Шарҳи Маснавӣ (285)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (29)

* * *

Дар баёни он ки Мӯсо ва Фиръавн ҳар ду мусаххари машийятанд, чунонки заҳру позаҳру зулмоту нур, ва муноҷот кардани Фиръавн ба хилват, то номус нашиканад (6)

* * *

Ту магӯ, ки ман гурезонам зи нест,

Балки ӯ аз ту гурезон аст, бист.

Эй касе, ки дар қайди вуҷуди маҷозии худ гирифторӣ! Ту муддаӣ нашав, ки ман аз орифоне, ки дар Ҳақ фано шудаанд ва ба мартибаи нестӣ расидаанд мегурезам, балки баръакс ин руҳи онон аст, ки аз муқоринат ва ҳамроҳӣ бо ту гурезон аст. Пас, дар қазоват диранг кун ва шитоб мадор. Ё онон (орифони фонӣ дар Ҳақ) бист баробар бештар аз ту мегурезанд. (Монанди анбиё ва авлиё, гарчи даъвати эшон ҷанбаи умумӣ дорад ва ҳамаи бандагонро ба роҳи худ мехонанд, вале танҳо раҳидагони банди ҳаво ва шоистагонро маҷзуби худ месозанд ва соиронро ботинан тард мекунанд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.180))

Бист: мухаффафи «биист» аст, феъли амр аз масдари истодан. Бархе низ «бист»-ро ҳамон адад гирифтаанд, ва ба кор гирифта шудани ин ададро дар ин байт барои нишон додани касрат донистаанд, чунонки дар ҷойи худ хоҳад омад.

Зоҳиран мехонадат ӯ сӯйи х(в)ад

В-аз дарун меронадат бо чӯби рад.

Оре, аҳли фано зоҳиран туро ба сӯи хеш мехонанд, вале бар ҳасби ботин туро меронанд. (Зеро адами таҷонус боис мешавад, ки ноаҳлон ронда шаванд.)

Чӯби рад: чӯбе аст, ки мурғонро бо он меронанд.

Наълҳои бозгуна-ст, эй салим,

Нафрати Фиръавн медон аз Калим.

Даъвате, ки аҳли фано аз аҳли ҳастиҳои маҷозӣ ва афтодагон дар доми худбинӣ мекунанд, дар воқеъ навъе наъл воруна задан аст. Ва далели нафрати Фиръавн аз ҳазрати Мӯсо (а) низ бар ҳамин минвол будааст. Мӯсо (а) ҳарчанд Фиръавнро ба сӯи худ мехонад, вале гавҳари ботинии Мӯсо (а), ки аз фанои дар Ҳақ пардохта шуда буд, гавҳари пасти Фиръавнро, ки аз палидиҳо ва худбиниҳо сохта шуда буд, пасмезад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.744)

Нукта: «Наъли бозгун» ё «наъл вожгун задан»: барои маслиҳате амреро ҷуз он чи ҳаст, нумудан. (Амсол ва ҳикам ҷ.4, с.1816) Тавзеҳ он ки: дар қадим, дуздон ва ғоратгарон ва муҳоҷимон барои он ки таъқибкунандагони худро гумроҳ кунанд ва аз пайи худ ба бероҳа кашанд ва ҷони солим бадар баранд, наъли асбони худро воруна мезаданд, то агар масалан ба ҷониби шарқ мегурезанд, таъқибкунандагон ба ғалат ба сӯи ғарб бираванд.

* * *

Сабаби ҳирмони ашқиё аз ду ҷаҳон, ки «хасирад-дунё вал-охира» (1)

* * *

Чун ҳакимак эътиқоде кардааст,

К-осмон байза, замин чун зарда аст.

Монанди он ҳакиме, ки мӯътақид будааст осмон монанди тухми мурғ, ва замин зардаи он аст.

Нукта: Зоҳиран мақсуд аз ҳакимак, Батламюс ва аъвони ӯст, ки ақида доштанд, ки осмону замин монанди тухми мурғ ва зардаи он аст, ки дар миёни он қарор дорад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.744) Ба зудӣ дар ин робита бештар баҳс хоҳем кард.

Байза: тухми мурғ, тухм.

Гуфт соил: чун бимонд ин хокдон

Дар миёни ин муҳити осмон?

Яке аз суолкунандагон пурсид, ки: ин хокдон чӣ гуна дар миёни осмон, ки муҳит бар он аст, мондааст?

Ҳамчу қиндиле муъаллақ дар ҳаво,

На ба асфал меравад, на бар ъуло.

Замин монанди чароғовезе аст, ки дар ҳаво овезон бошад, на поин меравад ва на боло, балки дар миёни осмон ҳамон гуна, ки овезон мондааст, сабаби ин амр чист?

Қиндил: чароғовез, чароғдон. Асфал: поинтар, пасттар. Ъуло: бузургӣ ва шараф.

Нукта: Ин чанд байт мӯътақадоти ҳукамои бостонро дар мавриди вазъи замин ва афлок баён медорад. Онҳо мӯътақид буданд, ки замин дар васати осмонҳои нӯҳгона қарор дорад ва маркази ҳаҷми он, бар маркази олам мунтабиқ аст. Заминро сокину беҳаракат фарз мекарданд ва барои сукуни замин, ба ду назари мухталиф қоил шуда буданд: бархе аз онон мегуфтанд, ки афлок заминро ба наҳви мусовӣ аз ҳама сӯ ба худ мекашанд ва ҷазбаш мекунанд ва чун нерӯи ҷозиба аз ҳама сӯ баробар аст, замин дар васат қарор гирифта ва сокин мондааст; дуруст монанди бути оҳанини Суманот, ки дар хонае аз меғнотис қарор дошт ва он бут ба сабаби тасовии ҷазб аз шаш ҷиҳат, дар ҳаво муъаллақ буд. Гурӯҳе дигар ақида доштанд, ки афлок заминро ба наҳви мусовӣ меронанд ва чун нерӯҳо мусовӣ аст, замин дар як нуқта сокин қарор мегирад. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1061) Пурвозеҳ аст, ки ин ду назария ҳар ду ботил аст.

Он ҳакимаш гуфт, к-аз ҷазби само

Аз ҷиҳоти шаш бимонд андар ҳаво.

Он ҳаким ба он суолкунанда гуфт: осмон аз шаш ҷиҳат заминро ҷазб мекунад, барои ҳамин замин дар ҳаво муъаллақ мондааст.

Само: мухаффафи «самоъ» ба маънии осмон.

Нукта: Барои тафҳими ин мавзӯъ, осмонро бар гунаи як гунбади меғнотисӣ ва заминро бар гунаи кураи оҳанӣ масал мезанад. Ва ин ишора аст ба буте оҳанин, ки дар шаҳри Суманот буд, ки бидуни ҳеч сутуну пояе дар фазо муъаллақ буд. Маҳмуди Ғазнавӣ дар фатҳи Суманот кӯшид иллати онро биёбад. Саранҷом, найзае оварданд ва атрофи бут гардонданд, то шояд ба риштаҳое номаръӣ бархӯрд кунад, вале чунин нашуд. Билохира пай бурданд, ки ин буткадаро бо муҳосибаи дақиқ аз меғнотис бино кардаанд, ба гунае ки бути оҳанин дар миёни ҷозибаи ин хона ба наҳви мутаъодил дар фазо қарор дошт. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1061)

Чун зи меғнотиси қуббай рехта,

Дар миён монд оҳане овехта.

Ба унвони мисол, осмон ҳамонанди гунбаде аст меғнотисӣ ва овехта, ва оҳане дар миёнаш қарор гирифтааст, яъне замин ҳамонанди як гӯйи оҳанин ва осмон ҳамчун гунбаде меғнотисӣ аст ва аз ҳар тараф заминро ҷазб мекунад.

Қубба: гунбад.

Он дигар гуфт: осмони босафо,

Кай кашад дар худ замини тираро?

Балки дафъаш мекунад аз шаш ҷиҳот,

З-он бимонд андар миёни ъосифот.

Ҳакими дигар гуфт: осмони босафо ва покиза кай замини тираву мукаддарро дар худ мекашад? Яъне дар воқеъ намекашад, балки осмон заминро аз шаш ҷиҳат дафъ мекунад. Ба ҳамин минвол, замин дар миёни тундбодҳо мондааст.

Ъосифот: ҷамъи «ъосифа», тундбод, боди саркаш.

Пас зи дафъи хотири аҳли камол,

Ҷони фиръавнон бимонд андар залол.

Ҳол, ки ин муқаддима маълумат шуд ва донистӣ, ки осмон заминро аз ҳар сӯ ба наҳви мусовӣ рад мекунад, пас он авлиёи бузург, ки аҳли камол ҳастанд, фиръавнсифатони сиёҳдилро меронанд. Ба ҳамин лиҳоз, дар гумроҳӣ ғӯтаваранд ва мункири аҳли камоланд ва аз сӯҳбату ҳамнишинии авлиё дурӣ мегузинанд

Нукта: Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Мавлоно ин назарияро аз забони ҳаким (Батламюс ва ҳамандешонаш) нақл карда, ва тоза, ӯро «ҳакимак» ҳам хондааст, ин назарияро фақат ба хотири тафҳими муроди худ («Ҷони фиръавнон бимонд андар залол«) оварда, на ин ки онро дуруст бидонад. Диққат шавад!

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Реклама


Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: