Перейти к содержимому

Натонёҳу: “Мо дар Риёз ҳузур дорем”

Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ, бо ибрози хашм аз урупоиён дар мухолифат бо Омрико дар хуруҷ аз Барҷом, бомдоди душанбе (14 май) дар Твиттер навишт: “Мо дар Риёз ва Қудс ҳузур дорем.”

Вай дар Твиттери худ бо ибрози хашм аз тасмими Урупо барои мондан дар Барҷом, ва адами хуруҷ аз тавофуқи ҳастаии Эрон, навишт:

Бо тамоми эҳтироме, ки барои урупоиён қоил ҳастам, аммо (онҳо шоҳид бошанд, ки) мо дар пойтахтҳои Ховари Миёна – дар Уршалим ва Риёз ва ғайри онҳо – баъди он ҳама паёмадҳои вахиме, ки бар тавофуқи ҳастаӣ мутараттиб шудааст, ҳузур дорем.”

Натонёҳу бори дигар аз Тромп барои хуруҷ аз Барҷом қадрдонӣ кард ва ҳамчунин гуфт: “Ба хотири тасмими шуҷоонаи Тромп барои интиқоли сафорати Омрико ба Қудс ташаккур мекунам, ҳамчунон бисёр сипосгузорам, ки ӯ иттиҳоди Исроил ва Омрикоро беш аз пеш тақвият кард.”

Қарор аст маросими интиқоли сафорати Омрико дар 70-умин солрӯзи ташкили режими ҷаълии саҳюнистӣ имрӯз (14 май) баргузор шавад.

Раисиҷумҳури Омрико 6-уми декабри 2017 тасмими худ барои ба расмият шинохтани Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ва шурӯи раванди интиқоли сафорати ин кишвар ба ин шаҳрро эълом кард.

Таҳлилгарони сиёсӣ, ин иқдомро хатти бутлоне бар тарҳи эҳтимолии сулҳ, нақзи асосии ҳуқуқи мардуми Фаластин ва нақзи ошкори қатъномаҳои байналмилалӣ донистанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: