Инсони комил (7)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Охирин рӯзҳои ҳаёти Алӣ (а)

Охирин моҳи мубораки рамазоне, ки бар Алӣ (а) гузашт, як моҳи рамазони дигаре буд ва сафои дигаре дошт. Барои хонадони Алӣ ин моҳи рамазон аз ҳамон рӯзи аввал тавъам бо дилҳира ва изтироб буд, чун равиши Алӣ дар ин моҳ бо ҳамаи моҳи рамазонҳои дигар тафовут дошт.

Боз яке аз ҳамон хислатҳои қаҳрамонии ӯро — ки дар “Наҳҷул-балоға” ҳаст — дар муқаддимаи ин қисмат аз ароизим арз мекунам. Алӣ (а) мефармояд:

لَمَّا أَنْزَلَ اللهُ سُبْحَانَهُ، قَوْلَهُ: الم. أحَسِبَ النَّاسُ أَنْ يُتْركُوا أَنْ يَقُولُوا آمَنَّا وَهُمْ لاَ يُفْتَنُونَ، عَلِمْتُ أَنَّ الْفِتْنَةَ لاَ تَنْزِلُ بِنَا وَرَسُولُ اللهِ (صلى الله عليه وآله) بَيْنَ أَظْهُرِنَا

Вақте ояти “Оё мардум гумон кардаанд, ки раҳо шудаанд ба ҳамин ки бигӯянд: “Имон овардем”, дар ҳоле ки мавриди озмоиш қарор нагиранд?” (Сураи Анкабут, оятҳои 1-2) нозил шуд, фаҳмидам, ки баъд аз пайғамбар фитнаҳо ва озмоишҳои бузурге барои ин уммат пеш меояд…

فَقُلْتُ: يَا رَسُولَ اللهِ، مَا هذِهِ الْفِتْنَةُ الَّتي أَخْبَرَكَ اللهُ بِهَا

Суол кардам: эй Расули Худо! Мақсуд аз фитнае, ки дар ин оят омадааст чист?

Фармуд:

فَقَالَ: يَا عَلِيُّ، إِنَّ أُمَّتِي سَيُفْتَنُونَ مِنْ بَعْدِي

Эй Алӣ! Баъд аз ман, уммати ман мавриди имтиҳону озмоиш қарор мегиранд.”

فَقُلْتُ: يَا رَسُولَ اللهِ، أَوَلَيْسَ قَدْ قُلْتَ لِي يَوْمَ أُحُد حَيْثُ اسْتُشْهِدَ مَنِ اسْتُشْهِدَ مِنَ الْمُسْلِمِينَ، وَحِيزَتْ عَنِّي الشَّهَادَةُ، فَشَقَّ ذلِكَ عَلَيَّ

Вақте Алӣ (а) шунид, ки Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мемирад ва баъд аз Пайғамбар имтиҳонҳо ва озмоишҳо пеш меояд, ба ёди амре дар гузашта афтод, фармуд: “Эй Расули Худо! Он рӯзе, ки дар Уҳуд шаҳид шуд он ки шаҳид шуд (ҳафтод нафар аз мусалмонон шаҳид шуданд, ки дар раъси онҳо ҷаноб Ҳамза ибни Абдулмутталиб қарор дошт ва Алӣ (а) ҷузъи қаҳрамонҳои Уҳуд буд) ва ба файзи шаҳодат ноил шуданд онҳо, ки ноил шуданд, ва шаҳодат аз ман дур шуд ва аз ин файз маҳрум мондам ва хеле нороҳат шудам, ба шумо арз кардам: эй Расули Худо! Чаро ин файз аз ман гирифта шуд?, (1) фармудед:

أَبْشِرْ، فَإِنَّ الشَّهَادَةَ مِنْ وَرَائِكَ

Агар дар ин ҷо шаҳид нашудӣ, оқибати амр дар роҳи Худо шаҳид хоҳӣ шуд.”

Сипас Паёмбар фармуд:

إِنَّ ذلِكَ لَكَذلِكَ، فَكَيْفَ صَبْرُكَ إِذَنْ

Ба таҳқиқ, ки инчунин аст, пас сабри ту дар шаҳодат чӣ гуна хоҳад буд?

Арз кард:

يَا رَسُولَ اللهِ، لَيسَ هذَا مِنْ مَوَاطِنِ الصَّبْرِ، وَلكِنْ مِنْ مَوَاطِنِ البشرى وَالشُّكُرِ

Эй Расули Худо! Нафармоед, ки чӣ гуна сабр мекунӣ, бифармоед, чӣ гуна сипосгузор ҳастӣ?! Он ҷо ки ҷои сабр нест, ҷои шукр аст…” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 156)

Дар асари хабарҳое, ки Пайғамбари Акрам дода буд ва алоиме, ки худи Алӣ (а) медонист ва гоҳе изҳор мекард, нороҳатӣ ва изтироб дар миёни аҳли байт ва асҳоби наздикаш пайдо шуда буд. Чизҳои аҷибе мегуфт. Дар ин моҳи рамазон дар хонаи фаразандонаш ифтор мекард. Ҳар шаб меҳмони яке аз фаразандон буд. Як шаб меҳмони Имом Ҳасан ва як шаб меҳмони Имом Ҳусайн ва як шаб меҳмони духтараш Зайнаб, ки зани Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар буд, ва аз ҳамеша камтар ғизо мехӯрд. Баччаҳо дилашон ба ҳоли ин падар месӯхт ва воқеан риққат мекарданд. Гоҳе мепурсиданд: падарҷон! чаро ин қадр кам ғизо мехӯрӣ? Мефармуд: мехоҳам дар ҳоле Худои худро мулоқот кунам, ки шикамам гурусна бошад.

Мефаҳмиданд, ки Алӣ дар як ҳолати интизорӣ аст. Гоҳе ба осмон нигоҳ мекард ва мегуфт: ҳабибам Пайғамбар, ки ба ман хабар додааст рост гуфтааст, сухани ӯ дурӯғ нест, наздик аст, наздик аст! Рӯзи 13-уми моҳи рамазон мавзӯеро гуфт, ки аз ҳама вақт бештар нороҳатӣ эҷод кард. Зоҳиран рӯзи ҷумъае буд, ки хутба мехонд.

Дар аснои хутба фармуд:

Фаразандам Ҳусайн! Аз ин моҳ чанд рӯз боқӣ мондааст?

Посух дод: падарҷон! 17 рӯз.

Фармуд: оре, наздик аст, ки ин маҳосин ба хуни ин сар рангин шавад, замони рангин шудани ин маҳосин наздик аст.

Шаб 19-ум фаро расид. Баччаҳо посе аз шабро хидмати Алӣ буданд. Имом Ҳасан ба хонаи худашон рафтанд. Алӣ (а) ҳам дар мусаллои худ буд. (2) Ҳанӯз субҳ тулӯъ накарда буд, ки Имом Ҳасан — ба хотири нороҳатӣ ва ё ин ки ҳар шаб ин тавр будааст — бори дигар ба мусаллои падар рафт. Амирулмӯъминин барои Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн, ки аз авлоди Заҳро буданд эҳтироми хоссе қоил буд ва эҳтироми Пайғамбар ва Заҳроро дар эҳтиром ба инҳо медонист. Ба фаразандаш фармуд:

ملكتني عيني وأنا جالس، فسنح لي رسول اللّه صلّى اللّه عليه وآله وسلّم فقلت: يا رسول اللّه، ماذا لقيت من أمّتك من الأود واللّدد! فقال: ادع عليهم. فقلت: أبدلني اللّه بهم خيرا منهم، وأبدلهم بي شرّا لهم منّي

Писарҷон! Якдафъа дар олами руъё Пайғамбар дар баробарам зоҳир ва муҷассам шуд. То Пайғамбарро дидам, арз кардам: эй Расули Худо! Ман аз даст ин уммати ту чӣ хуни диле хӯрдам!..” (Наҳҷул-балоға, хутбаи 68) Воқеан ноҳамоҳангии мардум бо Алӣ ва омода набудани онҳо барои роҳе, ки Алӣ пеши пойи онҳо гузошта буд, аҷиб аст. Чӣ хуни дилҳое, ки хӯрд! Он асҳоби Ҷамал ва он нақзи байъаташон, ва он Муовия ва он найрангҳо ва ҷиноятҳо! Муовия яке аз дуҳоти олам аст, яъне яке аз он зиракҳои дунёст; мефаҳмид чӣ чизҳое дили Алиро оташ мезанад, махсусан ҳамон корҳоро мекард. Дар охири кор ҳам, ин Хавориҷ ва хушкмуқаддасҳо буданд, ки аз рӯи камоли ақида ва имону хулус, Алӣ (а)-ро такфир ва тафсиқ мекарданд. Намедонед инҳо бо Алӣ чӣ карданд! Воқеан инсон вақте масоиби Амирулмӯъмининро мебинад, ҳайрат мекунад. Як кӯҳ ҳам тоқат надорад ин миқдор мусибатро таҳаммул кунад. Дарди дили худро бо кӣ бигӯяд? Ҳол, ки Пайғамбарро дар олами руъё мебинад, мегӯяд:

ماذا لقيت من أمّتك من الأود واللّدد

Чӣ қадр ин уммати ту хун ба дил ман карданд! Чӣ кунам бо инҳо?

Баъд ба Имом Ҳасан фармуд:

“Писарҷон! Ҷаддат ба ман дастуре дод, гуфт: Алӣ ба инҳо нафрин кун. Ман ҳам дар олами руъё нафрин кардам; нафринам ин буд:

أبدلني اللّه بهم خيرا منهم، وأبدلهم بي شرّا لهم منّي

Худо ҳар чи зудтар марги маро бирасонад ва бар инҳо ҳамон касеро мусаллат кунад, ки шоистаи ӯ ҳастанд.

Маълум аст, ки бо ин ҷумла чӣ қадр дилҳира ва изтироб рух медиҳад. Алӣ (а) берун меояд. Мурғобиҳо садо мекунанд. Мегӯяд:

دعوهنّ فإنّهنّ صوائحُ تتبعها نوائحُ

(Кашфул-ғумма, 1/437) Алъон садои сиҳҳаи мурғ аст, вале тӯле намекашад, ки садои навҳагирии инсонҳо дар ҳамин ҷо баланд мешавад. Фаразандон омаданд ҷилави Амирулмӯъмининро гирифтанд, гуфтанд: падарҷон! Намегузорем ба масҷид биравӣ, ҳатман бояд як нафари дигарро ба ниёбат бифиристӣ. Аввал фармуд: хоҳарзодаам Ҷуъда ибни Ҳубайраро бигӯед биравад бо мардум намози ҷамоат бихонад. Баъд фавран худаш нақз кард, фармуд: на, худам меравам. Гуфтанд: иҷоза бидиҳед касе шуморо ҳамроҳӣ кунад. Фармуд: хайр, намехоҳам касе маро ҳамроҳӣ кунад.

Барои ӯ шаби босафое буд. Худо медонад ӯ чӣ ҳаяҷоне дорад! Албатта худаш мегӯяд, ман хеле кӯшиш кардам, ки рози матлабро кашф кунам, вале иҷмолан медонад, ки ҳаводиси бузурге дар интизори ӯст. Аз “Наҳҷул-балоға” чунин истифода мешавад:

كم اطردت الايام ابحثها عن مكنون هذا الامر فابى الله الا اخفائه

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 147) Хеле кӯшиш кардам, ки сирру ботини ин корро ба даст оварам, вале Худо ибо кард ҷуз ин ки онро ихфо кунад.

Худаш азони субҳро мегуфт. Наздики тулӯъи субҳ буд, ки болои маъзан рафт ва нидои Аллоҳ Акбарро баланд кард. Азонро, ки гуфт, бо сапедадам худоҳофизӣ кард. Гуфт: эй субҳ! Эй сапедадам! Эй фаҷр! Аз рӯзе, ки Алӣ чашм ба ин дунё гушуда, оё рӯзе будааст, ки ту бидамӣ ва чашми Алӣ дар хоб бошад? Яъне дигар баъд аз ин, чашми Алӣ барои ҳамеша хоб хоҳад рафт. Вақте аз маъзан поин меояд, мегӯяд:

خلوا سبيل المؤمن المجاهد

في الله ذي الكتب وذي المشاهد

في الله لا يعبد غير الواحد

ويوقظ الناس الى المساجد

Роҳи ин мӯъмини муҷоҳидро боз кунед…” Худашро ба унвони як мӯъмини муҷоҳид тавсиф мекунад. Аҳли байташ иҷоза надоранд аз ҷои худ ҳаракат кунанд. Алӣ гуфта буд, ки пушти сари ин сиҳҳаҳо навҳаҳое ҳаст. Қоъидатан Зайнаб, Умми Кулсум ва бақияи аҳли байт, ҳама бедор, вале нигарон ва нороҳат, ки имшаб чӣ пеш хоҳад омад? Як вақт фарёде ҳамаро мутаваҷҷеҳи худ кард ва садое дар ҳама ҷо печид:

تهدمت والله أركان الهدى وانطمست أعلام التقى وانفصمت العروة الوثقى، قُتل ابن عمّ المصطفى، قُتل الوصيّ المجتبى، قُتل عليّ المرتضى، قَتله أشقى الأشقياء

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Алӣ (а) дар Уҳуд як ҷавони 25-сола аст; тоза бо Заҳро (а) издивоҷ кардааст ва як фарзанд бештар надорад, ки Имом Ҳасан (а) аст. Маъмулан як хонадони ҷавон ҳамаи орзуяшон ин аст, ки зиндагиашон кам-кам пеш биравад, вале Алиро бибинед, ки орзуи бузургаш ин аст, ки дар роҳи Худо шаҳид шавад.

(2) Мустаҳаб аст ҳар касе дар хонааш барои ибодат маҳалли мушаххасе дошта бошад ва Алӣ (а) ҳам чун халифа буд ва дар дорулимора зиндагӣ мекард, дар он ҷо як мусалло дошт. Шабҳоро маъмулан намехобид ва вақте, ки аз корҳои зиндагӣ ва иҷтимоъ ва масъулиятҳо фориғ мешуд, ба хилвати ибодат мерафт.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: