Инсони комил (3)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Инсони масхшуда

Масъалаи масх шудан хеле муҳим аст. Масх яъне чӣ? Шунидаед, ки мегӯянд дар миёни умматҳои пешин мардуме буданд, ки дар асари ин ки муртакиби гуноҳони зиёд шуданд, мавриди нафрини пайғамбари замони худ воқеъ ва масх шуданд. Яъне ба як ҳайвон табдил шуданд, масалан ба маймун, гург, хирс ва ё ҳайвоноти дигар. Инро “масх” мегӯянд.

Ҳол, ин масх ба чӣ сурат аст? Оё “инсонҳо масх шуданд” яъне воқеан ҳайвон шуданд? Тавзеҳашро арз мекунам: як матлаб мусаллам аст, ва он ин аст, ки: инсон агар фаразан аз назари ҷисмӣ масх нашавад (табдил ба як ҳайвон нашавад), ба таври яқин аз назари руҳӣ ва маънавӣ мумкин аст масх шавад, табдил ба як ҳайвон шавад ва балки табдил ба навъе ҳайвон шавад, ки дар олам ҳайвоне ба он бадӣ ва касофат вуҷуд надошта бошад. Қуръон аз

بل هم أضلّ

(“Онҳо гумроҳтаранд”. Сураи Аъроф, ояти 179) сухан мегӯяд, яъне аз мардуме, ки аз чаҳорпо ҳам пасттар ҳастанд. Магар мешавад инсон воқеан аз назари руҳӣ табдил ба як ҳайвон шавад? Бале, чун шахсияти инсон, ба хасоиси ахлоқӣ ва равонии ӯст. Агар хасоиси ахлоқӣ ва равонии як инсон хасоис ва ахлоқи як даранда буд, хасоис ва ахлоқи як баҳима буд, ӯ воқеан масх шудааст. Яъне руҳаш ҳақиқатан масх ва табдил ба як ҳайвон шудааст. Ҷисми хук бо руҳи ӯ таносуб дорад, ва инсон мумкин аст тамоми хислатҳояш хислатҳои хук бошад. Агар инсоне ин гуна бошад, аз инсоният мунсалих (канда) шуда ва дар маънӣ ва ботин ва аз диди чашми ҳақиқатбин ва дар малакут воқеан як хук аст ва ғайр аз ин чизе нест. Пас, инсони маъюб гоҳе ба марҳилаи инсони масхшуда мерасад. Мо инҳоро камтар мешунавем ва шояд баъзе хаёл кунанд инҳо маҷоз аст ва дертар боварашон биёяд, вале ҳақиқат аст.

Шахсе мегӯяд: бо Имом Зайнулобидин (Алайҳис салом) дар саҳрои Арафот будем. Аз он боло, ки нигоҳ кардам, дидам саҳро аз ҳоҷӣ мавҷ мезанад. Ба Имом арз кардам:

ما أكثر الحجيج

Алҳамду лиллоҳ чӣ қадр имсол ҳоҷӣ зиёд аст! Имом фармуд:

ما أكثر الضجيج وأقلّ الحجيج

Чӣ қадр фарёд зиёд аст ва чӣ қадр ҳоҷӣ кам аст! Он шахс мегӯяд: ман намедонам Имом чӣ кард ва чӣ бинише ба ман дод ва чӣ чашмеро дар ман бино кард, ки вақте ба ман гуфт: ҳоло нигоҳ кун, дидам саҳрое аст пур аз ҳайвон, як боғи ваҳши комил, ки як идда инсон ҳам дар лобалои ин ҳайвонҳо ҳаракат мекунанд. Фармуд: ҳоло мебинӣ? Ботини қазия ин аст.

Аз назари аҳли ботин ва аҳли маънӣ, ин масъала амре ба возеҳии ин чароғҳост. Ҳол агар зеҳни мутаҷаддидмаоби баъзе аз мо намехоҳад қабул кунад, иштибоҳ мекунем. Дар замони худи мо афроде буда ва ҳастанд, ки метавонанд ҳақиқати инсонҳоро дарк кунанд ва бибинанд.

Инсоне, ки монанди як баҳима ва чаҳорпо ҷуз хӯрдану хобидан ва ҷуз амали ҷинсӣ фикри дигаре надорад ва фақат дар фикри ин аст, ки бихӯраду бихобаду лаззати ҷинсӣ бибарад, аслан руҳаш як чаҳорпост ва ғайр аз ин чизе нест. Воқеан ботин ва фитрати чунин инсоне масх шудааст. Яъне хислатҳои инсонӣ — ки дар бораи он тавзеҳ хоҳем дод — ва инсоният ба куллӣ аз ӯ гирифта шуда ва ба ҷои онҳо худаш барои худаш хислатҳои ҳайвонӣ ва хислатҳои баҳимаӣ ва дарандагӣ касб кардааст. Дар сураи муборакаи Набаъ мехонем:

يَوْمَ يُنفَخُ فِي الصُّورِ فَتَأْتُونَ أَفْوَاجًا. وَفُتِحَتِ السَّمَاء فَكَانَتْ أَبْوَابًا. وَسُيِّرَتِ الْجِبَالُ فَكَانَتْ سَرَابًا

Рӯзе, ки дар сур дамида шавад ва гурӯҳ-гурӯҳ биёед, ва осмон гушуда ва дарҳое падид шавад, ва кӯҳҳоро равон кунанд ва чун саробе гарданд.” (Сураи Набаъ, оятҳои -18-20)

Дар рӯзи қиёмат мардум гурӯҳ-гурӯҳ мабъусу маҳшур мешаванд. Мукаррар дар мукаррар пешвоёни дин гуфтаанд, ки фақат як гурӯҳ аз мардум ба сурати инсон маҳшур мешаванд. Гурӯҳҳое ба сурат мӯрчагон, гурӯҳҳое ба сурати бӯзинагон, гурӯҳҳое ба сурати ақрабҳо, гурӯҳҳое ба сурати морҳо ва гурӯҳҳое ба сурати палангҳо мабъус мешаванд. Чаро? Магар мумкин аст Худо инсонеро беҷиҳат ба сурати онҳо дароварад? Он ки дар дунё ҷуз газандагӣ коре надорад ва тамоми лаззаташ озоррасонӣ аст, ба сурати воқеии худаш, ки ақраб аст маҳшур мешавад. Ва он кас, ки дар дунё коре ҷуз маймунсифатӣ надорад, дар қиёмат қатъан ба сурати як маймун маҳшур мешавад. Ва касе, ки дар дунё монанди як саг аст, ба сурати як саг маҳшур мешавад:

يُحشر الناس على نيّاتهم

Мардум дар қиёмат мутобиқи ниятҳо ва мақосид ва хостаҳо ва мутобиқи хислатҳо ва сифоти воқеиашон маҳшур мешаванд.”  (Муснади Аҳмад, 2/392) Шумо дар ин дунё чӣ ҳастед? Чӣ мехоҳед бошед? Чӣ чизро мехоҳед? Оё хостаҳои шумо хостаҳои як инсон аст ё хостаҳои як даранда аст ё хостаҳои як чаранда? Ҳар чи, ки хостаи шумо бошад, шумо ҳамон ҳастед ва ҳамон маҳшур мешавед, ки ҳастед.

Ин аст, ки моро аз ҳамаи парастишҳо ҷуз Худопарастӣ манъ мекунанд. Ҳар чиро, ки мо бипарастем, ҳамон чиз мешавем. Агар пулпараст шавем, пул ҷузъи моҳияти мо ва ҷузъи вуҷуди мо мешавад. Ин пул дар қиёмат ҳамон филизи гудохтааст. Қуръон ба ин мавҷудҳое, ки дар дунё ин филиз ҷузъи вуҷудашон шуда ва ғайр аз парастиши ин филиз, кори дигаре надоштаанд, мегӯяд:

وَالَّذِينَ يَكْنِزُونَ الذَّهَبَ وَالْفِضَّةَ وَلاَ يُنفِقُونَهَا فِي سَبِيلِ اللّهِ فَبَشِّرْهُم بِعَذَابٍ أَلِيمٍ. يَوْمَ يُحْمَى عَلَيْهَا فِي نَارِ جَهَنَّمَ فَتُكْوَى بِهَا جِبَاهُهُمْ وَجُنوبُهُمْ وَظُهُورُهُمْ هَذَا مَا كَنَزْتُمْ لأَنفُسِكُمْ

Ва касоне, ки зару симро ганҷина мекунанд ва онро дар роҳи Худо ҳазина намекунанд, эшонро аз азобе дарднок хабар деҳ. Рӯзе, ки он ганҷинаҳоро дар оташи дӯзах ва пешонӣ ва паҳлӯ ва пушти ононро бо онҳо доғ кунанд ва гӯянд: ин аст он чи барои худ андӯхтед!..” (Сураи Тавба, оятҳои 34-35) Ҳамин пулҳо ӯро дар он дунё доғ мекунанд, оташҳои ҷаҳаннамии ӯ ҳастанд. Ин яке аз чизҳое аст, ки инсонро масх мекунад.

Ман дар ин ҷаласа хостам иҷмолан масъалаи инсони маъюб ва инсони солимро тарҳ карда бошам. Инсони уқдадор, инсони маъюб аст. Инсоне, ки як модда аз маводди ин оламро парастиш мекунад — на ин ки моддаеро мавриди истифода қарор медиҳад — як инсони маъюб ва як инсони масхшуда аст.

* * *

Барномаи инсонсозии моҳи мубораки Рамазон

Асосан барномаи моҳи мубораки Рамазон, барномаи инсонсозӣ аст, ки инсонҳои маъюб дар ин моҳ худро табдил ба инсонҳои солим, ва инсонҳои солим худро табдил ба инсонҳои комил кунанд. Барномаи моҳи мубораки Рамазон барномаи тазкияи нафс аст, барномаи ислоҳи маъойиб ва рафъи навоқис аст, барномаи тасаллути ақлу имону ирода бар шаҳавоти нафсонӣ аст, барномаи дуост, барномаи парастиши Ҳақ аст, барномаи парвоз ба сӯи Худост, барномаи тараққӣ додани руҳ аст, барномаи рақо додани руҳ аст.

Агар бино бошад, ки моҳи муборак биёяд ва инсон 30 рӯз гуруснагӣ ва ташнагӣ ва бехобӣ бикашад ва масалан шабҳо то дервақт бедор бошад ва ба ин маҷлису он маҷлис биравад, ва баъд ҳам иди фитр биёяд ва бо рӯзи охири Шаъбон як зарра ҳам фарқ накарда бошад, чунин рӯзае барои инсон асар надорад.

Ислом, ки намехоҳад мардум беҷиҳат даҳонашонро бибанданд, балки бо рӯза гирифтан, қарор аст, ки инсонҳо ислоҳ шаванд. Чаро дар ривоятҳои мо омадааст, ки бисёре аз рӯзадорон ҳастанд, ки ҳазз (насиб) ва баҳраи онҳо аз рӯза ҷуз гуруснагӣ чизе нест? Бастани даҳон аз ғизои ҳалол барои ин аст, ки инсон дар он 30 рӯз тамрин кунад, ки забони худро аз гуфтори ҳаром бибандад, ғайбат накунад, дурӯғ нагӯяд, фуҳш надиҳад.

Ин аз ҳамон умури маънавӣ ва ботинӣ ва малакутӣ аст. Зане омад хидмати Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ҳоле, ки рӯза дошт. Расули Акрам шир ё чизи дигаре ба ӯ таоруф кард ва фармуд: бигир ва бихӯр. Гуфт: эй Расули Худо! Рӯза дорам. Фармуд: на, рӯза надорӣ, бигир ва бихӯр. Гуфт: на эй Расули Худо! Рӯза дорам. Боз Расули Акрам исрор кард, ки бихӯр. Гуфт: на, рӯза дорам, воқеан рӯза дорам (чун ба ҳисоби худаш воқеан рӯза дошт, вале рӯзаи зоҳирӣ мисли рӯзаҳои мо). Фармуд: ту чӣ гуна рӯза дорӣ, ҳол он ки гӯшти бародар — ё хоҳари — мӯъминатро як соат пеш хӯрдӣ (ғайбат кардӣ)? Мехоҳӣ алъон ба худат ироа диҳам, ки ту гӯшт хӯрдаӣ? Қай кун! Як дафъа қай кард ва лахтаҳои гӯшт аз даҳонаш берун омад. Инсон рӯза бигирад ва ғайбат кунад, яъне даҳони ҷисми худашро аз ғизои ҳалол бибандад ва даҳони руҳи худро барои ғизои ҳаром боз кунад.

Чаро ба мо гуфтаанд, як дурӯғ, ки инсон бигӯяд, таъаффуне аз даҳони ӯ баланд мешавад, ки то ҳафт осмон фариштагонро азият мекунад? Он вақт мегӯянд, чаро инсон вақте дар ҷаҳаннам аст, ин қадр ҷаҳаннам уфунат дорад?! Уфунати ҷаҳаннам ҳамин уфунатҳое аст, ки мо худамон дар дунё эҷод кардаем, ҳамин дурӯғҳое аст, ки худамон мегӯем. Дашном додан ва ҳамзу лмз кардан (яъне бадгӯӣ ва айбҷӯӣ кардан) ҳам ҳамин тавр аст.

Тӯҳмат задан сарвари ҳамаи инҳост, чун тӯҳмат задан, ҳам разилати дурӯғ гуфтанро дорад ва ҳам разилати ғайбат карданро. Чун одаме, ки ғайбат мекунад, рост мегӯяд ва бадгӯӣ мекунад, ва одаме, ки дурӯғ мегӯяд, дурӯғ мегӯяд, вале бадгӯии касеро намекунад, як дурӯғе мебофад ва мегӯяд. Аммо одаме, ки тӯҳмат мезанад, ҳамзамон ҳам дурӯғ мегӯяд ва ҳам ғайбат мекунад. Яъне ду гуноҳи кабираро бо якдигар анҷом медиҳад.

Оё саҳеҳ аст як моҳи Рамазон бар мо бигзарад, ки дар он моҳ мо як силсила тӯҳматҳо ба якдигар баста бошем? Моҳи Рамазон барои ин аст, ки мусалмонон бештар иҷтимоъ кунанд, ибодатҳои иҷтимоӣ анҷом диҳанд ва дар масоҷид ҷамъ шаванд, на ин ки моҳи Рамазон василаи тафриқа қарор гирад.

ولا حول ولا قوة الاّ بالله العليّ العظيم

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: