Инсони комил (12)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Сайри инсони комил аз назари урафо

Чӣ қадр урафо олӣ ва зебо мегӯянд вақте сайри инсони комилро мушаххас мекунанд. Мегӯянд: сайри инсони комил дар чаҳор сафар рух медиҳад:

1) Сафари инсон аз худ ба Худо;

2) Сафари инсон ҳамроҳи Худо дар Худо (яъне шинохти Худо);

3) Сафари инсон ҳамроҳи Худо — на ба танҳоӣ — ба халқи Худо;

4) Сафари инсон ҳамроҳи Худо дар миёни халқи Худо барои наҷоти халқи Худо.

Дигар беҳтар аз ин намешавад сухан гуфт. Аввалин сафар, сафари инсон ба сӯи Худост. То инсон аз Худо ҷудост, ҳамаи ҳарфҳо пуч аст. Вақте, ки ба зикри Худо расид ва Худоро шинохт ва худашро ба Худо наздик эҳсос кард ва Худоро бо худ эҳсос кард, ҳамроҳи Худо (1) ба сӯи халқи Худо бозмегардад. Чунин инсоне барои наҷоти халқи Худо, дар миёни халқи Худо ҳаракат мекунад ва барои ҳаракат додани халқи Худо ва наздик сохтани онон ба Худо талош мекунад.

Агар бигӯем, ки сафари инсон аз халқ аст ба сӯи Худо ва ҳамон ҷо мемонад, инсонро нашнохтаем. Ва агар бигӯем, инсон бидуни ин ки худаш ба сӯи Худо ҳаракат кунад, бояд ба сӯи инсонҳо биравад (мисли мактабҳои моддии инсонии имрӯз) барои наҷоти инсонҳо, ҳеч коре аз ӯ сохта нест ва дурӯғи мутлақ аст. Касоне тавонистаанд инсонҳоро наҷот диҳанд, ки аввал худашон наҷот пайдо кардаанд. Наҷоти инсонҳо яъне чӣ? Наҷоти инсонҳо аз чӣ чиз? Аз асорати табиат? Аз асорати инсонҳои дигар, ки маънояш озодии инсон аз инсон аст? Инҳо дуруст аст (аммо он чи муқаддам бар инҳост) наҷоти инсон аз худии худ ва аз нафси аммораи худ ва аз худии маҳдудаш аст, ва то инсон аз худи маҳдуди хеш наҷот пайдо накунад, ҳаргиз аз асорати табиат ва асорати инсонҳои дигар наҷот пайдо намекунад.

* * *

Лузуми ҳамроҳ будани гароишҳои бурунӣ ва дарунӣ

Мо ҳанӯз дар манзили аввал аз баҳси худамон ҳастем. Имшаб шаби бисту якуми моҳи мубораки рамазон ва шаби аввал аз даҳаи охири ин моҳ аст. Вақте даҳаи охири моҳи мубораки рамазон мерасид, Пайғамбари Акрам (с) дастур медод рахту хобашро ба таври куллӣ бибанданд ва дар моҳи шаввол боз кунанд, яъне Пайғамбар (с) дар ин даҳа ҳеч шабе намехобид. Ин шабҳо шаби ибодат аст, шаби хилвату муноҷот аст. Ин матлабро ба ҳукми матлабе, ки дар ҷаласоти пеш арз кардам мегӯям, ки гоҳе баъзе арзишҳо арзиши дигарро аз байн мебаранд. Дар гузашта, ҷомеаи исломӣ гароише ба арзиши ибодат пайдо карда буд ва мехост арзишҳои дигарро аз байн бибарад, ва ман эҳсос мекунам, ки боз як мавҷи ифротии дигаре дар ҳоли такаввун аст, яъне иддае мехоҳанд ба гароишҳои иҷтимоии ислом таваҷҷӯҳ кунанд, вале гароишҳои худоии исломро фаромӯш кунанд, яъне инҳироф ва иштибоҳе дигар. Он араб улоғе дошт, мехост савор шавад. Он қадр дурхез кард, ки вақте ба тарафи улоғ парид, он тараф улоғ афтод ва гуфт: «Калаввал» (шуд мисли аввал). Агар бино шавад аз ҷоддаи мӯътадили ислом хориҷ шавем, чӣ фарқ мекунад, ки ибодатгарои ҷомеагурез бошем ё ҷомеагарои Худогурез? Дар мантиқи ислом ҳеч фарқ намекунад.

Бибинед Худованд дар ояти охири сураи Фатҳ — ки оёти назири он дар Қуръон зиёд аст — чӣ мефармояд:

مُّحَمَّدٌ رَّسُولُ اللَّهِ وَالَّذِينَ مَعَهُ أَشِدَّاء عَلَى الْكُفَّارِ رُحَمَاء بَيْنَهُمْ

«Муҳаммад (с) паёмбари худост ва касоне, ки бо ӯянд, бар кофирон сахтгир, бо ҳамдигар меҳрубонанд…» (2)

Саҳоба ва тарбиятшудагони Пайғамбар чӣ гуна ҳастанд? Инҳо ду чеҳра доранд, ду виҷҳа доранд: дар муқобили душманони ҳақиқат (3) шадид, қавӣ, босалобат ва муҳкам ҳастанд, монанди деворе рӯин, ки аз ҷо такон намехӯрад —

إِنَّ اللَّهَ يُحِبُّ الَّذِينَ يُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِهِ صَفًّا كَأَنَّهُم بُنيَانٌ مَّرْصُوصٌ

«Дар ҳақиқат, Худо дӯст дорад касонеро, ки дар роҳи ӯ саф дар саф чунонки гӯӣ биное рехташуда аз сурбанд ҷиҳод мекунанд.» (Сураи Саф, ояти 4) — вале дар миёни худ, якпорча утуфат, меҳрубонӣ, ягонагӣ ва ваҳдатанд, ки аз назари Қуръон як хислати иҷтимоии ҷомеаи исломӣ аст. (Яъне ҳамон хислате, ки мо қарнҳо фаромӯш карда будем). Дар идомаи сураи Фатҳ мефармояд:

تَرَاهُمْ رُكَّعًا سُجَّدًا يَبْتَغُونَ فَضْلًا مِّنَ اللَّهِ وَرِضْوَانًا سِيمَاهُمْ فِي وُجُوهِهِم مِّنْ أَثَرِ السُّجُودِ

«Ононро дар рукӯъу суҷуд мебинӣ, фазлу хушнудии Худоро хосторанд, аломати онон бар асари суҷуд дар чеҳраҳояшон аст…» (Сураи Фатҳ, ояти 29) (Яъне фавран суроғи он арзиши Худоӣ меравад) ҳамон касоне, ки аз назари ба истилоҳи ҷомеагароӣ дар он вазъ ҳастанд, рокеъанд, соҷиданд, дарди дилашонро бо Худо мегӯянд, аз Худои худ тараққӣ ва фузунӣ мехоҳанд, ба он чи доранд қонеъ нестанд, мехоҳанд рӯз ба рӯз ҷилавтар ва пештар бираванд, аз ҳамаи парастишҳошон ҷуз ризои Худо чизи дигаре намехоҳанд. Яъне ба олитарин шакл Худоро ибодат мекунанд. Ва дар чеҳраи инҳо осори ибодат намоён аст. (Дар идома мефармояд:)

ذَلِكَ مَثَلُهُمْ فِي التَّوْرَاةِ وَمَثَلُهُمْ فِي الْإِنجِيلِ كَزَرْعٍ أَخْرَجَ شَطْأَهُ

«Ин сифати эшон аст дар Таврот ва масали онҳо дар Инҷил чун киштае аст, ки ҷавонаи худ бароварад…» (Сураи Фатҳ, ояти 29) Барои ҷомеаи исломи масале зикр мекунад, ки чӣ гуна ин ҷомеа ҷомеае аст рӯянда ва боланда. (Мефармояд:) ҷомеа ҳукми як гиёҳро дорад, ки дар аввал, заъифу кучак аст, вале баъд рушд мекунад ва рушд мекунад ба тавре, ки ҳамаи кишоварзонро ба ҳайрату шигифтӣ вомедорад.

Бибинед Қуръон чӣ тавр (дар ҷойи дигар ин ду гароишро) тавъам бо якдигар зикр кардааст:

التَّائِبُونَ الْعَابِدُونَ الْحَامِدُونَ السَّائِحُونَ الرَّاكِعُونَ السَّاجِدونَ

«Тавабкунандагони парастандагони сипосгузорони рӯзадорони рукуъкунандагони саҷдакунандагон…» (Сураи Тавба, ояти 112) Яъне ҷанбаҳои худоии ин дастаро зикр мекунад: тоибҳо, ибодаткунандагон, ситоишкунандагон, рӯзагирон, рокеъон, соҷидон. Билофосила пас аз он мегӯяд:

الآمِرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَالنَّاهُونَ عَنِ الْمُنكَرِ

«Водорандагон ба корҳои писандида, боздорандагон аз корҳои нописанд…« (Сураи Тавба, ояти 112) Ҳамонҳо, ки муслиҳи ҷомеаи худ ҳастанд ва дар ҷомеа амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд.

Дар ояти дигаре мефармояд:

الصَّابِرِينَ وَالصَّادِقِينَ وَالْقَانِتِينَ وَالْمُنفِقِينَ

«Собирон ва ростгӯён ва фармонбардорон ва инфоқкунандагон…» (Сураи Оли Имрон, ояти 17) Яъне сабркунандагон, муқовиматкунандагон (4), содиқон, ростгӯён, росткирдорон, инфоқкунандагон. Билофосила мегӯяд:

وَالْمُسْتَغْفِرِينَ بِالأَسْحَارِ

«Истиғфоркунандагон дар саҳарҳо…» (Сураи Оли Имрон, ояти 17)

Бинобар ин, дар ислом ин гароишҳо аз якдигар тафкикпазир нест. Касе, ки яке аз инҳоро истихфоф кунад, дигареро ҳам истихфоф кардааст…

* * *

Намунае аз таърихи ислом

Асҳоби Расули Худо (с) дар чӣ вазъу ҳоле буданд? Ҳадиси маъруфи Кофӣ (ҷ.2, с.53) — ки Мавлавӣ онро ба шеър даровардааст — воқеан аҷиб аст. Ин ҳадисро шиъа ва суннӣ ҳар ду ривоят кардаанд:

Рӯзе Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар вақти байни тулӯъайн суроғи асҳоби Суффа рафт. (Паёмбар зиёд суроғи асҳоби Суффа мерафт). Дар ин миён, чашмаш ба ҷавоне афтод. Дид ин ҷавон як ҳолати ғайриоддӣ дорад: чашмҳояш дар косаи сар фурӯ рафтааст ва рангаш ранги оддӣ нест. Ҷилав рафт ва фармуд:

كيف أصبحت

«Чӣ гуна субҳ кардаӣ?»

Арз кард:

أصبحت موقنا يا رسول الله

«Дар ҳоле субҳ кардаам, ки аҳли яқинам…» Яъне он чи ту бо забони худат аз роҳи гӯш ба мо гуфтаӣ, ман акнун аз роҳи басират мебинам. Пайғамбар мехост як миқдор ҳарф аз ӯ бикашад, фармуд:

ما علامة يقينك

Яъне ҳар чизе аломате дорад; ту, ки иддао мекунӣ аҳли яқин ҳастӣ, аломат яқини ту чист?

Арз кард:

إن يقيني يا رسول الله هو الذي أحزنني وأسهر ليلي وأظمأ هواجري

Аломати яқини ман ин аст, ки рӯзҳо маро ташна медорад ва шабҳо бехоб, яъне ин рӯзаҳои рӯз ва шабзиндадориҳо аломати яқин аст. Яқини ман намегузорад, ки шаб сар ба бистар бигузорам. Яқини ман намегузорад, ки ҳатто як рӯз муфтир бошам.

Фармуд:

— Ин кофӣ нест, беш аз ин бигӯ, аломати бештаре аз ту мехоҳам.

Арз кард:

— Эй Расули Худо! Алъон, ки дар ин дунё ҳастам, дуруст мисли ин аст, ки он дунёро мебинам ва садоҳои он ҷоро мешунавам; садои аҳли биҳиштро аз биҳишт ва садои аҳли ҷаҳаннамро аз ҷаҳаннам мешунавам. Эй Расули Худо! Агар ба ман иҷоза диҳӣ, асҳобро алъон як-як муаррифӣ кунам, ки кадом як биҳиштӣ ва кадом як ҷаҳаннамианд.

Фармуд: сукут! Дигар ҳарф назан!

Гуфт пайғамбар сабоҳе Зайдро:

«Кайфа асбаҳт, эй рафиқи босафо?»

Гуфт: «Абдан мӯъминан». Боз ӯ-ш гуфт:

«Ку нишон аз боғи имон, гар шукуфт?»

Гуфт: «Ташна будаам ман рӯзҳо,

Шаб нахуфтастам зи ишқу сӯзҳо.

То зи рӯзу шаб гузар кардам чунон,

Ки зи испар бигзарад нӯки синон.

Ки аз он сӯ ҷумлаи миллат якест,

Садҳазорон солу як соат якест.

Ҳаст азалрову абадро иттиҳод,

Ақлро раҳ нест он сӯ з-ифтиқод».

Гуфт: «Аз ин раҳ ку раҳоварде? Биёр,

Дархӯри фаҳму уқули ин диёр».

Гуфт: «Халқон чун бибинанд осмон,

Ман бибинам аршро бо аршиён…

Ҷумларо чун рӯзи растохез ман

Фош мебинам аён аз марду зан.

Ҳин, бигӯям ё фурӯ бандам нафас?»

Лаб газидаш Мустафо, яъне ки бас.

Баъд Пайғамбар ба ӯ фармуд:

— Ҷавон! Орзуят чист? Чӣ орзуе дорӣ?

Арз кард:

— Эй Расули Худо! Шаҳодат дар роҳи Худо.

Он, ибодаташ ва ин ҳам орзуяш; он шабаш ва ин ҳам рӯзу орзуяш. Ин мешавад мӯъмини ислом, мешавад инсони ислом, ҳамон, ки дорои ҳар ду дард аст, вале дарди дуввумашро аз дарди аввалаш дорад. Он дарди худоӣ аст, ки ин дарди дуввумро дар ӯ эҷод кардааст.

Оятеро дар оғози суханам тиловат кардам:

وَاسْتَعِينُواْ بِالصَّبْرِ وَالصَّلاَةِ وَإِنَّهَا لَكَبِيرَةٌ إِلاَّ عَلَى الْخَاشِعِينَ

«Аз шикебоӣ ва намоз ёрӣ ҷӯед ва ба ростӣ ин кор гарон аст, магар бар фурӯтанон.» (Сураи Бақара, ояти 45)

Қуръон аҷиб сухан мегӯяд: эй аҳли имон! Аз намоз истимдод кунед ва мадад бигиред ва аз сабр, ки муфассирин гуфтаанд мақсуд рӯза аст ё лоақал рӯза яке аз ақсоми сабр аст. Чӣ мададе аст, ки метавонем аз намоз бигирем? Чӣ мададе аст, ки аз ибодати Худо ва Худопарастӣ метавонем бигирем? Ҳамин мадад, яъне мадад дар масоили иҷтимоӣ. Аслан ҳар мададеро аз ин ҷо мешавад гирифт. Агар шумо мехоҳед дар иҷтимоъ як мусалмони воқеӣ бошед ва мехоҳед як муҷоҳиди нерӯманд бошед, бояд намозхони холису мухлисе бошед…

* * *

Баъзе мегӯянд, намоз хондан яъне чӣ?! Ибодат яъне чӣ?! Инҳо моли пиразанҳост. Инсон бояд иҷтимоӣ бошад…

Дар мантиқи ислом — ва агар бихоҳем ба таъбири имрӯз бигӯем, дар низоми арзишҳои исломӣ — арзиши арзишҳо ибодат аст, аммо ибодати исломӣ, ибодати бо шароит. Қуръон ба мо гуфтааст, ки намоз он вақт намоз аст, ки асараш ҳувайдо бошад, асари худро нишон диҳад. Чӣ тавр нишон медиҳад?

إِنَّ الصَّلَاةَ تَنْهَى عَنِ الْفَحْشَاء وَالْمُنكَرِ

(Сураи Анкабут, ояти 45) Хислати намози дуруст ин аст, ки инсонро аз корҳои зишт бозмедорад. Агар дидӣ намоз мехонӣ ва дар айни ҳол маъсият мекунӣ, бидон, ки намозат намоз нест, пас намозатро дуруст кун. Намоз туро ба ҳамаи арзишҳои дигар мерасонад ба шарти ин ки намозат воқеан намоз бошад…

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Яъне инсоне раббонӣ ва илоҳӣ мешавад, инсоне, ки як лаҳза ҳам аз Худо ғофил нест.

(2) Сураи Фатҳ, ояти 29. Ҳол дар таркиби ин оят, ки оё мақсуд ҳазрати Расул аст бо асҳоб, ё фақат асҳоб мақсуд ҳастанд баҳсе намекунем, чун дар муддаои мо ъаҷолтан ҳеч таъсире надорад.

(3) Барои душманони ҳаққу ҳақиқат калимаи “куффор”-ро ба кор мебарад, яъне касоне, ки мехоҳанд чеҳраи ҳақиқатро бипӯшонанд.

(4) “Сабр” дар Қуръон ҳамеша маънояш муқовимат аст, махсусан муқовимат дар майдони ҷанг.

Реклама


Рубрики:Ислом, Ислоҳи динӣ, инсони комил

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

w

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: