Перейти к содержимому

Оё Ӯрдун дар остонаи инқилоб аст? (Тасовир)

Рӯзи шанбе ҳазорон ӯрдунӣ бори дигар дар манотиқи мухталифи ин кишвар бо омадан ба хиёбонҳо, алайҳи қонуни молиёт ва сиёсатҳои иқтисодии давлат тазоҳурот карда ва бар лузуми канорагирии давлати Ҳонӣ Алмалақӣ ва инҳилоли порлумони Ӯрдун таъкид карданд. Эътирозот аз чаҳоршанбеи гузашта бо эътисоби умумӣ ба дархости иттиҳодияҳои синфӣ (профсоюзҳо) шурӯъ шуд.

Ба гузориши Fararu, ахиран порлумони Ӯрдун тасвиби тарҳи молиёт барои даромадро дар дастури кори худ қарор додааст; амре, ки боиси хашми иттиҳодияҳои синфӣ шуд. Ӯрдуниҳо барои чаҳорумин рӯз ба хиёбон рехта ва шиорҳое алайҳи давлат ва порлумон сар доданд. Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки ин тазоҳурот, ҳам ба лиҳози теъдод ва ҳам ба лиҳози густариш, бо тазоҳуроти қаблӣ дар Ӯрдун мутафовит аст. Илова бар Аммон, соири устонҳои Ӯрдун ҳам ба тазоҳурот алайҳи давлат пайвастанд.

Чаҳоршанбеи гузашта, иттиҳодияҳои синфӣ дар эътироз ба тарҳи порлумон барои ахзи молиёт барои даромад, хостори эътисоботи густурда шуданд ва ба давлат як ҳафта барои хориҷ кардани ин тарҳ аз дастури кор мӯҳлат доданд. Аммо дар пайи адами ҷалби ризояти иттиҳодияҳои синфӣ, чандин устони Ӯрдун саҳнаи тазоҳурот ва даргирӣ бо нерӯҳои амниятӣ шуд. Мӯътаризон дар пойтахти Ӯрдун ҳатто барои тасарруфи мақарри нахуствазирӣ ба самти майдони чаҳоруми Аммон ҳаракат карданд. Аммо нерӯҳои амниятӣ монеъи расидани мӯътаризон ба он ҷо шуд.

Шиорҳои мӯътаризон низ қобили таваҷҷӯҳ буд. Ӯрдуниҳо дар ҷараёни тазоҳурот, яке аз шиорҳои маъруфи ҷаҳони араб — «Миллат сарнагунии давлатро мехоҳад! (Ашшаъбу юриду исқотал-ҳукума»)«-ро муҷаддадан сар доданд.

Қабл аз тазоҳуроти ахир, намояндагони иттиҳодияҳои синфӣ барои мутақоъид кардани раиси давлат ба лағви тарҳи молиётгирӣ бо ӯ ҷаласа гирифтанд. Аммо натиҷае ҳосил нашуд. Абдуллоҳи дуввум, подшоҳи Ӯрдун низ барои контроли авзоъи бӯҳронӣ, аз давлат ва порлумон хост, то гуфтугӯи миллии ҳамаҷонибаеро барои ҳалли масъала оғоз кунанд.

Отиф Аттаровина, раиси порлумон, барои ҳалли бӯҳрон, раиси давлат ва руасои иттиҳодияҳои синфиро барои анҷоми гуфтугӯ ба порлумон даъват кард. Аммо ин гуфтугӯҳо ҳам ба натиҷае нарасид.

Илова бар тарҳи молиётгирӣ, давлати Ӯрдун қасд дошт қимати сӯхт ва барқро афзоиш диҳад, аммо подшоҳи Ӯрдун ба давлат дастур дод, аз ин амр худдорӣ кунад. Бо ин ҳол, дастури подшоҳ на танҳо натавонист авзоъро ором кунад, балки пас аз он, тазоҳурот ба чанд устони дигар ҳам кашида шуд.

Давлати Ӯрдун дар рӯзи эътисоботи густурда дар ин кишвар, тасмим гирифт қимати сӯхтро афзоиш диҳад. Манобеъи баландпоя ба Алҷазира гуфтаанд, подшоҳи Ӯрдун аз ин тасмими давлат ба шиддат хашмгин шуда буд. Дар натиҷа ба давлати Ҳонӣ Алмалақӣ дастур дод, ки аз ин тасмими «бепарво» ақибнишинӣ кунад.

Тазоҳуроти ахири Ӯрдун, боиси нигаронии давлат шуда, зеро ин бор гурӯҳҳои ҷадиде вориди эътирозот шудаанд. Як манбаъи сиёсӣ ба Алҷазира гуфтааст, бисёре аз гурӯҳҳо барои аввалин бор дар эътирозот ширкат мекунанд.

Агарчи эътирозоти Ӯрдун умуман мусолиматомез буд, аммо дар мавориде маҳдуд ба хушунат кашида шуд. Ба унвони намуна, дар минтақа Аззарқоъ мӯътаризон ба як полоишгоҳ ҳуҷум бурданд ё ин ки дар маркази пойтахт ба як маркази пулис ҳамла карданд.

Эътирозот то субҳи рӯзи шанбе идома ёфт. Ба гуфтаи Алҷазира ин эътирозот ба «муҳосираи» мақарри нахуствазирӣ шабеҳ буд. Мӯътаризон танҳо замоне хиёбонро тарк карданд, ки аз тасмими руасои иттиҳодияҳои синфӣ барои идомаи эътирозот ва эътисобот дар чаҳоршанбеи оянда мутмаин шуданд.

Он чи ояндаи Ӯрдунро мубҳам карда, истимрори эътирозот аст. Шӯрои иттиҳодияҳои синфӣ, пас аз баргузории ҷаласаи фаврӣ дар бомдоди дирӯз, таъкид кард, ки эътирозот камокон идома дорад.

Дар сояи эътирозоти рӯзафзуни Ӯрдун, барои ояндаи ин эътирозот чанд сенорию қобили тасаввур аст: нахуст он ки давлат аз тасвиби қонуни молиётгирӣ ақибнишинӣ кунад ва бад-ин васила хиёбонҳоро ором кунад. Нозирон мӯътақиданд, ки ин гузина, эътирозотро камранг хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки бархе дигар мӯътақиданд, ки мутолиботи эътирозот аз лағви тарҳи молиётгирӣ фаротар рафта ва мӯътаризон хоҳони инҳилоли давлат ҳастанд.

Гузинаи дигар он ки порлумони Ӯрдун тарҳи молиётгириро таъдил кунад. Ин гузина ҳам наметавонад ҳамаи мӯътаризонро розӣ кунад.

Агар гуфтугӯи давлат бо иттиҳодияҳои синфӣ ба шикаст бианҷомад, авзоъи Ӯрдун бӯҳронитар хоҳад шуд. Чунин чизе на танҳо ба маънои идомаи эътирозот аст, балки мумкин аст шикоф байни давлат ва мӯътаризонро бештар кунад.

Албатта дахолати подшоҳ барои контроли авзоъ метавонад раванди вақойеъро тағйир диҳад. Дар тазоҳуроти рӯзи ҷумъа, мӯътаризон барои расондани паёмашон ба подшоҳ, ба сӯи мақарри девони подшоҳӣ дар пойтахт ҳаракат карданд. Дар ин тазоҳурот мӯътаризон шиорҳое барои дархости дахолати подшоҳ ҷиҳати ҳалли бӯҳрон сар доданд.

Тасовире аз эътирозот дар Ӯрдун:

Fararu

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: