Перейти к содержимому

Инсони комил (11)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Дарди Худоҷӯӣ дар инсон

وَاسْتَعِينُواْ بِالصَّبْرِ وَالصَّلاَةِ وَإِنَّهَا لَكَبِيرَةٌ إِلاَّ عَلَى الْخَاشِعِينَ

«Аз шикебоӣ ва намоз ёрӣ ҷӯед ва ба ростӣ ин кор гарон аст, магар бар фурӯтанон.» (Сураи Бақара, ояти 45)

Инсон ҳамеша худаш барои худаш дарвозаи маънавият будааст. (1) Мақсуд аз ин ки мегӯем, инсон ҳамеша барои худаш дарвозаи маънавият буда ва аз дарвозаи вуҷудаш олами маъниро дида ва кашф кардааст, ин аст, ки дар инсон чизҳое вуҷуд дорад, ки ҳисоби онҳо бо ҳисоби олами модда ҷур дарнамеояд. На танҳо уламои маърифатуннафс ва маърифатурруҳи қадим, балки бисёре аз уламои маърифатуннафси ҷадид ҳам ба ин матлаб эътироф доранд, ки дар инсон чизҳое ёфт мешавад, ки бо ҳисобҳои моддии ин дунё қобили тавҷеҳ нест ва нишон медиҳад, ки ҳисоби дигаре дар кор аст.

Сухане дорад Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи), ки мефармояд:

من عرف نفسه فقد عرف ربّه

«Ҳар касе, ки худашро бишносад, Худоро мешиносад.»

Қуръони Карим ба таври куллӣ барои инсон дар муқобили ҳамаи ашёи олам, ҳисоби ҷудогона ва мустақилле боз кардааст. Мефармояд:

سَنُرِيهِمْ آيَاتِنَا فِي الْآفَاقِ وَفِي أَنفُسِهِمْ

«Нишонаҳои худро дар офоқи олам (яъне дар олами табиат) ироа медиҳем ва дар нуфуси худи мардум…» (Сураи Фуссилат, ояти 53)

Қуръон нуфуси мардумро бо ҳисоби ҷудогонае баён кардааст, ва ҳамин оят сабаб шудааст, ки дар адабиёти мо истилоҳи махсуси “офоқ” ва “анфус” роҳ пайдо кунад. Мегӯянд: “масоили офоқӣ” ва “масоили анфусӣ”.

Мумкин аст бигӯед, он чизҳое, ки дар нафси инсон мавҷуд аст ва бо ҳисобҳои моддӣ қобили тавҷеҳ нест, чист? Бояд гуфт, ки ин, достони дарозе дорад ва ман намехоҳам вориди ин матлаб шавам.

* * *

Инфикокпазирии инсоният аз инсон

Яке аз он чизҳое, ки бо ҳисобҳои моддӣ ҷур дарнамеояд, ҳамин масъалае аст, ки дар ин ҷаласот тарҳ кардаем: масъалаи арзишҳои инсонӣ, ва ба иборати дигар, масъалаи инсонияти инсон. Аҷиб аст, ки шумо суроғи ҳар мавҷуде биравед, мебинед худаш барои худаш ба унвони як сифат, инфикокпазир нест, мисли сифати “палангӣ” барои паланг, “сагӣ” барои саг, “асбӣ” барои асб. Мо наметавонем асбе пайдо кунем, ки “асбӣ” надошта бошад, саге пайдо кунем, ки “сагӣ” надошта бошад, паланге пайдо кунем, ки “палангӣ” надошта бошад. Вале мумкин аст инсони минҳои инсоният мавҷуд бошад; зеро он чизҳое, ки онҳоро инсонияти инсон медонем ва он чизҳое, ки ба инсон шахсият медиҳад — на он чизҳое, ки милоки шахси инсон аст – аввалан, як силсила чизҳое аст, ки бо ин ки башарӣ аст ва таъаллуқ ба ҳамин олам дорад, вале бо сохтмони моддии инсон дуруст намешавад, ғайримоддӣ аст, маҳсусу малмус нест, ва ба иборати дигар, аз синхи маънавиёт аст, на моддиёт. Ва сониян, ин чизҳое, ки милоки инсонияти инсон аст ва милоки шахсият ва фазилати инсонии инсон аст, ба дасти табиат сохта намешавад, фақат ва фақат ба дасти худи инсон сохта мешавад.

Ғаразам ин калима буд, ки инсон, худаш дарвозаи маънавият аст ва аз дарвозаи вуҷуди худ ба олами маъно пай бурдааст. Имоми ҳаштум ҳазрати Алӣ ибни Мӯсо Арризо (Алайҳис салом) мефармояд:

لا يُعرف هنالك الاّ بما ههنا

«Он чи дар олами маъно ҳаст, аз роҳи он чи дар даруни инсон аст шинохта мешавад«, ки ин худаш як масъалае аст.

Дар ҷаласаи пеш арз кардам чизҳое, ки ба онҳо арзишҳои инсонӣ гуфта мешавад ва маънавиёти инсонӣ ва милоки инсонияти инсон аст, шомил хеле чизҳост, вале метавон ҳамаи арзишҳоро дар як арзиш хулоса кард, ва он, дард доштан ва соҳибдард будан аст. Ҳар мактабе, ки дар дунё роҷеъ ба арзишҳои инсонӣ баҳс кардааст, як дард — моварои дардҳои узвӣ ва дардҳои муштараки инсон бо ҳар ҷондори дигар — дар инсон ташхис додааст. Он дарди инсонии инсон чист?

Гуфтем, баъзе фақат такяашон рӯи дарди ғурбати инсон ва дарди адами таҷонус ва бегонагии инсон бо ин ҷаҳон аст, чаро ки инсон ҳақиқате аст, ки аз асли худ ҷудо шуда ва дур монда ва аз дунёи дигар барои анҷоми рисолате омадааст. Ва ин дурмондагӣ аз асл аст, ки дар ӯ шавқу ишқу нолаву эҳсоси ғурбат офаридааст. Майл ба бозгашт ба асл ва ватан яъне майли бозгашт ба Ҳақ ва Худоро офаридааст. Аз биҳишт ронда шуда ва ба олами хок омадааст ва мехоҳад бори дигар ба он биҳишти мавъуди худаш бозгардад. Албатта омаданаш ғалат набуда, барои анҷоми рисолате буда, вале ба ҳар ҳол ин ҳиҷрон ҳамеша ӯро дар ҳоли нороҳатӣ нигоҳ доштааст. Дарди инсон — тибқи ин мактаб — фақат дарди Худост, дарди дурӣ аз Ҳақ аст ва майли ӯ майли бозгашт ба қурби Ҳақ ва ҷивори Раббулоламин аст, ва инсон ба ҳар мақому камоле, ки бирасад, боз эҳсос мекунад, ки ба маъшуқи худ нарасидааст.

* * *

Инсон, толиби камоли мутлақ

Нуктаеро мегӯянд, ва он ин аст: “Инсон ҳамеша толиби он чизе аст, ки надорад”, ва ин хеле аҷиб аст. Ҳар чизеро то надорад, хоҳони он аст. Вақте ҳамон чизро доро шуд, дилзадагӣ барояш пайдо мешавад. Чаро? Ин як амри ғайримантиқӣ аст, ки дар табиати як мавҷуд, майл ба чизе вуҷуд дошта бошад, вале вақте ба он бирасад, хоҳони он набошад ва онро аз худ тард кунад.

Шахсе мегуфт: дар яке аз музейҳои хориҷӣ машғули тамошо будам, муҷассамаи як зани ҷавони бисёр зебоеро дидам, ки рӯи як тахти хоб хобидааст ва ҷавони бисёр зебое як пояш рӯи тахт ва пойи дигараш рӯи замин ва рӯяшро баргардондааст, мисли касе, ки дорад фирор мекунад. Маънояшро нафаҳмидам, ки он пайкартарош аз тарошидани ин ду пайкар (пайкарҳои зану марди ҷавон, он ҳам на дар ҳоли муошиқа, балки дар ҳоли гурези марди ҷавон аз зан) чӣ мақсуде доштааст. Аз афроде, ки ворид буданд, тавзеҳ хостам. Гуфтанд, ин, таҷассуми фикри маъруфи Афлотун аст, ки мегӯяд: «Инсон ҳар маъшуқе, ки дорад, ибтидо бо як ҷазаба ва ишқ ва валаъи фаровон ба сӯи ӯ меравад. Вале ҳамин ки ба висол расид, ишқ дар он ҷо дафн мешавад.» Висол мадфани ишқ аст ва оғози дилзадагӣ ва танаффуру фирор.

Чаро ин тавр аст? Ин масъала як амри ғайритабиӣ ва ғайримантиқӣ ба назар мерасад. Аммо онҳое, ки дақиқтар дар ин масъала фикр кардаанд, онро ҳал кардаанд. Гуфтаанд: масъала ин аст, ки инсон ончунон мавҷуде аст, ки наметавонад ошиқи “маҳдуд” бошад, наметавонад ошиқи фонӣ бошад, наметавонад ошиқи шайъе бошад, ки ба замону макон маҳдуд аст. Инсон ошиқи камоли мутлақ аст ва ошиқи ҳеч чизи дигаре нест. Яъне ошиқи зоти Ҳақ аст, ошиқи Худост. Ҳамон касе, ки мункири Худост, ошиқи Худост. Ҳатто мункирини Худо, ки ба Худо фуҳш медиҳанд, намедонанд, ки дар умқи фитрати худ ошиқи камоли мутлақанд, вале роҳро гум кардаанд, маъшуқро гум кардаанд. Муҳйиддини Арабӣ мегӯяд:

ما احبّ أحد غير خالقه

«Ҳеч инсоне ғайр аз Худои худашро дӯст надоштааст» ва ҳанӯз дар дунё як нафар пайдо нашуда, ки ғайри Худоро дӯст дошта бошад.

ولكنه تعالى احتجب تحت اسم ينب وسعاد وهند وغير ذلك

«Лекин Худои Мутаъол дар зери ин номҳо (Зайнаб, Суъод, Ҳинд ва ғайра…) пинҳон шудааст.» (2) Маҷнун хаёл мекунад, ки ошиқи Лайлӣ аст; ӯ аз умқи фитрат ва виҷдони худаш бехабар аст. Аз ин рӯ Муҳйиддин мегӯяд: пайғамбарон наёмадаанд, ки ишқи Худо ва ибодати Худоро ба бандагон ёд диҳанд, ин фитрии ҳар инсоне аст, балки омадаанд, ки роҳҳои каҷу ростро нишон диҳанд; омадаанд бигӯянд: эй инсон! Ту ошиқи камоли мутлақӣ, хаёл мекунӣ, ки пул барои ту камоли мутлақ аст, хаёл мекунӣ, ки ҷоҳ барои ту камоли мутлақ аст, хаёл мекунӣ, ки зан барои ту камоли мутлақ аст; ту чизе ғайр аз камоли мутлақро намехоҳӣ, вале иштибоҳ мекунӣ. Паёмбарон омадаанд, ки инсонро аз иштибоҳ берун биёваранд.

Дарди инсон он дарди худоӣ аст, ки агар пардаҳои иштибоҳ аз ҷилави чашмаш канор равад ва маъшуқи худро пайдо кунад, ба сурати ҳамон ибодатҳои ошиқонае дармеояд, ки дар Алӣ (Алайҳис салом) суроғ дорем. Чаро Қуръон мегӯяд:

أَلاَ بِذِكْرِ اللّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ

«Бидонед, ки мунҳасиран ва мунҳасиран (“бизикриллоҳи“, ки муқаддам шудааст, аломати инҳисор аст) бо як чиз қалби башар ором мегирад ва аз изтиробу дилҳура наҷот пайдо мекунад, ва он, ёди Худо ва унс бо Худост.» (Сураи Раъд, ояти 28)

Қуръон мегӯяд, агар башар хаёл кунад, ки бо расидан ба сарвату рифоҳ ба мақоми осоиш мерасад ва аз изтиробу нороҳатӣ ва шикоят берун меояд, иштибоҳ кардааст. Қуръон намегӯяд, набояд дунболи инҳо рафт, мегӯяд, инҳоро бояд таҳсил кард, аммо агар хаёл кунед инҳо ҳастанд, ки ба башар осоишу оромиш медиҳанд ва вақте башар ба инҳо расид эҳсос мекунад, ки ба камоли матлуби худ ноил шудааст, иштибоҳ мекунед; мунҳасиран бо ёди Худост, ки дилҳо оромиш пайдо мекунад. Бисёре аз мактабҳо такяашон рӯи дур мондани инсон аз асли худ аст.

* * *

Мактабҳои дигаре ҳастанд, ки такяашон рӯи дарди инсон барои халқи Худост, на дарди инсон барои Худо. Ҳатто баъзе мегӯянд, дарди инсон барои Худо яъне чӣ?! Масалан, дар яке аз маҷаллот баҳсҳое тарҳ шудааст таҳти унвони “Худо ё инсон?“ Яке мегӯяд Худо, дигаре мегӯяд инсон, ва севвуме мегӯяд, Худо ва инсон. Вале ман касеро надидам, ки бигӯяд: Худо ва инсон аз якдигар ҷудо нест, то Худо набошад, инсон ҳам нест. То он дарди худоиеро, ки дар инсон аст нашиносем ва то инсон ба сӯи Худо наравад, дарди инсонии ӯ ҳам ба ҷое нахоҳад расид. Инсоният, дарди Худост. Дарди инсон аз дарди Худо доштан аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Яъне дарвозае, ки инсон аз он ҷо вориди олами маънавият мешавад ва ё лоақал маънавиятро дарк мекунад.

(2) Ӯ аз ин қабил ҳарфҳо зада ва ба ҳамин далел иддае ӯро такфир кардаанд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: