Инсони комил (2)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Айбҳои ҷисмӣ ва равонӣ

Оё инсони солим ва инсони маъюб ҳам дорем? Саломату айб гоҳе марбут ба тани инсон аст. Шакке нест, ки баъзе инсонҳо аз назари ҷисмӣ солиманд ва баъзе маъюбу мариз, масалан нақси узве доранд: нобино, кар ва ё фалаҷ ҳастанд ва амсоли инҳо. Вале инҳо марбут ба шахси инсон аст. Ҳеч таваҷҷӯҳ доред, ки агар инсоне кӯр бошад, кар бошад, фалаҷ бошад, бадшакл бошад, кӯтоҳқад бошад, шумо инҳоро барои ӯ аз назари фазилату шахсияту инсоният нақсе намешуморед. Масалан, Суқрот, файласуфи Юнон, ки ӯро ба истилоҳ, ҳамтои пайғамбарон ҳисоб мекунанд, яке аз бадшаклтарини мардуми дунё буд, вале ҳеч кас бадшаклиро барои Суқрот ба унвони як инсон айб намегирад. Ё масалан, Абулъалои Маъаррӣ ва Тоҳо Ҳусайн кӯр будаанд, оё ин кӯрӣ — ки нақсе дар ҷисм ва шахси ин афрод аст — ба унвони як нақс дар шахсияти ин афрод шумурда мешавад? На, инчунин нест. Ин матлаб далел бар ин аст, ки инсон ду чиз дорад: шахсе дорад ва шахсияте, тане дорад ва руҳе, ҷисме дорад ва равоне. Ҳисоби равон аз ҳисоби ҷисм ҷудост. Ин касоне, ки хаёл мекунанд равони инсон сад дар сад тобеъе аз ҷисми ӯст, иштибоҳашон ҳамин ҷост. Асосан, оё равони инсон метавонад бемор бошад, дар ҳоле, ки ҷисми ӯ солим аст? Ин худаш як масъалае аст. Бино бар назари касоне, ки мункири асолати руҳ ҳастанд ва тамоми хавосси руҳиро асари мустақим ва биловоситаи силсилаи аъсоби инсон медонанд, асосан равон ҳукме надорад, ҳама чиз тобеъи ҷисм аст. Агар равон бемор бошад, ҳатман ҷисм бемор шуда, ки равон бемор аст ва бемории равонӣ ҳамон бемории ҷисмӣ аст.

Хушбахтона имрӯз бештар ин матлаб собит шудааст, ки мумкин аст инсон аз назари ҷисм, аз назари теъдоди гулубулҳои (клеткаҳои) сафеду қирмизи хун, витоминҳо ва аз назари метобулизм (сӯхтусоз = обмен веществ)-и бадан ва ҳатто аз назари аъсоб, солими солим бошад ва дар айни ҳол аз назари равонӣ бемор бошад.

Чӣ тавр бемор бошад? Масалан, ба қавли имрӯзиҳо, уқдаи равонӣ дошта бошад. Воқеан илми имрӯз ба одаме, ки уқдаи равонӣ дорад, “бемор” мегӯяд. Яъне, дар дастгоҳи равонии ӯ ихтилол пайдо шудааст бидуни ин ки ихтилоле дар дастгоҳи ҷисмии ӯ падид омада бошад ва аз ин рӯ ин навъ бемориҳоро аз роҳи ҷисм наметавон дармон кард, яъне роҳи муолиҷаи ин беморони равонӣ давоҳои моддӣ нест, (1) мисли касе, ки дорои уқдаи равонии такаббур аст. Имрӯз собит шудааст, ки такаббур воқеан беморӣ аст, воқеан ихтилоли руҳӣ ва равонӣ аст. Вале оё мешавад як дору барои такаббур дар дорухона пайдо кард? Оё мешавад инсон як қурс бихӯрад ва такаббураш аз байн биравад ва табдил ба як инсони мутавозеъ шавад? Оё мешавад ба як инсони қасиюлқалб ва ҷаллод (мисли Шимр ибни Зилҷавшан) як сӯзандору бизананд ва ё як қурс бидиҳанд, то табдил ба як инсони атуф, меҳрубон ва бошафқат ва раҳмат шавад? На, муолиҷа барои ӯ ҳаст, вале муолиҷаи ӯ роҳи дигаре дорад.

Ҳатто гоҳе бемории ҷисмӣ аз роҳи равонӣ муолиҷа мешавад, ҳамчунон ки гоҳе бемории равонӣ аз роҳи ҷисм муолиҷа мешавад. Масалан, як беморӣ воқеан ҷисмӣ аст, вале бо як силсила талқинҳо ва тақвиятҳои руҳӣ — ки ин ҳам худаш достоне дорад ва як масъалаи аҷибе аст — муолиҷа мешавад. Ин матлаб ҷузъи далоили қотеъ бар ин аст, ки воқеан инсон мавҷуде аст мураккаб аз тану равон, ва равони инсон аз тан истиқлол дорад ва як тобеъи мутлақ аз тан нест, ҳамчунон ки тан тобеъи мутлақ аз равон нест, ин ду дар якдигар асар доранд. Ба қавли ҳукамо:

النفس والبدن يتعاكسان ايجابا واعدادا

Бадан дар равон асар мегузорад ва равон дар бадан, ва бадан кори мустақил аз равон анҷом медиҳад ва равон ҳам кори мустақил аз тан анҷом медиҳад. Ин худаш далел бар ин аст, ки дастгоҳи равонии инсон, худ як дастгоҳи мустақил аст.

Мо дар сӯҳбат аз инсони комил қабл аз ин ки вориди асли баҳс шавем, сухан аз инсони солим ва инсони маъюб овардем. Ин муқаддима лозим буд, то равшан шавад, ки мақсуди мо айбу саломати марбут ба ҷисм нест. Намехоҳем баҳси пизишкӣ кунем, ки инсоне сад дар сад солим аст, ки агар биравад чек кунад маълум мешавад ҳамаи ҷиҳозоти баданаш солим аст, ин баҳс ба мо марбут нест, мо асосан ба бадан коре надорем.

Пас, воқеан мумкин аст инсон аз назари равонӣ бемору маъюб бошад, ҳамчунон ки мумкин аст аз ин назар солим бошад. Қуръон ин аслро пазируфтааст, мефармояд:

فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ فَزَادَهُمُ اللّهُ مَرَضًا

Дар дилҳояшон маразе аст ва Худо бар маразашон афзуд…” (Сураи Бақара, ояти 10) яъне дар дилу руҳашон беморӣ аст. Намефармояд, масалан чашмашон бемор аст. Қалбе, ки Қуръон мегӯяд, ғайр аз қалби пизишкие аст, ки барои дармони он лозим аст ба табиби қалб муроҷеа кунем. “Қалб” дар Қуръон яъне ҳамон руҳу равони инсон. Дар бораи Қуръон мефармояд:

وَنُنَزِّلُ مِنَ الْقُرْآنِ مَا هُوَ شِفَاء وَرَحْمَةٌ لِّلْمُؤْمِنِينَ

(Сураи Исро, ояти 82) Мо Қуръонро шифо ва раҳмат барои мӯъминин фиристодем. Қуръон шифои мӯъминин аст.

Амирулмӯъминин мефармояд:

ألا وإن من البلاء الفاقة

Аз ҷумлаи балоё ва шадоид фақр аст.

وأشدّ من مرض الفاقة مرض البدن

Ва аз фақр бадтар, маризии бадан аст.

وأشدّ من مرض البدن مرض القلب

Ва аз бемории тан бадтар ва шадидтар, бемории дилу қалби инсон аст. (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 388)

Яке аз барномаҳои Қуръон, сохтани инсони солим аст ва мо қабл аз он ки бихоҳем ин таваққӯъро дошта бошем, ки инсони комил бошем ё ба инсони комил наздик бошем, бояд худро аз ин назар, ки асосан инсони солим ё инсони маъюб ҳастем, бишносем.

* * *

Офоти руҳи инсон

Ба таври иҷмол, решаҳои аслии он чи ки руҳи инсонро офатзада мекунад, бароятон арз мекунам. Аз назари равоншиносӣ, маҳрумиятҳо маншаи бемориҳои равонӣ мешавад. Яъне, маншаи бисёре аз уқдаҳои равонӣ ва бемориҳои равонии инсон, эҳсоси мағбуниятҳо ва маҳрумиятҳост. Медонед, ки Фрейд (Sigmund Freud) ба таври ифрот такяаш рӯи ин мавзӯъ аст, хусусан дар амри ҷинсӣ. Ба ҳар ҳол ин худ як масъалаи асосӣ аст, ки маҳрумиятҳои инсон дар ӯ эҷоди бемориҳое мекунад. Кина чист, ки вақте инсон эҳсос мекунад нисбат ба касе ҳиқду кина дорад, дилаш мехоҳад аз ӯ интиқом бигирад ва то ӯро ба хоку хун накашад, наметавонад ором гирад? Ин ҳисси интиқомҷӯӣ дар инсон чист?

Одами ҳасуд вақте хайру неъматеро дар дигарон мебинад, ҳамаи орзуяш ин аст, ки аз ӯ салби неъмат шавад. Дар бораи худаш фикр намекунад. Инсони солим ғибта дорад, на ҳасад. Ӯ ҳамеша дар бораи худаш фикр мекунад, ки ҷилав биафтад. Агар як инсон ҳамеша дар ин фикр бошад, ки худаш ҷилав биафтад, солим аст. Ин, далел бар айб нест. Аммо агар касе ҳамеша дар ин андеша аст, ки дигаре ақиб биафтад, бемор аст, мариз аст. Ҳатто шумо мебинед, ки гоҳе одамҳои ҳасуд ба марҳилае мерасанд, ки ҳозиранд ба худашон сад дараҷа садама бизананд, балки ба дигаре панҷоҳ дараҷа садама ворид шавад.

* * *

Намунае аз бемории ҳасад

Достони хеле маъруфе дар китобҳои таърих нақл мекунанд: дар замони яке аз хулафо, марди сарватманде ғуломе харид. Аз рӯзи аввале, ки ӯро харид, монанди як ғулом бо ӯ рафтор намекард, балки монанди як оқо бо ӯ рафтор мекард. Беҳтарин ғизоҳоро ба ӯ медод, беҳтарин либосҳоро барояш мехарид, васоили осоиши ӯро фароҳам мекард ва дуруст монанди фарзанди худ бо ӯ рафтор мекард, гӯӣ парворе барои худаш овардааст. Ғулом медид, ки арбобаш ҳамеша дар фикр аст, ҳамеша нороҳат аст. Билохира арбоб ҳозир шуд ӯро озод кунад ва сармояи зиёде ҳам ба ӯ бидиҳад. Як шаб дарди дили худро бо ғулом дар миён гузошт ва гуфт: ман ҳозирам туро озод кунам ва ин миқдор пул ҳам бидиҳам, вале медонӣ барои чӣ ин ҳама хидмат ба ту кардам? Фақат барои як тақозо. Агар ту ин тақозоро анҷом диҳӣ, ҳар чи ки ба ту додам, ҳалол ва нӯши ҷонат бошад ва беш аз ин ҳам ба ту медиҳам. Вале агар ин корро анҷом надиҳӣ, ман аз ту розӣ нестам. Ғулом гуфт: ҳар чи ту бигӯӣ, итоат мекунам, ту валинеъмати ман ҳастӣ ва ба ман ҳаёт додӣ. Гуфт: на, бояд қавли қатъӣ бидиҳӣ, метарсам агар пешниҳод кунам, қабул накунӣ. Гуфт: ҳар чи мехоҳӣ пешниҳод кунӣ, бигӯ, то ман бигӯям: “бале”. Вақте комилан қавл гирифт, гуфт: пешниҳоди ман ин аст, ки дар як мавқеъ ва ҷои хоссе, ки ман дастур медиҳам, сари маро аз бех бибурӣ. Гуфт: охир чунин чизе намешавад. Гуфт: хайр, ман аз ту қавл гирифтам ва бояд ин корро анҷом диҳӣ. Нимашаб ғуломро бедор кард, корди тезе ба ӯ дод ва бо ҳам ба пушти боми яке аз ҳамсояҳо рафтанд. Дар он ҷо хобид ва кисаи пулро ба ғулом дод ва гуфт: ҳамин ҷо сари манро бибур ва ҳар ҷо ки дилат мехоҳад, бирав. Ғулом гуфт: барои чӣ? Гуфт: барои ин ки ман ин ҳамсояро наметавонам бибинам. Мурдан барои ман аз зиндагӣ беҳтар аст. Мо рақиби якдигар будем ва ӯ аз ман пеш афтода ва ҳама чизаш аз ман беҳтар аст. Ман дорам дар оташи ҳасад месӯзам, мехоҳам қатле ба пойи ӯ биафтад ва ӯро зиндонӣ кунанд. Агар чунин чизе шавад, ман роҳат шудаам. Роҳатии ман фақат барои ин аст, ки медонам агар ин ҷо кушта шавам, фардо мегӯянд ҷанозааш дар пушти боми рақибаш пайдо шуда, пас ҳатман рақибаш ӯро куштааст, баъд рақиби маро зиндонӣ ва сипас эъдом мекунанд ва мақсуди ман ҳосил мешавад. Ғулом гуфт: ҳол, ки ту чунин одами аҳмақе ҳастӣ, чаро ман ин корро накунам? Ту барои ҳамон кушта шудан хуб ҳастӣ. Сари ӯро бурид, кисаи пулро ҳам бардошт ва рафт. Хабар дар ҳама ҷо печид. Он марди ҳамсояро ба зиндон бурданд. Вале ҳама мегуфтанд: агар ӯ қотил бошад, рӯи пушти боми хонаи худаш, ки ин корро намекунад, пас қазия чист? Муаммое шуда буд. Виҷдони ғулом ӯро роҳат нагузошт, пеши ҳукумати вақт рафт ва ҳақиқатро ин тавр гуфт: ман ба тақозои худаш ӯро куштам. Ӯ ончунон дар ҳасад месӯхт, ки маргро бар зиндагӣ тарҷеҳ медод. Вақте мушаххас шуд қазия аз ин қарор аст, ҳам ғулом ва ҳам марди зиндониро озод карданд.

Пас, ин як ҳақиқате аст, ки воқеан инсон ба бемории ҳасад мубтало мешавад. Қуръон мефармояд:

قَدْ أَفْلَحَ مَن زَكَّاهَا. وَقَدْ خَابَ مَن دَسَّاهَا

Ҳар кас онро (қалбро) пок гардонид, қатъан растгор шуд. Ва ҳар ки олудааш сохт, қатъан дарбохт.” (Сураи Шамс, оятҳои 9-10)

Аввалин барномаи Қуръон таҳзиби нафс ва тазкияи нафс аст. Покиза кардани равон аз бемориҳо, уқдаҳо, торикиҳо, нороҳатиҳо, инҳирофҳо ва балки аз масх шуданҳост.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Албатта баъзе аз бемориҳои равонӣ ҳаст, ки марбут ба ихтилолоти ҷисмӣ аст, мисли касоне, ки ба воситаи заъфи аъсоб дучори тарсу ваҳшат мешаванд. Мақсуди ман бархе аз бемориҳои равонӣ аст.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: