Перейти к содержимому

Хохоми яҳудӣ: «Таъсиси Исроил иштибоҳи бузург буд»

Як хохоми яҳудӣ ва сухангӯи созмони зидди саҳюнистии «Нетурей карто» гуфт: «Он чи «Исроил» номида мешавад, як мавҷудияти ғайриқонунӣ ва номашрӯъ аст.»

Ясроил Довуд Вейс (Yisroel Dovid Weiss), хохоми яҳудӣ-омрикоӣ ва сухангӯи созмони зидди саҳюнистии «Нетурей карто» дар гуфтугӯ бо хабаргузории Тасним изҳор дошт: «Он чи «Исроил» номида мешавад, як мавҷудияти ғайриқонунӣ ва номашрӯъ аст.«

Довуд Вейс гуфт: «Фаластин бо фиребкорӣ ва дурӯғ ва аз тариқи иғво кардани дунё ғасб шуд. Наметавон вақте сокинони аслии як сарзамин дар он зиндагӣ мекунанд, ташкили як кишварро дар он ҷо пазируфт; зеро фаластиниҳо соҳибони аслии Фаластин ҳастанд ва вуҷуди «Исроил» бемаънӣ аст

Вай афзуд: «Асноди қадимии мавҷуд нишон медиҳад фаластиниҳо сокинони аслии ин сарзамин ҳастанд ва «Исроил» наметавонад бо тахриби хонаҳо ва кӯчондани онон, соҳиби сарзаминашон шавад ва ин аснод ва мадорик нишон медиҳад, таъсиси «Исроил» як иштибоҳи бузург ва ғайриқобили қабул аст

Ӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба вежа яҳудиёнро ба худдорӣ аз ба расмият шинохтани «Исроил» фаро хонд ва гуфт: «Онон набояд фиреби ин найрангҳо ва сӯҳбатҳои иғвокунандаро бихӯранд

Довуд Вейс дар идомаи ин гуфтугӯ, зимни таъкид бар мухолифат бо ишғоли Фаластин аз сӯи саҳюнистҳо гуфт: «Ман яке аз садҳо ҳазор яҳудии мухолифи саҳюнистӣ ҳастам ва таъкид мекунам, ки ташкили он чи «Исроил» номида мешавад, ғайришаръӣ аст ва ҳаққи миллати Фаластин дар сарзамини худ фақат ба сарзаминҳои 1967 маҳдуд намешавад, балки саросари ин сарзаминро дарбар мегирад

Ясроил Довуд Вейс дар бахши дигаре аз ин мусоҳиба, бо ишора ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, онро як кишвари мутамоиз донист, ки яҳудиёни мӯъмин қадрдони он ҳастанд ва ёдовар шуд, ки Имом Хумайнӣ ҳангоми пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон гуфт, байни дини яҳуд ва саҳюнизм тафовут қоил аст.

Ин хохоми яҳудӣ зимни ташаккур аз давлати Эрон ба далели адами мухолифат бо дини яҳуд ва ҳифзи маъобиди яҳудиён бо ҳамон исмҳои қабл ва озод гузоштани комили яҳудиён барои баргузории маросими мазҳабии худ, таъкид кард, ин яке аз далоили нафрати «Исроил» аз Эрон ва ҳамалоти мудовим ба он аст ва илова бар ин, Ҷумҳурии Исломии Эрон қотеъона ҳомии қазияи Фаластин аст ва иҷозаи ташкили он чи «Исроил» номида мешавад, намедиҳад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: