Чаро бояд аз Қудс ҳимоят кунем?

Имом Хумайнӣ (р) ҷумъаи охири Рамазони ҳар солро ба унвони «Рӯзи ҷаҳонии Қудс» эълом карда ва аз тамоми мусалмонони дунё хостааст, бо роҳпаймоӣ ва тазоҳурот дар ин рӯз, ба гӯши ҷаҳониён бирасонанд, ки ғасби Қудс тавассути саҳюнистҳо, рубудани бахше аз ҳувияти исломии мусалмонон ба шумор меравад.

Ҳол, чаро фардо ҷумъа барои Қудс садо баланд кунем?

1) Қудс, қиблаи аввал ва меҳвари ваҳдати мусалмонон:

Паёмбари Акрам (с) аз замоне, ки ба рисолат расиданд, то 17 моҳ пас аз ҳиҷрат ба Мадина, ба сӯи Масҷидулақсо намоз гузорданд ва дар соли дуввуми ҳиҷрат буд, ки қиблаи мусалмонон аз Байтулмуқаддас ба Каъба тағйир ёфт.

Қибла дар ислом меҳваре аст, ки ба мусалмонон ваҳдати равия медиҳад ва ҳамаи онҳоро ба самти Худо мутамойил мекунад ва эътиқодро, ки амре дарунӣ аст, дар хориҷ аз зеҳн воқеият мебахшад. Ба ҳамин ҷиҳат, Қудс на танҳо як намод ва макони муқаддас, балки ҷойгоҳе аст, ки меҳвари ваҳдати мусалмонон аст. Қудс имрӯз низ меҳвари ваҳдат миёни мусалмонон аст.

Ҳол ин қиблаи нахуст дар маърази ишғол ва балъида шудан қарор гирифтааст.

2) Қудс, севвумин масҷиди муқаддас дар ислом:

Дар ривоятҳои исломӣ, аз Масҷидулақсо бо унвони севвумин масҷиди муқаддас дар ислом пас аз Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ ёд шудааст. Дар бархе ривоятҳои исломӣ, намоз дар Ақсо муъодили 50 ҳазор намоз зикр шудааст. Дар ривоятҳои исломӣ тавсияи акид ба ҳузур дар ин масҷид ва ҳифзи он шудааст.

3) Қудс, маҳалли меъроҷи Паёмбари ислом (с):

Яке аз вақойеъи муҳим дар таърихи зиндагии ҳазрати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам), воқеаи Меъроҷ аст. Дар ин воқеа, ки дар сураи Исро ояти 1 низ ба он ишора шудааст, ҳазрати Расули Акрам аз Масҷидулҳаром ба изни илоҳӣ ба Масҷидулақсо мунтақил мешаванд ва аз он ҷо ба дидори Ҳақ Таъоло уруҷ мекунанд. Ин воқеаи муҳим, ки илова бар ишораи Қуръони Карим, ҳадиси муфассале аз вақойеъи он дар ривоятҳои исломӣ омадааст, дар Масҷидулақсо рақам хӯрдааст ва ҷойгоҳи онро аз ин ҳайс рафеътар мекунад ва нишон медиҳад чӣ қадр ин макон назди Худованди Мутаъол муҳим ва арзишманд аст.

4) Мазлумияти як миллат дар Қудс:

Он чи дар фавқ зикр шуд, шомили аҳаммияти ҷойгоҳи шаҳри Қудс ва Масҷидулақсо дар ислом буд. Аммо Рӯзи Қудс танҳо ба Қудс ихтисос надорад, балки ҳамон гуна, ки Имом Хумайнӣ (р) фармуданд, Рӯзи Қудс рӯзи ислом аст ва танҳо ба Қудс ихтисос надорад. Яке аз мушаххасоти ин рӯз, ҳимоят аз миллати мазлуми Фаластин аст; миллате, ки хоку сарзаминашро ба ғорат бурдаанд. Дар тӯли таърихи башарият чунин зулме собиқа надоштааст. Қудс, ба унвони пойтахти Фаластин, намоди ҳувияти Фаластин ва тамоми фаластиниён аст, ки бо балъидани он, ҳувияти як миллатро мехоҳанд нобуд кунанд.

* * *

Ҷамъбандӣ

Бар асоси он чи дар фавқ ба он ишора шуд, Қудс бахше аз ҳувияти мусалмонон аст, ки душман бо ғасби он қасд дорад онро аз мусалмонон бигирад. Қудс хатти муқаддам ва нуқтаи марказии соири арзишҳои исломӣ аст, бо ғасби Қудс, ин нуқтаи марказӣ аз байн хоҳад рафт ва мусалмонон яке аз вазнаҳои ҳувиятӣ ва шаклдиҳанда ба эътиқодоташонро аз даст хоҳанд дод. Балъидани тамоми Қудс, нуқтаи оғози балъидани дигар эътиқодоти исломӣ аст, чаро ки Қудс ба унвони қиблаи аввал, шаклдиҳандаи ҷиҳатгирии мусалмонон аст, ки агар набошад, бахше аз ваҳдати равия ва ҷиҳатгирии мусалмонон, аз онҳо салб хоҳад шуд ва дучори ташаттут хоҳанд шуд.

Дифоъ аз Қудс, талош барои ҳифзи бахше аз ҳувияти исломии мусалмонон аст. Қудс хатти муқаддаме аст, ки ғасби он сабаби рахна дар ҳувияти исломӣ хоҳад шуд. Имрӯз агар Қудс балъида шавад, бояд мунтазир бошем, то дар ояндаи начандон дур дигар муқаддасоти исломӣ ҳамчун Макка ва Мадина низ арсаи тохтани саҳюнистҳое шавад, ки нишон додаанд бо тамомияти ислом кор доранд, на фақат Қудс ва Фаластин.

* * *

Зарурати зулмситезӣ ва дифоъ аз мазлум

Дифоъ аз Қудс, дифоъ аз мазлумияти як миллат аст. Имрӯз агар ба фарёди мазлумияти миллати Фаластин нашитобем, рӯзе хоҳад расид, ки саҳюнистҳо бо эҷоди ташаттуту тафриқа, ба суроғи так-таки кишварҳои исломӣ хоҳанд рафт ва сангар ба сангар бидуни ҳатто лаҳзае даргирӣ, тамоми маконҳои муқаддас ва пойтахтҳои исломиро ғасб хоҳанд кард.

Пас, имрӯз бояд барои наҷоти Қудс ва Фаластин бапо хезем, то фардоямон ҳамчун имрӯзи Фаластин нагардад; Фаластине, ки дар оғозин рӯзҳои муҳоҷирати яҳудиён тасаввур намекард рӯзгоре бирасад, ки мардумашро ин гуна овораи шаҳру диёри ғурбат ва кӯчаҳояшонро бо номҳои ибрӣ ва нажодпарастона номгузорӣ кунанд.

* * *

Муқовимат; танҳо роҳ…

Аммо он чи дастҳои нопоки саҳюнистҳоро ноком гузошт, руҳи муқовимат ва пойдорӣ буд, ки имрӯз муқобили саҳюнистҳои ҷинояткор омода истодааст ва иҷозаи дастдарозӣ ба билоди исломӣ аз сӯи онҳоро намедиҳад.

Он чи аз дасти мо бармеояд, ҳузури мардумӣ аст, ки бузургтарин пуштвонаи размандагони муқовимат дар майдонҳои ҷиҳод аст.

Tasnimnews

Реклама


Рубрики:Дидгоҳ, Саҳюнизми ҷаҳонӣ, Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: