Инсони комил (5)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Намунаҳои ифрот дар рушди як арзиши хосс

1) Ибодат:

Яке аз арзишҳои инсонӣ, ки ислом онро сад дар сад таъйид мекунад, ибодат аст. Ибодат ба ҳамон маънии хоссаш мавриди назар аст (1). Яъне ҳамон хилват бо Худо, намоз, дуо, муноҷот, таҳаҷҷуд, намози шаб ва монанди он, ки ҷузъи мутуни ислом аст ва аз ислом ҳазфшуданӣ нест.

Ибодат як арзиши воқеӣ аст, вале агар муроқибат нашавад, ҷомеа ба ҳадди ифрот ба сӯи ин арзиш кашида мешавад, яъне асосан ислом фақат мешавад ибодат кардан, фақат мешавад масҷид рафтан, намози мустаҳаб хондан, дуо хондан, таъқиб хондан, ғуслҳои мустаҳаб баҷо овардан, тиловати Қуръон. Агар ҷомеа дар ин масир ба ҳадди ифрот биравад, ҳамаи арзишҳои дигари он маҳв мешавад, чунонки мебинем дар таърихи ислом чунин мадде дар ҷомеаи исломӣ пайдо шуда ва ҳатто дар афрод чунин маддеро мебинем. Афроди сад дар сад беғараз, ки ҳеч намешавад онҳоро муттаҳам кард, ба ин водӣ афтодаанд ва вақте ба ин ҷодда кашида шуданд, дигар наметавонанд таъодулро ҳифз кунанд. Чунин шахсе наметавонад бифаҳмад, ки Худо ӯро инсон офарида ва фаришта наёфаридааст. Агар фаришта буд, бояд аз ин роҳ мерафт. Инсон бояд арзишҳои мухталифро ба таври ҳамоҳанг дар худ рушд диҳад.

Ба Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) хабар доданд, ки иддае аз асҳоб ғарқ дар ибодат шудаанд. Нороҳат ва асабонӣ ба масҷид ташриф овард ва фарёд кашид:

ما بال أقوام

Чӣ мешавад гурӯҳҳоеро? Чиашон аст?

(Таъбири муаддабонае аст, мисли ин ки мегӯем, чӣ маразе доранд?) Шунидаам, чунин афроде дар уммати ман пайдо шудаанд! Ман, ки пайғамбари шумо ҳастам, ин тавр нестам; ҳеҷ вақт ҳамаи шаб то субҳро ибодат намекунам, қисмате аз онро истироҳат мекунам, мехобам. Ман ба хонадон ва ҳамсарони худ расидагӣ мекунам, ҳар рӯз рӯза намегирам, баъзе рӯзҳо рӯза мегирам, рӯзҳои дигарро ҳатман ифтор мекунам. Касоне, ки ин корҳоро пеш гирифтаанд, аз суннати ман хориҷанд. Пайғамбар вақте эҳсос мекунад як арзиш аз арзишҳои исломӣ соири арзишҳоро дар худ маҳв мекунад, яъне ҷомеаи исломӣ ба як тараф мадд пайдо кардааст, шадидан бо он мубориза мекунад.

Амр ибни Ос ду писар дорад: яке ба номи Муҳаммад, ки типи падараш аст, яъне аҳли дунё ва дунёпараст аст, ва дигаре ба номи Абдуллоҳ, ки нисбатан писари наҷибтаре аст. Ҳамеша дар машваратҳое, ки падар бо ду писараш мекард, Абдуллоҳ падарро даъват ба ҷониби Алӣ (Алайҳис салом) мекард ва он писари дигар ба падар мегуфт: хайре аз Алӣ намебинӣ, бирав тарафи Муовия. Як вақт пайғамбар ба Абдуллоҳ расид ва фармуд: чунин ба ман хабар додаанд, ки шабҳо то субҳ ибодат мекунӣ ва рӯзҳо рӯза мегирӣ? Гуфт: бале, эй Расули Худо! Фармуд: вале ман чунин нестам ва қабул ҳам надорам ва ин кор дуруст нест, ин корро тарк кун.

Гоҳе ҷомеа ба сӯи зуҳд кашида мешавад. Зуҳд худаш ҳақиқате аст, қобили инкор нест, як арзиш аст ва дорои осору фавоид. Маҳол ва мумтанеъ аст, ки ҷомеае рӯи саодат бибинад ё лоақал онро битавонем ҷомеаи исломӣ бишуморем дар ҳоле, ки дар он ҷомеа ин унсур ва ин арзиш вуҷуд надошта бошад. Аммо мебинед гоҳе ҳамин арзиш ҷомеаро ба сӯи худ мекашад, дигар ҳама чиз мешавад зуҳд, ва ғайр аз зуҳд чизи дигаре нест.

* * *

2) Хидмат ба халқ:

Яке аз арзишҳои қотеъ ва мусаллами инсон, ки ислом онро сад дар сад таъйид мекунад ва воқеан арзише инсонӣ аст, хидматгузори халқи Худо будан аст. Дар ин замина Пайғамбари Акрам зиёд таъкид фармудааст. Қуръони Карим дар заминаи таъовун ва кӯмак додан ва хидмат кардан ба якдигар мефармояд:

لَّيْسَ الْبِرَّ أَن تُوَلُّواْ وُجُوهَكُمْ قِبَلَ الْمَشْرِقِ وَالْمَغْرِبِ وَلَكِنَّ الْبِرَّ مَنْ آمَنَ بِاللّهِ وَالْيَوْمِ الآخِرِ وَالْمَلآئِكَةِ وَالْكِتَابِ وَالنَّبِيِّينَ وَآتَى الْمَالَ عَلَى حُبِّهِ ذَوِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ وَالسَّآئِلِينَ وَفِي الرِّقَابِ

Некӯкорӣ он нест, ки рӯи худро ба сӯи Машриқ ва ё Мақриб бигардонед, балки некӣ он аст, ки касе ба Худо ва рӯзи қиёмат ва фариштагон ва китоби осмонӣ ва паёмбарон имон оварад ва моли худро — бо вуҷуди дӯст доштанаш — ба хешовандон ва ятимон ва бенавоён ва дар роҳ мондагон ва гадоён ва дар роҳи озод кардани бандагон бидиҳад…” (Сураи Бақара, ояти 177)

Аммо инсоне мисли Саъдӣ мегӯяд (2):

Ибодат ба ҷуз хидмати халқ нест” (3). Ҳамин яке асту бас. Иддае бо гуфтани ин сухан, мехоҳанд арзиши ибодатро нафй кунанд, арзиши зуҳдро нафй кунанд, арзиши илмро нафй кунанд, арзиши ҷиҳодро нафй кунанд, ин ҳама арзишҳои олӣ ва бузургеро, ки дар ислом барои инсон вуҷуд дорад якдафъа нафй кунанд. Мегӯянд: медонед “инсоният” яъне чӣ? Яъне хидмат ба халқи Худо. Махсусан баъзе аз ин равшанфикрҳои имрӯз хаёл мекунанд ба як мантиқи хеле олӣ даст ёфтаанд ва исми он мантиқи хеле олиро “инсоният” ва “инсонгароӣ” мегузоранд.

Инсонгароӣ яъне чӣ? Мегӯянд: яъне хидмат кардан ба халқ, мо ба халқи Худо хидмат мекунем. Мегӯем: бояд ҳам ба халқи Худо хидмат кард, аммо худи халқи Худо чӣ мехоҳад бошад? Фарз кунем шиками халқи Худоро сер кардем ва танашонро пӯшондем, тоза мо ба як ҳайвон хидмат кардаем. Агар мо барои онҳо арзиши болотаре қоил набошем ва аслан ҳамаи арзишҳо мунҳасир ба хидмат ба халқи Худо бошад ва на дар худи мо арзиши дигаре вуҷуд дошта бошад ва на дар дигарон, тоза халқи Худо мешаванд маҷмӯае аз гӯсфандҳо, маҷмӯае аз асбҳо. Шиками як идда ҳайвонро сер кардаем, тан як идда ҳайвонро пӯшондаем. Албатта агар инсон шиками ҳайвонҳоро ҳам сер кунад, ба ҳар ҳол коре кардааст, вале оё ҳадди аълои инсон ин аст, ки дар ҳайвоният боқӣ бимонад ва ҳадди аълои хидмати ман ин аст, ки ба ҳайвонҳое мисли худам хидмат кунам ва ҳайвонҳое мисли худам ҳам ҳадди аълои хидматашон ин аст, ки ба ҳайвоне мисли худашон — ки ман бошам — хидмат кунанд?! На, хидмат ба инсон арзиши волое аст, вале инсон ба шарти инсоният. Ҳамеша ин ҳарфро гуфтаем: Лумумбо (Patrice Lumumba) инсон аст, Мӯсо Чумба (Moïse Tshombe) ҳам инсон аст. Агар бино бошад фақат масъалаи хидмат ба халқ матраҳ бошад, Мӯсо Чумба як халқ аст ва Лумумбо ҳам як халқи дигар, пас чаро миёни инҳо тафовут қоил мешавед? Чӣ фарқе аст миёни Абӯзар ва Муовия?

Пас, ин ки инсоният яъне хидмат ба халқ ва ҳеч арзиши дигаре матраҳ нест, боз як навъ ифроти дигаре аст.

* * *

3) Озодӣ:

Озодӣ яке аз бузургтарин ва олитарин арзишҳои инсонӣ аст ва ба таъбири дигар, ҷузъи маънавиёти инсон аст (4). Озодӣ барои инсон арзише мофавқи арзишҳои моддӣ аст. Инсонҳое, ки бӯе аз инсоният бурдаанд, ҳозиранд бо шиками гурусна ва тани бараҳна ва дар сахттарин шароит зиндагӣ кунанд, вале дар асорати як инсони дигар набошанд, маҳкуми инсони дигар набошанд, озод зиндагӣ кунанд.

Медонед, ки мутаассифона (5) Бӯалӣ Сино муддате вазир буд. Достони аҷибе аз ин даврони зиндагии ӯ дар китоби “Номаи донишварон” омадааст:

Рӯзе бо кавкабаи вазорат аз роҳе мегузашт. Канносеро дид, ки худ бад-он шуғли касиф машғул ва забонаш бад-ин шеъри латиф мутаранним аст:

Гиромӣ доштам эй нафс аз онат,

Ки осон бигзарад бар дил ҷаҳонат.

Шайхро аз шунидани он шеър табассум омад. Бо шакарханда аз рӯи таъриз овоз дод, ки: алҳаққ ҳадди таъзиму такрим ҳамон аст, ки ту дар бораи нафси шариф маръӣ доштаӣ! Қадри ҷоҳаш ин аст, ки дар қаъри чоҳ ба зиллати канносӣ дучораш карда ва ъиззу шаънаш ин аст, ки бад-ин хиффату хорӣ гирифтораш сохтаӣ. Умри нафисро дар ин амри хасис табоҳ мекунӣ ва ин кори зиштро ифтихори нафс мешуморӣ.

Марди каннос даст аз кор кӯтоҳу забон бар вай дароз карда, гуфт: дар олами ҳиммат, нон аз шуғли хасис хӯрдан беҳ, ки бори миннати раис бурдан.

Бӯалӣ ғарқи арақ шуд ва бо шитоб тамом гузашт” (6).

Бӯалӣ дид мантиқе аст, ки ҷавоб надорад, воқеияте аст. Дар мантиқи ҳайвонӣ ва хокӣ маънӣ надорад, ки инсон мурғу палаву асбу канизу ғулому бираву биёро раҳо кунад ва биёяд канносӣ кунад ва баъд, аз озодӣ ва озодагӣ сухан биронад. Озодӣ ва озодагӣ чист? Магар як чизи маҳсусу малмус аст? На, маҳсусу малмус нест. Вале барои виҷдони олии башар, озодӣ он қадр арзиш дорад, ки канносиро бар асорат тарҷеҳ медиҳад.

Озодӣ воқеан як арзиши бузург аст. Гоҳе инсон мебинад дар баъзе аз ҷомеаҳо ин арзиш ба куллӣ фаромӯш шуда. Вале як вақт ҳам мебинад ин ҳисс дар башар бедор мешавад. Баъзе афрод мегӯянд, башарият ва башар яъне озодӣ, ва ғайр аз озодӣ арзиши дигаре вуҷуд надорад. Яъне мехоҳанд тамоми арзишҳоро дар ин як арзиш, ки номаш озодӣ аст маҳв кунанд. Дар ҳоле, ки озодӣ танҳо арзиш нест. Арзиши дигар адолат аст, арзиши дигар ҳикмат аст, арзиши дигар ирфон аст ва чизҳои дигар.

* * *

4) Ишқ:

Гоҳе ишқ  — мисли он чи ки дар ирфону тасаввуф ва дар ғазалиёти ирфонии мо ҳаст — танҳо арзиши инсонӣ мешавад:

Ҷилвае кард рухаш дид малак ишқ надошт

Ва ё:

Фаришта ишқ надонад, ки чист, эй соқӣ!

Бихоҳ ҷому гулоби ба хоки одам рез.

Дигар, тамоми арзишҳои дигар ҳатто ақл нодида гирифта мешаванд. Урафо, ки гароишашон ба арзиши ишқ аст, аслан гароиши зидди ақл доранд ва расман бо ақл мубориза мекунанд. Ҳофиз мегӯяд:

Сӯфӣ аз партави май рози ниҳонӣ донист,

Гавҳари ҳар кас аз ин лаъл тавонӣ донист.

Қадри маҷмӯаи гул мурғи саҳар донаду бас,

Ки на ҳар, к-ӯ варақе хонд, маъонӣ донист.

Мехоҳад бигӯяд, фақат ва фақат ориф бо маркаби ишқ, ба ирфони Ҳақ мерасад. Дар чанд байти баъд мегӯяд:

Эй, ки аз дафтари ақл ояти ишқ омӯзӣ,

Тарсам ин нукта ба таҳқиқ натонӣ донист.

Мухотабаш дар ин байт, Бӯалӣ Синост, ки дар охири “Ишорот” сухан аз ишқ гуфтааст. Пас, аз назари инҳо асосан инсон ва инсоният иборат аз ишқ мешавад ва ақл ба далели ин ки ъиқолу пойбанд аст, ба куллӣ маҳкум мешавад.

Як вақт ҳам мебинед танҳо арзиш, мешавад арзиши ақлу фикр. Инсон мегӯяд ин ҳарфҳо чист, инҳо ҳама хаёлот аст. Бӯалӣ Сино гоҳе дар байни сӯҳбатҳояш мегӯяд: ин ҳарфҳо ашбаҳ (шабеҳтар) ба хаёлоти сӯфия аст, бояд бо маркаби ақл ҷилав рафт.

Инҳо арзишҳои гуногуне аст, ки дар башар вуҷуд дорад: ақл, ишқ, муҳаббат, адолат, хидмат, ибодат, озодӣ ва анвоъи дигари арзишҳо.

Ҳол, кадом инсон инсони комил аст? Ӯ, ки фақат обиди маҳз аст? Ӯ, ки фақати озодаи маҳз аст? Ӯ, ки фақат ошиқи маҳз аст? Ӯ, ки фақат оқили маҳз аст?

На, ҳеч кадом инсони комил нест. Инсони комил он инсоне аст, ки “ҳамаи ин арзишҳо” “дар ҳадди аъло “ ва “ҳамоҳанг бо якдигар” дар ӯ рушд карда бошад. Алӣ (Алайҳис салом) чунин инсоне аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Албатта дар ислом ҳар коре, ки инсон барои Худо анҷом диҳад, ибодат аст. Инсон вақте ки дунболи кору касбу шуғлу фаъолият меравад ва қасдаш ин аст, ки бо ин кор худро аз дигарон бениёз гардонад ва оилаашро идора кунад ва ба ҷомеаи худ хидмат намояд, дар ҳоли ибодат аст.

(2) Албатта Саъдӣ дар амал ин тавр набуда, забони шеър аст.

(3) Устод Мутаҳҳарӣ дар бораи мақсуди Саъдӣ аз ин шеър, дар ҷаласаи ёздаҳум тавзеҳ медиҳанд.

(4) Маънавиёти инсон яъне чизҳое, ки мофавқи ҳадди ҳайвонияти ӯст.

(5) Мутаассифона бояд гуфт, барои ин ки ин мард дар асари вазорат, аз кори илмии худ бозмонд. Ӯ бо он нубуғи хориқулодае, ки дошт агар дунболи вазорату риёсат намерафт, кори хеле бузургтаре аз он чи кардааст барои башар анҷом медод. Ашхосе мисли Мулло Садро ҳамеша мутаассифанд, ки чаро ин мард дар ин водӣ афтод.

(6) Номаи донишварон, ҷ.1, с.113 (чопи дуввум).

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: