Шарҳи Маснавӣ (280)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (24)

* * *

Дар баёни он ки Мӯсо ва Фиръавн ҳар ду мусаххари машийятанд, чунонки заҳру позаҳру зулмоту нур, ва муноҷот кардани Фиръавн ба хилват, то номус нашиканад (1)

* * *

Мӯсиву Фиръавн маъниро раҳӣ,

Зоҳир он раҳ дораду он бераҳӣ.

Мӯсо ва Фиръавн аз ҳайси маъно ҳар ду раҳрав буданд, гарчи дар зоҳир Мӯсо (а) дар роҳи рост ва Фиръавн дар бероҳа аст.

Раҳӣ: солик, роҳрав.

Нукта: Ин байт яке аз мушкилтарин абёти Маснавӣ аст, зеро бар ҳасби зоҳири ин байт, ҳам Мӯсо (а) ба Ҳақ имон дошт ва ҳам Фиръавн, мунтаҳо ихтилофи он ду дар сурат буд, на маъно. Аммо ин ки Фиръавнро низ мӯъмин ба Ҳақ бидонем, бо муфоди қуръонӣ ва мутуни шаръӣ ва ҳақоиқи таърихӣ дарнамесозад, пас ногузирем дар навъи имон тафаттун кунем:

Сӯфиён имонро бар ду қисм тақсим кардаанд: яке, имони эҷодӣ (ҳақиқати кавния), ва дигаре, имони эҷобӣ (ҳақиқати ташреъия). Манзур аз имони эҷодӣ ҳамон инқиёд (фармонбардорӣ) ва мутобиат аз усули хилқат ва қавонини ҳоким бар умури таквинӣ аст, ки билиҷбор ин қавонин бар ҳамаи мавҷудот ва коинот ҳукм меронад ва ҳама роҳи онро мепӯянд; чунонки Қуръон дар сураи Тоҳо, ояти 50 низ ин инқиёдро аз забони Мӯсо (а) ин гуна баён мефармояд:

رَبُّنَا الَّذِي أَعْطَى كُلَّ شَيْءٍ خَلْقَهُ ثُمَّ هَدَى

Парвардигори ман он касе аст, ки ҳамаи мавҷудотро биёфарид ва он гоҳ ба роҳи ҳидоят овард.” Бинобар ин, дар табаъият ва инқиёд аз қавонини таквинӣ, миёни мӯъмину кофир тафовуте нест. Пас, ба ин лиҳоз миёни Мӯсо (а) ва Фиръавн тафовуте набуд, зеро ҳар ду бар фармони таквинӣ ва эҷодии Ҳақ Таъоло гардан ниҳода буданд.

Ва манзур аз имони эҷобӣ ҳамон имони шаръӣ аст, ки ба сурати имон ба Худо ва Паёмбар намудор мешавад. Бинобар ин, раҳрав будани Мӯсо (а) ва Фиръавн ба имон аз навъи эҷодӣ ишора дорад, на имони шаръӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.730-731)

Рӯз Мӯсо пеши Ҳақ нолон шуда,

Нимшаб Фиръавн ҳам гирён буда.

Ҳангоми рӯз ҳазрати Мӯсо (а) дар маҳзари Ҳақ менолид, дар нимашаб Фиръавн низ бо ҳолати гирён рӯ ба даргоҳи Ҳақ чунин мегуфт: (муноҷоти Фиръавн аз байти баъдӣ шурӯъ мешавад).

Нукта: Зории Мӯсо (а) дар рӯз ва ё ошкоро, аз он ҷиҳат аст, ки дар банди номусу шӯҳрат набуд ва аз амри эҷодӣ ва эҷобӣ фармон мебурд, ва гиряи Фиръавн дар шаб ва ё пинҳонӣ ба муносибати он аст, ки муддаии худоӣ ва дар банди нангу ном буд ва танҳо аз амри эҷодӣ итоат мекард. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1042)

К-ин чӣ ғулл аст, эй Худо бар гарданам?

Вар на ғул бошад, ки гӯяд ман манам?

Эй Худо! Бар гардани ман ин чӣ ғуллу занҷире аст?! Агар ин “ман гуфтан” занҷири гаронборе нест, чӣ касе изҳори такаббур мекард ва дам аз “ман” мезад?

Ғулл: киноя аз иноният ва худхоҳӣ аст. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.175)

З-он ки Мӯсоро мунаввар кардаӣ,

Мар маро з-он ҳам мукаддар кардаӣ.

Парвардигоро! Ту Мӯсоро ба нури ҳидоят равшан кардӣ ва маро низ бо илму иродаат торику тира сохтӣ.

Нукта: Яъне ҳамин зоти воҳид аст, ки дар Мӯсо ба ваҷҳе зуҳур карда, ки ӯ ҳар ду амри эҷодӣ ва эҷобиро мутеъу мунқод аст ва дар ман ба равише зоҳир шуда, ки ҳарчанд амри эҷодиро мунқодам, лекин итоати амри эҷобӣ аз ман намеояд ва ин мӯҷиби зулмату торикии ҷони ман аст, зеро имону куфр, қабулу радд ва қурбу буъди ту вобаста ба итоату мухолифати амри эҷобӣ аст. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.175-176)

З-он ки Мӯсоро ту маҳрӯ кардаӣ,

Моҳи ҷонамро сияҳрӯ кардаӣ.

Аз он ҷиҳат, ки ту Мӯсоро монанди моҳ равшанрухсор кардӣ ва аз ҳамон ҷиҳат моҳи ҷони маро тираву сиёҳ сохтӣ.

Беҳтар аз моҳе набуд истораам,

Чун хусуф омад, чӣ бошад чораам?

Ситораи иқболам беҳтар аз моҳ нест, вақте ки моҳи тобон дучори хусуф мешавад, ситораи иқболи ман низ ба хусуф гирифтор меояд, ва дигар чӣ чорае хоҳам дошт?

Нукта: Хусуф дар истилоҳи нуҷумӣ, гирифтани моҳ аст, ва ин ҳолат дар муқобила бо хуршед рӯй медиҳад, дар ин мавқеъ замин байни моҳу хуршед қарор мегирад ва сояи замин бар моҳ меафтад. Абӯрайҳон кусуфро ба ҷои хусуф ба кор бурда, зеро маъмулан назди мунаҷҷимон хусуфу кусуф ба як маънӣ аст. (Фарҳанги истилоҳоти нуҷумӣ, с.231)

Навбатам гар раббу султон мезананд,

Маҳ гирифту халқ пангон мезананд.

Мардум гарчи навбати худоӣ ва султонии маро мезананду маро парвардигор мехонанд, вале ин бад-он монад, ки моҳ гирифта бошад ва мардум бар тосу ташт бикӯбанд, то гирифтагии моҳро фош кунанд.

Навбат задан: таблу нақораву карно задан. Пангон задан: задан бар рӯи мис, пангон ба маънии тосу косаи мисин аст.

Нукта: Ишора аст ба суннати рӯзгорони дерини оммаи мардум, ки ба ҳангоми руъяти хусуфи моҳ, бар тосу таштҳо менавохтанд ва ин гирифтагиро эълом мекарданд ва мӯътақид буданд, ки бад-ин васила гирифтагии моҳ аз байн меравад. (Фарҳанги истилоҳоти нуҷумӣ, с.176)

* * *

Таърихчаи пайдоиши суннати пангон задан

Ҳалокухон (яке аз наводагони Ҷингизхони муғул ва фотеҳи дежҳои устувори Аламут ва мунқаризкунандаи хилофати аббосӣ) Хоҷа Насируддини Тӯсӣ (риёзидони бузург ва донишманди барҷастаи нуҷуму ҳикмати Эрон ва садри аъзами Ҳалокухон)-ро дар яке аз лашкаркашиҳояш ҳамроҳи худ дошт. Хоҷа каме пештар дар расадхонаи Мароға хусуферо дар шаби муайяне пешбинӣ карда буд ва ба иттилоъи Ҳалокухон низ расонида буд. Иттифоқан Ҳалокухон дар шабе, ки қарор буд хусуф рух диҳад, дар урдугоҳи худ ба хобе амиқ фурӯ рафта буд. Хоҷа, ки дӯст дошт Ҳалокухон ҳосили расади ӯро тамошо кунад, ибтидо хост ӯро аз хоб бедор кунад, вале тарсид, ки хони муғул ғазабнок шавад ва тундхӯӣ кунад. Ва дар айни ҳол аз ин мавзӯъ низ нигарон буд, ки бомдоди фардо Ҳалоку вуқӯи хусуфро бовар накунад.

Пас, тадбире андешид ва ба миёни сипоҳиён рафт ва гуфт: ин сояе, ки бар моҳ мебинед, аждаҳое аст аҷиб, ки қасд дорад моҳро фурӯ балъад, танҳо роҳи чора ва рам додани аждаҳо ин аст, ки бар зуруфи пурсару садои мисин бикӯбед ва ҳаёҳу кунед. Сипоҳиён ғавғое бас маҳиб роҳ андохтанд, ки аз маҳобати он Ҳалокухон ваҳшатзада аз хоб барҷаст ва бад-ин тартиб хусуфро мушоҳида кард.

Ин амл аз он замон расм шуд ва ҳатто то чанд даҳаи пештар низ мардум ба ҳангоми хусуф тосу ташту дегҳоро вожгун мекарданд ва сахт бар он мекӯбиданд ва ҳамроҳ бо он ҳилҳилаҳое ҳавлнок сар медоданд ва зану мард бар сару рӯй мекӯбиданд ва гиря мекарданд ва туфангчиён низ мудом ба сӯи моҳ шиллик мекарданд, то шояд аждаҳо бирамад ва моҳ наҷот пайдо кунад. (Муқтабас аз “Даҳ рисолаи форсӣ”, с.96)

Мезананд он тосу ғавғо мекунанд,

Моҳро з-он захма расво мекунанд.

Мардум ба ҳангоми хусуфи моҳ бар тосу ташт мекӯбиданд ва моҳро бо он заработ расво мекунанд хусуфашро изҳор месозанд.

Захма: мизроб, ки ба симҳои соз менавозанд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: