Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (281)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (25)

* * *

Дар баёни он ки Мӯсо ва Фиръавн ҳар ду мусаххари машийятанд, чунонки заҳру позаҳру зулмоту нур, ва муноҷот кардани Фиръавн ба хилват, то номус нашиканад (2)

* * *

Ман, ки Фиръавнам, зи халқ, эй войи ман!

Захми тос он раббиялаълойи ман.

Ман, ки Фиръавнам, эй вой бар ман аз мардум, ки маро парвардигори бартар хитоб мекунанд! Ин навохтану кӯбидан бар тосу ташт, хусуфу тирагии руҳи маро фош мекунад ва расвоям менамояд.

Нукта: Ишора аст ба ояти 23 ва 24 сураи Нозиъот:

فَحَشَرَ فَنَادَى. فَقَالَ أَنَا رَبُّكُمُ الْأَعْلَى

Пас, Фиръавн бо бузургони дарбори хеш анҷуман кард ва аз рӯи ғурур гуфт: манам Худои бартари шумо.”

Хоҷатошонем, аммо тешаат

Мешикофад шохро дар бешаат.

Худовандо! Ману Мӯсо (а) ҳар ду ғуломи як соҳиб ҳастем, яъне бандаи ту ба шумор меравем, вале тешаи ирода ва машияти ту дар боғи ҳастӣ, шохаеро мешикофад ва ҷудо менамояд.

Нукта: Расм аст, ки ҷун хоҳанд дарахтеро бо дарахти дигар пайванд кунанд, онро аз соқи қариб ба замин бо арра мебуранд ва онро шикофта ду шох мекунанд ва шохе тоза аз дарахти дигар дар миёни он шикоф гузошта, дарзи онро ба гил мегиранд ва он шох дар он ҷо сабз мешавад ва дарахт мегардад. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1044)

Боз шохеро мувассал мекунад,

Шохи дигарро муъаттал мекунад.

Ва боз ба муқтазои ҳикмати болиғаи худ, шохае дигарро пайванд мезанад ва шохаи дигарро аз ҷараёни табиии худ барканор ва отил месозад.

Мувассал: пайвандзада.

Шохро бар теша дасте ҳаст? Не,

Ҳеч шох аз дасти теша ҷаст? Не.

Оё шоха метавонад дар муқобили теша арзи андом кунад? Мусалламан наметавонад. Ва оё то кунун шохае тавонистааст аз дасти теша раҳоӣ ёбад? Қатъан чунин набудааст. (Ҳамин тавр дарахтзори офариниш дар баробари тешаи иродаи илоҳӣ таслиму мунқод аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.734))

Ҳаққи он қудрат, ки он тешай турост,

Аз карам кун ин кажиҳоро ту рост.

Парвардигоро! Ба ҳаққи он қудрате, ки дар тешаи туст, аз рӯи карам ин кажиҳоро ту росту мустақим фармо!

Нукта: Теша, намудори ҳукми қазо ва қадари илоҳӣ аст. Ҳамон тавр ки боғбон барои ислоҳу рушду борварии дарахтон тешаро бармегирад ва шохаҳои зоиду музоҳимро қатъ мекунад ва ё дарахтеро бо дарахте дигар пайванд мезанад ва дар ин миён шохаҳо таслими зарбаҳои тешаи боғбон ҳастанд, ҳамин тавр ҳазрати Ҳақ Таъоло боғбони бӯстони олами вуҷуд аст ва барои рушду камоли он бо тешаи қазо ва ҳукми худ ин ҷаҳонро ислоҳ мекунад ва ҳамагон дар баробари ҳукми ӯ мунқоду таслим ҳастанд. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1044-1045)

Боз бо худ гуфта Фиръавн: эй аҷаб,

Ман на дар “ё раббано”-ам ҷумла шаб?

Фиръавн боз бо худ гуфт: оё ман дар тамоми шабҳо дар ҳоли гуфтани “ё раббано!” нестам?

Дар ниҳон хокиву мавзун мешавам,

Чун ба Мӯсо мерасам, чун мешавам?

Ранги зарри қалб даҳтӯ мешавад,

Пеши оташ чун сияҳрӯ мешавад.

Вақте ки дар ниҳону дар хилват ҳастам, фурӯтану созгорам, вале ҳамин ки ба Мӯсо мерасам, ҳоли дигаре пайдо мекунам, чаро чунин мешавам? Ба унвони мисол, агар тилое тақаллубиро даҳ бор ҳам зарандуд кунанд, ҳамин ки даруни оташ ниҳода шавад, сиёҳ мегардад.

Нукта: Дар ин ҷо Фиръавн худро ба тилои тақаллубӣ ташбеҳ карда ва мегӯяд: ман дар танҳоӣ зарандуд мешавам ва ба ҳақ эътироф мекунам, вале ҳамин ки ба оташи ҳақиқати Мӯсо бархӯрд мекунам, рӯям сиёҳ мешавад ва расвоиям намоён. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.735)

На, ки қалбу қолабам дар ҳукми ӯст,

Лаҳзае мағзам кунад, як лаҳза пӯст.

Оё ҷуз ин аст, ки қалбу қолаби ман дар тасарруфу фармони он фармонравои бечун аст? Он подшоҳи ҳақиқӣ лаҳзае маро мағз мегардонад ва лаҳзае ба пӯст табдил мекунад, яъне даме дӯст мешавам ва даме душман.

Сабз гардам, чунки гӯяд кишт бош,

Зард гардам, чунки гӯяд зишт бош.

Ҳар гоҳ ба ман мегӯяд: кишту заръ бош, ман дар дам сабз мешавам, ва чун ба ман мегӯяд: зишт бош, билофосила пажмурдаву зард мешавам.

Лаҳзае моҳам кунад як дам сиёҳ,

Худ чӣ бошад ғайри ин, кори Илоҳ?

Он ҳокими муқтадири ҷаҳон ва парвардигори оламиён маро лаҳзае моҳу даме сиёҳ мегардонад, ва феъли Худо чуз ин чист?

Нукта: Ба гуфтаи Мавлоно, Фиръавн дучори аҳволи мухталиф мегардид: шабонгоҳон ба худ меомад ва аз кардаи хеш нодиму пушаймон мешуд, вале чун дар баробари Мӯсо (а) қарор мегирифт, дубора хӯйи худбинӣ бар ӯ чира мегашт ва мухосима менамуд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.736)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: