«Ваҳдати уммати исломӣ ормони Қудсро бароварда мекунад»

Ёддошти Зулфиқори Исмоилиён, рӯзноманигор ва коршиноси сиёсии тоҷик

Рӯзи Қудс рӯзи додрасии уммати исломӣ барои дифоъ аз мазлумияти Фаластин аст.

Қудс рӯзе аст, ки ҳамаи кишварҳои мусалмон бояд нерӯ ва имконоти худро басиҷ кунанд, чун мардуми Фаластин бо қурбониҳое, ки доданд ва талошҳое, ки карданд, дар ҳақиқат ба намоди истодагӣ ва муқобила бо мустакбирон ва ғосибин табдил шуданд, ки ҳимоят аз онон вазифаи мусалмонон ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон аст.

Ҳафт даҳа аз ишғоли кишвари Фаластин тавассути режими саҳюнистӣ мегузарад, тайи ин муддат даҳҳо ҳазор нафар аз мардуми Фаластин шаҳид, маҷрӯҳ ва зиндонӣ ва милюнҳо нафар низ аз хона ва кошонаи худ маҳрум ва дар кишварҳои мухталиф овора шуданд.

Бо ин вуҷуд фаластиниён ҳамчунон аз мубориза даст барнадошта ва ба дунболи даст ёфтан ба ҳаққи худ ҳастанд.

Бинобар ин, бояд дар муносибатҳое назири Рӯзи ҷаҳонии Қудс, ҳамаи мусалмонон ваҳдат, ҳамдилӣ ва якпорчагии худ дар дифоъ аз мардуми Фаластинро ба намоиш бигузоранд.

Интиқоли сафорати Омрико ба Байтулмуқаддас, ки ахиран иттифоқ афтод низ ҳамон ҳадафи аз байн бурдани ормони Фаластинро дунбол мекунад.

Яъне аз тариқи ба расмият шинохта шудани Қудс ба унвони пойтахти «Исроил», ба дунболи эҷоди ноумедӣ дар миёни мардуми Фаластин ва кулли мусалмонон мебошанд, то дигар ба истилоҳ ба «ҳукми сарнавишташон» тан дардиҳанд.

Аз сӯи дигар, ин иқдом нишон дод, ки Вошингтун зимни иддаоҳои худ барои ба истилоҳ миёнҷигарӣ дар музокироти сулҳ миёни саҳюнистҳо ва Фаластин, дар асл фақат ҳадафи таъмини манофеъи «Исроил»-ро дар назар дорад.

Интиқоли сафорати Омрико ба Байтулмуқаддас бо ин ки хилофи қавонини байналмилалӣ ва чандин қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони Милал мебошад, вазъияти минтақаро ҳассостар аз гузашта карда ва мунҷар ба куштори беш аз 120 нафар ва захмӣ шудани чандин ҳазор фаластинӣ шуд, ки дар баробари ин иқдом даст ба эътирозот заданд.

Мутаассифона бахши қобили таваҷҷӯҳе аз кишварҳои мусалмон ё нисбат ба мазлумияти Қудс бетафовутанд ё онро мавзӯъи муомилаи худ бо Омрико ва «Исроил» қарор доданд. Ба хусус давлатҳои арабии халиҷи Форс тайи даҳаҳои тӯлонӣ бо бетарафии худ амалан иқдомоти режими саҳюнистиро таъйид мекунанд.

Шуюухи араб замоне, ки пулҳои бодовардаи нафтии хешро дар бонкҳои Омрико ва Ғарб нигаҳ медоранд, ҳам худ ва ҳам наслҳои баъдиро бо вуҷуди сарватҳои ҳангуфт, дар вобастагии ҳақиронае қарор медиҳанд.

Агар ғайри ин буд, муҳосираи тӯлонии Ғазза, ки ҳатто садои созмонҳои ғайриисломии ҳуқуқи башарро даровардааст, ҳаддиақал як бор ба мавзӯъи нигаронии ин давлатҳо табдил мешуд.

Имрӯз беш аз ҳар замони дигаре уммати исломӣ ба ваҳдат ва якпорчагии воқеӣ ниёз дорад, то битавонад бар таҳдидот ва чолишҳои мутаъаддиде, ки пеши рӯи кишварҳои мусалмон қарор дорад, фоиқ ояд.

Расидагӣ ба мавзӯъи Фаластин дар сутуҳи мухталифи минтақаӣ ва байналмилалӣ бояд яке аз милокҳои аслии таъйин ва тазмини ваҳдат ва якпорчагии исломӣ шинохта шавад.

Farsnews

Акс аз пойгоҳи интернетии Радиои Озодӣ

Реклама


Рубрики:Дидгоҳ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: