Перейти к содержимому

Вақте морони Заҳҳок фаъол мешаванд…

Ба қалами Далер Шарифов (Бознашр аз ҳафтаномаи Озодагон)

Зери гардун садҳазорон сар ба боди фитна рафт,

Куҳна хиште з-ин надоматхона нашкасту нарехт.

(Бедил)

Заҳҳок атрофиён ва сарватмандони мулкашро ба дарбор хонда, аз онҳо мепурсад: шумо хубии маро дидаед?

Ҳамагӣ бо як овоз: бале!

Заҳҳок: адл ва инсофи маро санҷидаед?

Ҳамагӣ бо як овоз: албатта, санҷидаем!

Заҳҳок: зери сояи ман худро амн эҳсос мекунед?

Ҳамагӣ бо як овоз: бидуни тардид!

Заҳҳок: ба Шумо мансабу молу лақаб бахшидаам?

Ҳамагӣ бо як овоз: бахшидаед!

Заҳҳок: аммо, Кова фитна барпо мекунад.

Ҳамагӣ бо як овоз: Кова беҷо мекунад!

Заҳҳок: дар миёни мардум иғво мекунад.

Ҳамагӣ бо як овоз: мекунад, ҳо, мекунад!

Ин мазмун аз пардаи панҷуми пессаи “Коваи оҳангар”-и устод Абулқосим Лоҳутӣ аст. Устоди сухан дуруст ҳазор сол баъд аз Фирдавсии бузург дубора мавзӯи Заҳҳокро зинда кардааст. Заҳҳок ва морони “мағзисархӯр”-ӯ дар тамоми давру замон фаромӯш нашуданд. На пешрафти илму техника, на фатҳи кайҳон ва на ивазшавии режимҳо мавзӯи мазкурро куҳна накарданд. Ва ҳоло ҳам ин мавзӯъ боз аст…

Мавзӯи Заҳҳок ва морони ӯ дар ҷаҳони имрӯз вахимтару даҳшатноктар аз қиссаест, ки Фирдавсӣ ба риштаи тасвир кашида буд. Гӯиё Фирдавсии бузургвор ҳангоми навиштани ин достон ҳолати қарнҳои баъдиро низ дида буд ва медонист, ки рӯзгороне Заҳҳок ва морони ӯ дар гӯшаву канори дунё бо шаклҳои гуногун зуҳур мекунанд. Заҳҳок ва морони ӯ зиндаанд. Ҳанӯз мағз мехӯранд; мағзи инсоният, мағзи шарофат, мағзи қадосату имон…

Вақте ин морон фаъол мешаванд илму донишу ақл маънояшро ба пуррагӣ гум карда, ба чизи пучу беарзише табдил мешавад. Вақте морон фаъол мешаванд, донишмандону олимони воқеӣ хор мешаванд…

Заҳҳок ва морони ӯ фарҳанг, забон, адабиёт ва таърихро мебалъанд. Ин морон, ки бепадар ва дар оғилу каҳдон ва биёбони бефарҳангӣ бузург шудаанд, ҳеч қадосатеро намешиносанд!

Ин морон масҷидро аз калисо ва бутхонаро аз майхона фарқ карда наметавонанд, барояшон ҳамаи муқадасот як чиз аст, шикам!

Онҳо на танҳо номуси мардум, балки номуси марзу буми мардумро наметавонанд ҳифз ва ҳимоя кунанд, ҳарчанде, ки худро соҳибмулк ва вориси ивазнашавандаи марзу буми мардум медонанд!

Ҳар вақт ки морони Заҳҳок фаъол мешаванд, андеша паси андеша, инсон паси инсон, тоҷир паси тоҷир, рӯшанфикр паси рушанфикр… фурӯ бурда мешаванд.

Табиати ин морон ҳамин аст. Онҳо ҳама чизро фурӯ мебаранд. Касе дарк ҳам намекунад, ки чӣ ҳодиса рух додааст. Онҳо дар зери дарахтон, гулҳо, ҷӯйҳо хуллас ҳама ҷо хазида мегарданд. Мунтазир мемонанд, ки аз куҷо садо мебарояд, кадом Кова дар роҳ аст, аз забони кадом Ковае ҳарфи озодӣ, адолат, қонунмеҳварӣ садо медиҳад. Заҳҳоку моронаш аз нидоҳои мазкур нороҳат мешаванд, хобашон парешону айшу ишраташон талх мегардад.

Морони Заҳҳок на танҳо фарзандони фитнаанд, балки фитна истеҳсол мекунанд. Онҳо ба дастгоҳи фитнаэҷодкунӣ табдил ёфтаанд. Вақте ин морони карахту безабону бефарҳангу бе ҳувият фаъол мегарданд, ҳатман ҷойе фитна барпо мешавад. Онҳо дар фитнаи худ даҳҳо фарзандон аз насли Коваро ба ҳар баҳонае гирифтор мекунанд ва молу сарвати онҳоро ба ҳар шакл ғорат мекунанд. Зиндагиашонро ба ҷаҳаннам табдил медиҳанд! Агар нафаре мисли ин морон ҳаркат накунад, мисли онҳо фикр накунад, мисли онҳо чеҳраи хашину холдор надошта бошад, мисли онҳо ҳаром нахӯрад, мисли онҳо бути Заҳҳокро парастиш накунад, ҳатман мавриди ҳуҷум қарораш медиҳанд; ҳуҷуми ваҳшиёна. Охир, онҳо моронанд ва табиаташон ҳам заҳр задан…

Морони Заҳҳок вақте фаъол мешаванд, қонун ҳазор сурох пайдо мекунад. Онҳо хазида аз ҳар сурохи он мегузаранд. Қонунро таҷовуз мекунанд ва боз аз номи ҳамон қонун ба ҳарами мардум дастдарозӣ мекунанд. Барои Заҳҳок ва морони ӯ танҳо як қонун амал мекарду мекунад: қонуни ҷангал!

Ин морон вақте фаъол мешаванд мехоҳанд ҳамаро муҳокима кунанд. Мехазанду мепечанд ва бо ҳазор ҳилаву найранг тоб мехӯранд, то айби онҳоеро ки дар баробари Заҳҳок қад алам мекунанд, биёбанд. Онҳо дар як муддати кӯтоҳ айби ҳамаро меёбанд, ҳазорон тӯҳмату дурӯғ ва фитнаву расвоиро ба пойи дигарон мепечонанд. Чизе ки ин морон тӯли асрҳо наомӯхтанд ва ҳам наметавонанд биомӯзанд, муҳокима кардани худашон аст. Зеро мушкилтарин кор дар дунё ин муҳокимаи аъмолу рафтори худ аст!

Агар як маротиба дурӯғ гуфта бошанд, агар як бор даст ба фасод зада бошанд, агар нафареро ба ноҳақ маҳкум карда бошанд, ин дигар ҷиноят аст. Онҳо медонанд, ки агар ба худмуҳокимакунӣ гузаранд, ҳазорҳо чунин ҷиноятро дар рӯ ба рӯяшон мебинанд. Дар уқёнуси ҷиноятҳову фасодҳо ин морон ғӯтаваранд ва дар он шино мекунанд. Аммо тарзе шино мекунанд, ки гӯиё касе аз палидии онҳо огоҳӣ надошта бошад. Барои пӯшондани ботлоқи фасод, ҷиноят ва муҳити ҳайвоние, ки ташкил карданд, худро чунон беозор, ғамхор ва ҳомӣ нишон медиҳанд, ки бисёриҳоро дар ғафлат меандозанд, вале бехабар аз он ки чашми борикбине ин ҳамаро наззора ва қалбу афкори солиме ин ҳамаро таҳлилу баррасӣ дорад!

Агар дар ҳар хонадоне чунин мороне пайдо шаванд, онро фоли бад медонанд. Соҳибони хона доду фарёд мезананд ва аз ҳар васоиле истифода мекунанд, то морро бикушанд. Дар бештари ҳолат кӯшиш мешавад, ки морро аз сараш зарба бизананд, зеро дар акси ҳол метавонад аз зарбҳои гуногуне дар баданаш ҷон ба саломат барад ва боз ваҳимтар шавад.

Агар ба ин мавзӯъ жарфтар биравем, ҳамон қадар даҳшатноктар мешавад. Садҳо мору морбача бо навъҳои гуногун вуҷуд дорад. Боз морбачаҳои дигар таваллуд мешаванд. Онҳо дар сайёраи зебои замин ин тарфу он тараф мехазанд. Ҳеч гоҳ дар таърихи башарият чунин мӯъҷизае рух надодааст, ки аз мор инсон таваллуд шавад. Аммо дар табиат қонунҳои истисноие вуҷуд доранд, ки мо инсонҳоро ба ҳайрат меоварад. Навъи морҳое ҳастанд, ки пас аз таваллуд морбачаҳои худро мехӯранд ё баръакс морбачаҳо волидайнашонро…

Ба ҳеч сурат Заҳҳок ва морони ӯ фаромӯш намешаванд. Ин достон бар фарози асрҳову наслҳо идома меёбад. Албата, он чи ки морони Заҳҳок бо номи ҳокимият мешиносанд, аммо бунёдаш фасод, ҳила, найранг, дурӯғ ва фитна аст, дар ҳеч гӯшаи ҷаҳон пойдор намемонад. Ё Заҳҳок ба аждаҳое табдил меёбаду ин моронро мехӯрад ё ин морону морбачаҳо Заҳҳокро ҳазор сӯрох карда, фурӯ мебаранд ва ё Коваҳое пайдо мешаванд…

Маълум нест, достони Заҳҳок ва морони ӯ то куҷо воқеият дорад. Аммо он ба худии худ як дарс, ҳикмат, шинохт ва сабақест барои башарият.

Достони Заҳҳок ва морони ӯ паёми бедорӣ барои инсоният аст. Барои фарзандони одам, ки худро фаромӯш накунанд ва ба зоҳир ба ҳама ҳаводиси рӯзгор баҳо надиҳанд ва аз ҳама муҳим худро ба баҳои андак нафурӯшанд.

Инсон, набояд ба хотири як тикка нон ба хушомадгӯиву парастиши одамон ё махлуқоти гуногуни шабеҳи морону аждаҳову каждум даст бизанад!

Таъсирпазирии ман аз достони Заҳҳок ва морони ӯ дар «Шоҳнома» ин аст.

Шояд, хонандаҳо аз он бардошти дигаре дошта бошанд…

Ҳафтаномаи Озодагон

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: