Перейти к содержимому

Инсони комил (9)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Дарди инсон

Дарди инсон чист? Агар сари инсон дард бигирад, ин дард дарди ӯ аз он ҷиҳат, ки инсон аст нест, чун сари як ҳайвон мисли гӯсфанд ҳам дард мегирад. Ин ки дасту пойи инсон дард мегирад, аз навъи дардҳои ҳайвонӣ ва узвӣ ва шахсӣ аст. Аммо онҳо, ки сӯҳбат аз “дарди инсон” ва “соҳибдард будани инсон” мекунанд, мақсудашон ин нест. Он дарде, ки арзиши арзишҳо дар инсон аст, чизи дигаре аст.

Гурӯҳе — монанди урафои худамон — он дарде, ки дар инсон суроғ доранд ва доиман онро тақдис мекунанд, дарди Худоҷӯӣ аст. Мегӯянд, ин дард аз мухтассоти инсон аст ва ҳатто инсон ба ин далел бар фаришта тарҷеҳ дорад, ки фаришта бедард аст ва инсон дард дорад.

Тибқи назари ислом, инсон як ҳақиқате аст, ки нафхаи илоҳӣ дар ӯ дамида шуда ва аз дунёи дигаре омадааст ва бо ашёе, ки дар табиат вуҷуд дорад таҷонуси комил надорад. Инсон дар ин дунё як навъ эҳсоси ғурбат ва эҳсоси бегонагӣ ва адами таҷонус бо ҳамаи мавҷудҳои олам мекунад, чун ҳама фонӣ ва мутағайир ва ғайриқобили дилбастагӣ ҳастанд, вале дар инсон дағдағаи ҷовидонагӣ вуҷуд дорад. Ин дард ҳамон аст, ки инсонро ба ибодат ва парастиши Худо ва розу ниёз ва ба Худо ва ба асли худ наздик шудан мекашонад.

* * *

Чанд тамсил дар бораи дарди инсон

Мебинед чӣ масалҳое дар ирфони мо дар ин замина омадааст! Гоҳе мисол мезананд ба тӯтие, ки ӯро аз ҷангалҳои Ҳиндустон оварда ва дар қафасе зиндонӣ кардаанд ва ин тӯтӣ ҳамеша нороҳат ва дар фикри ин аст, ки ин қафас шикаста шавад ва ба ҷое, ки мақарри аслии ӯст бозгардад. Ва гоҳе инсонро ба мурғе, ки аз ошёнаи худ дур афтода бошад ташбеҳ мекунанд. Яке аз олитарин ташбеҳот ҳамин ташбеҳи Мавлавӣ дар аввали Маснавӣ аст. Ӯ инсонро ташбеҳ ба найе карда, ки онро аз найистон буридаанд ва ҳол дорад доиман нолаву фарёд мекунад ва ҳамаи нолаву фарёдаш барои ин фироқ аст:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

К-аз найистон то маро бибридаанд,

Аз нафирим марду зан нолидаанд.

Сина хоҳам шарҳа-шарҳа аз фироқ,

То бигӯям шарҳи дарди иштиёқ.

Баъд мегӯяд:

Ду даҳон дорем гӯё ҳамчу най,

Як даҳон пинҳонст дар лабҳои вай.

Гоҳе Мавлавӣ ба шакли дигаре ташбеҳ мекунад:

Пил бояд то чу хусбад ӯ ситон,

Хоб бинад хиттаи Ҳиндустон.

Хар набинад ҳеч Ҳиндустон ба хоб,

Хар зи Ҳиндустон накардаст иғтироб.

Мегӯянд, филро, ки аз Ҳиндустон меоваранд, бояд доиман ба сараш бикӯбанд; агар накӯбанд, ба ёди Ҳиндустон меафтад. Мавлавӣ дар ин ҷо мегӯяд, фақат фил аст, ки Ҳиндустонро ба хоб мебинад, чун аз Ҳиндустон омадааст. Улоғ ҳаргиз Ҳиндустонро ба хоб намебинад, чун ғариби Ҳиндустон нест ва ӯро аз он ҷо наёвардаанд. Мехоҳад бигӯяд, инсон аст, ки дағдағаи бозгашт ба олами дигарро дорад, дарди ирфонӣ дорад, дарди бозгашт ба сӯи Ҳақ ва ба сӯи Худоро дорад, дарди муноҷот ва висоли Ҳақро дорад.

* * *

«Дарди инсон” дар каломи Амирулмӯъминин

Чӣ қадр зебо мегӯяд Амирулмӯъминин Алӣ (Алайҳис салом) вақте, ки бо Кумайл ибни Зиёди Нахаъӣ ба саҳро меравад! Кумайл мегӯяд: ҳамин ки ба саҳро расидем ва дигар касе дар он ҷо набуд, Алӣ (Алайҳис салом) оҳи амиқе кашид:

فَلَمَّا أَصْحَرَ تَنَفَّسَ الصُّعَدَاءَ

Баъд фармуд:

يَا كُمَيْلَ بْنَ زِيَادٍ إِنَّ هَذِهِ الْقُلُوبَ أَوْعِيَةٌ فَخَيْرُهَا أَوْعَاهَا فَاحْفَظْ عَنِّى مَا أَقُولُ لَكَ

Дили инсон ба манзилаи зарф аст. Беҳтарини зарфҳо он аст, ки зарфияташ бештар бошад ё беҳтар мазруфро нигаҳдорӣ кунад. Гӯш кун он чиро, ки ман ба ту мегӯям.

Аввал, мардумро ба се қисмат тақсим мекунад — ки инҳо маҳалли баҳси ман нест — то дар охирҳо, шикоят мекунад, ки: афсӯс! Афроди соҳибсирре нестанд, ки ман он чиро, ки дар дил дорам битавонам ба онҳо изҳор кунам. Баъд мегӯяд: вале инчунин ҳам нест, ки ҳеч кас набошад, ҳамеша дар ҳамаи замонҳо чунин афроде ҳастанд:

اللَّهُمَّ بَلَى لَا تَخْلُو الْأَرْضُ مِنْ قَائِمٍ لِلَّهِ بِحُجَّةٍ إِمَّا ظَاهِراً مَشْهُوراً وَ إِمَّا خَائِفاً مَغْمُوراً

… то он ҷо, ки мефармояд:

هَجَمَ بِهِمُ الْعِلْمُ عَلَى حَقِيقَةِ الْبَصِيرَةِ

Илми ҳақиқӣ дар ниҳояти басират бар онҳо ҳуҷум овардааст ва ба мақоми яқини комил расидаанд.

وَ بَاشَرُوا رُوحَ الْيَقِينِ وَ اسْتَلَانُوا مَا اسْتَوْعَرَهُ الْمُتْرَفُونَ وَ أَنِسُوا بِمَا اسْتَوْحَشَ مِنْهُ الْجَاهِلُونَ

Ба руҳи яқин иттисол пайдо кардаанд ва фосилае бо руҳи яқин надоранд. Он чизҳое, ки барои моддапарастҳо хеле сахт аст, барои онҳо рому нарм аст. Он чи барои нодонҳо мояи ваҳшат аст, яъне хилват бо Ҳақ, барои онҳо мояи унс аст.

وَ صَحِبُوا الدُّنْيَا بِأَبْدَانٍ أَرْوَاحُهَا مُعَلَّقَةٌ بِالْمَحَلِّ الْأَعْلَى

Инҳо дар дунё бо мардум ҳамроҳанд, вале бо руҳҳое, ки маҷзуби олами боло ҳастанд. (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 147) Дар айни ин ки дар ин дунё ҳастанд, дар ин дунё нестанд. Дар ҳоле, ки дар ин дунё ҳастанд, дар дунёи дигаре ҳастанд.

Дардҳои Алӣ ва ба таъбири мо, дардҳои ирфонии Алӣ ва дардҳои ибодатии Алӣ ва муноҷотҳои Алӣ, як масъалаи бисёр возеҳ ва равшане аст. Кораш дар ибодат ба ҷое мерасад, ки ончунон аз худ бехуд мешавад ва гарми маҳбубу маъшуқаш мешавад, ки аз он чи дар атрофи ӯ мегузарад бехабар аст, ҳатто агар тиреро аз баданаш берун бикашанд.

Ин дарди инсон аст, яъне дарди ҷудоӣ аз Ҳақ, ва орзу ва иштиёқи тақарруб ба зоти ӯ ва ҳаракат ба сӯи ӯ ва наздик шудан ба ӯ. То инсон ба зоти Ҳақ нарасад, ин дилҳираву изтироб аз байн намеравад ва доиман ин ҳолат барои ӯ ҳаст. Агар инсон худро ба ҳар чиз саргарм кунад, он чиз саргармӣ аст, ҳақиқат чизи дигар аст. Қуръон ин матлабро ба ин таъбир мегӯяд:

أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

Бидонед фақат ва фақат дилҳо бо як чиз аз изтиробу дилҳира ва нороҳатӣ ором мегирад; ин дарди башар ба василаи як чиз аст, ки оромиш пайдо мекунад, ва он, ёди Ҳақ ва унс бо зоти парвардигор аст. (Сураи Раъд, ояти 28) Урафо бештар рӯи ин дард такя кардаанд ва ба дарди дигаре таваҷҷӯҳ надоранд ва ё бигӯем камтар таваҷҷӯҳ доранд.

* * *

Тамсили Мавлавӣ

Достонеро Мавлавӣ зикр мекунад, ки албатта тамсил аст. Мегӯяд, марде буд, ки ҳамеша бо Худои худаш розу ниёз мекард ва доди “Аллоҳ, Аллоҳ” дошт. Як вақт шайтон бар ӯ зоҳир шуд ва ӯро васваса кард ва коре кард, ки ин мард барои ҳамеша хомӯш шуд. Ба ӯ гуфт: эй мард! Ин ҳама, ки ту “Аллоҳ, Аллоҳ” мегӯӣ ва саҳарҳо бо ин сӯзу дард Худоро мехонӣ, охир як дафъа ҳам шуд, ки ту лаббайк бишнавӣ? Ту агар ба дари ҳар хонае рафта будӣ ва ин ҳама фарёд карда будӣ, лоақал як дафъа дар ҷавоби ту лаббайк мегуфтанд.

Ин мард ба назараш омад, ки ин ҳарф мантиқӣ аст. Даҳонаш баста шуд ва дигар “Аллоҳ, Аллоҳ” нагуфт. Дар олами руъё ҳотифе ба ӯ гуфт: чаро муноҷоти Худоро тарк кардӣ? Гуфт: ман мебинам ин ҳама, ки дорам муноҷот мекунам ва бо ин ҳама дарду сӯзе, ки дорам, як бор ҳам нашуд дар ҷавоб ба ман лаббайк гуфта шавад. Ҳотиф ба ӯ гуфт: вале ман маъмурам аз тарафи Худо ҷавобро ба ту бигӯям: он Аллоҳи ту лаббайки мост:

Не, ки он Аллоҳи ту лаббайки мост,

Он ниёзу сӯзу дардат пайки мост.

Ту намедонӣ, ки ҳамин дарду сӯз ва ҳамин ишқу шавқе, ки мо дар дили ту қарор додем, худаш лаббайки мост.

Чаро Алӣ (Алайҳис салом) дар дуои Кумайл мефармояд:

اللهم اغفر لي الذنوب التي تحبس الدعاء

Худоё! Он гуноҳонеро, ки сабаб мешавад дуо кардани ман ҳабс шавад ва дарди дуо кардан ва муноҷот кардан аз ман гирифта шавад, биёмурз!

Ин аст, ки мегӯянд, дуо барои инсон, ҳам матлуб аст ва ҳам васила, яъне дуо ҳамеша барои истиҷобат нест; агар истиҷобат ҳам нашавад, истиҷобат шудааст. Дуо худаш матлуб аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: