Шарҳи Маснавӣ (284)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (28)

* * *

Дар баёни он ки Мӯсо ва Фиръавн ҳар ду мусаххари машийятанд, чунонки заҳру позаҳру зулмоту нур, ва муноҷот кардани Фиръавн ба хилват, то номус нашиканад (5)

* * *

Ё на ҷанг аст ин, барои ҳикмат аст,

Ҳамчу ҷанги харфурӯшон санъат аст.

Ё ин низоъ миёни мӯъмину кофир аз рӯи ҳикмате аст, ки намуди ҷанг дорад ва дар воқеъ ҷанг нест. Дуруст монанди ҷангу низоъи сохтагии харфурӯшон аст, ки барои боло бурдани қимати ҳайвони худ, бо якдигар тибқи қарори қаблӣ, дар баробари муштариён муҷодилаи лафзӣ мекунанд

Нукта: «Ҷанги харфурӯшон» киноя аз ҷангҳои сохтагӣ ва тасаннуъӣ аст, зеро харфурӯшон тибқи қарори қаблӣ, миёни худ низоъе меоростанд ва қимати харро боло мебурданд, то муштарии хомтабъу соддалавҳро бифиребанд ва хари вомондаи худро ба баҳои газоф бифурӯшанд. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1054)

Ё на ин асту на он, ҳайронӣ аст,

Ганҷ бояд ҷуст, ин вайронӣ аст.

Ё ин ҷанг на барои он ҳикмат аст ва на тасаннуъӣ, балки дар ин маврид ҳайрате вуҷуд дорад, ки ҳамагон ғарқ дар онанд. Ганҷи ваҳдатро биҷӯ ва бихоҳ, ки ин касратҳо ҷуз вайронӣ ва харобӣ чизи дигар нест.

Нукта: Муаммои ҳастиро фақат бо ақл наметавон дарёфт, балки бояд бо калиди ҳайрати орифона дарк кард. (Муқаддимаи Румӣ ва тафсири Маснавии маънавӣ, с.374)

Он чӣ ту ганҷаш таваҳҳум мекунӣ,

З-он таваҳҳум ганҷро гум мекунӣ.

Он чизеро, ки ту ганҷ гумон мекунӣ, ҳамон гумони ту сабаб мешавад, ки ганҷи ваҳдатро гум кунӣ.

Нукта: Ту хаёл мекунӣ ба ганҷи ваҳдат восил шудаӣ, ва хабар надорӣ, ки ҳамин ҷазмандешии ту сабаб мешавад, ки дар вайронаҳои ихтилофу тафриқа замингир шавӣ ва натавонӣ ба ганҷи ҳақиқӣ роҳ ёбӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.741)

Чун иморат дон ту ваҳму ройҳо,

Ганҷ набвад дар иморатҷойҳо.

Ту назариёту ороу авҳоми худро иморатҳое бибин, ки дар олами зеҳни худ барафроштаӣ, ва ту бояд ин нуктаро ҳам бидонӣ, ки ганҷ дар иморату ободонӣ ёфт нашавад, балки ҳамеша ганҷ дар вайронаҳо пайдо мегардад.

Нукта: Пас, эй солик! Ганҷи Ҳаққу маърифатро бояд дар фано ва вайронии вуҷуди шахсӣ ва мавҳуми худ бидонӣ. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.742)

Дар иморат ҳастиву ҷанге бувад,

Нестро аз ҳастҳо нанге бувад.

То вақте, ки таъайюнҳо ва ҳастиҳои маҷозӣ (иморат) вуҷуд дорад, ҷангу ихтилоф низ вуҷуд хоҳад дошт. Ва ҳастии маҳз аз ин навъ ҳастиҳои ҷузъӣ ва маҷозӣ ва худбиниҳо нангу ор дорад.

Нукта: Гоҳе дар таъбири Мавлоно, «ҳастӣ» ба маънии «худбинӣ» ва «вуҷуди маҷозӣ» низ ба кор меравад. Ва ба гуфтаи Никелсун, «нест» дар ин ҷо (мисроъи дуввум) ба маънии ҳақиқати бешакл ва ба дур аз таъайюнҳои изофӣ ва маҷозӣ аст. (Муқаддимаи Румӣ ва тафсири Маснавии маънавӣ, с.374) Бинобар ин, касе, ки муддаӣ мешавад ба ганҷи ваҳдат даст ёфтааст ва дар айни ҳол низ асиру бандии худбиниҳо ва манҳои изофӣ аст, иддаои ёвае кардааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.742)

На ки ҳаст аз нестӣ фарёд кард,

Балки нест он ҳастро водод кард.

Зеро нестҳои ҳастнамо, ҳастҳои нестнаморо аз худашон дур накардаанд, балки баръакс, ҳастҳои нестнамо коре карданд, ки нестҳои ҳастнамо аз онҳо дур шаванд.

Вододан: пас задан, рад кардан.

Нукта: Ин байтро метавон бар ду ваҷҳ ҳамл кард: агар «нест»-ро дар ин ҷо ба маънии «ҳастии бидуни таъайюну ҳадду расм» фарз кунем, мақсуд ин аст: ҳарчанд вуҷуди мутлақ ва ҳастии маҳз дар қолабҳои моҳиёт ва ҳаёкили мумкинот зоҳир мешавад, ва лекин дар зарфи онҳо маҳдуд намегардад ва аз ҳудуду зуруфи онҳо берун аст ва гурезон.

Ваҷҳи дуввум: агар «нест»-ро ба маънии орифи фонӣ дар Ҳақ ва раҳида аз банди нафсу худбинӣ фарз кунем, мақсуди байт ин аст: он орифи фонӣ аз худбинон мегурезад ва аз муқоринат ва ҳамроҳӣ бо онҳо ору нанг дорад. Яъне агар мушоҳида мешавад, ки аҳли ҳаво ва худбинон аз орифони фонӣ мегурезанд, бад-он ҷиҳат аст, ки ин радду инкор аз даруни орифон бар онон ориз мешавад, на билъакс. Ҳикояти зайл мувофиқи ин мақсуд аст: «Рӯзе асҳоби сӯҳбат ҳикоят мекарданд, ки умаро ва акобири замон ба назди шуюхи шаҳр ба ҷидд мераванд ва ба зиёрати ин ҳазрат (Мавлоно) камтар меоянд, аҷабо сабаби он чӣ бошад ва аз чист? Магар ки ин азамат (Мавлоно)-ро намебинанд ва аз ин асрор маҳҷубанд? Ҳазрати Мавлоно фармуд, ки наёмаданро мебинед, аз ин тараф ронданро намебинед.» (Маноқибул-орифин, с.133)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: