Вақте сухангӯи артиши «Исроил» ба суханони Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб такя мекунад

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ, зимни интиқод аз раҳбарони Ҳамос ба далели бузургдошти «Рӯзи ҷаҳонии Қудс», онҳоро ба мутолеаи мутуни динӣ ва аҳодиси набавӣ тавсия кард ва бо зикри сухане аз Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, бунёнгузори ваҳҳобият, шиъаёнро хатарноктар аз яҳудиҳо ва насрониҳо хонд.

Дар остонаи баргузории «Рӯзи ҷаҳонии Қудс», Афихой Адриъӣ, сухангӯи артиши режими ишғолгари Қудс, ки ба тасаллуташ бар забони арабӣ ва ҳузур дар расонаҳои арабӣ шӯҳрат дорад, дар тозатарин видеое, ки мунташир кардааст, «Рӯзи ҷаҳонии Қудс»-ро «рӯзи Қудси эронӣ» хонд ва фаластиниҳоро аз баргузории чунин рӯзе барҳазар дошт.

Адриъӣ дар ибтидои ин видео, бо истинод ба ҳадиси набавии «Ман ташаббаҳа биқавмин, фаҳува минҳум»Ҳар кас худро шабеҳи қавме кунад, аз он қавм хоҳад буд«), раҳбарони ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос)-ро ба далели амал ба тавсияи Имом Хумайнӣ (р) дар бузургдошти охирин ҷумъаи моҳи мубораки Рамазон ба унвони «Рӯзи ҷаҳонии Қудс», «терурист» хонд.

Сухангӯи артиши режими «Исроил», Инқилоби Исломии Эронро «инқилоби шиъӣ» хонд ва гуфт: «Сарони Ҳамос бо бузургдошти «Рӯзи ҷаҳонии Қудс», ки дар соли 1979 аз сӯи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба унвони «Рӯзи ҷаҳонии Қудс» номида шуд, қасд доранд номи Байтулмуқаддасро бо теруризми эронӣ тахриб кунанд, дар ҳоле ки суннати набавӣ ва шариати исломӣ аз ин иқдом (баргузории Рӯзи Қудс) барӣ ва безор аст

Адриъӣ, ки дар шарҳи аҳодис низ зоҳиран ворид аст ва ба ҳамин далел гоҳе фаъолони араб ба тамасхур ӯро «Шайх Адриъӣ» мегӯянд, ба шиддат аз раҳбарони Ҳамос ба далели он чи, ки ӯ онро «пайравии кӯр-кӯронаи онҳо» аз низоми исломии Эрон ва соири гурӯҳҳои муқовимат монанди Ҳизбуллоҳи Лубнон мехонад, интиқод кард ва барои тахриби чеҳраи ҷунбиши Ҳамос дар байни афкори умумии араб гуфт: «Сарони Ҳамос! Шумо бар асоси ҳадиси набавии шариф, расман шиъа ҳастед!»

Сухангӯи артиши «Исроил» дар идомаи суханони тафриқаафканонаи худ, раҳбарони Ҳамос ва арабҳоро ба мутолеаи мутуни динӣ ва аҳодиси набавӣ тавсия кард ва бо зикри сухане аз Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб, бунёнгузори ваҳҳобият, шиъаёнро хатарноктар аз яҳудиҳо ва насрониҳо хонд.

Адриъӣ ҳамчунин бо такя бар суханони Ибни Таймия, шиъаёнро «хатари бузург» барои аҳли суннат хонд ва гуфт: «Эрон ва Сипоҳи Посдорон хатар ва таҳдиде барои аҳли суннат ва минтақа ҳастанд

Вай ҳамчунин бо ишора ба суханони Шайх Юсуф Қарзовӣ, аз Ҳамос хост, ки ба ҷойи баргузории «Рӯзи ҷаҳонии Қудс» ба ҳушдорҳои Шайх Қарзовӣ таваҷҷӯҳ кунанд ва дунболарави Эрон набошанд.

Сухангӯи артиши режими саҳюнистӣ, аз ин ки раҳбарони муқовимати Фаластин ба ҷойи гӯш додан ба суханони шуюхи ваҳҳобӣ, дунболарави низоми Эрон ҳастанд, ба шиддат интиқод кард ва гуфт: «Ҳар кас, ки ин низомро дӯсти худ бигирад ва аз мавозеъи хасмонаи он ҳимоят кунад, аз онҳо хоҳад буд ва худашро ҳалок хоҳад кард ва дар ин дунё шикаст хӯрда ва дар охират мубтало ба азоби илоҳӣ хоҳад шуд

Реклама


Рубрики:Саҳюнизми ҷаҳонӣ, Сиёсат

Метки: , , , ,

1 reply

  1. Аз ин тарафдории ваҳҳобияти-салафӣ душманони Худо — фирқаи саҳюнистҳои зери ғазаби Аллоҳ, бояд мардуми моро огоҳ аз ҳамдаст будани ин шохаҳои як дарахти зидди Худо бинамояд!

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: