Перейти к содержимому

Омрико сафорати худ дар Қудси ишғолиро расман ифтитоҳ кард / Шумори шуҳадои фаластинӣ ба 40 нафар расид

Дар ҳоле, ки низомиёни режими саҳюнистӣ тазоҳуроти фаластиниҳоро ба хоку хун кашида ва то кунун 40 нафарро ба шаҳодат расонда ва ҳудуди 1700 нафарро захмӣ карданд, Иёлоти Муттаҳида ба сурати расмӣ ифтитоҳи сафорати худ дар Қудси ишғолиро эълом кард.

Ба гузориши расонаҳо, Иёлоти Муттаҳида ба сурати расмӣ ифтитоҳи сафорати худ дар Қудси ишғолиро эълом кард. Тибқи гузоришҳо, дар ин маросим духтар ва домоди Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ба ҳамроҳи вазири хазонадории ин кишвар ҳузур доранд.

Омрико эълом кард, ки аз соати 4 баъд аз зуҳр ба вақти маҳаллӣ, сафорати ин кишвар дар Қудси ишғолӣ ба сурати расмӣ ифтитоҳ шудааст.

Ин иқдом дар шароите сурат гирифтааст, ки фаластиниёни сокини сарзаминҳои ишғолӣ, каронаи Бохтарӣ ва навори Ғазза ба сурати якпорча саршор аз хашм шуда ва даст ба тазоҳуроти бузурге задаанд. Дар муқобил низ низомиёни ишғолгари саҳюнистӣ бо шиллик ба сӯи фаластиниёни мӯътариз, дастикам 40 фаластиниро ба шаҳодат расонда ва беш аз 1700 нафарро маҷрӯҳ кардаанд.

Зариф: “Исроил бо хунсардӣ фаластиниёнро куштор мекунад / Давлатҳои арабӣ бо Тромп дар моҷарои интиқоли сафорат ҳамкорӣ мекунанд”

Вазири умури хориҷаи Эрон иқдоми режими саҳюнистӣ дар куштори шумори зиёде аз фаластиниёнро маҳкум кард.

Муҳаммадҷавод Зариф дар паёми твиттерӣ навишт:

Режими Исроил бо хунсардӣ теъдоди бешуморе аз фаластиниёнро ҳангоме, ки дар бузургтарин зиндони рӯбози ҷаҳон дар ҳоли эътироз ҳастанд, куштор мекунад. Дар айни ҳол, Тромп интиқоли сафорати ғайриқонуниро ҷашн мегирад ва ҳамкорони араби вай ба дунболи инҳирофи афкор ҳастанд. Рӯзи шармсори бузурге аст!

Уламои Яман: “Роҳи озодсозии Қудс, қиём алайҳи режимҳои фосиде мисли Оли Сауд, Оли Халифа ва Оли Наҳён аст”

Уламои Яман роҳи озодсозии Қудсро қиём алайҳи режимҳои муздур ва фосиде ҳамчун Оли Сауд, Оли Халифа ва Оли Наҳён донистанд.

Ба гузориши шабакаи Алмасира, Анҷумани уламои Яман имрӯз (душанбе, 14 май) дар баёнияе эълом кард, ки интиқоли сафорати Омрико ба Қудси шариф дар ростои муомилаи қарн аст, ки байни саҳюнистҳо ва хоинони араб яъне Оли Сауд ва Оли Наҳён барои ба фаромӯшӣ супурдани масъалаи Фаластин сурат гирифтааст.

Анҷумани уламои Яман дар ин баёния аз ҳамаи озодагони ҷаҳон хост, ки дар баробари режимҳои муздур ва хоине, ки Қудси шариф ва масъалаи Фаластинро фурӯхтанд, биистанд.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст: “Роҳи озодсозии Қудс, қиём алайҳи режимҳои муздури фосид ва дар раъси онҳо низоми Оли Сауд, Оли Наҳён ва Оли Халифа аст.”

Уламои Яман бар ҳимояти комили худ аз ҷунбишҳои муқовимат, ки ба мубориза бо “Исроил” мепардозанд таъкид кард.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: