Перейти к содержимому

Як акс ва чанд тафсир

Интишори аксе аз нишасти дурӯзаи сарони ҳафт кишвари санъатии ҷаҳон – мавсум ба G7 — дар Кебеки Конода дар расонаҳои ҷаҳон ва шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр бозтоб ёфтааст.

Ин акс, ки аз маъдуд аксҳои хабарии «ба лаҳза гирифташуда» аст, саҳнае аз нишасти сарони гурӯҳи ҳафт кишвари санъатиро нишон медиҳад, ки дар он Тромп рӯи сандалӣ ва даст ба сина нишаста ва дигар раҳбарони урупоӣ давру бари ӯро гирифта ва зоҳиран қасд доранд, то ӯро муҷоб кунанд, аммо аз жести Тромп дар акс мушаххас аст, ки Тромп сарсахтӣ карда ва зери бори ҳарфҳои дигар раҳбарони ҷаҳони санъати нарфтааст.

Акси пурҳарфу ҳадис аз нишасти сарони G7

Бисёре дар 24 соати гузашта дар бораи ин акс таъбирҳо ва тафсирҳои мухталифе ироа кардаанд, аз ҷумла ин ки иддае ин аксро нишонгари қудрати фоиқа ва ҷойгоҳи бебадили Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар сиёсат ва иқтисоди ҷаҳонӣ донистаанд ва иддае дигар баръакс рӯи мавзӯъи инзивои Омрикои Тромп ангушт гузошта ва мӯътақиданд ин акс нишондиҳандаи ташкили ҷабҳаи воҳид аз муттаҳидони собиқи Омрико дар баробари Тромп аст.

Бархе дигар низ рӯи хӯйи «худшефтагӣ»-и Тромп ангушт гузошта ва мӯътақиданд ин тасвир нишондиҳандаи умқи такравӣ ва худшефтагии Тромп дар сиёсати ҷаҳонӣ аст ба тавре, ки раҳбари «косибмаслак»-и Омрико он тавр, ки худ гуфта фақат дар андешаи «ҷайб»-и Омрикост, ки мабодо касе чап ба он нигоҳ кунад!

Вебсойти маҷаллаи омрикоии Time низ акси ахирро бо акси «самимӣ»-и 3 сол пеши Меркел ва Убомо дар ҳошияи нишасти сарони G7 дар Олмон муқоиса карда ва ин гуна натиҷа гирифта, ки фазои равобит байни Омрикои Тромп ва Омрикои Убомо бо Урупо, 180 дараҷа тағйир кардааст.

Акси 3 сол пеши Убомо ва Меркел дар ҳошияи нишасти сарони G7 дар июни 2015 // Олмон

Тромп худ пеш аз сафар ба нишасти сарони гурӯҳи G7, дар суханони кинояомез хитоб ба муттаҳидони Омрико гуфт, ки ин кишварҳо Омрикоро мисли «қуллаки пулӣ» (капилка) мебинанд, ки бояд аз он бардошт кунанд!

Тромп дирӯз нахустин раҳбаре буд, ки нишасти сарони G7-ро тарк кард ва дар нишасти хабарии поёнии худ дар Кебеки Конодо бо таҳдиди кишварҳои узви гурӯҳи G7 гуфт, ки ӯ аз сиёсати эъмоли таърифа кӯтоҳ нахоҳад омад ва ҳамчунин гуфт, Вошингтун чӣ бо ҳузури муттаҳидони худ дар гурӯҳи G7 ва чӣ бидуни ҳузури онҳо, «ҷоҳталабиҳои ҳастаӣ»-и Эронро маҳор хоҳад кард.

Ӯ ҳатто дирӯз бо ҳузури дерҳангом дар нишасти кории субҳонаи раҳбарон нороҳатии худро аз фазои мавҷуд дар нишасти G7 нишон дод.

Ҳузури дерҳангоми Тромп дар субҳонаи кории нишасти сарони G7

Пас аз тарки зудҳангоми нишасти сарони G7 аз сӯи Тромп, раҳбарони дигар кишварҳои узв ва меҳмонони вежаи ин иҷлос дар акси ёдгорӣ канори якдигар истоданд ва бидуни ҳузури Тромп акси поёнии нишастро гирифтанд.

Акси поёнии ёдгории сарони G7 бидуни ҳузур Тромп

Тромп пас аз бозгашт аз Конодо, дар вокуниш ба нишасти хабарии Ҷостин Труду, нахуствазири Конодо, дар интиқод аз мавзеъи сарсахтонаи Тромп дар қиболи эъмоли таърифа рӯи воридоти фӯлод ва олуминиум ба Омрико, дар сафҳаи твиттери худ навишт, ки дар вокуниш ба изҳороти Труду, имзо ва ҳимояташ аз баёнияи нишасти сарони G7-ро пас гирифтааст.

Ӯ навишт: «Бар мабнои изҳороти хилофи воқеъи Ҷостин Труду дар конфронси хабарӣ ва тасмими ин кишвар дар вазъи таърифаҳои сангин барои кишоварзон, коргарон ва ширкатҳои омрикоӣ, ба намояндагони Омрико дастур додам, ки аз баёнияи муштарак ҳимоят накунанд

Нишасти сарони G7 дар Кебеки Конодо бо вуҷуд ва ҳузури Тромп табдил ба як нишасти бенатиҷа ва пуртаниш шуд; амре, ки пеш аз ин дар ҳеч нишасте аз ин гурӯҳ собиқа надоштааст.

Asriran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: