Тазоҳуроти саросарӣ дар Фаластин дар эътироз ба интиқоли сафорати Омрико ба Қудс – филм ва тасовир

Имрӯз навори Ғазза, каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ дар эътироз ба ишғоли Фаластин ва интиқоли сафорати Омрико шоҳиди тазоҳуроти густурда аст.

Аҳолии навори Ғазза аз соатҳои аввали субҳи имрӯз (душанбе, 14 май) ба самти марзҳои шарқии навори Ғазза бо Фаластини ишғолӣ рафтанд, то дар эътироз ба интиқоли сафорати Омрико ба Қудс ва низ солрӯзи ишғоли Фаластин маъруф ба “Явмун-накба” даст ба тазоҳурот бизананд.

Бар асоси гузориши Қудс пресс, саҳюнистҳо бисёре аз бахшҳо дар марзи Ғазза бо Фаластини ишғолиро пур аз об кардаанд, то эҳтимоли наздик шудани фаластиниҳо ва даргириҳоро камтар кунанд.

Ҳамчунин артиши режими саҳюнистӣ бисёре аз хаймаҳои бозгашт дар марзи навори Ғаззаро оташ зад.

Дар ҳамин соатҳои аввалӣ 7 фаластинӣ аз ҷумла як хабарнигор захмӣ шуданд.

Соқит кардани як паҳподи режими саҳюнистӣ

Тазоҳуроткунандагони фаластинӣ имрӯз як паҳподи ин режим, ки дар ҳоли партоби маводди оташзо ба самти хаймаҳои бозгашт буд-ро соқит карданд.

Эътисоби саросарӣ дар Ғазза

Имрӯз сар то сари навори Ғазза шоҳиди эътисоб аст ва муассисоти расмии ин минтақа таътил аст.

Партоби баргҳои ҳушдорӣ бар фарози Ғазза

Режими саҳюнистӣ иқдом ба партоби ҳазорон барга бар фарози навори Ғазза кард ва ба мардуми ин минтақа дар бораи адами наздик шудан ба ҳисори марзӣ миёни Ғазза ва Фаластини ишғолӣ ҳушдор дод.

Каронаи Бохтарӣ ва Қудс

Дар каронаи Бохтарӣ низ Ҳамос ва ҷамъиятҳои мардумӣ ба баргузории тазоҳуроте дар Ромаллоҳ, Байтлаҳм, Алхалил ва Қудс фаро хондааст. “Эътилофи ҷавонони Интифоза” хостори бештарин мушорикати майдонӣ дар солрӯзи “Явмун-накба” дар Алхалил шудааст ва низомиёни режими саҳюнистӣ тадобири амниятии худро дар каронаи Бохтарӣ ташдид кардааст.

Дирӯз дар Ромаллоҳи каронаи Бохтарӣ, худравҳое, ки дар соли 1948 барои интиқоли оворагони фаластинӣ истифода шуд, ба намоиш гузошта шуд.

Реклама


Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: