Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (282)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (26)

* * *

Дар баёни он ки Мӯсо ва Фиръавн ҳар ду мусаххари машийятанд, чунонки заҳру позаҳру зулмоту нур, ва муноҷот кардани Фиръавн ба хилват, то номус нашиканад (3)

* * *

Пеши чавгонҳои ҳукми “кун факон”,

Медавем андар макону ломакон.

Мо дар пеши чавгонҳои ҳукму қазои Худо, монанди гӯйи чавгон, дар макону ломакон медавем.

Нукта: “Кун факон” ишора аст ба мазмуни ояти 82 сураи Ёсин:

إِنَّمَا أَمْرُهُ إِذَا أَرَادَ شَيْئًا أَنْ يَقُولَ لَهُ كُنْ فَيَكُونُ

Фармони нофизи Худо (дар ҷаҳон) чунин аст, ки: ҳар гоҳ офариниши чизеро хоҳад, ба маҳзи ин ки гӯяд: бош, мешавад.”

Чунки берангӣ асири ранг шуд,

Мӯсие бо Мӯсие дар ҷанг шуд.

Аз он рӯ, ки берангӣ — яъне ҳастии маҳз ва ҳақиқати ноб — ба мартибаи касрату таъайюн омад, як пайрави Мӯсо (а) бо пайрави дигари Мӯсо (а) ба ситезу хусумат бархост.

Асир: дар ин ҷо ба маънии муқайяд ва таъайюнёфта.

Нукта: «Мӯсие» яъне касе, ки мансуб ба ҳазрати Мӯсо (а) аст ва аз кешу ойини ӯ пайравӣ мекунад. Бинобар ин, беҳтар аст «Мӯсие»-ро бо «йои» нисбат фарз кунем, на бо «йои» ваҳдат, ки маъно фосид мешавад, зеро ҳақиқати Мӯсо (а) ва мартибаи нубувват, мақоми ваҳдат аст ва миёни ҳеч як аз анбиё ихтилофу низоъ набуда, балки ҳамвора низоъ миёни пайравони нодон ҳоким будааст.

Ҳақиқат фи нафсиҳи (ба худии худ) ба ҳеч ранге маҳдуд намешавад, ва ҳар гоҳ солик бо диди ваҳдат ба мазоҳиб ва фирқаҳо дарнигарад, миёни онҳо хусумате намеёбад, зеро анбиё низ ҳеч низоъе бо ҳам надоштаанд, ҳамаи онҳо шӯълаҳое аз як чароғ буданд ва барои ҷаҳони башарият паёми сулҳу дӯстӣ ва ваҳдат овардаанд. Ва ин ҳама низоъҳо ва хусуматҳо ҳама аз диди маҳдуд ва худбинонаи халқ мехезад.

Нуктаи муҳим дар ин ҷост, ки Мавлоно ин қабил ақоиди озодманишонаро дар асре изҳор кардааст, ки ҷаҳони башарият дар гирдоби таъассуботи мазҳабӣ ғарқ буда ва ҳанӯз ҷангҳои вайронгари салибӣ поён наёфта буд ва фирқаҳо ва ниҳлаҳои исломӣ ва ғайриисломӣ дар миёни худ хуни якдигарро мерехтанд ва мадориси якдигарро вайрон мекарданд ва китобҳои ҳамдигарро месӯзонданд. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.931)

Чун ба берангӣ расӣ, к-он доштӣ,

Мӯсиву Фиръавн доранд оштӣ.

Чунонки агар бо сайру сулуку таҳзиби дарун ба мақоми берангӣ ва ваҳдат бирасӣ, дар он мақом, Мӯсо ва Фиръавн бо ҳам дар оштиву созгорианд.

Нукта: Шабистарӣ низ ҳамин маъноро баён доштааст:

Мусалмон гар бидонистӣ, ки бут чист,

Бидонистӣ, ки дин дар бутпарастист.

В-агар мушрик зи бут огоҳ гаштӣ,

Куҷо дар дини худ гумроҳ гаштӣ?!

Шайх Маҳмуди Лоҳиҷӣ дар шарҳи ин нукта гуфтааст: «Агар мусалмон, ки қоил ба тавҳид аст ва инкори бут менамояд, бидонистӣ ва огоҳ шудӣ, ки филҳақиқа (дар ҳақиқат) бут чист ва мазҳари кист ва зоҳир ба сурати бут чӣ касе аст?, бидонистӣ, ки албатта дини ҳақ дар бутпарастӣ аст, зеро ки бут мазҳари ҳастии мутлақ аст, ки Ҳақ аст. Пас, бут мин ҳайсул-ҳақиқа (аз назари ҳақиқат) ҳақ бошад ва дину одати мусалмонӣ ҳақпарастӣ аст ва бутпарастӣ айни ҳақпарастӣ, пас ҳар ойина дин дар бутпарастӣ бошад… Ва агар мушрик, ки (аз) ибодати бут ва ҳақиқати вай огоҳ гаштӣ ва бидонистӣ, ки бут мазҳари Ҳақ аст ва Ҳақ ба сурати ӯ зуҳур намудааст ва аз ин ҷиҳат масҷуду маъбуду мутаваҷҷаҳун илаҳй аст, куҷо дар дини худ, ки дорад гумроҳ гаштӣ?!» (Шарҳи гулшани роз, с.641-642)

Гар туро ояд бар ин нукта суол,

Ранг кай холӣ бувад аз қилу қол?

Эй асир дар рангу касрат! Агар дар ин нуктаи тавҳид бароят суоле падид ояд, ки: ҳазрати Мӯсо (а) паёмбари Худост ва Фиръавн тоғӣ ва саркаш аст, чӣ гуна мешавад, ки ин ду бо ҳам ҷамъ ва муттаҳид шаванд?, посух ин аст, ки табиату сиришти олами касрат ин аст, ки ҳамвора бо қилу қолу низоъу ихтилоф ҳамроҳ бошад. (Шаҳри ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.737)

Ин аҷаб, к-ин ранг аз беранг хост,

Ранг бо беранг чун дар ҷанг хост?

Шигифто, ки ин ҳама рангҳо ва ихтилофҳо аз берангӣ ва ваҳдат падид омадааст, пас ранг бо берангӣ чӣ гуна ба ҷанг бархостааст?

Нукта: Дар яке аз мутуни куҳани орифонаи ҳиндӣ чунин омадааст: «Ва он нури зотро баъзе мегӯянд, ки сафедранг аст ва баъзе мегӯянд, ки сандалиранг аст ва баъзе мегӯянд, ки обиранг аст ва баъзе мегӯянд, ки сабзранг аст ва баъзе мегӯяд, ки сурхранг аст… инчунин соликон ба Браҳма (ҳастии мутлақ) нарасидаанд, чӣ Браҳма беранг аст. Ва он Барҳмаи берангро касе меёбад, ки аз ҷамиъи орзуҳо ва хоҳишҳо гузаштааст ва ӯро ба роҳи мазкур, ки роҳи ваҳдат аст мерасад ва дили донандаи Браҳма софу равшан шудааст.» (Упонишод, с.81) Пас, ҳақиқат як нур аст дар маротиби мухталиф, ва ба истилоҳи ҳукамо, ҳақиқати вуҷуд ташкикӣ аст, яъне дорои маротиб.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: