Перейти к содержимому

Нахуствазири собиқи Қатар: “Муомилаи қарн” бо ҳимояти бархе кишварҳои арабӣ иҷро мешавад”

Нахуствазири собиқи Қатар гуфт, ки тарҳи омрикоии созиш бо Исроил мавсум ба “муомилаи қарн”, гом ба гом бо ҳимоят ва пуштибонии кишварҳои бузурги арабӣ дар ҳоли иҷро шудан аст.

Ҳамад бен Ҷосим дар сафҳаи Твиттери худ хитоб ба сарони кишварҳои арабӣ пас аз интиқоли сафорати Омрико ба Қудси ишғолӣ навишт, баҳои ин кор чӣ қадр буд? Ҳеч чизе арзиши даст кашидан аз муқаддасоти Фаластин ва ҳаққи онҳо дар моликияти сарзаминашонро надорад.

Нахуствазири собиқи Қатар тасреҳ кард, ки ҷаҳони араб вориди тунели торике на фақат дар масъалаи Фаластин, балки дар ҳамаи масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ шудааст ва баёнияҳое, ки аз сӯи онҳо содир мешавад, танҳо барои рафъи таклиф аст, зеро худи ин кишварҳо дар ҳамаи қазоё даст доранд.

Рӯзи душанбе ҳамзамон бо солрӯзи накбат (таъсиси режими саҳюнистӣ), Омрико сафорати худро ба рағми тамоми интиқодҳо аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Қудс мунтақил кард, ки бо мавҷе аз интиқод ва инзиҷор ҳамроҳ шуд ва бозтоби густурдае дар сатҳи ҷаҳон пайдо кард.

Замоне, ки дар Қудс мақомҳои режими саҳюнистӣ бо шуморе аз мақомҳои давлати Омрико аз ҷумла Ивонко Тромп, духтар ва мушовири аршади Тромп ба ҳамроҳи ҳамсараш Ҷуред Кушнер ва ҳамчунин вазири хазонадории Омрико саргарми баргузории маросими ифтитоҳи сафорати Омрико буданд, дар шарқи навори Ғазза фаластиниёне, ки ба муносибати солрӯзи накбат тазоҳурот мекарданд, бо гулӯлаи низомиёни саҳюнист ба хоку хун кашида шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки иқдомоти режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми Фаластин ва ифтитоҳи сафорати Омрико дар Қудс вокунише аз сӯи сарони араб ба хусус Арабистони Саудӣ надоштааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: