Перейти к содержимому

«Рӯзи ҷаҳонии Қудс, рӯзи мубориза барои таҳаққуқи адли илоҳӣ»

Ёддошти Игор Панкратенко, коршиноси сиёсии рус

Гоҳе авқот аз забони бархе шунида мешавад, ки Рӯзи ҷаҳонии Қудс дигар маънои хоссе надорад, зеро бо ин вуҷуд, ки мардум тазоҳурот ва роҳпаймоӣ баргузор карда ва ҳамбастагии худ бо мазлумияти Фаластинро иброз мекунанд, вазъият на танҳо беҳбуд намеёбад, балки ҳатто бадтар ҳам мешавад.

Ин гуна баҳсҳо ба хусус пас аз он ки Дунолд Тромп ваъдаи интихоботии худ дар баробари лоббии яҳудӣ ва ҳомиёни молиашро иҷро ва сафорати кишварашро ба Байтулмуқаддас мунтақил кард, хеле бештар шудааст.

Албатта ихтилофоте, ки дар миёни худи гурӯҳҳои фаластинӣ вуҷуд дорад, ба бадбиниҳо дар баробари имкони таҳаққуқи ормони мардуми сарзаминҳои ишғолӣ доман задааст.

Бидуни тардид, аҳаммияти Рӯзи Қудс ба маротиб густурдатар ва амиқтар аз аҳдофи сиёсии мақтаъӣ аст. Аҳаммияти воқеии Рӯзи Қудс ҳамон аст, ки Имом Хумайнӣ (р) дар камтар аз як сол пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ тарсим карда буданд: «Рӯзи Қудс фақат рӯзи Фаластин нест; рӯзи муқобилаи мустазъафони олам алайҳи мустакбирон ва рӯзи мубориза барои низоми одилонаи ҷаҳон аст!»

Мутаассифона имрӯз ҷомеаи ба истилоҳ ҷаҳонӣ, тибқи қавонини хоссе, ки барои кишварҳои абарқудрат дорои манофеъ аст, зиндагӣ мекунад. Маросими диплумотик, имзои тавофуқномаҳо ва ғайра, ҳамагӣ фақат лояи зоҳирӣ мебошанд, ки кишварҳои мустакбири ҷаҳонӣ мавқеъе, ки барояшон фурсати ба даст овардани луқмаи чарб назири суди боло, бахше аз қаламрав ва ё манобеъи табиӣ фароҳам шавад, барои он пашизе қоил нестанд.

Ба маҳзи ин ки шикорчиёни ҷаҳонӣ бӯи сарватҳои бодоварда ва масуният аз муҷозот дар баробари қурбонии худро эҳсос кунанд, дигар ҳеч навъ тавофуқ аз ҷумла ҳуқуқи ба истилоҳ байналмилал корбурде надорад. Фақат як ҳаққ ва як қонун, ва он ҳаққи мустакбир, арҷаҳият меёбад.

Пас аз ин аст, ки диплумотҳои вобаста, рӯзноманигорони фурӯхташуда ва коршиносони ба истилоҳ омӯзишдидаи худро дар канори пайкари ҳанӯз сарднашудаи қурбонӣ қарор медиҳанд ва собит мекунанд, ки муқассир ва ноқизи қавонин худи қурбонӣ буда ва қасди ҳамларо дар сар мепарваронда ва танҳо мӯъҷиза ва албатта қаҳрамонии сиёсатмадорони ғарб буд, ки ҷаҳонро аз фоҷеаи дигаре наҷот дод.

Дақиқан бо ҳадафи муқобила алайҳи зулму ситам аст, ки дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс садҳо ҳазор нафар ба хиёбонҳо мерезанд ва ин воқеиятро барҷаста мекунанд, ки зиндагӣ тибқи қонуни ҷангал беотифа ва ғайритабиӣ аст. Чунин зиндагӣ шоистаи инсон ва қобили таҳаммул намебошад.

Рӯзи ҷаҳонии Қудс рӯзи муқовимат дар баробари касоне аст, ки мехоҳанд моро маҷбур ба зиндагӣ тибқи қонуни ҷангал кунанд. Вале муқовимат чорчӯби содда ва мушаххасе дорад: ё бояд истод ва гоме ба ҷилав бардошт, ва ё заъф нишон дода ва шоҳиди даҳ гом ба ҷилав дар ҷиҳати ҳамлаи маргбори шикорчиёни ҷаҳонӣ буд.

Ҳар як аз мо ба танҳоӣ заифу камтавон хоҳем буд, вале чунончи дар Рӯзи Қудс даст ба дасти ҳам диҳем, ба қудрате табдил хоҳем шуд, ки ҳатман пирӯзиро ба номи худ сабт хоҳад кард. Албатта дар ин масир сахтиҳо ва гоҳе авқот шикастҳо ҳам иттифоқ меафтад, вале яқинан адли илоҳӣ дар ниҳоят на ба суди мустакбирон, балки мустазъафин рақам хоҳад хӯрд.

Farsnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: