Инсони комил (1)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

الحمد لله رب العالمين بارئ الخلائق أجمعين والصلوة والسلام على عبد الله ورسوله وحبيبه وصفيّه وحافظ سرّه ومبلّغ رسالاته سيّدنا ونبيّنا أبي القاسم محمد وآله الطيّبين الطاهرين المعصومين أعوذ بالله من الشيطان الرجيم:

وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا قَالَ وَمِن ذُرِّيَّتِي قَالَ لاَ يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ (سوره بقره / 124)

Мавзӯи баҳс, инсони комил аз дидгоҳи ислом аст. Инсони комил яъне инсони намуна, инсони аъло ё инсони воло. Инсон монанди бисёре аз чизҳои дигар, комилу ғайрикомил дорад ва балки маъюбу солим дорад ва инсони солим ҳам ду қисм аст: инсони солими комил, ва инсони солими ғайрикомил. Шинохтани инсони комил ё инсони намуна аз дидгоҳи ислом, аз он назар барои мо мусалмонон воҷиб аст, ки ҳукми мудел ва улгу ва сармашқро дорад. Яъне агар бихоҳем як мусалмони комил бошем — чун ислом мехоҳад инсони комил бисозад — ва таҳти тарбияту таълими исломӣ ба камоли инсонии худ бирасем, бояд бидонем, ки инсони комил чӣ гуна аст, чеҳраи руҳӣ ва маънавии инсони комил чӣ гуна чеҳрае аст, симои маънавии инсони комил чӣ гуна симое аст ва мушаххасоти инсони комил чӣ гуна мушаххасоте аст, то битавонем худ ва ҷомеаи худро он гуна бисозем. Агар мо “инсони комил”-и исломро нашиносем, қатъан наметавонем як мусалмони тамом ва ё комил бошем, ва ба таъбири дигар, як инсони ҳарчанд комили нисбӣ аз назари ислом бошем.

* * *

Роҳҳои шинохти инсони комил аз назари ислом

Шинохти инсони комил аз назари ислом ду роҳ дорад: як роҳ ин аст, ки бибинем Қуръон дар дараҷаи аввал ва суннат дар дараҷаи дуввум инсони комилро — агарчи дар Қуръон ва суннат таъбири “инсони комил” нест ва таъбири “мусалмони комил” ва “мӯъмини комил” аст — чӣ гуна тавсиф кардаанд. Вале ба ҳар ҳол маълум аст, ки мусалмони комил яъне инсоне, ки дар ислом ба камол расидааст, ва мӯъмини комил яъне инсоне, ки дар партави имон ба камол расидааст. Бояд бибинем Қуръон ё суннат инсони комилро бо чӣ мушаххасоте баён кардаанд ва чӣ хутуте барои симои инсони комил кашидаанд. Аз қазо, дар ин замина, чӣ дар Қуръон ва чӣ дар суннат, баёноти зиёде омадааст.

Роҳи дуввуми шинохти инсони комил, истифода аз баёнҳо нест, ки бибинем дар Қуръон ва суннат чӣ омадааст, балки ин аст, ки афроде айниро бишносем, ки мутмаин ҳастем онҳо ончунон, ки ислом ва Қуръон мехоҳад, сохта шудаанд ва вуҷуди айнии инсонҳои комили исломӣ ҳастанд; чун инсони комили исломӣ фақат як инсони идеол ва хаёлӣ ва зеҳнӣ нест, ки ҳеч вақт дар хориҷ вуҷуд пайдо накарда бошад. Инсони комил, ҳам дар ҳадди аъло ва ҳам дар дараҷоти поинтар, дар хориҷ вуҷуд пайдо кардааст. Худи Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) намунаи инсони комили ислом аст…

Пас, ду роҳи шинохти инсони комил ва ҳамчунин фоидаи баҳс аз онро донистем. Бинобар ин, масъалаи инсони комил як баҳси фалсафӣ ва илмӣ (-и маҳз) нест, ки (фақат) асари илмӣ дошта бошад. Агар инсони комили исломро аз роҳи баёни Қуръон (ва суннат) ва аз роҳи шинохти парвардаҳои комили Қуръон нашиносем, наметавонем роҳеро, ки ислом муайян карда биравем ва як мусалмони воқеӣ ва дуруст бошем ва ҳамчунин ҷомеаи мо наметавонад як ҷомеаи исломӣ бошад. Пас, зарурат дорад инсони комил ва олӣ ва мутаъолии исломро бишносем.

* * *

Фарқи “камол” ва “тамом”

Ин ҷо як суол матраҳ аст, ки аслан маънии “комил” чист? (1) Инсони комил яъне чӣ?

Дар забони арабӣ ду калимаи наздик ба якдигар — на айни якдигар — дорем ва зидди ин ду калима як калима аст. Яъне, он калима гоҳе дар зидди ин ба кор меравад ва гоҳе дар зидди он. Дар форсӣ ҳатто худи он ду калимаро ҳам надорем, яъне ба ҷои он ду калима фақат як калима дорем.

Он ду калимаи арабӣ яке “камол” аст ва дигаре “тамом”. Гоҳе дар арабӣ “комил” гуфта мешавад ва гоҳе “томм” ва дар муқобили ҳар ду, “ноқис” гуфта мешавад: ин комил аст ва он ноқис, ин томм аст, тамом аст ва он дигаре ноқис.

Дар як оят аз Қуръон ҳар ду калима омадааст:

الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي

Имрӯз дини шуморо бароятон комил намудам ва неъмати худро бар шумо тамом кардам.” (Сураи Моида, ояти 3)

Нафармуд:

أتممت عليكم دينكم

Ва ҳамчунин нафармуд:

أكملت لكم نعمتي

Мегӯянд, агар чунин гуфта буд, аз назари дастури забони арабӣ дуруст набуд. Ҳол фарқи ин ду калима чист? Мо агар фарқи ин дуро нагӯем, наметавонем баҳсамонро шурӯъ кунем. Яъне шурӯи баҳси мо, аз донистани маънии ин ду калима аст.

“Тамом” барои як шайъ дар ҷое гуфта мешавад, ки ҳамаи он чи барои асли вуҷуди он лозим аст ба вуҷуд омада бошад. Яъне агар баъзе аз он чизҳо ба вуҷуд наомада бошад, ин шайъ дар моҳияти худаш ноқис аст ва метавон гуфт, ки вуҷудаш каср бармедорад: нисфаш мавҷуд аст, сулсаш мавҷуд аст, ду сулсаш мавҷуд аст ва аз ин қабил. Масалан, сохтмони як масҷид, ки бар асоси як нақша сохта мешавад, эҳтиёҷ ба як толор дорад, толор ҳам эҳтиёҷ ба девору сақфу дару шишаю аҷзои дигар дорад. Вақте ҳамаи он чизҳое, ки ин сохтмон эҳтиёҷ дорад — ки агар онҳо набошад, наметавон аз сохтмон истифода кард — фароҳам шуд, мегӯянд: сохтмон тамом шуд. Барои нуқтаи муқобили ин калима, калимаи “ноқис”-ро ба кор мебарем.

Аммо “камол” дар ҷое аст, ки як шайъ баъд аз он ки “тамом” ҳаст, боз дараҷаи болотаре ҳам метавонад дошта бошад. Агар ин камол барои шайъ набошад, боз худи шайъ ҳаст, вале бо доштани ин камол як пилла болотар рафтааст.

“Камол”-ро дар ҷиҳати амудӣ баён мекунанд ва “тамом”-ро дар ҷиҳати уфуқӣ. Вақте шайъ дар ҷиҳати уфуқӣ ба ниҳоят ва ҳадди охири худ бирасад, мегӯянд, тамом шуд, ва замоне, ки шайъ дар ҷиҳати амудӣ боло равад, мегӯянд камол ёфт. Агар мегӯянд: “Ақли фалон кас комил шудааст”, яъне қаблан ҳам ақл дошта, аммо ақлаш як дараҷа болотар омадааст. “Илми фалон кас комил шудааст”, яъне қаблан ҳам илм дошт ва аз он истифода мекард, вале акнун илмаш як дараҷаи камолеро паймудааст.

Пас, як инсони тамом дорем, ки дар муқобили инсоне аст, ки аз назари уфуқӣ нотамом аст, яъне аслан нимаинсон аст, касри инсон аст, масалан сулс ё ду сулси инсон аст ва ба ҳар ҳол инсони тамом нест. Ва инсони дигаре дорем, ки инсони тамом ҳаст, вале инсони тамом метавонад комил бошад, комилтар бошад ва аз он ҳам комилтар бошад то ба он ҳадди ниҳоӣ, ки инсоне аз он болотар вуҷуд надорад бирасад, ки ӯро инсони комил — ки ҳадди аълои инсон аст – меномем.

* * *

Таъбири “инсони комил”

Таъбири “инсони комил” дар адабиёти исломӣ то қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ вуҷуд надоштааст. Имрӯз дар Урупо ҳам ин таъбир хеле зиёд матраҳ аст, вале барои аввалин бор дар дунёи ислом ин таъбир дар мавриди инсон ба кор бурда шудааст. Аввалин касе, ки дар мавриди инсон таъбири “инсони комил”-ро матраҳ кард, орифи маъруф, Муҳйиддини Арабии Андалусии Тоӣ аст. Муҳйиддини Арабӣ падари ирфони исломӣ аст. Яъне тамоми урафое, ки шумо аз қарни ҳафтум ба баъд дар миёни тамоми милали исломӣ суроғ доред ва аз ҷумла урафои эронии форсизабон, аз шогирдони мактаби Муҳйиддин ҳастанд. Мавлавӣ яке аз шогирдони мактаби Муҳйиддин аст. Ӯ бо ин ҳама азамат, дар муқобили Муҳйиддин аз назари ирфонӣ чизе нест. Муҳйиддин марди арабинажод аз авлоди Ҳотами Тоӣ ва аҳли Андалус (2) буд. Ҳамаи мусофиратҳои ӯ дар кишварҳои исломӣ буд ва дар Шом аз дунё рафт. Қабри Муҳйиддини Андалусии Шомӣ — ки ба эътибори мадфанаш ба ӯ “Шомӣ” мегӯянд — дар Димишқ аст. Ӯ шогирде ба номи Садруддини Қунавӣ дорад, ки баъд аз Муҳйиддин бузургтарин ориф шумурда мешавад. Ин ки ирфони исломӣ ба сурати илмӣ, он ҳам илми бисёр бисёр ғомиз даромадааст, маҳсули кори Муҳйиддин ва шарҳҳои Садруддини Қунавӣ аст.

Садруддини Қунавӣ, ки аҳли Қуния дар Туркия аст, писарзани Муҳйиддин буд. Яъне Муҳйиддин, ҳам устодаш буд ва ҳам шавҳари модараш. Мавлавӣ муосири Садруддини Қунавӣ аст. Садруддин дар масҷид имоми ҷамоат буд ва Мавлавӣ мерафт ва ба ӯ иқтидо мекард. Афкори Муҳйиддин ба василаи Садруддини Қунавӣ ба Мавлавӣ интиқол пайдо кардааст. (3).

Яке аз масоиле, ки ин мард тарҳ кард, масъалаи “инсони комил” буд, вале албатта ӯ аз дидгоҳи ирфон онро тарҳ кардааст. (4). Махсусан яке аз суолоте, ки аз Маҳмуди Шабистарии маъруф, соҳиби манзумаи бисёр бисёр олӣ ва нафиси адабӣ ва камназири “Гулшани роз” шудааст, дар мавриди инсони комил аст, ки ӯ ҳам бо диди ирфонӣ ҷавоб додааст. Пас, аввалин касе, ки бо лафзи “инсони комил” ин масъаларо тарҳ кард ва бо диди хосси ирфонӣ ин матлабро баён кард, Муҳйиддини Арабӣ аст. Дигарон ҳам инсони комилро – ҳар касе аз диди худ — ба шакле баён кардаанд. Мо мехоҳем бибинем, ки инсони комил аз диди Қуръон чӣ гуна инсоне аст. Баҳсро аз инсони тамом ва инсони ноқис шурӯъ мекунем, то битавонем ба мароҳили баъдии ин баҳс бирасем.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Баъзе чизҳо хеле возеҳ аст, вале вақте инсон диққат мекунад, мебинад ин возеҳ, бештар аз хеле мушкилҳо эҳтиёҷ ба тавзеҳ дорад.

(2) Испониёи имрӯз, он вақт ба номи Андалус ва як кишвари исломӣ буд.

(3) Ҳарфҳои дигаре, ки дар ин заминаҳо мешунавед асосе надорад. Ирфони исломӣ решаҳои дигаре ғайр аз мӯҳмалоте, ки як идда имрӯз дар рӯзномаҳо ва маҷаллот мебофанд, дорад.

(4) Агар муқтазӣ буд, дар ин замина муфассалтар баҳс мекунам.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: