Инсони комил (6)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ҷомеъияти “Наҳҷул-балоға”

Наҳҷул-балоға” (1) чӣ гуна китобе аст? Дар “Наҳҷул-балоға” аносури гуногунро мебинед. Вақте инсон “Наҳҷул-балоға”-ро мутолеа мекунад, гоҳе хаёл мекунад Бӯалӣ Синост, ки дорад ҳарф мезанад. Як ҷои дигарро, ки мутолеа мекунад, хаёл мекунад Муллои Румӣ ё Муҳйиддини Арабӣ аст, ки дорад ҳарф мезанад. Ҷои дигарашро, ки мутолеа мекунад, мебинад як марди ҳамосӣ мисли Фирдавсӣ аст, ки дорад ҳарф мезанад, ё фалон марди озодихоҳ, ки ҷуз озодӣ чизе сараш намешавад дорад ҳарф мезанад. Як ҷои дигарро, ки мутолеа мекунад, хаёл мекунад як обиди гӯшанишин ва як зоҳиди гӯшагир ва ё як роҳиб дорад ҳарф мезанад. Ҳамаи арзишҳои инсониро дар он мебинем, чун сухан, намояндаи руҳи гӯянда аст.

Бибинед, Алӣ чӣ қадр бузург аст ва мо чӣ қадр кучак! То ҳудуди 50 сол пеш, ки гароиши ҷомеаи мо дар масоили динӣ ва мазҳабӣ фақат рӯи арзиши зуҳду ибодат буд, вақте воизе болои минбар мерафт, кадом қисмат аз “Наҳҷул-балоға”-ро мехонд? Ҳудуди 10 то 20 хутба буд, ки маъмул буд хонда шавад. Кадом хутбаҳо? Хутбаҳои зуҳдӣ ва мавъизаии “Наҳҷул-балоға”, монанди хутбае, ки ин тавр шурӯъ мешавад:

أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّمَا الدُّنْيَا دَارُ مَجَازٍ وَالْآخِرَةُ دَارُ قَرَارٍ، فَخُذُوا مِنْ مَمَرِّكُمْ لِمَقَرِّكُمْ

Эй мардум! Дунё саройе аст, ки гузаргоҳи шумост ва охират саройе аст пойдор, пас аз ин сарой, ки гузаргоҳи шумост тӯша баргиред…” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 203) Боқии хутбаҳои “Наҳҷул-балоға” матраҳ набуд, чун аслан ҷомеа наметавонист онҳоро ҷазб кунад. Ҷомеа ба сӯи як силсила арзишҳо гароиш пайдо карда буд ва ҳамон қисмати “Наҳҷул-балоға”, ки дар ҷиҳати он гароишҳо ва арзишҳо буд маъмул буд. Сад сол мегузашт ва шояд як нафар пайдо намешуд, ки фармони Амирулмӯъминин ба Молики Аштарро, ки хазонае аз дастурҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ аст бихонад, чун аслан руҳи ҷомеа ин нишоту ин мавҷро надошт. Масалан он ҷо ки Алӣ (Алайҳис салом) мегӯяд:

فَإِنِّي سَمِعْتُ رَسُولَ اللهِ صلّى الله عليه وآله وسلم يَقُولُ فِي غَيْرِ مَوْطِن: لَنْ تُقَدَّسَ أُمَّةٌ لاَ يُؤْخَذُ لِلضَّعِيفِ فِيهَا حَقُّهُ مِنَ الْقَوِيِّ غَيْرَ مُتَتَعْتِع

Мефармояд: аз Пайғамбар мукаррар шунидам, ки мефармуд: “Ҳеч уммате ба мақоми қадосат ва таҳорат ва мубарро ва холӣ будан аз айб намерасад, магар ин ки қаблан ба ин марҳила расида бошад, ки заъиф дар муқобил қавӣ биистад ва ҳаққи худро мутолиба кунад бидуни ин ки лукнати забон пайдо кунад.” (Наҳҷул-балоға, номаи 53)

Ҷомеаи 50 сол пеш наметавонист арзиши ин ҳарфро дарк кунад, чун ҷомеаи якарзишӣ буд, фақат ба сӯи як арзиш ё ду арзиш гароиш пайдо карда буд (2), вале дар каломи Алӣ (Алайҳис салом) ҳамаи арзишҳои инсонӣ ҳаст ва ин арзишҳо дар таърихи зиндагӣ ва шахсияти ӯ мавҷуд аст.

* * *

Авсофи Алӣ (а)

Мо агар Алиро улгу ва имоми худ бидонем, як инсони комил ва як инсони мутаъодил ва як инсонеро, ки ҳамаи арзишҳои инсонӣ ба таври ҳамоҳанг дар ӯ рушд кардааст, пешвои худ қарор додаем.

Вақте шаб мешавад ва хилвати шаб фаро мерасад, ҳеч орифе ба пойи ӯ намерасад. Он руҳи ибодат, ки ҷазб шудан ва кашида шудан ба сӯи Ҳақ ва парвоз ба сӯи Худост, бо шиддат дар ӯ рух медиҳад, мисли он ҳолате, ки инсон дар матлабе доғ мешавад. Масалан, вақте дар ҳолати ҷангу даъвову ситез аст, чоқу қисмате аз баданашро мебурад ва як тикка гӯшт аз баданаш ба тарафе андохта мешавад, вале ончунон таваҷҷӯҳаш мутамаркизи мубориза аст, ки эҳсос намекунад як қитъа гӯшт аз баданаш ҷудо шудааст. Алӣ дар ҳоли ибодат чунон гарм мешавад ва он ишқи илоҳӣ чунон дар вуҷудаш шӯъла мекашад, ки аслан гӯӣ дар ин олам нест. Худаш гурӯҳеро ин тавр тавсиф мекунад:

هَجَمَ بِهِمُ الْعِلْمُ عَلَى حَقِيقَةِ الْبَصِيرَةِ وَبَاشَرُوا رُوحَ الْيَقِينِ وَاسْتَلَانُوا مَا اسْتَوْعَرَهُ الْمُتْرَفُونَ وَأَنِسُوا بِمَا اسْتَوْحَشَ مِنْهُ الْجَاهِلُونَ، وَصَحِبُوا الدُّنْيَا بِأَبْدَانٍ أَرْوَاحُهَا مُعَلَّقَةٌ بِالْمَحَلِّ الْأَعْلَى

Онон, ки дониш нури ҳақиқатбиниро бар қалбашон тобида, ва руҳи яқинро дарёфтаанд, ки он чиро хушгузаронҳо душвор мешуморанд, осон гирифтанд, ва бо он чи, ки ноогоҳон аз он ҳарос доштанд, унс гирифтанд. Дар дунё бо баданҳое зиндагӣ мекунанд, ки арвоҳашон ба ҷаҳони боло пайванд хӯрдааст…” (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 147)

Бо мардуманд ва бо мардум нестанд. Дар ҳоле, ки бо мардуманд, руҳашон ба олитарин маҳалл вобаста аст. Дар ҳоли ибодат тирро аз баданаш берун меоваранд, вале ӯ ончунон маҷзуби Ҳақ ва ибодат аст, ки мутаваҷҷеҳ намешавад, ҳис намекунад. Ончунон дар меҳроби ибодат мегиряд ва ба худ мепечад, ки назирашро касе надидааст.

Рӯз, ки мешавад, гӯӣ аслан ин одам он одам нест. Бо асҳобаш, ки менишинад, чунон чеҳрааш бозу хандон аст (3), ки аз ҷумлаи авсофаш ин буд, ки ҳамеша қиёфааш бозу шукуфта аст. Ба қадре Алӣ (Алайҳис салом) ба истилоҳ хушмаҷлис ва ҳатто базлагӯ буд, ки Амр ибни Ос вақте алайҳи Алӣ таблиғ мекард, мегуфт: ӯ ба дарди хилофат намехӯрад, чун хандарӯст, одами хандарӯ, ки ба дарди хилофат намехӯрад, хилофат одами абус мехоҳад, ки мардум аз ӯ битарсанд. Инро ҳам худаш дар “Наҳҷул-балоға” нақл мекунад:

عَجَباً لاِبْنِ النَّابِغَةِ! يَزْعُمُ لِأَهْلِ الشَّامِ أَنَّ فِىَّ دُعَابَةً، وَأَنِّي امْرُؤٌ تِلْعَابَةٌ

Аз писари нобиға таъаҷҷуб мекунам, ки мегӯяд: Алӣ хеле бо мардум хушу беш мекунад, хеле шӯхӣ мекунад, аҳли мизоҳ аст.” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 84)

Бо душман, ки дар майдони ҷанг ба сурати як муҷоҳид рӯ ба рӯ мешавад, боз чеҳрааш бозу хандон аст, ки дар борааш гуфтаанд:

هو البكاء في المحراب ليلا

هو الضحاك إذا اشتدّ الضراب

Ӯст, ки дар меҳроби ибодат бисёр гирён ва дар майдони набард бисёр хандон аст”.

Ӯ чӣ гуна мавҷуде аст? Ӯ инсони Қуръон аст. Қуръон чунин инсоне мехоҳад:

إِنَّ نَاشِئَةَ اللَّيْلِ هِيَ أَشَدُّ وَطْءًا وَأَقْوَمُ قِيلًا. إِنَّ لَكَ فِي اَلنَّهَارِ سَبْحًا طَوِيلًا

Қатъан бархостани шаб ранҷиши бештар ва гуфтор дар он ҳангом ростинтар аст. (Ва) туро дар рӯз омаду шуде дароз аст.” (Сураи Муззаммил, оятҳои 6-7)

Шабро барои ибодат бигузор ва рӯзро барои шиноварӣ дар зиндагӣ ва иҷтимоъ. Алӣ (Алайҳис салом) гӯӣ шаб як шахсият ва рӯз шахсияти дигаре аст.

Ҳофиз чун муфассир аст ва печутобҳои Қуръонро хуб дарк мекунад, бо забони рамзи худ ҳамин мавзӯъро, ки шаб вақти ибодат ва рӯз мавқеъи ҳаракату рафтан ба дунболи зиндагӣ аст, дар ашъораш овардааст: (4)

Рӯз дар касби ҳунар кӯш, ки май хӯрдани рӯз,

Дили чун ойина дар занг залом андозад.

Он замон вақти майи субҳфурӯғ аст, ки шаб,

Гирди хиргоҳ уфуқ пардаи шом андозад. (5)

Алӣ (Алайҳис салом) рӯзу шабаш ин гуна аст.

Таъбири “ҷомеъул аздод будан”, ки мо дар бораи инсони комил мегӯем, сифате аст, ки аз ҳазор сол пеш Алӣ (Алайҳис салом) бо он шинохта шудааст. Ҳатто худи Сайид Разӣ дар муқаддимаи “Наҳҷул-балоға” мегӯяд: “Матлабе, ки ҳамеша бо дӯстонам дар миён мегузорам ва эъҷоби онҳоро бармеангезам ин мавзӯъ аст, ки ҷанбаҳои гуногуни суханони Алӣ (Алайҳис салом) ба гунае аст, ки инсон дар ҳар қисмате аз суханони ӯ, ки ворид мешавад, мебинад ба як дунёе рафтааст: гоҳе дар дунёи ъуббод (обидон) аст ва гоҳе дар дунёи зуҳҳод (зоҳидон), гоҳе дар дунёи фалосифа аст ва гоҳе дар дунёи урафо, гоҳе дар дунёи сарбозон ва афсарон аст ва гоҳе дар дунёи ҳуккоми одил, гоҳе дар дунёи қузот (қозиён) аст ва гоҳе дар дунёи муфтиҳо. Алӣ (Алайҳис салом) дар ҳамаи дунёҳо вуҷуд дорад ва аз ҳеч дунёе аз дунёҳои башарият ғоиб нест.”

Сафиюддини Ҳиллӣ — ки дар қарни ҳаштуми ҳиҷрӣ мезистааст — мегӯяд:

جُمعت في صفاتك الأضداد

فلهاذا عزّتْ لك الأنداد

Аздод (зиддҳо) дар ту як ҷо ҷамъ шудаанд. Баъд мегӯяд:

زاهد حاكم حليم شجاع

ناسك فاتك فقير جواد

Ҳалимӣ дар ниҳояти дараҷаи ҳилм, ва шуҷоъӣ дар ниҳояти дараҷаи шуҷоат, хунрезӣ дар ниҳояти дараҷаи хунрезӣ — дар ҷое, ки бояд хуни касиферо рехт — ва обид ҳастӣ дар мунтаҳои дараҷаи ибодат, фақирӣ ва ҷавод! Надорӣ ва бахшанда ҳастӣ, надорӣ ва он чи ба дастат меояд, мебахшӣ, ки:

Қарор дар кафи озодагон нагирад мол,

На сабр дар дили ошиқ, на об дар ғирбол.

Ҳамин тавр Алиро тавсиф мекунад:

خُلق يخجل النسيم من العطف

وبأس يذوب منه الجماد

Ахлоқи ту ончунон латифу рақиқ ва ончунон нозук аст, ки насим аз латофати ин ахлоқ шармсор аст, ва ончунон шуҷоату таҳоҷуму руҳи муҷоҳидаӣ дорӣ, ки сангҳо ва ҷамодот ва филизот дар баробари он об мешаванд. Руҳи ту он насими латиф аст ё ин қудрату салобату қувват? Ту чӣ гуна мавҷуде ҳастӣ?!

Пас, инсони комил яъне инсоне, ки қаҳрамони ҳамаи арзишҳои инсонӣ аст, дар ҳамаи майдонҳои инсоният қаҳрамон аст.

Мо чӣ дарсе бояд биёмӯзем? Ин дарсро бояд биёмӯзем, ки иштибоҳ накунем, ки фақат як арзишро бигирем ва арзишҳои дигарро фаромӯш кунем. Мо наметавонем дар ҳамаи арзишҳо қаҳрамон бошем, вале дар ҳадде, ки метавонем, ҳамаи арзишҳоро бо якдигар дошта бошем. Агар инсони комил нестем, билохира як инсони мутаъодил бошем. Он вақт аст, ки мо ба сурати як мусалмони воқеӣ дар ҳамаи майдонҳо дармеоем. Пас ин, маънии инсони комил ва ин ҳам намунае аз он, ки иншоаллоҳ дар ҷаласаи оянда бақияи матлабро барои шумо арз мекунам.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Сайид Разӣ, ки марде адиб буда, фақат метавониста бо як ҷанба аз “Наҳҷул-балоға” тамос бигирад. Ӯ шоҳкорҳои адабии каломи Амирулмӯъмининро интихоб кардааст. Он чи ки алъон дар “Наҳҷул-балоға” ҳаст, дар ҳудуди 229 хутба аст, дар сурате, ки Масъудӣ, соҳиби “Муруҷуз-заҳаб”, ки сад сол қабл аз Сайид Разӣ буда — чун дар матни “Муруҷуз-заҳаб” гоҳе менависад алъон соли 333 аст — мегӯяд: “Алъон дар ҳудуди 480 хутба аз Алӣ (Алайҳис салом) дар дасти мардум аст.“ Бо ин васф чӣ тавр баъзе мегӯянд, ки “Наҳҷул-балоға” баъд аз Сайид Разӣ пайдо шудааст?!

(2) Ҷомеаи худамонро намехоҳам тақдис кунам, вале боз дар ҷомеаи мо баъзе арзишҳо пайдо шуда, ки хеле ҷои хушвақтӣ аст. Аммо ин бимро дорам, ки ин арзишҳо боз якҷониба ва яктарафа шавад ва сабаби маҳви баъзе арзишҳои дигар гардад.

(3) Бар хилофи зуҳҳод ва уббоди мо, ки вақте зоҳид ва обид мешаванд, хоссияти зуҳдашон ин аст, ки рӯяшонро турш мекунанд, абус мешаванд ва ба ҳамаи мардум миннат доранд.

(4) Дар ин мавзӯъ шеъре аз Ҳофизро бароятон матраҳ мекунам, зеро Ҳофиз ҷузъи касоне аст, ки мехоҳанд ононро василае барои гумроҳӣ ва инҳирофи ҷавонон қарор диҳанд. Вақте ҷавонон бибинанд як шахсияти хеле бузург ва шоири ҳунарманди олӣ кораш шаробхорӣ ва ҳарзагӣ буда, мегӯянд бинобар ин мо ҳам биравем мисли Ҳофиз бишавем, аз ӯ, ки беҳтар нестем; дар сурате, ки ашъори Ҳофиз ҳама ирфону маънӣ аст ва тамоми шеърҳояш ба сурати рамз аст. Таърих ин тавр баён карда, ки Ҳофиз асосан як марди олим буда, на шоир, ва то 200 сол баъд аз вафоташ олиме шумурда мешуд, ки гоҳе ҳам шеър мегуфтааст. Баъд аз 200 сол ҷанбаҳои илмии ӯ фаромӯш шуд ва ба сурати як шоир маъруф шуд. Олиме буд, ки кораш тафсири Қуръон ҳам буд ва аслан муфассири Қуръон буд ва маъмулан китоби “Кашшоф”-и Замахшариро тадрис мекард. Марде буд ориф ва муфассир ва олам, ва асосан дар ин аволиме, ки бархе мегӯянд набудааст, вале забони шеъраш забони рамз аст.

(5) Устод дар ҳавошии худ бар Девони Ҳофиз (Ойинаи Ҷом) дар канори ин шеър чунин навиштаанд: “Мақсуд ин аст, ки рӯз вақти хилвату ҳолоти хосс нест:

إِنَّ لَكَ فِي اَلنَّهَارِ سَبْحًا طَوِيلًا

Шаб аст, ки вақти хилвату унсу файз аст:

إِنَّ نَاشِئَةَ اللَّيْلِ هِيَ أَشَدُّ وَطْءًا وَأَقْوَمُ قِيلًا

وَمِنَ اللَّيْلِ فَتَهَجَّدْ بِهِ نَافِلَةً لَّكَ عَسَىٰ أَن يَبْعَثَكَ رَبُّكَ مَقَامًا مَّحْمُودًا

Бинобар ин, ин ду байт дар радифи абёте аст, ки аз зикру вирду муноҷоту хилвати саҳар ёд кардааст.” Сипас Устод маҳалли абёти дигари Ҳофиз дар ин заминаро мушаххас кардаанд.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: