Перейти к содержимому

Инсони комил (8)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Дарди инсон аз дидгоҳҳои мухталиф

وَإِذِ ابْتَلَى إِبْرَاهِيمَ رَبُّهُ بِكَلِمَاتٍ فَأَتَمَّهُنَّ قَالَ إِنِّي جَاعِلُكَ لِلنَّاسِ إِمَامًا قَالَ وَمِن ذُرِّيَّتِي قَالَ لاَ يَنَالُ عَهْدِي الظَّالِمِينَ

Медонем, ки дар бораи ҳақиқат ва моҳияти инсон ихтилофи назарҳое вуҷуд дорад. Ба таври куллӣ, ду назарияи асосӣ дар муқобили якдигар қарор гирифтаанд: назарияи руҳиюн ва назарияи моддиюн (моддигароён). Бар асоси назарияи руҳиюн, инсон ҳақиқатест мураккаб аз ҷисму равон, ва равони инсон ҷовидон аст ва бо мурдани ӯ фонӣ намешавад. Ҳамчунон, ки медонем, мантиқи дин ва махсусан нусуси исломӣ бар ҳамин матлаб далолат мекунад. Назарияи дуввум ин аст, ки инсон ҷуз ҳамин мошини бадан чизи дигаре нест ва бо мурдан ба куллӣ несту нобуд мешавад, ва муталошӣ шудани бадан яъне муталошӣ шудани шахсияти инсон.

* * *

Маънавиёти инсон

Дар айни ин ки дар бораи ҳақиқат ва моҳияти инсон чунин ихтилофи назари бузурге вуҷуд дорад, дар бораи як масъалаи дигар — агарчи бо ин масъала вобастагӣ дорад — ҳеч гуна ихтилофи назаре нест, ва он ин аст, ки як силсила умур вуҷуд доранд, ки дар айни ин ки аз ҷинси модда ва моддиёт нестанд (ва мешавад номи онҳоро маънавиёт гузошт), ба инсон арзиш ва шахсият медиҳанд. Инсон будани инсон ба ин умур аст. Яъне агар ин маъониро аз инсон бигиранд, бо ҳайвон ҳеч фарқе намекунад. Ба иборати дигар, инсонияти инсон ба сохтмони ҷисмонии ӯ нест, ки ҳар касе, ки як сару ду гӯш дошт ва паҳннохуну муставиюлқома буд ва ҳарф зад инсон аст, ҳол ҳар ки ва ҳар чи мехоҳад бошад. Саъдӣ ҳамин матлабро ба ин забон гуфтааст:

Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият,

На ҳамин либоси зебост нишони одамият.

Агар одамӣ ба чашм асту забону гӯшу бинӣ,

Чӣ миёни нақши девору миёни одамият.

Агар одам будан (1) ба доштани ҳамин андом аст, ҳама аз модар одам ба дунё меоянд. На! Одам будан ба як силсила сифоту ахлоқу маъонӣ аст, ки инсон ба мӯҷиби онҳо инсон аст ва арзишу шахсият пайдо мекунад. Имрӯза ҳамин умуре, ки ба инсон арзишу шахсият медиҳанд ва агар набошанд инсон бо ҳайвон тафовуте надорад, ба номи “арзишҳои инсонӣ” истилоҳ шудааст.

Дар ин ҷаласа, баҳсро дар дунболаи матлаби ҷаласаи гузашта идома медиҳем, ки арз кардем инҳирофоте, ки барои фард ё ҷомеа пайдо мешавад, ду навъ аст: яке инҳирофоте, ки зидди арзишҳо дар муқобили арзишҳо истодагӣ мекунанд, мисли он ҷо, ки зулм дар муқобили адл, ихтиноқу хафақон дар муқобили озодӣ, худонашносиву бебандуборӣ дар муқобили ибодату худопарастӣ, ва сафоҳату ҳамоқат дар муқобили ақлу фаҳму ҳикмат меистад. Вале шояд бештарин инҳирофоти башар ба ин шакл набошад, ки зидди арзишҳо дар муқобили арзишҳо меистанд. Он ҷо, ки зидди арзишҳо дар муқобили арзишҳо меистанд, зуд шикаст мехӯранд. Бештари инҳирофоти башар ба ин сурат аст, ки ҳамон тавр, ки дарё ҷазру мадд дорад, гоҳе як арзиш аз арзишҳои башарӣ рушди саратонмонанде мекунад, ба тавре, ки арзишҳои дигарро дар худ маҳв мекунад. Масалан, зуҳду тақво як арзиш ва яке аз меъёрҳои инсоният аст. Вале гоҳе мебинед як фард ё як ҷомеа ончунон ба зуҳд гароиш пайдо мекунад ва дар зуҳд маҳв мешавад, ки ҳама чиз барои ӯ мешавад зуҳд, мисли инсоне мешавад, ки фақат як узваш (масалан биниаш) рушд кунад ва узвҳои дигар аз рушд бозмонанд.

* * *

Дард ва фавоиди он

Бо ин муқаддимае, ки арз кардам, ки ҳатто моддитарини мактабҳо қоил ба як силсила арзишҳои маънавӣ ҳастанд, ба ин матлаб мепардозам, ки метавон гуфт арзишҳои инсонӣ ба таври куллӣ таҳти як унвон хулоса мешавад, ки худи он шӯъбаҳое пайдо мекунад, ва он унвоне аст, ки ҳам дар истилоҳи урафои худи мо ва ҳам дар истилоҳи уламои ҷадид омадааст ва балки қабл аз он ки дар истилоҳи урафо биёяд, дар мутуни ислоӣ омадааст, ва он ин аст, ки аслан мешавад гуфт, меъёри аслии инсоният он чизе аст, ки аз он ба “дард доштан” ва “соҳиби дард будан” таъбир мешавад. Фарқи инсон ва ғайриинсон дар ин аст, ки инсон соҳиби дард аст, як силсила дардҳо дорад, вале ғайриинсон — ҳол мехоҳад ҳайвон бошад ё инсонҳои як сару ду гӯше, ки баҳрае аз руҳи инсоният надоранд — соҳиби дард нестанд.

Аввал бояд роҷеъ ба худи “дард” баҳс кунем. Мумкин аст ибтидоан аҷиб ба назар биёяд, ки яъне чӣ? Дард, ки бад чизе аст ва инсон бояд онро аз худ дафъ кунад ва аз байн бибарад; он вақт чӣ тавр мумкин аст меъёри инсоният ва арзиши арзишҳо “дард доштан” бошад? Магар дард метавонад чизи хубе бошад?

Бояд бигӯем, мо миёни дарду маншаи дард иштибоҳ мекунем. Масалан, дар як беморӣ ва ё ҷароҳат, он чи, ки бад аст, вуҷуди он микруб аст, вуҷуди он беморӣ аст, вуҷуди он ҷароҳате аст, ки бар бадан ворид мешавад ва баъд маншаи дард мешавад. Масалан, дар мавриди захме, ки дар меъда ё рӯда ҳаст — ки инсон дардашро эҳсос мекунад — он чи бад аст вуҷуди он захме аст, ки дар меъда ё рӯда вуҷуд дорад. Вале дард дар айни ин ки инсонро нороҳат мекунад, мӯҷиби огоҳӣ ва бедорӣ барои инсон аст. Ҳатто ҳамин дардҳои ҷисмонӣ (яъне дардҳои муштараки инсону ҳайвон) шуморо огоҳ ва бедор мекунад. Вақте сари инсон дард мекунад, имкон надорад, ки ҳеч гуна захме пайдо нашуда бошад ва дард пайдо шавад. Агар дард пайдо мешавад, хабар мекунад, ки дар сар як нороҳатӣ ва зойеае пайдо шудааст ва шумо ба фикри муолиҷааш меафтед; дуруст мисли ақрабаҳое, ки дар корхонаҳо ва ё дар автомобил ҳаст. Масалан, дар автомобил ақрабае аст, ки фишори равғанро нишон медиҳад ва ақрабаи дигаре дараҷаи ҳарорати обро нишон медиҳад. Агар ин ақраба ба шумо нишон медиҳад, ки дараҷаи ҳарорати об хеле боло рафтааст, ин хуб аст ё бад? Ин хеле хуб аст, чун шуморо бедор ва мутаваҷҷеҳ мекунад. Он чи бад аст ин аст, ки мошини шумо ҷӯш овардааст. Агар дард дар бадани инсон намебуд ва инсон эҳсоси дард намекард, ҳеч гоҳ аз беморӣ иттилоъ пайдо намекард ва огоҳ намешуд ва ба дунболи дармон намерафт. Ин дард мисли як маъмури нофизулҳукм инсонро водор ба чораҷӯӣ ва ӯро маъмур мекунад, ки зуд дар фикри ҳалли мушкил барояд. Чун дард аст, инсонро нороҳат мекунад ва доиман ба ӯ мегӯяд ҳар тавр ҳаст ин дардро дармон кун.

Ин аст, ки худи дард — ҳатто дардҳои ҷисмонӣ ва узвӣ — неъмат аст, эҳсос аст, огоҳӣ ва бедорӣ аст. Огоҳӣ ва бедорӣ хуб аст, ҳарчанд инсон аз ин ки як зойеае дар баданаш пайдо шудааст огоҳ шавад. Мавлавӣ дар ин ҷо чӣ қадр ширин мегӯяд:

Ҳасрату зорӣ гаҳи беморӣ аст,

Вақти беморӣ ҳама бедорӣ аст…

Пас бидон ин аслро эй аслҷӯ,

Ҳар киро дард аст, ӯ бурдаст бӯ.

Ҳар кӣ ӯ бедортар, пурддардтар,

Ҳар кӣ ӯ огоҳтар, рухзардтар.

Баъд, аз ин ҷо гурез мезанад ба он ҳарфҳое, ки худаш дар ин заминаҳо дорад. Мегӯяд: ҳар касе, ки соҳиби дард аст, ба ҳар андоза, ки дар олам дард дорад ва дардеро эҳсос мекунад, ки дигарон эҳсос намекунанд, ба ҳамин нисбат аз дигарон бедортар ва огоҳтар аст. Бедардӣ мусовӣ аст бо лахтӣ, беҳиссӣ, бешуъурӣ, беидрокӣ. Ва эҳсоси дард мусовӣ аст бо огоҳӣ ва бедорӣ ва шуъуру идрок. Инсон агар амраш доир бошад, ки роҳат бошад ва дардро эҳсос накунад, яъне ҷоҳилу лахту бедард бошад, ва ё ҳушёр бошад ва дардро дар худ эҳсос кунад, кадомро интихоб мекунад? Оё инсон тарҷеҳ медиҳад, ки ҳушёру огоҳ бошад, вале дардро эҳсос кунад, ё беҳушу кавдану аҳмақ бошад ва дардро эҳсос накунад? Нороҳатии ҳушёру огоҳ тарҷеҳ дорад бар роҳатӣ ва осоиши ҷоҳилу бехабару лахту беҳисс. Дар масал мегӯянд: инсон агар Суқроте бошад наҳифу лоғар, беҳтар аст аз ин ки хуке бошад фарбеҳ. Яъне агар инсон доно ва донишманд бошад, вале маҳрум, беҳтар аст аз ин ки монанди як хук ҳама навъи васоил барояш фароҳам бошад, вале ҳеч чизро нафаҳмад.

* * *

Шикоят аз ақл

Яке аз масоиле, ки дар адабиёти мо намоён аст, масъалаи шикоят аз ақл аст, ки худаш масъалае аст. Мо дар адабиёт, махсусан дар ашъори худамон бисёр мебинем, ки мардум аз ақл шикоят кардаанд, (2) ки эй кош ман ин ақлро намедоштам; фоидааш чист, ки одам ҳуш дошта бошад ва дар ҷомеа ҳушёру оқилу ҳассос бошад?! Ин ҳассос будану оқил будану ҳушёр будан, осоишро аз инсон салб мекунад:

Душмани ҷони ман аст ақли ману ҳуши ман,

Кош гушода набуд чашми ману гӯши ман.

Дигаре мегӯяд:

Оқил мабош, то ғами девонагон хӯрӣ,

Девона бош, то ғами ту оқилон хӯранд.

Яъне осоиши тавъам бо ҷунунро бар нооромӣ ва нороҳатии тавъам бо ақлу фикру дарк, тарҷеҳ медиҳанд. Вале ин ҳарфҳо ғалат аст. Он касе, ки ба мақоми инсоният бирасад ва арзиши дард доштан ва ҳассос буданро дарк кунад, ҳаргиз намегӯяд: душмани ҷони ман аст ақли ману ҳуши ман, балки каломи Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи)-ро мегӯяд:

صديق كل امرئ عقله وعدوه جهله

«Дӯсти ростини ҳар кас, ақлу ҳушёрии ӯ, ва душмани воқеии ҳар кас, ҷаҳлу нодонии ӯст.» (Кофӣ, 1/11)

Он касе, ки гуфтааст: “Душмани ҷони ман аст ақли ману ҳуши ман” ва аз нороҳатиҳои ношӣ аз ақлу ҳуш ин гуна шикоят мекунад, маълум мешавад нороҳатиҳо ва бадбахтиҳои ношӣ аз ҷаҳлу нодониро ҳисс накардааст, вагарна ҳаргиз чунин ҳарферо намезад. Бале, агар амр доир бошад миёни ин ки “мӯҷиби дард” набошад ва инсон дард надошта бошад, дард надоштан ба далели набудани «мӯҷиби дард» аз дард доштан беҳтар аст. Вале агар мӯҷиб ва маншаи дард вуҷуд дошта бошад, аммо инсон дарди ношӣ аз инҳоро эҳсос накунад, бадбахтӣ ва бечорагӣ ва бехабарӣ аст. Аз ин рӯ дар бемориҳои ҷисмӣ ҳам ин тавр аст, ки ҳар беморие, ки дард надошта бошад, кушанда аст, барои ин ки инсон вақте хабардор мешавад, ки кор аз кор гузаштааст. Саратон, ки кушанда аст, иллаташ ин аст, ки лоақал дар ибтидо дард надорад, вагарна агар аз он ибтидое, ки ин беморӣ пайдо мешавад, дард дошта бошад, мумкин аст қабл аз ин ки вориди хун шавад, ба куллӣ онро аз байн бибаранд. Хатари умдаи саратон аз ин ҷиҳат аст, ки бехабар яъне бедард ворид мешавад.

Пас, ин матлабро, ки “арзиши арзишҳо дар инсон, дард доштан аст” намешавад ба ин унвон, ки дард бад чизе аст рад кард.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Худамон ҳамеша “одам будан” ва “одам шудан”-ро ба кор мебарем ва ҳатто ин масал аз байни худи талабаҳо бархостааст, ки: мулло шудан чӣ осон, одам шудан чӣ мушкил!

(2) Албатта шикоят аз ақл ҷанбаҳои мухталифе дорад. Урафо назарашон ба як амри дигаре аст. Вале бисёре аз ашхос, ки шикоят кардаанд, ба хотири ҳамин ҷиҳат аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: