Мӯъмин Қаноат, эҳёгари тамаддуни куҳани порсӣ дар Тоҷикистон

Мусоҳибаи хабаргузории «Тасним» бо Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон

Мӯъмин Қаноат ба шоирони ҷавони тоҷик ёд дод, ки чӣ гуна бар решаҳои ҳувияти ифтихорофарини худ истода ва суруди иззат сар диҳанд ва басон қатраҳои садпораи уқёнуси тамаддуни куҳани порсӣ, якдигарро бозёфта ва дар оғӯш кашанд.

Тасним: Мӯъмин Қаноат, яке аз пуровозатарин ва маҳбубтарин чеҳраҳои адабии Тоҷикистон ба шумор меравад. Вай осори адабии мутаъаддидеро тайи солҳои фаъолияташ аз худ ба ҷой гузошт, ки аз ҷумлаи муҳимтарини онҳо метавон ба дафтари шеъри «Шарора», «Тоҷикистон – исми ман», «Суруши Истолингрод», «Ҳамосаи дод», ва достони «Гаҳвораи Сино», ки дар соли 1980 ҷоизаи Рӯдакиро баранда шуд, ишора кард. Муҳимтарин ваҷҳи тамоюзи Қаноат аз дигар чеҳраҳои адабии ҳамдаврааш, талошҳои вай дар ростои эҳёи забони форсӣ дар ростои неҳзати ҳувиятёбии тоҷикон дар давраи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буд. Қаноат илова бар ҳавзаи адабиёт, дар арсаи сиёсат низ фаъолиятҳое доштааст. Ин шоири номдори тоҷик чанде пеш дар 18 майи соли 2018 дар синни 86-солагӣ дар Тоҷикистон даргузашт.

Дар ҳамин росто гуфтугӯе бо оқои Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, перомун ҷойгоҳи ин шоири номдори порсисарой дар Тоҷикистон ва бархе оро ва афкори вай тартиб додаем. Оқои Фағонӣ чанд рӯз пеш аз фавти Қаноат ба муносибати Рӯзи миллии халиҷи Форс ба дидори шоири қитъаи маъруфи «Насими порсӣ» рафта буд.

Тасним: Гуфта мешавад, ки устод Мӯъмин Қаноат яке аз маҳбубтарин чеҳраҳои адабии тоҷикҳост, ки бар хилофи бархе аз дигар чеҳраҳои ин кишвар, ки маҳбубияти онҳо бештар дар миёни сиёсиюн аст, Мӯъмин Қаноат дар миёни оҳоди мардуми тоҷик машҳур аст. Иллати ин маҳбубият аз назари шумо чист? Ба шеъру адабиёти Қаноат бозмегардад ё ба маниши вай?

Фағонӣ: Гумон мекунам, ҳам сабку ҳам маниши марҳум устод дар маҳбубияти мисолзадании ӯ дар Тоҷикистон ва низ дар назди ҳамаи мутакаллимон ва алоқамандони забони форсӣ муассир будааст. Аз манзари кори тахассусӣ ва аз буъди суханварӣ, ӯ аз мафохири ба охир мондаи Тоҷикистон ва аз қуллаҳои адабиёти ин кишвар, ҳам дар арсаи назм ва ҳам дар ҳавзаи наср буд. Кораш ҳалқае заррин бар занҷираи талошҳои тилоии бузургоне чун марҳум Садруддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода афзуд ва таҳаввуле дар шеъру адабиёти Тоҷикистон эҷод кард; ба гунае, ки ҳамаи машойихи кунунии шеъру адаби Тоҷикистон худро аз шогирдони ӯ медонанд. Шоири лоиқе чун Лоиқ Шералӣ бо садоқате, ки ҳамроҳи ҳамешагии каломаш буд, мегӯяд: «Мо ҳама аз остини Қаноат берун омадаем«. Хонум Гулрухсор, шоираи номошнои тоҷик, дар паёме ба муносибати даргузашти устод Қаноат навишт: «Аксари шоирони маъруфи кунунӣ аз мактаби шеъри нави ӯ сабақ гирифтаанд.»

Дар асре, ки таҳти шиорҳои халқӣ, забони шеъру адаби тоҷик ба самту сатҳи муҳовироти рӯзона савқ ёфта буд, марҳум Қаноат онро ба ҷойгоҳи асилаш бозовард ва дар бистари фохир ва асили он бо навовариҳои сутуданӣ ҷорӣ сохт. Ба таъбири дӯсти азизам дуктур Иброҳими Худоёр, «бунёнгузори ҷараёне дар шеър шуд, ки бо убур аз зиндони ватани сусиёлистӣ, Тоҷикистони азизро дар домани таърихи устураӣ ҷустуҷӯ кард ва онро ба таърихи воқеии худ пайванд зад

Навоварии ӯ дар арсаи адаби тоҷик чунон буд, ки бархе ӯро Нимои Тоҷикистон номидаанд. Ӯ ба шоирони ҷавон тоҷик ёд дод, ки чӣ гуна бар решаҳои ҳувияти ифтихорофарини худ истода ва суруди иззат сар диҳанд ва басон қатраҳои садпораи уқёнуси тамаддуни куҳани порсӣ, якдигарро бозёфта ва дар оғӯш кашанд. «Шарора»-ҳои ин шӯр, ки дар «Гаҳвораи Сино» ва «Садои Шарқ», «Ҳамосаи дод»-ро офарид, ишқи ӯро ба забони модарӣ, ки зомини ҳифзу ҳиросат аз мероси арзишманди падарӣ аст, ба тасвир кашид. Он чи ӯро маҳбуби дилҳо карда, ин ишқи пок ба забони модарӣ ва доштаҳои ҳавзаи паҳновари тамаддунӣ аст. Шеъри «Насими халиҷи Форс»-и ӯ ба вежа бо фазое, ки дар он ин шеъри зеборо суруда, намоиши авҷи ин ғайратмандӣ аст ва ҳамин озодагӣ ва асолатмандӣ аст, ки меҳри ӯро дар дили ҳар ошнои ҳавзаи тамаддунии муштараки мо нишондааст.

Сели паёмҳои тасалияти бузургон аз Эрон ва Афғонистон ва Тоҷикистон дар расои ин шоири маҳбуб, посдошти ин каромати инсонӣ ва маниши қаҳрамононаи ӯст, ки сухани Носири Хусрави Қубодиёниро ба ёд меоварад, он ҷо, ки фармуд:

Ман онам, ки дар пойи хукон нарезам

Мар ин қиматӣ дурри лафзи дариро.

Қаҳрамонони осори марҳум Қаноат низ мардумони беолоиш, пок ва озода ҳастанд. Инҷониб пайванди амиқи ӯ бо оҳоди мардумро дар маросими охирин худоҳофизӣ бо ӯ дидам ва амиқан таҳти таъсири он қарор гирифтам.

Тасним: Аз шеъри маъруфи устод Қаноат дар бораи халиҷи Форс бигӯед. Чӣ тавр шуд, ки ин шеър суруда шуд? Гуфта мешавад ин шеър дар яке аз кишварҳои арабии ҳошияи халиҷи Форс ва дуруст дар буҳбуҳаи ҳашт соли дифоъи муқаддас суруда шуда ва дар маҳзари мақоми муъаззами раҳбарӣ ҳам қироат шудааст.

Фағонӣ: Ин шеър аз ҷовидонаҳои безаволи ин шоири азиз аст, ки бисёре аз эрониён онро аз бар карда ва ҳамсадо бо раҳбари худ бар байт-байти ин суруди номиро офарин гуфтаанд. Раҳбари муъаззами инқилоб, ҳангоме, ки марҳум Қаноат ин шеърро дар маҳзари эшон хонданд, дар поёни ҳар байташ эшонро ташвиқ намуда ва офарин мегуфт. Клипи видеоии он дидор дар фазои интернет вуҷуд дорад ва бисёр диданӣ аст. Он чи бар моноӣ ва арҷи ин шеър меафзояд, қиссаи саройиши он аст. Ин шеър дар даҳаи ҳаштоди мелодӣ, дар як кишвари араби ҳавзаи халиҷи Форс, дар ҳузури мақомоти аршади он кишвар ва ҳангоми дархости саройши шеъре тавассути мизбони араб, бар забон устод ҷорӣ шуд ва ба манзилаи гузоштани имзои тилоӣ бар номи ростини ин халиҷи ҳамешаи Форс буд.

Тасним: Дар савобиқи сиёсии ин чеҳраи адабии тоҷик, узвият дар порлумони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ҳам зикр шудааст. Аз дағдағаҳо ва иқдомоташ дар он даврон бигӯед, ки чӣ тавр барои сиёнат аз забону адаби порсӣ дар даврони ихтиноқи Шӯравӣ, ки тамоми талошҳои давлати кумунист нафйи миллиятҳо ва русисозии онҳо буд, талош кард?

Фағонӣ: Устод ҳамчун бузургоне чун Садруддин Айнӣ талошҳои балиғ карданд, то забони ширини порсӣ дар султаи досу чаккуш дарав ва саркӯб нашавад, ва ин гавҳари қиматиро ҳунармандона аз долонҳои беруҳ, ҷое, ки ба дурустӣ зиндони миллатҳо ном гирифта буд, убур дода ва ба манзилгоҳи аслии он бирасонанд. Дар даврони Шӯравӣ, ки саройши шеъри килосики форсӣ бо чолишҳое рӯ ба рӯ буд, бузургоне чун Мӯъмин Қаноат, бо сурудани ашъоре дар сабки нимоӣ, тарҳе нав дар ҷаҳони моддии кумунист афканданд ва пояҳои ҳувияти миллиро дар миёни мардуми Тоҷикистон мустаҳкам намуданд. Устод худ дар мусоҳибае гуфтааст: «Бо шеъри мо андешаи нав падид омад. Таҳаввул шуд. Соҳиби ҳувият ва миллат шудем ва миллатпарастӣ эҷод шуд. Эронпарастӣ пайдо шуд.» Гуфтанӣ аст, ки ҳамон шеъри халиҷи Форсро устод дар давраи Шӯравии собиқ ва дар маъмурияте, ки ба хотири узвият дар порлумони Шӯравӣ дошта, сурудааст.

Тасним: Бархе аз чеҳраҳои сиёсӣ аз устод Қаноат ба унвони як сиёсатмадори муҳофизакор ёд мекунанд, ки ҳамвора дар айни талош барои хостаҳояш, равобити хубе бо давлатҳои вақт доштааст. Оё метавон ин тавр гуфт, ки Қаноат як сиёсатмадори муҳофизакор буда, ки масолеҳи сиёсиро бар ормонҳои озодманишонаи адабӣ тарҷеҳ медода? Ё фаъолиятҳои вай мубтанӣ бар ақлонияти сиёсӣ барои баҳрабардории ҳаддиаксарӣ аз зарфияти мавҷуд будааст?

Фағонӣ: Доштани дараҷае аз муҳофизакорӣ, аз илзомоти зиндагӣ аст ва ин дар Шӯравии собиқ албатта зарурате бисёр пуррангтар будааст. Ленин мегуфт: «Берун будан аз ҷомеае, ки дар он зиндагӣ мекунӣ, мумкин нест.» Устод Қаноат фарди сохторшикане набуд ва ҳар гуна фаъолияти бузургоне чун ӯ, танҳо дар чорчӯби муқаррарот ва сиёсати низоми вақт метавониста муваффақ ва маншаи хадамоти мондагор бошад. Ба гумони инҷониб, озодандешӣ дар устод Қаноат намоёнтар аз муҳофизакорӣ аст. Гумон намекунам ҳазмандешиҳо мӯҷиб шуда бошад, ки озодандешии эшон халал бибинад. Фикр намекунам шоири шеъри «Насими форсӣ»-ро битавон бо ҳеч мантиқе муҳофизакор номид.

Тасним: Қаноат аз ҷумлаи муҳимтарин шоирони неҳзати эҳёи ҳувияти миллии тоҷикҳо ном бурда мешавад. Оё дар хусуси ҳувияти исломии тоҷикҳо ва фарҳанги динии тоҷикҳо ҳам Қаноат талош карда ё сирфан як шоири миллигаро буда?

Фағонӣ: Марҳум Қаноат асосан шоири ватандӯст ва Эронгаро буд. Бо таваҷҷӯҳ ба иқтизооти низоми кумунистӣ, ки бахши умдаи ҳаёти устод дар он давраи Шӯравии собиқ ва дар он сохтор гузашт, усулан дар фазое набуда, ки тарҳи масоили динӣ дар он майсуру маъмул буда бошад.

Тасним: Дар хабарҳо мушоҳида шуд, ки чанде пеш ҳамзмон бо Рӯзи миллии халиҷи Форс ба дидори эшон рафта будед. Аз ин дидор бигӯед. Ин шоири бузурги тоҷик дар вопасин рӯзҳои умраш чӣ гуфт ва чӣ дағдағае дошт?

Фағонӣ: Вақте ба ёди он мулоқоти дӯстона меафтам ва ёдам меояд, ки чӣ зуд табдил ба фироқе абадӣ шуд, бо худ мегӯям:

Ба бовари дил нобоварам намегунҷад,

Ҳанӯз ҳам, ки маро бо ту ин фироқ афтод.

Он рӯз устод Қаноат — ки ду сол аз шиносномааш низ бузургтар аст ва дар синни 88-солагӣ буд — аз беморӣ ранҷ мебурд. Аммо барои такрими меҳмон, дар ҳоле, ки дард мекашид, рӯи сандалӣ нишаста буд. Ҳолаш чандон хуб набуд, аммо ба рӯи худ намеовард ва моро ба гармӣ меҳмони нигоҳи меҳрубонаш карда буд. Бурида-бурида аз хотираи сафаре, ки шеъри зебои халиҷи Форс дар он мутаваллид шуд, гуфт. Ман шурӯъ кардам ба хондан: «Ази халиҷи…» форсашро ӯ гуфта ва бақияи байтро идома дод. Ҳар байтро шурӯъ мекардам, бақияашро бо садое ларзон ва хафиф, ки гӯӣ аз аъмоқи таърих бармеомад, идома медод. Дигар забонаш ёрои сухан гуфтан надошт. Аммо нигоҳаш кӯтоҳ намеомад ва аз меҳрубонӣ кам намегузошт. Дилам бо ҳар пилк заднаш метапид. Ҳар пилке, ки мезад, гумон мекардӣ шеъри ёри сафаркардааш марҳум Лоиқро замзама мекард, ки:

«Тапад бо ҳам, танад бо ҳам

Дили тоҷику эронӣ»

Падар, ки аз сухан гуфтан бозмонд, писараш, ки аз Конодо барои дидору хидмат ба падар омада буд, риштаи каломро ба даст гирифт ва гуфт, ки падар ва кулли хонавода чӣ хотироте аз Эрон ва чӣ дилбастагиҳое ба мардуми ҳамзабон ва ҳамфарҳангаш доранд. Аз сафарҳо ва дӯстиҳо гуфт. Бо орзуҳои нек барои фардоҳои беҳтари ду миллат ва гирифтани чанд акси ёдгорӣ, ин дидорро ба поён расид. Ҳангоми худоҳофизӣ, дар дил замзама мекардам:

Вақти видоъи дӯст ба ҳангоми бозгашт,

Эй дида кош аз пас сар мешудӣ маро.

Манбаъ: Хабаргузории Тасним

Реклама


Рубрики:Гуфтугӯ, Забон ва адабиёт, Машоҳир

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: