Дар иҷлоси мармузи гурӯҳи «Билдерберг » ё ҳамон «давлати номаръии ҷаҳон» чӣ гузашт?

66-умин иҷлоси гурӯҳи «Билдерберг», ки аз рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Турини Итолиё баргузор шуда буд, рӯзи якшанбе ба поён расид.

Гурӯҳи «Билдерберг», як созмони ҷаҳонӣ аст, ки ҳарсола конфронсеро ба сурати комилан сиррӣ ва маҳрамона дар яке аз кишварҳои урупоӣ ё Омрико баргузор мекунад. Ин конфронс дастури кори дақиқе надорад, ва дар он на қатъномае содир мешавад, на раъйгирие анҷом мешавад, на баёнияе дар бораи сиёсатҳояш содир мешавад ва на ба хабарнигорон иҷозаи ҳузур дода мешавад.

Иллати интихоби номи «Билдерберг» барои ин анҷумани сиррӣ ин буд, ки аввалин гирдиҳамоии он соли 1954 дар ҳутеле ба ҳамин ном дар кишвари Ҳуланд баргузор шуд ва шоҳзода Бернорд, валиаҳди Ҳуланд, ба унвони бунёнгузори ин созмони мармуз суханронӣ кард.

Ин созмон, байни 120 то 140 узв дорад, ки тамомии онҳо аз қудратмандтарин ва бонуфузтарин афрод дар арсаҳои сиёсат, иқтисод ва расона маҳсуб мешаванд. Бисёре аз аъзои доими гурӯҳи Билдерберг сиёсатмадорони кӯҳнакор, соҳибони иқтисодҳои бузург ва подшоҳон ва аъзои хонадонҳои салтанатии кишварҳои ғарбӣ ҳастанд. Шахсиятҳои ширкаткунанда ё худ аз бузургтарин саҳомдорони кунсирсиюмҳои (консорциумҳои) нафтӣ ва низомианд ва ё ба намояндагӣ аз соҳибон ва саҳомдорони бузурги он кунсурсиюмҳо дар ин конфронсҳои солона ширкат мекунанд.

«Билдерберг» илова бар ин дар иҷлосҳои солиёнаи худ афродеро ба унвони меҳмон низ даъват мекунад.

Ҳарсола иддаи зиёде алайҳи баргузории нишастҳои «Билдерберг» тазоҳурот мекунанд

Мавзӯъҳои нишасти солиёна ба шиддат маҳрамона нигоҳ дошта мешавад ва баргузоркунандагон саъй мекунанд аз ҳар гуна нашри иттилоот дар бораи он ҷилавгирӣ кунанд. Ҳамин мавзӯъ боиси гумоназаниҳое дар бораи қудрат ва нуфузи он ва нақшаш дар шакл додан ба рӯйдодҳои дунё шуда, то ҷое, ки иддае онро навъе «давлати соя» ё «давлати номаръӣ» барои тасмимгирӣ дар бораи рӯйдодҳои ҷаҳон медонанд.

Розолуд будани гурӯҳи «Билдерберг» сабаб шуда гурӯҳе онро бо маҷмаъи «фромосунерҳо» муқоиса кунанд ва нақши онро дар тайфи густурдае аз рӯйдодҳои дунё аз ҷумла рӯйи кор омадани Бил Клинтун, Ҷурҷ Буши писар ва Борок Убомо, ба унвони русои ҷумҳури Омрико, рӯйи кор омадани Туни Блер, нахуствазири асбақи Ангилис, истеъфои Моргорет Точер, вуқӯъи ҷанги халиҷи Форс, таҳаввули неҳзати Урупо, таҳрими Оржонтин дар ҷараёни ҷанги Фолкланд ва ҳаводиси дигаре аз ин даст барҷаста бидонанд.

Эҷоди як давлати ҷаҳонӣ, ки дорои як бозори ҷаҳонӣ, артиши воҳид, як бонк барои идораи умури иқтисодӣ, як калисои ҷаҳонӣ барои бакоргирии адён дар ҷиҳати аҳдофи назми навини ҷаҳонӣ ва аз байн бурдани ҳувиятҳои миллӣ аст, ҷузъи аҳдофи баландпарвозонае ҳастанд, ки ба «Билдерберг» нисбат дода шудаанд.

Денис Ҳили (Denis Healey) мегӯяд, гуфтани ин ки мо барои давлати ҷаҳонӣ талош мекунем иғроқомез аст, аммо хеле ҳам ғайримунсифона нест

Соли 2000, сиёсатмадори ангилисӣ Денис Ҳили, ки солҳо аз ҳозирон дар иҷлосҳои «Билдерберг» буд ба рӯзномаи Guardian гуфт: «Гуфтани ин ки мо дорем барои ташкили як давлати ҷаҳонӣ фаъолият мекунем, иғроқомез аст, аммо комилан ҳам ғайримунсифона нест

Ӯ ҳамчунин гуфт: «Бархе аз мо дар «Билдерберг» фикр мекунем наметавонем то абад сари ҳечу пуч бо ҳам сари ҷанг дошта бошем, одамҳоро бикушем ва мардумро овора кунем. Барои ҳамин тасаввур мекунем хуб аст, ки як иҷтимоъи воҳид дар саросари ҷаҳон дошта бошем

Рӯзномаи Guardian ҳамчунин изҳоротеро аз шоҳзодаи Бернорд дар суханронии ифтитоҳияи «Билдерберг» нақл карда, ки аҳдофи он барои ташкили идеяи давлати воҳидро таъйид мекунад. Ӯ соли 1954 гуфтааст: «Аз он ҷо, ки кишварҳои озоди Урупо, Иёлоти Муттаҳида ва Конодо бояд дар қолаби як воҳид амал кунанд, онҳо бояд барои мисли ҳам фикр кардан талош кунанд. Ин раванде тӯлонимуддит аст

Гуфта мешавад идеяи ташкили Иттиҳодияи Урупо, ки солҳо рӯйи мизи «Билдерберг» қарор дошт, аз дили ҳамин тафаккур зода шуд.

Яке дигар аз ҳозирон дар ин иҷлос ҳам дар мусоҳибае бо Guardian соли 2001 бидуни ифшои ном, нақши онро дар таҳрими Оржонтин ифшо кардааст.

Ӯ гуфт: «Дар ҷараёни ҷанги Фолкланд, дархости давлати Ангилис барои таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Оржонтин ба дари баста мехӯрд, аммо дар нишасти «Билдерберг», фикр мекунам Дэвид Уун аз Донморк (Дания) баланд шуд ва суханронии пурҳарорате дар ҳимоят аз эъмоли ин таҳримҳо эрод кард

Ӯ изофа мекард: «Он суханронӣ назари бисёреро иваз кард. Мутмаиннам, вузарои хориҷаи бисёре ба кишварҳояшон баргаштанд ва гуфтанд, ки Дэвид Уун чӣ гуфтааст. Медонед баъдаш чӣ шуд? Таҳримҳо эъмол шуданд

Гуфта мешавад интихоби бархе аз сарони Омрико ва кишварҳои урупоӣ аз ҷумла Борок Убомо ва Туни Блер баъд аз аввалин даъват ба «Билдерберг» иттифоқ афтодааст.

Дар нишасти соли ҷорӣ, мавзӯи «Арабистони Саудӣ ва Эрон» ва роҳҳои ҳимоят аз Арабистони Саудӣ дар баробари Эронро яке аз 12 мавзӯъе эълом шуда, ки дар дастури кор барои баҳс қарор дорад. 11 мавзӯъи дигар, иборатанд аз:

Популизм дар Урупо

Чолиши нобаробарӣ

Ояндаи кор

Ҳуши маснуъӣ

Омрико қабл аз интихоботи миёндавраии Кунгра

Тиҷорати озод

Раҳбарии ҷаҳонии Омрико

Русия

Роёниши квонтумӣ

Ҷаҳони «пасоҳақиқат»

Рӯйдодҳои ҷорӣ

Дар бораи ҳозирон дар нишаст, дар баёнияи рӯзи 5 июн омадааст: «То ба имрӯз 131 ширкаткунанда аз 23 кишвар ҳузурашонро эълом кардаанд. Ҳамонанди ҳамеша, гурӯҳи мутанаввеъе аз раҳбарон ва коршиносони сиёсӣ аз ҳавзаҳои санъат, умури молӣ, донишгоҳиён ва расонаҳо даъват шудаанд

Дар зер номи бархе аз чеҳраҳои бонуфуз, ки ҷузъи ширкаткунандагон дар иҷлоси соли ҷорӣ будаанд омадааст:

Йенс Столтенберг (Jens Stoltenberg), дабири кулли НАТО, ки номаш дар чанд соли гузашта ҳам дар феҳристи даъватшудагон буда ҷузъи ширкаткунандагон дар нишасти соли ҷорӣ будааст.

Ҳенри Киссинҷер, вазири хориҷаи асбақи Омрико ҳам шахсияте аст, ки номаш илова бар феҳристи даъватшудагони соли ҷорӣ, дар миёни ҳозирони солҳои гузашта дида мешавад.

Даъват аз Потрик Пишет, аз аъзои ҳайати раисаи Твиттер ва Дивеш Мокон, аз афроди наздик ба Морк Зукербург, муассиси Фейсбук, Демис Ҳособис, раиси ширкати бритониёии Google Deepmind ва Ҳортман Нюн, раиси «Озмоишгоҳи ҳуши маснуъии квонтум» дар миёни меҳмонони соли ҷорӣ ба пружаҳои «Билдерберг» дар ду ҳавзаи «ҳуши маснуъӣ» ва «роёниши квонтумӣ» муртабит аст.

Нафт пайванде ногусастанӣ бо «Билдерберг» дорад ва ба таъбире, дар иҷлоси соли ҷорӣ ҳам мудирони ғӯлҳои нафтии ҷаҳон бахше аз даъватшудагонро ташкил медиҳанд. Шоҳзодаи Бернорд, ки бунёнгузори «Билдерберг» аст, худ фарди муҳимме дар санъати нафт буд ва мансаби муҳимме дар ширкати Royal Dutch Shell дошт.

Guardian дар бораи иртиботи нафт ва Билдерберг менависад: «Раргҳои Билдерберг аз нафт ҳаёт мегиранд ва қалби тапандаи он, хонаводаи Royal Dutch Shell ва манофеъи нафтии он аст

Ба ҳамин сабаб мудирони аршади ширкатҳои ғӯли нафтии Royal Dutch Shell ва «Тутол» аз ҳозирони нишасти соли 2018 буданд. Лозим ба зикр аст, ки Потрисиё Борбезт, аз аъзои ҳайатраиса ширкати Тутол, ҷузъи аъзои доимии «Билдерберг» аст.

Кординол Петро Паролин аз ҳозирони нишасти соли ҷорӣ

Farsnews

Реклама


Рубрики:Сиёсат, ҷаҳон

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: