Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (279)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (23)

* * *

Таслим кардани мард худро ба он чӣ илтимоси зан буд аз талаби маишат ва он эътирози занро ишорати Ҳақ донистан:

Ба назди ақл ҳар донандае ҳаст,

Ки бо гарданда гардонандае ҳаст.

Яъне дар назди ақл ин матлаб собит шудааст, ки ҳар мутаҳаррике (ҳаракаткунандае) ниёзманд ба муҳаррике (ҳаракатдиҳандае) аст.

Мард з-он гуфтан пушаймон шуд чунон,

К-аз авонӣ соати мурдан авон.

Марди аъробӣ аз гуфтаи худ чунон пушаймон шуд, ки метавон ҳолати ӯро ба ҳолати пушаймонии девониён ба ҳангоми фаро расидани марг ташбеҳ кард.

Нукта: Авон ба маънии чанггиранда ва нигоҳдоранда ва сарҳанг ва муҳассили девон аст. Ва низ ба маънии маъмури иҷро ва омили авомири шурта, ки ғолибан бо зулму зӯру хушунат маъмурияти худро анҷом медоданд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.727)

Гуфт: хасми ҷони ҷон ман чун шудам?

Бар сари ҷонам лагадҳо чун задам?

Аъробӣ бо худ гуфт: ман чаро душмани ҷони ҷонам шудам ва чаро бар сари ҷонам лагадҳо задам?

Чун қазо ояд, фурӯ пӯшад басар,

То надонад ақли мо поро зи сар.

Вақте, ки қазои илоҳӣ даррасад, чашмро аз дидани воқеиятҳо ноком месозад ба ҳадде, ки ақли мо саргашта мешавад ва сар аз пойи худ намешиносад.

Нукта: Масъалаи қазо ва қадар аз пурдоманатарин мабоҳиси фирқаҳо ва ниҳлаҳои гуногуни фикрӣ аст. “Қазо” дар луғат ба маънии ҳукм, қатъ ва файсала додан аст. Қозиро аз ин ҷиҳат қозӣ мегӯянд, ки миёни мутахосимон ҳукм мекунад ва ба кори онҳо файсала медиҳад. “Қадар” низ лафзан ба маънии андоза ва таъйин аст.

Ва манзур ин аст, ки низоми коинот ва ҷаҳони ҳастӣ бар мабнои қавонин ва суннатҳои тағйирнопазир барпо шуда ва машиату иродаи илоҳӣ мофавқи ихтиёри башар аст, чунонки дар Қуръон мехонем:

وَإِذَا قَضَى أَمْرًا فَإِنَّمَا يَقُولُ لَهُ كُن فَيَكُونُ

Ҳар гоҳ Худо иродаи амре кунад, ҳамин ки ба ӯ гӯяд: бош, мешавад.” (Сураи Бақара, ояти 117)

Мавлоно дар мавриди қазо ва қадари илоҳӣ мегӯяд:

Чун қазо берун кунад аз чарх сар,

Оқилон гарданд ҷумла кӯру кар.

* * *

Чун қазо ояд, шавад дониш ба хоб,

Маҳ сиёҳ гардад, бигирад офтоб.

Вале дар айни ҳол Мавлоно кӯшишу саъйи башариро низ лозим шумурдааст, яъне инсон бо вуҷуди ҳокимияти қазо ва қадари илоҳӣ, набояд даст аз талош кашад:

Бар қазо ҳаққ асту ҷаҳди банда ҳақ,

Ҳин, мабош аъвар чу Иблиси халақ.

Бинобар ин, Мавлоно дар ин бора ба қоъидаи “Амрун байнал-амрайн” мӯътақид аст.

Ба ҳар ҳол, баҳси қазо ва қадар доманаи бекарон ва умқе нопайдо дорад ва бо ин афҳоми сатҳӣ ва азҳони истидлолии фоқиди кашфу завқ наметавон бад-он расид. Аз ин рӯ, ҳазрати Амири мӯъминон (а) дар посух ба ин ки қазо ва қадар чист, фармуд:

طريق مظلم فلا تسلكوه وبحر عميق فلا تلجوه

Роҳест бас торик, пас дар он гом масупоред, ва дарёест жарф, пас бад-он дарнаёед.” (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 279)

Нуктаҳо чун теғ пӯлод аст тез,

Чун надорӣ ту сипар вопас гурез.

Дақоиқи ирфонӣ ва латоифи завқиро ҷуз дилҳои орӣ аз ғубори китну оз ва синаҳои зудуда аз васвасаи худбинӣ наметавонад дарк кунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.727-728)

Чун қазо бигзашт, худро мех(в)арад,

Парда бидрида, гиребон медарад.

Чунки ҳукму қазо бар амре таъаллуқ ёбад, одамӣ ҳамаи тӯшу тавони фикрӣ ва ақлии худро ба кор мегирад ва шитобон ба сӯи он метозад ва гумон бар суду манфиати он амр дорад, хиёл мекунад он матлуб яксара нафъу суд аст, ғофил аз ин ки мумкин аст найл бад-он, чизе ҷуз талхкомӣ ва ҳирмон набошад. Дар гармогарми шитофтани шахс ба сӯи хостаҳои муқаддар, ақл аз доварӣ ва ҳокимият фурӯ мемонад ва танҳо майлу хоҳиш аст, ки бар ӯ ҳукм меронад. Ва чун матлуби муқаддар ҳосил мешавад ва маълум мегардад, ки чизе ҷуз ҳирмон набудааст, шахс ба надомату пушаймониву андӯҳ гирифтор меояд ва ошкоро гиребони худ медарад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.728)

Мард гуфт: эй зан пушаймон мешавам,

Гар будам кофир, мусулмон мешавам.

Аъробӣ ба зан гуфт: ман аз мухолифате, ки дар оғози сухан бо ту доштам ва аз ҳарфе, ки аз рӯи хато ва нодонӣ задам, пушаймонам. Агар қаблан кофир будам ва туро инкор мекардам, инак мусалмон мешавам. Яъне нисбат ба ту фармонбардор мегардам ва даст аз мухолифату ситез бо хостаҳои ту мекашам.

Нукта: Ҳамон гуна ки пештар ҳам гуфта шуд, мурод аз мард ақл аст ва мурод аз зан нафс. Вақте ки нафси аммора бино бар муқтазои хеш ҳаракат бикунад ва бо ақл мухолифат варзад, ақл низ бо нафс меситезад. Ва саранҷом нафсро мавриди итоб қарор медиҳад ва таъдибаш мекунад ва тадриҷан ба мартибаи нафси мутмаинна ва розия мерасонадаш. Вақте нафс аз ҳолати омодагӣ халос гашт ва ба мартибаи мутмаинна ва розия расид, аслан бо муқтазои ақл мухолифат намекунад ва комилан тобеъу мутеъи ақл мешавад. Ва ақл, ки ин ҳусни хулқи нафсро нисбат ба худ мебинад ва майлу муҳаббати онро дар ҳаққи худ мушоҳида мекунад, шурӯъ мекунад ба узрхоҳӣ аз он ситамҳо, ки дар ибтидо дар ҳаққаш раво дошта буд. Пас, ин гуна суханони маъзаратомез мегӯяд ва бо забони ақлӣ ин маъонии мазкурро хитоб бар нафси хеш адо мекунад. (Шарҳи кабири Онқуравӣ, ҷ.3, с.941)

Дар се байти баъдӣ Мавлоно хитоб ба Ҳақ Таъоло суханоне баён медорад, ва ин аз шеваи ӯст, ки зимни тавсифи мазҳар ва ё махлуқ, ногаҳон рӯи суханро мутаваҷҷеҳи холиқ мекунад ва ба истилоҳ, гуреҳе мезанад:

Ман гунаҳкори туам, раҳме бикун,

Бармакан якборагим аз беху бун.

Худоё! Ман дар баробари ту гуноҳ кардаам ва гуноҳкорам, раҳме бифармо ва якбора маро аз беху бун бармаяндоз.

Кофири пир ар пушаймон мешавад,

Чунки узр орад, мусулмон мешавад.

Агар пири кофире, ки умреро дар куфр ба сар карда ногаҳон пушаймон шавад ва аз тақсири пешини худ узр бихоҳад, дар шумори яктопарастон ҷой мегирад ва тавбааш мақбули даргоҳи ту мешавад.

Ҳазрати пурраҳмат асту пуркарам,

Ошиқи ӯ ҳам вуҷуду ҳам адам.

Худовандо! Ҳазрат ва остони шарифи ту раҳматаш бисёр ва карамаш беинтиҳост. Вуҷуду адам ошиқи ӯст.

Куфру имон ошиқи он кибриё,

Миссу нуқра бандаи он кимиё.

Куфру имон ошиқи он зоти азим аст, ва мису нуқра бандаи он кимиёст.

Нукта: Пас ҳамаи мавҷудот аз пасттарин то бартарини онҳо ошиқи ӯст. Ва ин ишқу шавқ ҷорист дар ҳамаи мавҷудот. (Ашшавоҳидур-рубубия, с.147-148) Мису нуқра вуҷуди одамиёнро ба тилои ноби маъно табдил мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.730)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: