Перейти к содержимому

Режими саҳюнистӣ бояд ба унвони ҷинояткори ҷангӣ ба додгоҳ муаррифӣ шавад

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо маҳкум кардани куштори ваҳшиёнаи даҳҳо тан ва захмӣ шудани ҳазорон нафар аз фаластиниёни Ғазза ва соири сарзаминҳои Фаластин тавассути режими саҳюнистӣ, хостори вокуниши фаврии ҷомеаи ҷаҳонӣ шуд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон, куштори ваҳшиёна ва қатли омми бераҳмона ва камсобиқаи даҳҳо тан ва захмӣ шудани ҳазорон нафар аз фаластиниёне, ки ба муносибати “Рӯзи накбат” ва солрӯзи ишғоли Фаластин ва интиқоли сафорати давлати Омрико ба Қудси шариф, дар Ғазза ва соири сарзаминҳои Фаластин даст ба роҳпаймоии мусолиматомез зада буданд ба шиддат маҳкум ва таъкид кард: “Куштори кӯдакон, занон ва мардуми бедифои Фаластин ва ишғоли сарзаминҳои фаластиниён, ба роҳбурди аслии саҳюнистҳо дар тӯли 70 сол аз умри ишғоли сарзамини Фаластин табдил шудааст ва имрӯз, сафорати Омрико ва давлати он кишвар дар канори қатли омми ваҳшиёнаи инсонҳои бегуноҳ ба ҷашну шодӣ пардохтаанд.”

Қосимӣ афзуд: “Ҷинояти мустамир ва дунболадори саҳюнистҳо дар Фаластин, натиҷаи ҳимояти бедареғи Омрико ва созиши хоинона ва инфиъоли зиллатбори бархе давлатҳои минтақа буда ва бетардид онон масъул ва шарики хунҳои ба ноҳақ рехташуда дар Фаластини ишғолӣ ва масоиб ва оломи онон ҳастанд.”

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо эъломи ҳимояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аз муборизоти машрӯъ ва муқовимати сабуронаи мардуми мусалмони Фаластин дар баробари мусалласи зару зӯру тазвир, аз созмонҳо ва маҷомеи минтақаӣ ва байналмилалӣ хост, бо таҳаррук ва иқдоме оҷил ва бидуни ҳеч гуна диранг, зимни маҳкумияти ҷинояти режими ишғолгари Қудс ва муаррифии он ба унвони ҷинояткори ҷангӣ ба додгоҳи байналмилалӣ, иқдомоти лозим, қотеъ ва фаврӣ дар ҷилавгирӣ аз тадовуми қатли омм ва куштори сабуъонаи ҳазорон нафар аз инсонҳои бедифоъ ва бегуноҳ ба дасти саҳюнистҳои ғосиб, ба амал оваранд ва таъмини амнияти ҷонии мардуми Фаластини сокин дар сарзаминҳои ишғолӣ ва поёни муҳосираи иқтисодии онон, бояд дар дастури кори фаврии тамоми кишварҳои мустақилли ҷаҳон қарор гирад.

Қосимӣ дар поён аз миллатҳои мусалмон ва соири озодихоҳони ҷаҳон хост, бо баргузории роҳпаймоӣ ва нишастҳои эътирозомез зимни маҳкумияти қатли омми васеъи саҳюнистҳо дар Фаластин ва иқдоми ғайриқонунии давлати Тромп дар эъломи Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими ишғолгари Қудс, бо мардуми Фаластин эъломи ҳамбастагӣ кунанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: