Перейти к содержимому

Насруллоҳ: “Ба ҳамалоти мушакии худ алайҳи Исроил идома хоҳем дод”

Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳ, бо ишора ба ҳамлаи мушакии ҳафтаи пеш ба Исроил тасреҳ кард: “Ин ҳамлаи мушакӣ яке аз шаклҳои посух ба таҷовузи мудовими Исроил ба Сурия аст. Туи исроилӣ ба унвони душман наметавонӣ ба таҷовузи худ ба Сурия ва мардуми он ва ба меҳвари муқовимат идома бидиҳӣ бидуни он ки посухе дарёфт кунӣ ва муҷозот шавӣ. Алъон дигар тамом шуд.”

Ба гузориши шабакаи Алмаёдин, Насруллоҳ имрӯз дар суханоне таъкид кард: “”Мо дар солрӯзи 70-умин соли ишғоли Фаластин ҳастем. Фоҷеае барои Фаластин ва кулли ҷаҳони араб ва ислом. Он чи имрӯз дар Ғазза дар ҷараён аст, идомаи чизе аст, ки 70 сол пеш рух дод. Мардуми Фаластин аз ормони худ даст барнадоштаанд. Ҳадафи Омрико аз интиқоли сафорат ба Қудс ин аст, ки Қудс, ҳам шарқӣ ва ҳам ғарбии он, ҳамеша пойтахти режими саҳюнистӣ бошад ва оворагони фаластинӣ ҳаққи бозгашт ба онро надоранд.”

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо ишора ба тасмими Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико, гуфт: “Тасмимҳои Тромп тасмимҳои як шахс нест, балки тасмими як давлат аст. Имрӯз фаластиниҳо дар каронаи Бохтарӣ ва Ғазза тазоҳурот карданд ва даҳҳо нафар шаҳид ва беш аз ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд. Агар касе бихоҳад дар Шӯрои амният инро маҳкум кунад, Омрико онро вето мекунад. Дар ин ҷо чизе ба номи арзишҳои инсонӣ ва башардӯстона дар сиёсати Омрико вуҷуд надорад.”

Вай афзуд: “Мо имрӯз муқобили чолиши бузурге ба номи “муъомилаи қарн” ҳастем, ки Тромп онро ба зудӣ эълом хоҳад кард. Тибқи иттилооте, ки дорем, Тромп дар ду ҳафтаи пеши рӯ, муъомилаи қарнро эълом хоҳад кард. Ӯ ин роҳкорро эълом мекунад ва ҳар кас аз аъроб инро рад кунад бо ӯ муқобила мекунад ва ононро муҷозот мекунад.”

Насруллоҳ афзуд: “Тибқи тарҳи Тромп, оворагон ҳаққи бозгашт надоранд. Ҳамчунин тибқи ин тарҳ, кишвари Фаластин фақат Ғазза хоҳад буд. Ҳузури фаластиниҳо дар каронаи Бохтарӣ ҳам чизе шабеҳи худмухторӣ хоҳад шуд ва дар ниҳоят кишварҳои арабӣ ҳам созиш мекунанд, вагарна таҳрим ва муҳосира мешаванд. Ин тарҳи муъомилаи қарн, яъне поёни масъалаи Фаластин хоҳад буд.”

Вай бо ишора ба ҳимояти Эрон аз масъалаи Фаластин тасреҳ кард: “Эрон акнун дар авҷи фишор қарор дорад, то ба эътирозҳои мардумӣ алайҳи давлат хатм шавад. Авҷи фишор хориҷ шудан аз тавофуқи ҳастаӣ буд ва на танҳо таҳримҳо бозмегардад, балки қасди таҳримҳои ҷадид доранд.”

Насруллоҳ дар идома таъкид кард: “Имрӯз бояд огоҳ бошем. На раиси Ташкилоти худгардон, на ҷунбиши Фатҳ ва Ҳамос ва на ҳеч каси дигар набояд зери он варақ имзо гузоранд. Аввалин мавзеъ бояд ин бошад, ки фаластиниҳо ҳатто агар ҳазор Тромпу Муҳаммад бен Салмону Натонёҳу биёянд, набояд чизеро имзо кунанд.”

Насруллоҳ таъкид кард: “Нуқтаи дуввум ин аст, ки меҳвари муқовимат бо ҳамаи аъзо ва аҳзоб ва мардумаш пойдор бимонад ва сар хам накунад ва таслим нашавад, ҳатто агар таҳримаш карданд ва арзиши пулашро коҳиш диҳанд, ҳатто агар ҳамаи дунё ҷамъ шуданд ва гуфтанд, ки масъалаи Фаластин дигар тақрибан тамом шуда ва созиш ҳосил шудааст, бояд ба муқовимат идома дод.”

Вай афзуд: “Тарҳи кунунӣ сезилъ дорад: Тромп, Натонёҳу ва Муҳаммад бен Салмон. Ин азлоъ мустаҳкам нестанд. Ҳар як аз ин се зилъ соқит шавад, эҳтимолан тарҳи онон ҳам соқит хоҳад шуд. Натонёҳу бо парвандаҳои фасод рӯ ба рӯст. Муҳаммад бен Салмон, Худо медонад дар Арабистон чӣ вазъе дорад. Баъд аз Салмон, ӯро хоҳем дид. Илова бар ин, ҳамаи тарҳҳои онон дар минтақа шикаст хӯрдааст. Имрӯз меҳвари муқовимат аз ҳама рӯз қавитар аст. Бародарон гирифтори ин иръобу ҷанги равонӣ нашаванд. Ҳамаи таҳдидҳои Исроил тухолӣ аст. Касе, ки тарсида, фарёд мекунад ва то ба ӯ наздик шавед, фурӯ мерезад.”

Насруллоҳ таъкид кард, ки он чи имрӯз муҳим аст ин аст, ки истиқомат ба харҷ бидиҳем ва ба муқовимат идома бидиҳем.

Насруллоҳ дар бахше аз суханони худ, ба мавзӯи ахири рӯёрӯии Сурия ва Исроил пардохт ва гуфт: “Рӯёрӯии ахир дар Сурия, ки бо душмани исроилӣ дар Ҷулон ҳосил шуд, хеле муҳим аст. Он чи рух дод, дар муъодилаи даргирӣ бо душмани исроилӣ хеле аҳаммият дорад. Исроил талош кард, ки ҳақоиқро воруна кунад ва расонаҳои арабӣ ҳам талош карданд ҳамин корро бикунанд ва пирӯзиро табдил ба шикаст кунанд. Дар ин даргирӣ расонаҳои халиҷӣ гуфтанд, ки 23 нафар маҷрӯҳ шуданд, ки нисфашон эронӣ буданд, ки ин саҳеҳ набуд. Дар ин ҳодиса фақат се сурияӣ шаҳид шуданд.”

Вай афзуд: “Агар сарнагунии ҳавопаймои ҷангии исроилӣ дар се моҳи пешро ба ин мавзӯъ изофа кунем, хоҳем дид, ки Исроил, ки солҳост талош мекунад, ки ба илҳоқ кардани Ҷулон ба Фаластини ишғолӣ машрӯият бибахшад, аммо барои нахустин бор дар солҳои ахир ҳадафи чунин ҳамла қарор гирифт. Дар воқеъ 55 мушак шиллик шуд, ки бархе бузург буд, шуморе аз нуқоти низомии исроилиро ҳадаф гирифт ва инфиҷорҳои бузурге эҷод кард ва шаҳракнишинонро маҷбӯр кард ба паноҳгоҳ бираванд.”

Насруллоҳ тасреҳ кард: “Ин ҳамлаи мушакӣ яке аз шаклҳои посух ба таҷовузи мудовими Исроил ба Сурия аст. Туи исроилӣ ба унвони душман наметавонӣ ба таҷовузи худ ба Сурия ва мардуми он ва ба меҳвари муқовимат идома бидиҳӣ бидуни он ки посухе дарёфт кунӣ ва муҷозот шавӣ. Алъон дигар тамом шуд. Ҳатто дар Исроил ҳам мегӯянд, ки хостори ҷанг нестем. Мо дар марҳилаи ҷадиде ҳастем. Исроил бояд ҳисобу китобҳои ҷадиде дар пеш бигирад. Баъд аз сарнагунии ҳавопаймои ҷангии саҳюнистҳо, мо шоҳидем, ки тадобир ва ҳисобу китобҳои ҷадиде дар пеш гирифтаанд. Ҳатто баъд аз посухи ахир ҳам ҳамин тавр аст. Паёми ин ҳамлаи мушакӣ ин аст, ки ҳисобу китобҳои худро бознигарӣ кунанд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ афзуд: “Дар хусуси маънои ин посухи мушакӣ бояд гуфт, ки дидед, ки исроилиҳо ду ҳафта мегуфтанд, ки мо мунтазири посухи Эрон ҳастем, аммо агар посух доданд, мо бомбборон мекунем, вайрон мекунем ва ғайра… Аммо дидед, ки чӣ иттифоқе афтод!

Насруллоҳ дар идома таъкид кард: “Агар таҷовузи Исроил ба Сурия идома ёбад, посухи ин бор дар қалби Фаластини ишғолӣ хоҳад буд на дар Ҷулон.”

Вай афзуд: “Ин таҷриба, дурӯғи сарони исроилро собит кард. Бар хилофи ҳаҷми фаъолияти иттилоотии Исроил барои мумониат аз шиллики мушак, аммо мушакҳо шиллик шуд, дар ҳоле, ки Исроил дар омодабоши комил буд, вале натавонистанд, ки монеъи расидани мушакҳо ба аҳдофаш бишавад. Ҳама бояд маъно ва мафҳуми ин иттифоқро бидонанд.”

Насруллоҳ тасреҳ кард: “Исроилиҳо мегӯяанд, ки ҷабҳаи дохилӣ барои ҷанг омодааст. Аммо ин иттифоқот нишон дод, ки на ҷабҳаи дохилиашон на ҳатто паноҳгоҳҳояшон барои ҷанг омода нест. Яке дигар аз нуқоти муҳим, ки бояд мавриди таваҷҷӯҳ бошад, ҳаҷми дурӯғе аст, ки исроилиҳо барои пӯшиши ин мавзӯъ ба он ниёз доштанд. Онҳо гуфтанд, ки ҳамаи мушакҳои Эронро, ки ба самташон омада мунҳадим кардаанд. Ин комилан дурӯғ аст.”

Насруллоҳ ба мавзеъи вазири хориҷаи Баҳрайн дар ҳимоят аз режими саҳюнистӣ дар муқобили Сурия ишора кард ва ӯро аҳмақ хонд ва гуфт: “Ин вазири хориҷаи Баҳрайн, намояндаи мардуми Баҳрайн нест. Ин мавзеъи ӯ нишонаи ҳамоқат, чоплусӣ ва қабоҳати ӯ муқобили исроилиҳо аст. Мо дар Сурия муқобили муъодила ва марҳилаи ҷадиде ҳастем. Муҳимтар аз ҳама, шикаста шудани ҳайбати Исроил ва ҳайбати нерӯи ҳавоии он будем. Муъодилае, ки дар Ҷулон буд, тамом шуд. Сурия ва сарон ва артиш ва мардум ва муттаҳидони он, дигар иҷоза нахоҳанд дод, ки Сурия дар муқобили таҷовузҳои мукаррари Исроил қарор бигирад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: