Шарҳи Маснавӣ (278)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (22)

* * *

Дар баёни ин хабар, ки “Иннаҳунна яғлибнал-ъоқила ва яғлибуҳуннал-ҷоҳилу”

* * *

Гуфт пайғамбар, ки зан бар оқилон

Ғолиб ояд сахту бар соҳибдилон.

Паёмбар (с) фармуд: зан бар мардони хирадманд ва бар соҳибдилон сахт чира ва ғолиб аст.

Боз бар зан ҷоҳилон чира шаванд,

К-андар эшон тундии ҳайвонаст банд.

Вале мардони нодон бар зан чира ва ғолибанд, зеро нодонҳо бисёр тунду хашин ҳастанд.

Нукта: Барои ин ҳадиси мансуб ба ҳазрати Паёмбари Акрам (с), манбаъе пайдо нашуд.

Кам бувадшон риққату лутфу видод,

З-он, ки ҳайвонист ғолиб бар ниҳод.

Риққати қалбу лутфу муҳаббат дар ҷоҳилон андак аст, зеро ки ҳайвоният бар табъу сиришти нодонон ғолиб аст.

Видод: дӯстӣ ва муҳаббат. Ниҳод: сиришт, тинат.

Меҳру риққат васфи инсонӣ бувад,

Хашму шаҳват васфи ҳайвонӣ бувад.

Муҳаббату риққати қалб, аз сифот ва вижагиҳои инсонӣ аст, вале хашму шаҳват сифати ҳайвон аст.

Партави Ҳақ аст он, маъшуқ нест,

Холиқ аст он гӯиё, махлуқ нест.

Зан дар воқеъ маъшуқи мард нест, балки партавест аз ҷамоли ҳазрати Ҳақ Таъоло. Ӯ ҷилваест аз холиқ дар кисвати махлуқ.

Нукта: Наҷми Розӣ гӯяд: “Одам чун дар ҷамоли Ҳавво нигарист, партави ҷамоли Ҳақ дид бар мушоҳидаи Ҳавво зоҳир шуда, ки:

كل جميل من جمال الله

“Ҳар зебое аз зебоии Худованд аст”. (Мирсодул-ъибод, с.91)

Мавлоно дар ин абёт назари дурахшони худро дар мавриди зан изҳор кардааст. Дар Маснавӣ абёте дар мазаммати зан низ дида мешавад, аммо ба яқин тавон гуфт, ки он абёт ақидаи шахсии Мавлоно нест, балки ӯ диди урфии замонаи худро дар бораи зан мунъакис кардааст; чунонки зиндагии шахсии ӯ нишон медиҳад, ки сулукаш бо занон бисёр мӯҳтарамона ва муҳаббатомез будааст.

Мавлоно дар ин абёт аҳаммияти занро дар сифати меҳромез ва отифии ӯ медонад, ки тарҷумони сифати раҳмати илоҳӣ аст, на ҷанбаи ҷисмӣ ва ҷинсии ӯ. Агар марде ҷанбаҳои отифӣ ва эҳсосоти латифи занонро дарк кунад, қатъан аз он тариқ ба Ҳақ ва ҳақиқат роҳ пайдо кунад. Чунонки Ибни Арабӣ низ дар фасси 27-ум аз китоби “Фусусул-ҳикам” (фасси муҳаммадӣ) занро волотарин мазҳари Худо медонад ва васлат бо ӯро ҳамтироз бо иттиҳоди ошиқона бо Худо мешумурад. Ӯ мегӯяд, зан барои ориф комилтарин мазҳари таҷаллии халлоқияти Худованд аст:

فشهود الحق في النساء أعظم الشهود وأكمله

Бар асоси назари Ибни Арабӣ, ки бисёре аз шореҳони Маснавӣ бад-он истинод ҷустаанд, мард фақат ҷанбаи фоъилӣ дорад, бад-он сабаб, ки занро бордор мекунад, аммо зан, ҳам ҷанбаи феълпазирӣ (инфиъолӣ) дорад ва ҳам ҷанбаи фоъилӣ, аз он рӯ, ки ҳам аз мард нутфа мепазирад ва ҳам нутфаро мепарварад ва онро ба инсони комил мубаддал мекунад. Ба ҳар ҳол, ин назари дурахшони Мавлоно дар бораи зан, он ҳам дар қуруни вусто, бас эъҷобангез аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, сс.724-725)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: