Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (283)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (27)

* * *

Дар баёни он ки Мӯсо ва Фиръавн ҳар ду мусаххари машийятанд, чунонки заҳру позаҳру зулмоту нур, ва муноҷот кардани Фиръавн ба хилват, то номус нашиканад (4)

* * *

Чунки равғанро зи об исриштаанд,

Об бо равған чаро зидд гаштаанд?

Ба унвони мисол, равған, ки аслаш аз об аст, чӣ гуна дар ниҳояти амр бо об зидд мешавад?

Нукта: Ин суол ҷанбаи истифҳоми иқрорӣ дорад, яъне бо суоли худ амреро ба зеҳн меқабулонад. Байти баъдӣ низ ҳамин тавр.

Чун гул аз хор асту хор аз гул чаро

Ҳар ду дар ҷанганду андар моҷаро?

Мисоли дигар, гулу хор, ки аз якдигаранд, яъне аслу маншаи воҳид доранд ва асли он ду ҳамон решае аст, ки даруни хок аст ва бо тағзияи худ хору гулро падид меоваранд, чаро бо ин ки хору гул асли воҳид доранд, зидди якдигаранд?

* * *

Ваҳдати вуҷуд

Дар чанд байти ахир, масъалаи муҳимми «ваҳдати вуҷуд» тарҳ шуда. Ваҳдати вуҷуд дар назди урафо ва сӯфия ин аст, ки мафҳуми ҳастӣ як мисдоқи ҳақиқӣ бештар надорад. Дар сар то пойи олами вуҷуд, як мавҷуд бештар нест, ки дар ойинаҳои рангоранги моҳиятҳо ва таъайюнот ва мазоҳири мухталиф ҷилвагар аст. Ваҳдати вуҷуд ва зуҳури Ҳақ дар мазоҳири мавҷудот ва амсоли ин матолиб, ки аз урафо ва сӯфия шунида мешавад, иртибот пайдо мекунад бо қоидаи ирфонӣ ва фалсафии «баситул-ҳақиқати куллул-ашё». (1) Ва асос ва пояи он қоида низ масъалаи «ваҳдат дар касрат, ва касрат дар ваҳдат» аст, ки дар истилоҳи урафо, «ҷамъу фарқ, иҷмолу тафсил, ҳадду маҳдуд, ратқу фатқ, ва лаффу нашр» низ гӯянд. Албатта на он лаффу нашре, ки дар истилоҳи илми бадеъ омадааст, балки лаффу нашри таквинӣ. Ҳамон, ки Қуръон дар сураи Ҳуд, ояти 1 мефармояд:

كِتَابٌ أُحْكِمَتْ آيَاتُهُ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِن لَّدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ

«(Ин китоби ҳастӣ) китобе аст бо нишонаҳои муҳкам, ки аз ҷониби Худои фарзона ва огоҳ тафсил меёбад.» Ва дар сураи Анбиё, ояти 30 мефармояд:

أَوَلَمْ يَرَ الَّذِينَ كَفَرُوا أَنَّ السَّمَاوَاتِ وَالْأَرْضَ كَانَتَا رَتْقًا فَفَتَقْنَاهُمَا

«Оё кофирон надиданд, ки осмонҳо ва замин баста буданд ва мо он дуро бишкофтем?!»

Бар мабнои ваҳдати вуҷуд, вуҷуд айни ваҳдат аст, вале ин ваҳдат аз навъи ваҳдати ададӣ ва навъӣ ва ҷинсӣ нест, балки ваҳдати ҳақиқӣ аст, пас вуҷуд як ҳақиқат бештар нест ва ҳамон ҳақиқати воҳиди фарди ягона аст, ки дар маротиб ва дараҷоти мухталиф дар ҷаҳон таҷаллӣ ва зуҳур мекунад. Ба ҳамин лиҳоз, вуҷудро ба нур ташбеҳ кардаанд, ба ин муносибат, ки нур як ҳақиқат аст, ки бар ҳасби шиддату заъф, дар маротиб ва дараҷоти мухталиф зуҳур мекунад. Зимнан, нур зотан зоҳир аст, яъне барои зоҳир шудани худ ниёз ба восита надорад. Ва дар айни ин ки зотан зоҳир аст, зоҳиркунандаи ашё низ ҳаст. Яъне ҳамаи ашё ва мавҷудот, ба воситаи нур зуҳур менамоянд ва ба чашм меоянд. Ҳамин тавр вуҷуд, барои таҳаққуқи худ ниёз ба чизе надорад, зеро зотан мутаҳаққиқ аст, ва дар айни ҳол, таҳаққуқдиҳандаи мавҷудот ва моҳиёт низ ҳаст. Пас, ҳамаи мавҷудот ба як вуҷуд бозмегарданд ва ҳар кадом як таҷаллӣ аз таҷаллиёти беинтиҳои он ҳастанд.

Ҳамчу он як нури хуршеди само,

Сад бувад нисбат ба саҳни хонаҳо.

Лек як бошад ҳама анворашон,

Чунки баргирӣ ту девор аз миён.

Ва ё:

Нури ҳар ду чашм натвон фарқ кард,

Чунки дар нураш назар андохт мард.

Даҳ чароғ ар ҳозир ояд дар макон,

Ҳар яке бошад ба сурат ғайри он.

Фарқ натвон кард нури ҳар яке,

Чун ба нураш рӯй орӣ бе шаке.

Боз Мавлоно дар тамсили ваҳдати вуҷуд мегӯяд:

Мунбасит будему якҷавҳар ҳама,

Бесару бепо будем он сар ҳама.

Як гуҳар будем ҳамчун офтоб,

Бегиреҳ будему софӣ ҳамчу об.

Чун ба сурат омад он нури сара,

Шуд адад, чун сояҳои кунгура.

Кунгура вайрон кунед аз манҷаниқ,

То равад фарқ аз миёни ин фариқ.

Барои табйини ваҳдати вуҷуд ва маротиби мухталифи таҷаллӣ ва зуҳури он дар олам, тамсилоти дигаре низ аз сӯи урафо изҳор шудааст аз ҷумла:

* Тобиши нур бар обгинаҳо (шиша): Ҳангоме ки обгинаҳои рангоранг дар баробари офтоби оламтоб қарор мегиранд, партави офтоб бар он обиганҳо метобад ва ба он рангҳои гуногун мебахшад, ин рангҳои мухталиф як маншаъ бештар надоранд, ва он, партави офтоб аст, пас ҳамаи ин рангҳо ба як ранги офтоб бозмегарданд.

Аъён ҳама шишаҳои гуногун буд,

К-афтод бар он партави хуршеди вуҷуд.

Ҳам шиша, ки сурх буд ё зарду кабуд,

Хуршед дар он ҳам ба ҳамон шакл намуд.

* Зуҳури дарё ба суратҳои мухталиф: Оби дарё воҳид аст, аммо дар маротиби мухталиф ба суратҳои амвоҷ ё шиддату заъфи хосс бухор, борон, сел ва ғайра дармеояд ва ниҳоятан ҳамаи инҳо дубора ба дарё бозмегардад.

Масъалаи ваҳдати вуҷуд, дар фалсафаи Юнону Ҳинд, собиқаи дерина дорад. Ба таври мисол, Филутин ҳақиқатро воҳид медонад ва аҳадиятро асл ва маншаи ҳамаи ашё ва мавҷудот мешумурад. Ӯ мавҷудотро ҷамиъан таровушёфта аз мабдаи нахустин меангорад ва ғояти вуҷудро низ бозгашт ба сӯи ҳамон мабдаъ медонад. (Сайри ҳикмат дар Урупо, 1/52)

Дар мутуни куҳани ҳиндуён низ ба ин масъала бисёр пардохта шуда аз он ҷумла аст: «Чунончи офтоб худ равшан аст ва ҷамиъи ҷиҳоти болову пойин ва ҷиҳотро ба нури худ равшан медорад, ҳамчунин он зоти ягона ва бузург ва равшан ва сазовори таъзим, дар ҷамиъи таъайюноти хурду бузург даромада, ҳар якро дар мартибаи худ равшан ва барқарор медорад.» (Упонишод, с.206) Ва боз гуфтааст: «Ӯ аз ҳар латифе латифтар аст ва дар миёни ҳамаи олам мебошад ва пайдокунандаи ҳамаи олам аст ва ҳамаи суратҳои мухталиф сурати ӯст ва он тамоми оламро иҳота карда». (Ҳамон манбаъ) Боз мегӯяд: «На ӯро боло тавон гуфт ва на ӯро пойин тавон гуфт ва на ӯро миён тавон гуфт ва на ӯро ҷиҳат тавон гуфт, ӯро мисл нест, номи ӯст баландовоза, ҳар чи ба чашм дарояд, сурати ӯ нест ва ба чашм ӯро натавон дид, ӯро ба нафйи ҷамиъи мосиво метавон ёфт, ё ин ки худро айни ӯ донанд метавон ёфт. Касоне, ки инчунин бидонанд, безавол мешаванд.» (Ҳамон манбаъ, с.207)

Абӯрайҳони Берунӣ дар китоби «Алҳинд» ин масъаларо тафсилан мавриди таҳқиқ қарор дода ва муқоисае миёни машраби тасаввуфи исломӣ бо ақидаи ҳиндувон ба амал овардааст ва решаи ягонаи ин ду ақидаро дар ин ду ойин баррасӣ кардааст. (Мавлавинома, ҷ.1, с.230)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

* * *

Поварақӣ

* * *

(1) Ин қоида тавассути Мулло Садро поя ниҳода шуд, ва изҳор кард, ки ҳақиқат ба зоти худ басит аст, яъне ҳеч як аз ақсом ва аҷзои зеҳнӣ ва моддӣ ва хориҷӣ, таркиб наёфта. Ин вуҷуд дар олам яке аст ва ҳамаи ашёро шомил мешавад ва марҷаи кулли ашё ва кулли умур аст. (Алмашоъир, с.189)

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: