Вақте ҷаноби Раҳмон мегӯяд: “ҲНИТ пурра мазҳаби шиаро қабул кардагӣ аст”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Бо ин ки шиа будан ҳеч айбе надорад ва балки ифтихор ҳам аст, аммо муттаҳам кардани як суннӣ ба шиа будан, дар таърих собиқа дорад, чизи тозае нест. Ва аҷиб он ки ин гуна иттиҳомот ҳамвора ё аз рӯи ҷаҳолат ва нодонӣ будааст ва ё ба хотири ағрозу аҳдофи сиёсӣ.

Дар ин навиштор, бо такя бар манобеъ ва сарчашмаҳои мувассақи таърихӣ, ба намунаҳое аз ин гуна иттиҳомот ишора хоҳад шуд:

1) Абулқосими Фирдавсӣ:

Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар “Чаҳор мақола” бо баёни ин ки Фирдавсӣ баъд аз итмоми “Шоҳнома” рӯй ба Ғазнин ниҳод, то ба Султон Маҳмуд нишонаш бидиҳад, менависад:

Ва ба поймардии (миёнҷигарии) Хоҷаи бузург Аҳмади Ҳасани Котиб арза кард ва қабул афтод. Ва Султон Маҳмуд аз Хоҷа миннатҳо дошт, аммо Хоҷаи бузург мунозиъон (мухолифон) дошт, ки пайваста хоки тахлит (омехтан ва омезиш кардани ботил дар калом) дар қадаҳи ҷоҳи ӯ ҳамеандохтанд. Маҳмуд бо он ҷамоат тадбир кард, ки Фирдавсиро чӣ диҳем? Гуфтанд: “Панҷоҳ ҳазор дирам, ва ин худ бисёр бошад, ки ӯ марде рофизӣ аст ва мӯътазилимазҳаб… Ва бар рафзи (рофизӣ будани) ӯ ин байтҳо далел аст, ки ӯ гуфт:

Паямбар бад-ӯ андарун бо Алӣ,

Ҳама аҳли байти набийю васӣ.

Агар хулд хоҳӣ ба дигар сарой,

Ба назди набийю васӣ гир ҷой…”

Султон Маҳмуд марде мутаъассиб буд, дар-ӯ талхит бигрифт (ва) масмуъ афтод…” (Чаҳор мақола, сс.78-79)

* * *

2) Ҳокими Нишопурӣ:

Яке дигар аз донишмандони боризи аҳли суннат, ки муттаҳам ба шиагароӣ шудааст, Ҳокими Нишопурӣ, соҳиби “Мустадрак” мебошад. Имом Заҳабӣ дар “Таърихи ислом” аз Ибни Тоҳир менависад:

كان الحاكم شديد التعصب للشيعة في الباطن… فسمعت أبا الفتح سمكويه بهراة يقول: سمعت عبد الواحد المليحي يقول: سمعتُ أبا عبد الرحمن السُلمي يقول: دخلتُ على أبي عبد الله الحاكم وهو في داره لا يمكنه الخروج إلى المسجد من أصحاب أبي عبد الله بن كرام، وذلك أنهم كسروا مِنبره ومنعوه من الخروج، فقلت له: لو خرجت وأمليت في فضائل هذا الرجل شيئاً لاسترحت من هذه المنحة. فقال: لايجيء من قلبي، لايجيء من قلبي، يعني معاوية

Ҳоким дар ботин таъассуби шадиде нисбат ба шиа дошт… Абулфатҳ аз Абдулвоҳиди Малиҳӣ ва ӯ аз Абӯабдурраҳмони Сулмӣ нақл кардааст: ба назди Абӯабдуллоҳ Ҳоким рафтам, дар ҳоле ки ӯ дар хонаи хеш буд ва аз тарси ёрони Ибни Карром наметавонист ба масҷид биравад; зеро ёрони Ибни Карром минбари ӯро шикаста ва ӯро мамнуъулхуруҷ карда буданд. Пас, ман ба ӯ гуфтам: эй кош берун меомадӣ ва фазилатҳои ин шахс (яъне Муовия)-ро мегуфтӣ, то аз ин мушкил осуда гардӣ! Ҳоким гуфт: қалбам ба ман иҷозаи ин корро намедиҳад…” (Заҳабӣ, Таърихи ислом, 28/132, Ашшомила)

* * *

3) Имом Табарӣ:

Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ, соҳиби тафсир ва таърихи маъруф низ тавассути ҳанбалиҳои мутаъассиб ба шиа ва рофизӣ будан муттаҳам шудааст. Ҳофиз Ибни Касир дар “Албидоя ван-ниҳоя” дар бораи вафоти Имом Табарӣ менависад:

ودفن في داره لأن بعض عوام الحنابلة ورعاعهم منعوا من دفنه نهارا ونسبوه إلى الرفض ومن الجهلة من رماه بالإلحاد وحاشاه من ذلك كله بل كان أحد أئمة الإسلام علما وعملا بكتاب الله وسنة رسوله

Ва ӯ (Имом Табарӣ) дар хонааш дафн шуд (на дар қабристон), зеро баъзе аз авомми ҳанбалиҳо ӯро аз дафн дар ҳангоми рӯз манъ карданд ва ӯро ба рофизӣ будан нисбат доданд, ва бархе нодонҳо низ Имом Табариро ба мулҳид будан муттаҳам намуданд. Дар ҳоле, ки домони ӯ аз ҳамаи инҳо пок аст, ӯ яке аз имомони ислом аз назари илму амал ба китобу суннат ба шумор меояд…” (Ибни Касир, Албидоя ван-ниҳоя, 11/146, Ашшомила)

* * *

4) Имом Насоӣ:

Имом Насоӣ, муҳаддиси машҳур ва соҳиби яке аз манобеи ҳадисӣ ва ривоӣ низ муттаҳам ба рофизӣ будан гардида ва ба дасти мутаъассибҳо кушта шудааст.

Насоӣ китобе дорад ба номи “Хасоису Амирил-муъминин Алӣ ибни Абитолиб”, ки дар он фазоили бисёре аз ҳазрати Алӣ (а)-ро нақл ва гирдоварӣ кардааст. Ангезаи ӯ аз таълифи ин китоб он будааст, ки чун вориди шаҳри Димишқ мешавад, мебинад, ки мардуми он диёр аз Алӣ (а) мутанаффиранд ва нисбат ба он ҳазрат бадгӯӣ мекунанд, ба ҳамин сабаб тасмим ба навиштани ин китоб мегирад.

Ҳофиз Ибни Касир дар китоби “Албидоя ван-ниҳоя”-и худ менависад:

إنما صنف الخصائص في فضل علي وأهل البيت، لانه رأى أهل دمشق حين قدمها في سنة ثنتين وثلاثمائة عندهم نفرة من علي، وسألوه عن معاوية فقال ما قال، فدققوه في خصيتيه فمات

Насоӣ китоби “Хасоис”-ро дар фазилати Алӣ ва аҳли байт навиштааст; зеро мардуми Димишқро дар соли 302 ҳ.қ, ки ба он ворид шуд, дид, ки аз Алӣ нафрат доранд. Ин мардум аз Насоӣ дар бораи Муовия пурсиданд. Насоӣ дар посух ҳарфҳое гуфт. Мардум (бо шунидани ин ҳарфҳо) он қадр ба байза (хоя)-и ӯ заданд, то мурд.” (Албидоя ван-ниҳоя, 11/141, Ашшомила)

Ҳофиз Шамсуддини Заҳабӣ низ дар китоби “Сияр…” дар ин бора менависад:

أن النسائي خرج من مصر في آخر عمره إلى دمشق، فسئل بها عن معاوية، وما جاء في فضائله، فقال: لا يرضى رأسا برأس حتى يفضل؟ قال: فما زالوا يدفعون في حضنيه حتى أخرج من المسجد، ثم حمل إلى مكة فتوفي بها

Насоӣ дар охирҳои умраш аз Миср ба Димишқ омад. Мардум аз вай дар бораи Муовия ва он чи аз фазоил, ки дар мавриди ӯ омада пурсиданд. Ӯ гуфт: ҳамшаъни Алӣ қарор дода шуд, оё ба ин розӣ нест, то аз ӯ ҳам бартар қарор дода шавад? Пас, он қадр ба байза (хоя)-и ӯ заданд, то ӯро аз масҷид берун карданд. Сипас ба Макка оварда шуд ва он ҷо даргузашт.” (Сияру аъломин нубало, 14/132, Ашшомила)

Ибни Касир дар ҷойе дигар аз китоби “Албидоя ван-ниҳоя”-и худ ин ҳодисаро чунин нақл кардааст:

ودخل إلى دمشق فسأله أهلها أن يحدثهم بشيء من فضائل معاوية فقال أما يكفي معاوية أن يذهب رأسا برأس حتى يروي له فضائل فقاموا إليه فجعلوا يطعنون في خصيتيه حتى أخرج من المسجد الجامع فسار من عندهم إلى مكة فمات بها في هذه السنة وقبره بها

Насоӣ вориди Димишқ шуд, мардуми он шаҳр аз ӯ хостанд, то барояшон чизе аз фазилатҳои Муовия бигӯяд. Насоӣ гуфт: оё барои Муовия ҳамин бас нест, ки ҳамсанги Алӣ қарор дода шуд, то ин ки барояш фазилат нақл бишавад? Пас ба ӯ ҳуҷум оварда, он қадр ба байза (хоя)-и ӯ заданд, то аз масҷид берунаш карданд. Сипас ба Макка рафт ва дар он ҷо аз дунё чашм пӯшид…” (Албидоя ван-ниҳоя, 11/124, Ашшомила)

* * *

5) Имом Шофеӣ:

Имом Шофеӣ, соҳиби яке аз чаҳор мазҳаби фиқҳии маъруфи аҳли суннат, ашъоре дар васфи аҳли байти ҳазрати Паёмбар (с) ва муҳаббати ба онҳо дорад, ки маъруф аст ва дар девонаш мавҷуд. Аз ин ашъор комилан пайдост, ки ӯро низ ба хотири муҳаббати аҳли байти Паёмбар (с) ба рофизӣ будан муттаҳам карда будаанд.

Инак, чанд намуна аз ашъори Имом Шофеӣ:

 یا راکِباً قِف بالمُحَصَّبِ مِن منیً

وَاهتِف بِقاعِدِ خَیفِها وَالنَّاهِضِ

سَحَراً إذا فاضَ الحَجیجُ إلی مِنیً

فَیضاً کَمُلتَطِمِ الفُراتِ الفائِضِ

إن کانَ رَفضاً حُبُّ آلِ مُحمَّدٍ

فَلیَشهَدِ الثَّقَلانِ أنّی رَافضِی

Эй савора! Бар шензорҳои Мино биист ва ба нишастагони дарраҳо ва баландиҳо хабар деҳ; ба зоироне, ки сапедадамон ба монанди рӯди хурӯшони Фурот ба сӯи Мино сарозер мешаванд бигӯ: агар муҳаббати аҳли байт, рофизӣ будан бошад, пас ҷинну инс бидонанд, ки ман рофизӣ ҳастам!” (Девони Имом Шофеӣ, с.93)

یَا آلَ بَیتِ رَسولِ الله حُبُّکُمُ

فَرضٌ مِنَ الله فی القُرآنِ أنزَلَهُ

کَفاکُم مِن عظیمِ القَدرِ أنّکُم

مَن لَم یُصلِّ عَلَیکُم لَا صَلَاةَ لَهُ

Эй хонадони нубувват! Муҳаббати шумо фарзе аст, ки аз ҷониби Худованд дар Қуръон омадааст. Дар азамати шаъни шумо ҳамин кофӣ аст, он кас ки ба шумо дар намоз дуруд нагуфт, намозе надорад, (яъне намозаш дуруст нест)” (Ҳамон манбаъ, с.115)

إذا في مجلسٍ نذكرُ علياً

وَسِبْطَيْهِ وَفَاطِمَة َ الزَّكِيَّة

يقالُ تجاوزوا يا قومُ هذا

فَهَذَا مِنْ حَدِيثِ الرَّافِضيَّة

بَرَئْتُ إلَى المُهيمن مِنْ أنَاسٍ

يَرونَ الرَّفْضَ حُبَّ الفَاطِميَّة

Ҳар гоҳ дар як маҷлис Алӣ ва ду фарзандаш ва ҳазрати Фотимаи Закия (пок)-ро зикр намоем, мегӯянд: аз ин ҳарфҳо даргузаред эй мардум! Зеро ин ҳарфҳо ҳарфҳои рофизиҳост! Ман (Шофеӣ) паноҳ мебарам ба Худо аз мардуме, ки муҳаббати Фотимаро рофизӣ будан медонанд!” (Ҳамон манбаъ, с.152)

وَلَمَّا رَأیتُ النَّاسَ قَد ذَهَبَت بِهِم

مَذَاهِبُهُم فِی أبحُرِ الغَیِّ وَالجَهلِ

رَکِبتُ عَلَی اسمِ الله فِی سُفُنِ النَّجَا

وَهُم آل بَیتِ المُصطفَی خَاتَمِ الرُّسُلِ

وَأمسَکتُ حَبلَ اللهِ وَهُوَ وَلاؤهُم

کَما قَد أُمِرنَا بالتَمسُّکِ بالحَبلِ

Чун дидам, ки мазоҳиб ва ихтилофоти фиқҳӣ мардумро дар дарёи ҷаҳлу гумроҳӣ кашонда, ман ба номи Худо бар киштии наҷот, ки ҳамон хонадони Паёмбари Хотам (с) аст савор шудам ва ресмони илоҳиро, ки ҳамон дӯстӣ ва муҳаббати онон аст гирифтам, ҳамон гуна ки Худованд моро ба тамассук ба ҳаблуллоҳ фармон додааст.” (Ҳамон манбаъ, с.278)

Реклама


Рубрики:Дидгоҳ, Такфир, Шиъа ва суннӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: