Перейти к содержимому

Инсони комил (4)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Лузуми ҳамоҳангӣ дар рушди арзишҳои инсонӣ

 وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا قَالَ وَمِن ذُرِّيَّتِي قَالَ لاَ يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ

“Комил” дар ҳар мавҷуде бо мавҷуди дигар мутафовит аст, масалан инсони комил ғайр аз фариштаи комил аст. Агар фариштае дар фаришта будани худаш ба ҳадди аъло ва ба охирин ҳадди камоли мумкин бирасад, ғайр аз ин аст, ки инсон дар олами инсон будани худаш ба ҳадди аълое аз камол бирасад.

* * *

Иллати тафовути камол дар инсон бо соири мавҷудот

Ҳамон касоне, ки моро аз вуҷуди фариштагон огоҳ кардаанд, гуфтаанд, ки фариштагон мавҷудоте ҳастанд, ки аз ақли маҳз офарида шудаанд, аз андеша ва фикри маҳз офарида шудаанд. Яъне дар онҳо ҳеч ҷанбаи хокӣ, моддӣ, шаҳавонӣ, ғазабӣ ва монанди инҳо вуҷуд надорад; ҳамчунон ки ҳайвонот сирфан хокӣ ҳастанд ва аз он чи Қуръон онро руҳи худоӣ муаррифӣ мекунад бебаҳраанд ва ин инсон аст, ки мавҷудест мураккаб аз он чи дар фариштагон вуҷуд дорад ва он чи дар хокиён мавҷуд аст; ҳам малакутӣ аст ва ҳам мулкӣ, ҳам ъилвӣ аст ва ҳам сифлӣ. Ин таъбир дар матни ҳадисе аст, ки дар “Усули кофӣ” омадааст ва аҳли тасаннун ҳам ин ҳадисро — зоҳиран бо иборати наздик ба он — нақл кардаанд. Мавлавӣ дар Маснавӣ ин ҳадисро ба сурати шеър овардааст:

Дар ҳадис омад, ки Яздони маҷид

Халқи оламро се гуна офарид.

Як гурӯҳро ҷумла ақлу илму ҷуд,

Он фариштаст, ӯ надонад ҷуз суҷуд.

Нест андар унсураш ҳирсу ҳаво,

Нури мутлақ, зинда аз ишқи Худо.

Як гурӯҳи дигар аз дониш тиҳӣ,

Ҳамчу ҳайвон аз алаф дар фарбеҳӣ.

Ӯ набинад ҷуз ки истаблу алаф,

Аз шақоват ғофил асту аз шараф.

Ин севум ҳаст одамизоду башар,

Ними ӯ з-ифриштаву нимеш хар.

Ними хар худ моили сифлӣ бувад,

Ними дигар моили ақлӣ бувад.

Мегӯяд, як гурӯҳ аз нури мутлақ офарида шудаанд ва як гурӯҳи дигар — ки мақсуд ҳайвонот аст — аз хашму шаҳват офарида шудаанд ва Худо инсонро мураккаб офарид. Пас, инсони комил ҳамчунон ки бо як ҳайвони комил – масалан, бо як асби дар ҳадди аъло ва идеол ва ба ҳадди камол расида — мутафовит аст, бо як фариштаи комил низ мутафовит аст.

Тафовути инсон ба далели ҳамон таркиби зоташ аст, ки дар Қуръон омадааст:

إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَّبْتَلِيهِ

(Сураи Инсон, ояти 2) Мо инсонро аз нутфае офаридем, ки дар он махлутҳои зиёде вуҷуд дорад. Мақсуд ин аст, ки истеъдодҳои зиёде ба таъбири имрӯз дар женҳои ӯ ҳаст. Баъд мефармояд: инсон ба марҳилае расидааст, ки мо ӯро мавриди озмоиш қарор медиҳем, ин хеле ҳарф аст, яъне ба ҳадде аз камол расида, ки ӯро озод ва мухтор офаридем ва лоиқ ва шоистаи таклифу озмоишу имтиҳон додан қарор додем.

إِنَّا خَلَقْنَا الْإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ أَمْشَاجٍ نَّبْتَلِيهِ

Инсонро аз нутфае, ки маҷмӯе аз машҷҳо яъне истеъдодҳои гуногун ва таркиботи гуногун аст халқ кардем ва ба ҳамин далел ӯро дар маърази имтиҳону озмоишу подошу кайфару нумра додан қарор додем. Вале мавҷудҳои дигар чунин шоистагиро надоранд.

فَجَعَلْنَاهُ سَمِيعًا بَصِيرًا. إِنَّا هَدَيْنَاهُ السَّبِيلَ إِمَّا شَاكِرًا وَإِمَّا كَفُورًا

(Сураи Инсон, оятҳои 2-3) Аз ин беҳтар ва зеботар озодӣ ва ихтиёри инсон ва реша ва мабнои онро намешавад баён кард: ӯро мавриди озмоиш қарор додем, роҳро ба ӯ намоёндем, он вақт ин худи ӯст, ки бояд роҳи хештанро интихоб кунад.

Бинобар ин, аз ин баёни Қуръон маълум мешавад, ки “комили” инсон ба далел ҳамин амшоҷ будан, бо “комили” фаришта фарқ мекунад.

* * *

Лузуми ҳамоҳангӣ дар рушди арзишҳо

Камоли инсон дар таъодул ва тавозуни ӯст. Яъне, инсон бо доштани ин ҳама истеъдодҳои гуногун он вақт инсони комил аст, ки фақат ба сӯи як истеъдод гароиш пайдо накунад ва истеъдодҳои дигарашро муҳмалу муаттал нагузорад ва ҳамаро дар як вазъи мутаъодил ва мутавозин, ҳамроҳи ҳам рушд диҳад, ки уламо мегӯянд, асосан ҳақиқати адл ба тавозун ва ҳамоҳангӣ бармегардад.

Мақсуд аз ҳамоҳангӣ дар ин ҷо ин аст, ки дар айни ин ки ҳамаи истеъдодҳои инсон рушд мекунад, рушдаш рушди ҳамоҳанг бошад. Мисоли соддае бароятон арз мекунам: як кӯдак, ки рушд мекунад, даст, по, сар, гӯш, бинӣ, забон, даҳон, дандон, аҳшоъ ва амъо ва соири чизҳоро дорост. Кӯдаки солим кӯдаке аст, ки ҳамаи аъзояш ба таври ҳамоҳанг рушд мекунанд. Ҳол агар фарз кунем, ки як инсон фақат биниаш рушд кунад ва соири қисматҳои баданаш рушд накунад — мисли корикотурҳое, ки мекашанд — ё фақат чашмҳояш рушд кунад ё фақат сараш рушд кунад ва танаш рушд накунад ва баръакс, ва ё дасташ рушд кунад ва пояш рушд накунад ва ё пояш рушд кунад ва дасташ рушд накунад, чунин инсоне рушд кардааст, вале рушди ноҳамоҳанг.

Инсони комил он инсоне аст, ки ҳамаи арзишҳои инсонӣ дар ӯ рушд кунанд ва ҳеч кадом берушд намонанд ва ҳама ҳамоҳанг бо якдигар рушд кунанд ва рушди ҳар кадом аз ин арзишҳо ба ҳадди аъло бирасад. Ин инсон мешавад инсони комил; инсоне, ки Қуръон аз ӯ таъбир ба “имом” мекунад:

وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا

(Сураи Бақара, ояти 124) Иброҳим баъд аз он ки аз имтиҳонҳои гуногун ва бузурги илоҳӣ берун омад ва ҳамаро ба интиҳо расонид ва дар ҳамаи он имтиҳонҳо нумраи (баҳои) олӣ гирифт, ба мақоми имомат расид. Яке аз имтиҳонҳои бузурги Иброҳим (Алайҳис салом), омода шудани ӯ барои буридани сари фаразанди худаш бо дасти худ дар роҳи Худо буд. Ӯ то ин ҳадд таслим буд, ки вақте фаҳмид Худост, ки ба ӯ амр мекунад, бидуни чуну чаро ҳозир шуд.

فَلَمَّا أَسْلَمَا وَتَلَّهُ لِلْجَبِينِ

Иброҳим омодаи комил барои сар буридан ва Исмоил ҳам омодаи комил барои забҳ шудан буд:

وَنَادَيْنَاهُ أَنْ يَا إِبْرَاهِيمُ. قَدْ صَدَّقْتَ الرُّؤْيَا

(Сураи Соффот, оятҳои 103-105) Ба ӯ нидо додем, ки: он чи мо мехостем то ҳамин ҷо буд; мо воқеан аз ту намехостем сарм фаразандатро бибурӣ, мехостем бибинем, ки мақоми таслими ту дар муқобили амри мо ва ризои мо то чӣ ҳадд зуҳуру буруз мекунад.

Баъд аз он ки Иброҳим аз ӯҳдаи ҳамаи имтиҳонҳо — аз ба оташ афтодан то фаразандро ба қурбонгоҳ бурдан — бармеояд ва ба танҳоӣ бо як қавм ва як миллат мубориза мекунад, он гоҳ ба ӯ хитоб мешавад:

إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا

Акнун ба ҳадде расидаӣ, ки метавонӣ улгу бошӣ, имому пешво бошӣ, роҳнамои дигарон бошӣ ва ба таъбири дигар, ту инсони комилӣ; инсонҳои дигар барои комил шудан бояд худро бо ту татбиқ диҳанд.

Алӣ (Алайҳис салом) инсони комил аст, барои ин ки “ҳамаи арзишҳои инсонӣ”, “дар ҳадди аъло“ ва ба таври “ҳамоҳанг” дар ӯ рушд кардааст. Яъне ҳар се шартро дорост.

Масъалаи ҳамоҳангиро бояд як миқдор тавзеҳ диҳам. Ҷазру мадди дарёро дидаед ва ё ҳаддиақал шунидаед. Дарё доиман дар ҳоли ҷазру мадд аст, гоҳе аз ин тараф ва гоҳе аз он тараф кашида мешавад ва доиман хурӯшон аст. Руҳи инсон ва ба табаи он, ҷомеаи инсонӣ ин ҳолати ҷазру маддеро, ки дар дарё ҳаст дорост. Руҳи инсон доиман дар ҳоли ҷазру мадд аст, аз ин тарафу он тараф кашида мешавад. Ҷомеаҳо низ гоҳе ба ин тарафу он тараф кашида мешаванд. Албатта маншаи кашида шудани ҷомеаҳо мумкин аст афрод ё ҷараёнҳои дигаре бошанд, вале ин қазия ҳаст.

Ҳатто арзишҳои инсонии инсон ҳам ҳамин тавр аст (Мо феълан ба он кашишҳои хокӣ ва ҳайвонӣ коре надорем). Яъне шумо афродеро мебинед, ки воқеан гароишашон гароиши инсонӣ аст, аммо гоҳе дар ҷиҳати як гароиш аз гароишҳои инсонӣ “мадд” пайдо мекунанд ва кашида мешаванд ба тавре, ки ҳамаи арзишҳои дигар фаромӯш мешавад. Инҳо мисли ҳамон одаме мешаванд, ки фақат гӯш ё бинӣ ё дасташ рушд кардааст.

Ин як нуктае аст, ки ғолибан ҷомеаҳо аз роҳи гароиш сад дар сад ба ботил, ба гумроҳӣ кашида намешаванд, балки аз ифрот дар як ҳаққ ба фасод кашида мешаванд. Бисёре аз инсонҳо низ аз ин роҳ ба фасод кашида мешаванд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: