Рӯзномаи афғонистонӣ: “Омрикоиҳо Абӯбакри Бағдодиро ба Афғонистон овардаанд”

Як рӯзномаи чопи Кобул ахиран ба нақл аз манобеи маҳаллӣ дар шарқи Афғонистон аз интиқоли Абӯбакри Бағдодӣ тавассути Омрико ба манотиқи таҳти тасарруфи ДОЪИШ дар Нангарҳор хабар додааст.

Дар пайи шикасти ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия, гузоришҳои мутаъаддиде аз раванди интиқоли ҷангҷӯёни ДОЪИШ ба Афғонистон ба манзури бақои ин гурӯҳи теруристӣ мунташир шудааст.

Рӯзномаи Висо дар гузориши ахири худ навишт: “Бархе манобеи маҳаллӣ дар вилояти Нангарҳор аз ҳузури Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар шаҳристони Шинвории ин вилоят хабар додаанд.

Бар асоси ин гузориш, Абӯбакри Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ аз шаҳри Риққаи Сурия ба вилояти Нангарҳор дар шарқи Афғонистон мунтақил шудааст.

Ин рӯзнома ба нақл аз сокинони маҳаллӣ дар шаҳристони Шинворӣ муддаӣ шуд, ки Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи теруристии ДОЪИШ дар риштакӯҳҳҳои Тура-бура дар ин шаҳристон ҳузур дорад.

Созмони иттилооти марказии Омрико дар даврони ҷанги Шӯравӣ дар Афғонистон паноҳгоҳҳои мустаҳкамеро дар доманаи кӯҳҳои минтақаи Тура-бура сохта буд, ки пеш аз ин низ Усома бен Лодан бо паноҳ гирифтан дар он аз бомбборонҳои Омрико ҷони солим ба дар бурда буд.

Дар як соли ахир ҷангҷӯёни гурӯҳи теруристии ДОЪИШ борҳо барои тасарруфи ин минтақаи истротежик бо ҳимояти ҳавоии ҷангандаҳои омрикоӣ бо Толибон даргир шуданд.

Рӯзномаи Висо навишт: “Панҷ моҳ пеш пас аз 21 ҳамлаи ҳавоии Омрико ба Толибон, ин гурӯҳ маҷбур шуд, то дар муқобили ҷангҷӯёни ДОЪИШ ақибнишинӣ ва Тура-бураро ба ДОЪИШ вогузар кунанд.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: