Шикояти аҷибу ғариби режими «Исроил» аз Ҳамос ба Шӯрои амнияти СММ

Режими «Исроил» бо ирсоли номае ба Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, аз равобити низомии ҷунбиши муқовимати исломии Ҳамос ва Ҳизбуллоҳи Лубнон шикоят кард.

Ба гузориши сойти Маркази иттилоърасонии Фаластин, дар ин нома масоили иттилоотии муҳимме дар бораи иқдомоти Ҳизбуллоҳ матраҳ шуда ва режими «Исроил» муддаӣ шуда, ки ин ҷунбиш урдугоҳҳое барои омӯзиши муборизони Ҳамос дар хоки Лубнон роҳандозӣ кардааст.

«Исроил» дар ин нома муддаӣ шудааст, ки ҳадаф аз ин равобит, роҳандозии сомонаи низомии ҷомеъ барои ҷунбиши Ҳамос дар Лубнон аст, ки эҳдоси корхонаҳои тавлиди мушакро ҳам дарбар мегирад ва дар қолаби он, ҳазорон муборизи фаластинӣ омӯзишҳои лозимро дарёфт хоҳанд кард.

Ин сойт ба нақл аз рӯзномаи «Алҷумҳурия»-и Лубнон эълом кард, ки «Исроил» бо ҳамон шеваи низомӣ, амниятӣ ва сиёсӣ, ки бо ҳузури низомии Эрон ва Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Сурия бархӯрд мекунад, бо ҳузури Ҳамос дар Лубнон низ бархӯрд хоҳад кард.

Бар асоси иттилооти ворида дар ин нома, режими саҳюнистӣ хаттҳои қирмизи худро барои Шӯрои амнияти СММ ташреҳ кардааст, ки муҳимтарини онҳо «мумониъат аз мизбонии Лубнон аз шахсиятҳои хатарноке монанди Солеҳ Орурӣ, ноиби раиси дафтари сиёсии ҷунбиш Ҳамос» аст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом, ҷаҳон

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: