воҷибулвуҷуд надорад ва аз он ҷиҳат, ки нисбат ба воҷибулвуҷуд дорад, шарру фасод нест.

* * *

Поёни ҷаҳон

Матни мақола

Дар мақолаи 10 равшан сохтем, ки: ҷаҳони табиат як воҳиди ҳаракат мебошад, ки биайниҳи мутаҳаррик низ ҳаст, ва ҳамчунин исбот кардем, ки ҳаракат бе мақсад тасаввур надорад.

Ва аз ин ду назария натиҷа гирифта мешавад, ки:

Олами модда мақсаде дорад, ки ба сӯи ӯ мутаваҷҷеҳ аст, ва чун ҳадафест, ки маҷмӯи ҷаҳон бо ҳамаи аҷзоу шароиту иллатҳои дохилии худ ба сӯи ӯ раҳсипор мебошад, дигар ҳеч монеъе дар роҳи анҷом гирифтани он маънӣ надорад. Ночор заруриюттаҳаққуқ ва ҳатмиюлвуқӯъ хоҳад буд. (1)

* * *

Масоиле, ки дар ин мақола ба субут расидааст:

1) Баҳс аз Худои ҷаҳон фитрии инсон аст;

2) Ин баҳс ба натиҷа мерасад;

3) Фавоиди ин баҳс ва осораш равшан аст;

4) Ҷаҳони офариниш офаридгоре дорад;

5) Мо Худоро чӣ гуна тасаввур мекунем;

6) Худо якест;

7) Худои ҳастӣ ҳамаи камолоти ҳастиро дорад;

8) Сифоте, ки бо таҳлил ба сӯи вуҷуд бармегарданд, барои Худо собитанд;

9) Сифоте, ки ба адам таҳлил мешаванд, аз Худо манфӣ ҳастанд;

10) Сифоти субутӣ айни зотанд;

11) Навъе дигар аз сифот ҳастанд, ки аз зот хориҷ ҳастанд ва онҳо “сифоти нисбия” мебошанд;

12) Офариниши ҷаҳон аз Худост;

13) Офариниши ҷаҳон ва хосса моддаро чӣ гуна бояд тасаввур кард;

14) Ҷаҳони офариниш мураккаб аст аз се мартиба: модда, мисол, ақл, ки ба тартиб рӯи ҳам чида шудаанд;

15) Падидаҳои ҳар як аз ин се мартиба маълули ҳамсинхи худ мебошанд;

16) Маҷмӯи ҳар як аз ин маротиб, маълули мофавқи худ мебошанд;

17) Маҷмӯи ҳамаи ин маротиб маълули Худо ва нисбати иллатҳои ҷузъӣ ба вай нисбати васоит мебошад;

18) Феълияти низоми офариниш ва феълияти ҳар ҷузъи вай ба рӯи “қазо” устувор аст ва шарр ба қазо мансуб нест;

19) Ҳаводиси ҷаҳон иртибот ба “қадар” низ доранд ва он, андозадиҳандаи ҳаводис аст;

20) Олам поёне дорад.

* * *

Таълиқот:

(1) Ишорае иҷмолӣ ба масъалаи фавқулъода муҳимми маъод аст. Дар боби маъод масоили зиёде ҳаст, ки бояд баҳс шавад ва дар хӯри як китоб аст. Аввалин баҳси илмӣ дар бораи маъод ин аст, ки оё маъод ҳақиқатест мувофиқ бо қонунҳои хилқату офариниш ва ё як қонуни истисноӣ аст ва бо ҳеч қонуне аз қонунҳои хилқат вифқ намедиҳад? Ва бар фарзи аввал, оё маъод аз лавозими таҷарруди руҳ аст ва ё рабте ба таҷарруди руҳ надорад? Ва бар фарзи дуввум оё қабули маъод бар асоси таъаббуди маҳз аст ва ё қонуни ақл (ақли амалӣ, ки мавриди истиноди мутакаллимин аст, яъне масоили марбут ба ҳусну қубҳ) онро эҷоб мекунад?

Аз назари исломӣ бояд дар дараҷаи аввал калимоте, ки дар Қуръон ва суннат дар бораи маъод ба кор рафтааст, аз қабили “ҳашр”, “нашр”, “маъоб” ва ғайра, мавриди баррасӣ қарор гирад.

Зоҳиран худи калимаи “маъод” дар таъбироти исломӣ истеъмол нашудааст ва ин калима аз мусталаҳоти мутакаллимин аст.

Сипас бояд баёноте, ки дар шакл ва кайфияти маъод расидааст, мавриди баррасӣ қарор гирад ва пас аз он аз назари илмӣ ва ақлӣ (ақли назарӣ, на ақли амалӣ) ба ҷустуҷӯ пардохта шавад, ки оё маъод муқтазои қонуни хилқат аст ва ё истисное аст дар хилқат? Мабнои ин ишораи иҷмолӣ, ки дар ин мақола омадааст ин аст, ки маъод лозимаи қонуни умумӣ (-и ҳаракат ) ва махсусан ҳаракати ҷавҳарии ҷаҳони табиат аст. Мавҷудоти ҷаҳон аз ҳамон асле, ки падид омадаанд ба ҳамон боз мегарданд.

Ҷузвҳоро рӯйҳо сӯйи кулл аст,

Булбулонро ишқ бо рӯйи гул аст…

Он чи аз дарё ба дарё меравад,

Аз ҳамон ҷо, к-омад, он ҷо меравад.

Аз сари кӯҳ селҳои тезрав,

В-аз тани мо, ҷони ишқомез, рав.

كَمَا بَدَأَكُمْ تَعُودُونَ

Ҳамон гуна ки шуморо падид овард, ба сӯи Ӯ бармегардед.” (Сураи Аъроф, ояти 29)

وَأَنَّ إِلَى رَبِّكَ الْمُنتَهَى

Поёни кор ба сӯи Парвардигор аст.” (Сураи Наҷм, ояти 42)

* * *

Поёни китоб

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: