Перейти к содержимому

Инсони комил (10)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Дарди инсон нисбат ба халқи Худо

Гурӯҳе дигар дар мавзӯъи дарди инсон, ки онро арзиши арзишҳо талаққӣ мекунанд, мутаваҷҷеҳи амри дигаре шудаанд: дарди инсон нисбат ба халқи Худо, на дарди инсон нисбат ба Худо. Мегӯянд, меъёри инсонияти инсон ин аст, ки дарди дигаронро дошта бошад; яъне нороҳатиҳое, ки мутаваҷҷеҳи дигарон аст ва ҳеч ба шахси ӯ марбут нест, дар ӯ дард эҷод мекунад, ӯ ғамхори дигарон аст. Ба қавли Саъдӣ:

Ман аз бенавоӣ наям рӯйзард,

Ғами бенавоён рухам зард кард.

Агар дарди дигарон ва ғамхорагӣ дар касе пайдо шуд, аз гуруснагии дигарон хобаш намебарад; гуруснагии худаш аз гуруснагии дигарон осонтар аст. Агар хоре дар пойи дигарон фурӯ равад, мисли ин аст, ки дар чашми ӯ фурӯ рафтааст. Мегӯянд, ин дарди инсон аст; дарде аст, ки ба инсон шахсият ва арзиш медиҳад, ва ин аст маншаи ҳамаи арзишҳои инсонӣ. Имрӯз мебинем онҳое, ки доиман мегӯянд, фалон масъала инсонӣ аст, аслан инсониятро ҷуз дар ин ҷо дар ҷойи дигаре пиёда намекунанд. Ҳар чизе, ки бозгашташ ба эҳсоси масъулияти инсон ва дарди инсон дар қиболи инсонҳои дигар бошад, онро инсонӣ медонанд, ва ҳар чи ғайр аз ин бошад, онро инсонӣ намедонанд. Ин ҳам маҳв шудани арзишҳо дар як арзиши дигар аст.

* * *

Назари ислом

Оё аз назари меъёрҳои исломӣ, инсон касе аст, ки дарди дигаронро дошта бошад? Ё касе аст, ки фақат дарди Худоро дошта бошад? Аз назари меъёрҳои исломӣ, инсон касе аст, ки дарди Худоро дошта бошад ва чун дарди Худоро дорад, дарди инсонҳои дигарро ҳам дорад.

Бибинед, Қуръон чӣ гуна сухан мегӯяд. Қуръон роҷеъ ба Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) мефармояд:

فَلَعَلَّكَ بَاخِعٌ نَّفْسَكَ عَلَى آثَارِهِمْ إِن لَّمْ يُؤْمِنُوا بِهَذَا الْحَدِيثِ أَسَفًا

«Шояд агар ба ин сухан имон наёваранд, ту ҷони худро аз андӯҳ дар пайгирии корашон табоҳ кунӣ». (Сураи Каҳф, ояти 6)

Пайғамбар ончунон барои ҳидоят ва саодати мардум ва наҷоти онон аз асоратҳо ва гирифториҳои дунё ва охират ҳарис аст, ки мехоҳад худро ҳалок кунад. Хитоб мерасад, ки чӣ хабар аст? Мисли ин ки ту мехоҳӣ худатро ба хотири мардум талаф кунӣ!

طه. مَا أَنزَلْنَا عَلَيْكَ الْقُرْآنَ لِتَشْقَى. إِلَّا تَذْكِرَةً لِّمَن يَخْشَى

«Тоҳо! Қуръонро бар ту нозил накардем, то ба ранҷ афтӣ; ҷуз ин ки барои ҳар ки метарсад, панде бошад.» (Сураи Тоҳо, оятҳои 1-3)

Дар ояте дигар мефармояд:

لَقَدْ جَاءكُمْ رَسُولٌ مِّنْ أَنفُسِكُمْ عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ حَرِيصٌ عَلَيْكُم بِالْمُؤْمِنِينَ رَؤُوفٌ رَّحِيمٌ

«Қатъан барои шумо паёмбаре аз худатон омад, ки бар ӯ душвор аст шумо дар ранҷ биафтед, ба ҳидояти шумо ҳарис ва нисбат ба мӯъминон дилсӯзи меҳрубон аст.» (Сураи Тавба, ояти 128)

Бибинед таъбири Қуръон чӣ қадр аҷибу олӣ аст: мардум! Паёмбаре аз миёни шумо ва аз ҷинси шумо барои шумо омадааст. Аввалин хусусияташ ин аст, ки:

عَزِيزٌ عَلَيْهِ مَا عَنِتُّمْ

Ранҷҳои шумо бар ӯ ногувор аст ва ӯ дарди шуморо дорад.

Пас мусалмон кист? Мусалмон касе аст, ки ҳам дарди Худоро дошта бошад ва ҳам дарди халқи Худоро.

حَرِيصٌ عَلَيْكُم

Қуръон таъбири “ҳарис”-ро ба кор бурдааст. Гоҳе баъзе падарҳо, ки мехоҳанд баччаҳояшон мулло бишаванд, он қадр ифрот меварзанд, ки мегӯянд фалон кас ҳарис аст ба ин ки баччааш босавод бишавад, мисли одаме, ки ҳариси моли дунёст. Дуруст мисли одаме, ки пулпараст ва ҳариси ҷамъоварии пул аст. Пайғамбар ҳариси наҷоти мардум аст, ҳариси беҳбуд бахшидан ба дардҳои мардум аст. Ин мешавад дарди халқ доштан.

Магар худи Алӣ (Алайҳис салом) ин таъбирро намекунад? Магар таъбири “дард” моли худи ӯ нест?

Достони маъруфе аст, ки мукаррар шунидаед: дар Басра Усмон ибни Ҳунайф дар як маҷлиси меҳмонӣ ширкат кардааст. Дар он маҷлиси меҳмонӣ чӣ хабар будааст? Алъёз биллоҳ, машруб буда? На. Қимор буда? На. Фисқу фуҷуре буда? На. Пас чӣ буда?

Гуноҳи Усмон ибни Ҳунайф ин буда, ки дар як маҷлиси сад дар сад ашрофӣ ширкат карда, яъне аз фуқаро касе дар он маҷлис набудааст. (1) Ба Алӣ (Алайҳис салом) хабар мерасад, ки намоянда ва ҳокими шумо дар маҷлисе ширкат кардааст, ки дар он маҷлис ағниё ва пулдорҳо ва ашроф вуҷуд доштаанд, вале аз фуқаро касе дар он ҷо набудааст. Алӣ (Алайҳис салом) мефармояд:

وما ظننت أنك تجيب الى طعام قوم عائلهم مجفوّ وغنيّهم مدعوّ

Ибни Ҳунайф! Ман бовар намекардам, ки ту даъват бар суфраеро бипазирӣ, ки ағниёро дар он ҷо даъват карда бошанд, вале фуқароро даъват накарда бошанд ва онҳо пушти дар монда бошанд.

Баъд Алӣ (Алайҳис салом) шурӯъ ба гуфтани дардҳои худаш мекунад, то мерасад ба он ҷо, ки роҷеъ ба худаш мегӯяд:

ولو شئت لاهديت الطريق الى مصفّى هذا العسل ولباب هذا القمح ونسائج هذا القزّ

Алӣ (Алайҳис салом) халифа аст. Мегӯяд, агар ман бихоҳам, имконот бароям фароҳам аст; беҳтарини хӯрданиҳо ва нӯшиданиҳо ва беҳтарини пӯшиданиҳо ва ҳар чи, ки бихоҳам, барои ман фароҳам аст.

ولكن هيهات أن يغلبني هواي ويقودني جشعي الى تخيّر الأطعمة

Ва лекин ҳайҳот, ки ман чунин кунам, маҳол аст, ки ман маҳори худро ба дасти ҳирсу ҳавои нафсам бидиҳам.

Ҳол чаро? Магар Худо ин неъматҳоро ҳаром кардааст?

Алӣ (Алайҳис салом) тавзеҳ медиҳад, то касе хаёл накунад либоси хуб пӯшидан ҳаром аст, асали мусаффо хӯрдан ҳаром аст. На. Масъалаи дигаре аст. Инҳо ҳаром нест, ҳалол аст. Мефармояд:

ولعلّ بالحجاز أو اليمامة من لا طمع له في القرص ولا عهد له بالشبع

Агар ман ин ҷо шиками худро сер кунам, шояд дар Ироқ ва Куфа ва Ямома ва савоҳили халиҷи Форс ва дар Ҳиҷоз касоне бошанд, ки умед ба ин як қурси нонро ҳам надошта бошанд.

أو أبيت مبطانا وحولي بطون غرثى وأكباد حرّى

Оё ман шиками сер бихобам ва дар атрофам шикамҳои гурусна ва ҷигарҳои ташна бошад? Оё ман он гуна бошам, ки шоир мегӯяд:

وحسبك داءً أن تبيت ببطنة

وحولك أكباد تحنّ الى القدّ

Яъне ин дард (доъ) туро бас, ки шиками сер бихобӣ ва дар атрофат шикамҳои гурусна вуҷуд дошта бошад.

Ба ин мегӯянд дарди халқи Худо. Инро мегӯянд меъёри инсоният, ва ба таъбири саҳеҳтар, модари дуввуми арзишҳо.

Сипас мефармояд:

أأقنع من نفسي بأن يقال أمير المؤمنين ولا أشاركهم في مكاره الدهر

Оё ман ба лақабу исм қаноат кунам? Оё ба лақабе, ки ба ман медиҳанд ва “Эй Амиралмӯъминин!” мегӯянд ва маро амири мӯъминон ва халифа мехонанд ва ба ин ки маро ба унвони раиси як мамлакати исломӣ, ки бештарин маъмураи оламро гирифтааст хитоб мекунанд, қаноат кунам ва бар худ номи Амирулмӯъминин бигузорам ва бо мӯъминон дар сахтиҳои рӯзгор ширкат надошта бошам?! (Наҳҷул-балоға, номаи 45)

Бибинед сухан, ҳама аз ҳамдардӣ ва дарди дигаронро эҳсос кардан аст.

* * *

Дарди матлуб

Ҳол, аз шумо мепурсам, оё беҳтар аст одам лахт бошад, аъзояш карах бошад ва роҳат бошад, ва ё беҳтар аст ҳассос бошад ва ин дардро дарк кунад? Ин дарде аст, ки дар айни ҳол лазиз ҳам ҳаст, чун дарде, ки барои дигарон бошад, ҳамеша лазиз аст. Ин матлаб чӣ розе дорад? Худо худаш медонад. Ҳамчунон, ки дарди дигарон доштан лазиз аст, дарди ҳиҷрони Ҳақ ҳам лазиз аст.

Бӯалӣ дар «Ишорот» дар бораи ин масъала, ки гоҳе як чиз дард ҳаст, вале дар айни ин ки дард аст лазиз аст, мисоле меоварад. Мегӯяд: ин навъ дард назири хориши бадан аст, ки бадан хориш мекунад ва сӯзиш дорад ва инсон вақте хориш медиҳад, маҳалли хориш дард мекунад ва дар айни ин ки дард мекунад, инсон хушаш меояд. Ин дард, дарди талхе нест.

Ин дард дарде аст, ки ҷонро месӯзонад, ашкро ҷорӣ мекунад, аммо ғами маҳбуб аст, ғами матлуб аст. Инсон аз як силсила ғамҳо ҳамеша фирор мекунад, вале чӣ тавр мешавад, ки агар ба мо бигӯянд маҷлиси зикри мусибати Имом Ҳусайн (Алайҳис салом) барқарор аст ва маҷлиси хеле бо ҳоле аст, мехоҳем ба он ҷо биравем? Инсон то дилаш насӯзад ва дард нагирад, ашк намерезад. Вале дар айни ҳол инсон дилаш мехоҳад ба ин маҷлиси бо ҳол биравад, ин дардро эҳсос кунад ва ин ашкро бирезад. Вақте ин қатароти ашк мерезад, инсон сафоеро эҳсос мекунад, ки он дард, дар муқобили ин чизе нест. Ин аст дарди инсоният…

Душвор аст ҳоли он бадане, ки руҳаш танҳо руҳи худаш нест, руҳи ҳамаи баданҳост; як руҳ дарди ҳамаро ба танҳоӣ эҳсос мекунад. Ин бадан аст, ки маҷбур аст бо вуҷуди фароҳам будани ҳамаи имконот, бо ду луқма нони ҷав бисозад, барои ин ки мабодо дар Ҳиҷоз ё Ямома як нони ҷавхӯр пайдо шавад. Ин бадан аст, ки бояд кафши васладор бипӯшад, барои ин ки бо руҳе монанди руҳи Алӣ (Алайҳис салом) тавъам бошад. Шоири араб мегӯяд:

واذا كانت النفوس كبارا

تعبت في مرادها الأجسام

Руҳҳо вақте бузург шуд, вой ба ҳоли он баданҳо! Руҳ вақте бузург шуд ва руҳи ҳамаи баданҳо шуд ва дарди ҳамаро эҳсос кард, кораш ба он ҷо мекашад, ки муҷозот мебинад, барои чӣ? Барои ғофил мондан аз ҳоли як бевазан ва чанд ятим. (Алӣ) миёни кӯча занеро мебинад, ки машк ба дӯш гирифтааст. Алӣ (Алайҳис салом) одаме нест, ки бетафовут аз канори ин манозир бигузарад. Иллат надорад, ки як зан худаш обкашӣ кунад. Ҳатман касеро надорад ё касе дорад, вале ба ҳоли ин зан намерасад. Фавран худаш ҷилав меравад, намегӯяд: эй шурта! Эй посбон! Эй навкар! Эй ғулом! Эй Қанбар! Ту биё! (Балки) бо камоли адаб мегӯяд: хонум! Иҷоза медиҳед шуморо кӯмак диҳам ва ман машки обро ба дӯш бикашам? Ин заҳматро ба ман бидиҳед. Он зан мегӯяд: Худо падари туро биёмурзад!

Ба хонаи он бевазан меравад. Ҳамин ки машкро замин мегузорад, истифсор мекунад, ки: мумкин аст барои ман тавзеҳ бидиҳед, ки чаро худатон обкашӣ мекунед? Шояд марде надоред? Мегӯяд: бале, иттифоқан шавҳари ман дар рикоби Алӣ ибни Абӯтолиб кушта шуд. Ман ҳастаму чандто ятим.

(Алӣ) ин калимаро, ки мешунавад, сар то пояш оташ мегирад. Навиштаанд, он шаб вақте баргашт ва ба хона рафт, то субҳ хобаш набурд. Субҳ, нону гӯшту хурмову пул бо худаш бармедорад ва бо аҷала меравад ва дари хонаи ҳамон занро мезанад. Мегӯяд: кистӣ? Мефармояд: ман ҳамон бародари мӯъмини дирӯзи ту ҳастам. Ба суръат гӯштҳоро кабоб мекунад ва ба дасти худаш дар даҳони ятимҳо мегузорад ва ятимҳоро рӯи зону менишонад ва ором ба онҳо мегӯяд: аз тақсири Алӣ, ки аз шумо ғофил монда бигузаред. Он гоҳ танӯрро оташ мекунад. Вақте сари танӯр меравад, сураташро ба оташ наздик мекунад. Ҳарорати оташро эҳсос мекунад, бо худ мегӯяд: Алӣ! Ҳарорати оташи дунёро бичаш ва оташи ҷаҳаннам ёдат биёяд, то дигар аз ҳоли мардум ғофил намонӣ. Бадане, ки бояд ҷавр бикашад, ин тавр аст. Бадане, ки руҳаш руҳи ҳамаи мардум аст, ин гуна аст.

باسمك العظيم الأعظم الأعزّ الأجلّ الاأكرم يا الله

Худоё! Туро қасам медиҳем ба ҳақиқати Алӣ ибни Абӯтолиб, ки дарди исломро дар дили мо эҷод кун!

Оқибати амри ҳамаи моро хатми ба хайр бифармо!

Дарди муҳаббат, ва маърифат ва тоату ибодати худатро дар дилҳои мо қарор бидеҳ!

Эҳсоси ҳамдардӣ бо халқи худатро дар мо эҷод бифармо!

Моро аз партави нури вилояти Алӣ (Алайҳис салом) баҳраманд бифармо!

Моро пайрави воқеии он бузургвор қарор бидеҳ!

Дилҳои моро ба нури имон мунаввар бигардон!

Моро бо ҳақоиқи ислом ошно бифармо!

ولا حول ولا قوة الا بالله العلي العظيم

 * * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Чизе, ки мо аслан имрӯз ин ҷур чизҳоро дард эҳсос намекунем.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: