Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (286)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (29)

* * *

Сабаби ҳирмони ашқиё аз ду ҷаҳон, ки «хасирад-дунё вал-охира» (2)

* * *

Пас зи дафъи ин ҷаҳону он ҷаҳон

Мондаанд ин бераҳон бе ину он.

Пас, чун гумроҳон ва беадабон аз ин ҷаҳону он ҷаҳон ронда шудаанд, роҳ ба ҷое намебаранд.

Нукта: Дар ин байт ишора ба ояти 11 сураи Ҳаҷ шудааст:

خَسِرَ الدُّنْيَا وَالْآخِرَةَ ذَلِكَ هُوَ الْخُسْرَانُ الْمُبِينُ

«Онон, ки Худоро ба зоҳир парастанд ва на ба ҳақиқат, дар дунё ва охират зиёнкор хоҳанд буд. Ва ин (нифоқ) зиёне ошкор аст.» (Сураи Ҳаҷ, ояти 11)

Саркашӣ аз бандагони зулҷалол,

Дон, ки доранд аз вуҷуди ту малол.

Агар аз бандагони Худованди соҳиби шавкат саркашӣ кунӣ, бидон, ки онон аз вуҷуди ту дилтангӣ пайдо мекунанд.

Зулҷалол: дорандаи шукӯҳ.

Каҳрабо доранд, чун пайдо кунанд,

Коҳи ҳастии туро шайдо кунанд.

Авлиёуллоҳ каҳрабои ҷозибае доранд, ки агар зоҳираш кунанд, вуҷуди чун коҳи туро шайдову саргашта менумоянд, яъне ҷозибаи равшанбинон дилҳоро ба сӯи худ ҷазб мекунанд.

Каҳрабои хеш чун пинҳон кунанд,

Зуд таслими туро туғён кунанд.

Ҳар гоҳ авлиёуллоҳ каҳрабои руҳии худро пинҳон кунанд, фавран туро таслими туғёнгариҳо хоҳанд кард.

Нукта: Авлиёуллоҳ ба воситаи қудрате, ки аз Худо гирифтаанд, нерӯи ҷазбу кашиш доранд, мустаъиддонро ба сӯи худ ҷазб мекунанд ва ноаҳлонро меронанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.747)

Ончунон ки мартибай ҳайвонӣ аст,

К-ӯ асиру суғбаи инсонӣ аст.

Ҳамон тавр, ки мартибаи ҳайвонӣ асиру мағлуби мақоми волои инсонӣ аст. (Зеро ки инсон бо нерӯи ақл, бар ҳамаи ҳайвоноти танӯманд ғолибу чира аст.)

Суғба: фирефта ва мағлуб.

Мартибай инсон ба дасти авлиё,

Суғба чун ҳайвон шиносаш, эй киё!

Эй бузургвор! Мартибаи инсоният дар дасти авлиёуллоҳ, монанди мартибаи ҳайвонӣ забуну хор аст. Яъне ҳамон тавр, ки мартибаи ҳайвонӣ дар баробари мартибаи инсонӣ забуну хор аст, мартибаи инсоният низ нисбат ба мартибаи авлиё хору бемиқдор аст.

Бандаи худ хонд Аҳмад дар рашод,

Ҷумла оламро, бихон «қул ё ибод!»

Ҳазрати Муҳаммад (с) ҳамаи ҷаҳонро бандаи худ дар амри ҳидоят медонист, чунонки дар ояти 10 сураи Зумар фармояд:

قُلْ يَا عِبَادِ الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا رَبَّكُمْ

«Бигӯ: эй бандагони гаравидаи ман! Аз Худои худ парво кунед!..»

Нукта: Умуми муфассирон мобаъди «қул» (бигӯ)-ро сухани Худо ва маҳкийи (ҳикоятшудаи) қавли Ҳақ, ва Паёмбар (с)-ро маъмури иблоғи он ва ҳокӣ (ҳикояткунанда) донистаанд, аммо Мавлоно онро сухани Пайғамбар (с) медонад. Марҳум Султоналишоҳи Гунободӣ, аз акобири муҳаққиқони сӯфия дар асри ахир ҳам, бар ақидаи Мавлоно рафтааст ва гумон меравад, ки мустанади гуфтори ӯ ҳамин байт аз Маснавии шариф аст. Бино ба гуфтаи ӯ, убудият дорои ду маънӣ аст: яке, убудият ба маънии парастиш, ки ҷуз дар мавриди Худои Таъоло раво нест. Дуввум, ба маънии фармонбардорӣ ва тоат, ки нисбат ба мазоҳири амри Ҳақ истеъмоли он ҷоиз аст, ва мӯъминон ба эътибори бандагии Ҳақ «абди ибодат»-анд, ва ба лиҳози лузуми итоат аз анбиё ва авлиё «абди тоат», зеро мазоҳири амри илоҳӣ ба сабаби фано аз авсофи худ ва фано дар авсофи Ҳақ Таъоло хулафо ҳастанд ва итоати онҳо айни итоати Худост ва ба ҳамин далел дар Қуръони Карим гоҳе мазҳар ба ҷойи музҳиру зоҳир менишинад ва феъли ӯ ба Худо ва билъакс нисбат дода мешавад. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1067-1068)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: