Моҳияти макон дар таърихи фалсафаи исломӣ

Чакидаи мақола

Макон вежагиҳои шинохташудае дорад, ки ҳамаи мутафаккирон пазируфтаанд; монанди ин ки макон зарфи мутамаккин аст (мутамаккин яъне шаъйи дар макон ҷойгирифта), мутамаккин маконро пур мекунад; имкон надорад ду мутамаккин дар як замон ва дар як макон вуҷуд ёбанд, мутамаккин метавонад бо ҳаракат маконро талаб кунад ё онро тарк кунад, макон қобили инқисом ба маконҳои кучактар аст ва…

Аз ин рӯ, вуҷуди макон дар хориҷ, амре бадеҳӣ талаққӣ шудааст. Агар ихтилофи назаре вуҷуд дорад, дар моҳияти макон аст; ин ки он шайъе, ки дорои вежагиҳои пеш гуфтааст, чист? Дар ин миён, орое вуҷуд дорад, ки ба вузуҳ бо бархе аз ин вежагиҳо созгорӣ надорад ва аз ин рӯ мардуд шинохта шудааст; монанди ин ки макони ҷисм ҳамон моддаи ҷисм ё ҳамон сурати он аст ва…

Раъйи Арасту беш аз ҳама мақбул афтода ва Форобӣ ва Ибни Сино онро пазируфтаанд. Эшон бар онанд, ки макон сатҳи дарунии ҷисми ҳовӣ аст, ки бо сатҳи берунии ҷисми маҳвӣ мумос аст.

Пас аз ин раъй, назаре, ки маконро буъди муҷаррад медонад, дар миёни файласуфони номдор тарафдороне дорад. Раъйи бархе мутакаллимон мабнӣ бар ин ки макон ҳамон фароғи мутаваҳҳим аст, чун ҳамон қавл ба халаъ аст, аз назари файласуфон мардуд аст.

Саранҷом, бо дидгоҳи файласуфони мутааххиртар мувоҷеҳем, ки маконро ба ҳаҷм таъвил кардаанд.

Нависанда: Абдуррасули Убудият

Манбаъ: Фаслномаи таърихи фалсафа — соли ҳаштум, шумораи 29.

Барои мушоҳидаи комили мақола, рӯйи фойли муқобил клик кунед:

Реклама


Рубрики:Фалсафаи исломӣ

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: