Раҳбари Эрон: “Озодии Фаластин суннати илоҳӣ аст, Омрико ҳеч ғалате наметавонад бикунад” – филм

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар аввалин рӯз аз моҳи мубораки Рамазон, қориён ва ҳофизони Қуръон ба муддати се соат дар ҳузури раҳбари Эрон “маҳфили унс бо Қуръони Карим” барпо карданд.

Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор яке аз ниёзҳои зарурии имрӯзи уммати исломиро “наздикӣ ба Қуръон ва амал ба дастуроти он” донист ва бо таъкид бар ин ки мушкилоти кунунии дунёи ислом аз ҷумла шароити таассуфбори Фаластин ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ ба вежа дар рӯзҳои ахир, натиҷаи дурии уммати исломӣ аз Қуръон аст, гуфт: “Байтулмуқаддас пойтахти Фаластин аст ва ба тавфиқи илоҳӣ, Фаластин аз дасти душманон халос хоҳад шуд ва Омрико ва азноби он дар қиболи ҳақиқат ва суннати илоҳӣ ҳеч ғалате наметавонанд бикунанд.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ, лузуми таваҷҷӯҳи бештар ба Қуръон дар ҳамаи абъоди зиндагиро хотирнишон кард ва бо ишора ба масоиб ва балоёи дунёи ислом ба вежа шароити мардуми Фаластин, гуфт: “Дар ин чанд рӯз ҷиноёти режими хабис ва ҷаълии саҳюнистӣ дар ба шаҳодат расондани даҳҳо нафар ва захмӣ кардани ҳазорон фаластиниро дидед. Дар чунин шароите бархе гила мекунанд, ки чаро Омрико мавзеъ намегирад, дар ҳоле ки Омрико ва бисёре аз давлатҳои ғарбӣ шарики ҷурми ин ҷиноёт ҳастанд.”

Раҳбари Эрон бо таъкид бар ин ки “бояд уммати исломӣ, давлатҳои исломӣ ва ҳукуматҳои исломӣ дар қиболи ин ҷиноёт мавзеъ бигиранд, хотир нишон кард: “Қуръон ба мо мегӯяд бояд дар муқобили душманони дин ва куффор сарсахт бошед ва дар миёни худатон бо меҳрубонӣ рафтор кунед, аммо акнун ба далели дурӣ аз Қуръон, дар дунёи ислом шоҳиди ҷангу ихтилоф миёни мусалмонон ва таслим будан дар муқобили куффор ҳастем.”

Оятуллоҳ Хоманаӣ бо таъкид бар ин ки душманиҳо бо ислом тамомӣ надорад, афзуд: “Агар уммати исломӣ ба Қуръон наздик шавад, ҳамон гуна, ки Қуръон фармуда, бидуни шак бар душман ғалаба хоҳанд кард, зеро ин, ваъдаи илоҳӣ аст.”

Вай, тиловат ва ҷаласоти қуръониро муқаддимаи тадаббур дар Қуръон ва фаҳму амал ба он баршумурд ва хитоб ба ҷавонон гуфт: “Унс ва ошноии худро бо Қуръон рӯз ба рӯз афзоиш диҳед, зеро фаҳми Қуръон ва амал ба он, мояи қувват ва иқтидор ва иззати шумо хоҳад шуд.”

Раҳбари Эрон дар поён бо талаби мағфират аз Худованди Мутаъол барои шуҳадои рӯзҳои ахири Фаластин ва ҳамчунин бо талаби истиқомати бештар барои муборизони роҳи ҳақ, таъкид кард: “Омрико ва ҳамдастони ӯ дар қиболи суннати тахаллуфнопазири илоҳӣ маҷбур ба шикаст ва таслим хоҳанд буд.”

Филме аз ин маҳфил:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Қуръони Карим, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: