Перейти к содержимому

Инсони комил (13)

Суханрониҳои шаҳид Муртазо Мутаҳҳарӣ

Алӣ (Алайҳис салом) маҷмаъи тамоми арзишҳои исломӣ аст ва “Наҳҷул-балоға” сухани ӯст; китобе, ки инсон ба ҳар ҷойи он муроҷеа кунад, кааннаҳу мантиқе дигар мебинад, яъне инсони дигаре ғайр аз инсоне, ки дар ҷойи дигари ин китоб ҳарф мезанад мебинад. Дар ҳар ҷое Алӣ (Алайҳис салом) як шахсият аст. Ӯ шахсияте аст ҷомеъи ҳамаи арзишҳои инсонӣ. Як ҷо мантиқаш мантиқи ҳамоса аст. Гӯӣ пас аз давраи кӯдакӣ, вориди низом шуда ва давраи сарбозӣ ва баъд дараҷоти низомиро тай карда ва як фармондеҳ шудааст ва ғайр аз масоили фармондеҳӣ чизи дигаре намедонад; руҳе аст мамлув аз ҳамосаи низомӣ. Дар ҷойи дигар суроғи ҳамин Алӣ меравем, ӯро орифе мебинем, ки гӯӣ ҷуз розу ниёзи ошиқона чизи дигареро мутаваҷҷеҳ нест.

* * *

Муруввати Алӣ

Шаби бисту якум (аз моҳи мубораки рамазон) аст. Ду қитъаи кучак аз “Наҳҷул-балоға” аз ҳар ду қисмат мехонам — бо ин ки қисматҳои зиёде дар ин заминаҳо ҳаст — барои ин ки бо мантиқи ислом ошно бишавем. Лашкари Муовия ва лашкари Алӣ (Алайҳис салом) дар канори Фурот ба якдигар наздик мешаванд.

Муовия дастур медиҳад ёронаш пешдастӣ кунанд ва қабл аз ин ки Алӣ (Алайҳис салом) ва ёронаш бирасанд, обро ба рӯи онон бибанданд. Ёрони Муовия хеле хушҳол мешаванд. Бо худ мегӯянд, аз василаи хубе истифода кардем, чун вақте онҳо биёянд, об ба чангашон намеояд ва маҷбур мешаванд фирор кунанд…

Алӣ (Алайҳис салом) фармуд: ибтидо бо якдигар музокира кунем, балки битавонем бо музокира мушкилро ҳал кунем (ба истилоҳ гиреҳеро, ки бо даст мешавад боз кард, бо дандон боз накунем), коре кунем, ки аз ҷангу хунрезӣ миёни ду гурӯҳ аз мусалмонон ҷилавгирӣ кунем. Сипас хитоб ба Муовия фармуд: аммо ҳанӯз мо нарасидаем ту даст ба чунин коре задаӣ! Муовия шӯрои ҷангӣ ташкил дод ва қазияро бо сарбозон ва афсарони худ матраҳ кард ва гуфт: шумо чӣ маслиҳат мебинед? Онҳоро озод бигузорем ё на? Баъзе гуфтанд: озод бигузорем ва баъзе гуфтанд: на. Амр ибни Ос гуфт: озод бигузоред, барои ин ки агар озод нагузоред, ба зӯр аз шумо мегиранд ва обрӯятон меравад. Ба ҳар ҳол онҳо озод нагузоштанд ва ҷангро ба Алӣ (Алайҳис салом) таҳмил карданд.

Ин ҷост, ки Алӣ (Алайҳис салом) як хитобаи ҳамосӣ дар муқобили лашкараш эрод мекунад, ки асараш аз ҳазор таблу ҳазор шайпуру ҳазор нағмаву морши низомӣ бештар аст. Садо зад:

قد استطعموكم القتال، فأقروا على مذلة وتأخير محلة أو رووا السيوف من الدماء ترووا من الماء

Муовия гурӯҳе аз гумроҳонро даври худаш ҷамъ кардааст ва онҳо обро ба рӯи шумо бастаанд. Асҳоби ман! Ташна ҳастед? Об мехоҳед? Суроғи ман омадаед, ки об надоред? Медонед чӣ бояд бикунед? Шумо аввал бояд шамшерҳои худатонро аз ин хунҳои палид сероб кунед, то он вақт худатон сероб шавед.

Баъд ҷумлае гуфт, ки ҳаяҷоне дар ҳама эҷод кард, мавту ҳаётро аз ҷанбаи ҳамосӣ ва низомӣ таъриф кард:

Айюҳаннос! Ҳаёт яъне чӣ? Зиндагӣ яъне чӣ? Мурдан яъне чӣ? Оё зиндагӣ яъне роҳ рафтан бар рӯи замину ғизо хӯрдану хобидан? Оё мурдан яъне рафтан зери хок? Хайр. На он зиндагӣ аст ва на ин мурдан.

فالموت في حياتكم مقهورين والحياة في موتكم قاهرين

Зиндагӣ он аст, ки бимиред ва пирӯз бошед, ва мурдан он аст, ки зинда бошед ва маҳкуми дигарон. (Наҳҷул-балоға, хутбаи 51)

Ин ҷумла чӣ қадр ҳамосӣ аст! Чӣ қадр авҷ дорад! Дигар бояд ба зӯр лашкари Алӣ (Алайҳис салом)-ро нигаҳ дошт. Бо ду ҳамла рафтанд ва Муовия ва асҳобашро то чанд километр он тарафтар ронданд. Шариъа (об) дар ихтиёри асҳоби Алӣ (Алайҳис салом) қарор гирифт. Ҷилави обро гирифтанд ва Муовия бе об монд.

Муовия шахсеро барои илтимос фиристод. Асҳоби Алӣ (Алайҳис салом) гуфтанд: маҳол аст. Мо, ки ибтидо накардем, шумо чунин коре кардед ва ҳол, мо ба шумо об намедиҳем. Вале Алӣ (Алайҳис салом) фармуд: ман чунин коре намекунам, ин амале аст ноҷавонмардона, ман бо душман дар майдони ҷанг рӯ ба рӯ мешавам, ман ҳаргиз пирӯзиро аз роҳи ин гуна тазйиқот намехоҳам, ба даст овардани пирӯзӣ аз ин роҳ шаъни ман ва шаъни ҳеч мусалмони азизу бокаромате нест.

Исми ин кор чист? Инро мегӯянд: мурувват, мардонагӣ. Мурувват болотар аз шуҷоат аст. Чӣ хуб мегӯяд Муллои Румӣ дар он шеър — ки аз беҳтарин ашъоре аст, ки дар мадҳи мавло суруда шудааст — он ҷо, ки хитоб ба Алӣ (Алайҳис салом) мегӯяд:

Дар шуҷоат шери раббонистӣ,

Дар мурувват худ, ки донад кистӣ.

Дар шуҷоат шери Худо ҳастӣ, аммо касе наметавонад дар мурувват туро тавсиф кунад, ки ту кистӣ. Ин ҷо Алӣ (Алайҳис салом)-ро мо дар як мавқиф ва саҳна ва дар як либос ва ҷомаи (хосс) мебинем.

* * *

Муноҷоти Алӣ (Алайҳис салом)

Як вақт ҳам суроғи Алӣ (Алайҳис салом) меравед, ҳангоме, ки аз кори мардум фориғ шудааст. Ӯст ва Худои худаш, ӯст ва хилваташ, ӯст ва розу ниёзҳои ошиқона ва обидонааш. Боз ҳам хушбахтона дар “Наҳҷул-балоға” аст, он ҷо ки мегӯяд:

اللهم انك آنس الآنسين لأوليائك

Худоё! Ту аз ҳар анисе барои авлиёи худат анистар ҳастӣ! Яъне бо ҳеч анисе монанди ту унс намегирам, аниси ман туӣ. Вақте бо ҳар ки ғайр аз ту ҳастам, бо анисе нестам, танҳо ҳастам, фақат вақте бо ту ҳастам ҳис мекунам, ки бо касе ҳастам.

واحضرهم بالكفاية للمتوكلين عليك

Касоне, ки ба ту эътимод кунанд, мебинанд аз ҳар каси дигар ҳозиртарӣ, барои ин ки ба суроғи касоне, ки ба ту эътимод мекунанд меравӣ.

تشاهدهم في سرائرهم وتطّلع عليهم في ضمائرهم وتعلم مبلغ بصائرهم

Худоё! Ту дӯстону ошиқонатро дар он сирри замирашон мушоҳида мекунӣ ва аз ботини замирашон огоҳӣ; ба миқдори ирфону басирати онҳо олиму огоҳӣ ва медонӣ, ки инҳо дар чӣ ҳадд аз басират ҳастанд.

فأسرارهم لك مكشوفة وقلوبهم اليك ملهوفة

Асрорашон пеши ту пайдост ва дилҳояшон ба сӯи ту дар парвоз аст. (Наҳҷул-балоға, хутбаи 225)

Дуои Кумайлро, ки дуои Алӣ (Алайҳис салом) аст, дар шабҳои ҷумъа бихонед. Ин дуо аз назари мазмун дар авҷи ирфон аст. Яъне шумо аз аввал то охири ин дуоро, ки бихонед, на дунё дар он пайдо мекунед ва на охират. (Мақсудам аз охират ҳамон биҳишту ҷаҳаннам аст).

Чӣ мебинед? Мофавқи дунё ва мофавқи охират: Худо, равобити як бандаи холису парастанда ва волаҳу шайдо нисбат ба зоти ақдаси илоҳӣ. Яъне ҳақиқати ибодат. Ва худаш ҳам мегӯяд, ибодати ҳақиқӣ ҳамин аст. Бибинед Алӣ (Алайҳис салом) дар дуои Кумайл бо Худои худаш чӣ гуна розу ниёзу муноҷот мекунад! Бибинед Зайнулобидин (Алайҳис салом) дар саҳарҳои моҳи рамазон дар дуои Абӯҳамза чӣ гуна бо Худои худ розу ниёзу муноҷот мекунад! Ин, қадами аввали мусалмони мост. Қадами аввал мо ин аст, ки ба Худои худ наздик шавем ва бо наздик шудан ба Худои худамон аст, ки соири масъулиятҳоямон ва аз он ҷумла масъулиятҳои иҷтимоиро метавонем ба хубӣ анҷом диҳем. Кӯшиш кунем, ки ин гароишҳои якҷонибаро — ки ҳамеша ислом дучори дарди гароишҳои якҷонибаи миллати худаш будааст — канор бигузорем, то дин дучори бемории гароиши якҷониба нашавад. Арзиши ибодатро ҳаргиз кам нагирем.

Дар лаҳазоти охир, ки Имом Содиқ (Алайҳис салом) дар ҳоли рафтан буданд, дастур доданд ҳамаи хешони наздикро ҷамъ карданд. Чашмҳояшонро барои охирин бор боз карданд ва як ҷумла гуфтанд ва рафтанд. Ҷумла ин буд, ки:

لن تنال شفاعتنا مستخفّا بالصلوة

Шафоати мо шомили касе, ки намозро кучак бишуморад, намешавад.

* * *

Алӣ (Алайҳис салом) дар соатҳои охири умр

Шигифтангезтарин давраҳои зиндагии Алӣ (Алайҳис салом) дар ҳудуди 45 соат аст. Алӣ (Алайҳис салом) чанд давраи зиндагӣ дорад: аз таваллуд то беъсати Пайғамбар, аз беъсати Пайғамбар то ҳиҷрат, аз ҳиҷрат то вафоти Пайғамбар, ки давраи севвуми  зиндагии Алӣ (Алайҳис салом) аст ва шаклу ранги дигаре дорад, аз вафоти Пайғамбар то хилофати худаш (он 25 сол) давраи чаҳоруми зиндагии Алӣ (Алайҳис салом) аст, ва давраи хилофати чаҳор солу нимааш давраи дигаре аз зиндагии ӯст. Алӣ (Алайҳис салом) як давраи дигаре ҳам дорад, ки ин давра аз зиндагии ӯ камтар аз ду шабонарӯз аст ва шигифтангезтарини давраҳои зиндагии Алӣ (Алайҳис салом) аст, яъне фосилаи зарбат хӯрдан то вафот. Инсони комил будани Алӣ (Алайҳис салом) ин ҷо зоҳир мешавад, яъне дар лаҳазоте, ки мувоҷеҳ бо марг шудааст. (1) Аввалин аксуламали Алӣ (Алайҳис салом) дар мувоҷеҳаи бо марг чӣ буд? Зарбат, ки ба фарқи муборакаш ворид шуд, ду ҷумла аз ӯ шунида шуд. Як ҷумла ин ки: “Ин мардро (қотилашро) бигиред”, ва дигар ин ки:

فزت وربّ الكعبة

Қасам ба парвардигори Каъба, ки растгор шудам; ба шаҳодат ноил шудам, шаҳодат барои ман растгорӣ аст!

Алӣ (Алайҳис салом)-ро оварданд ва дар бистар хобонданд. Табибе ба номи Асир ибни Амрро — ки аз таҳсилкардаҳои Ҷундишопур ва араб буд ва дар Куфа мезист — барои муойинаи захми Амирулмӯъминин оварданд. Ҳазратро бо васоили он замон муойина кард. Навиштаанд, раге аз шуши гӯсфандро, ки гарм буд лойи захм гузошт ва бо ин озмоиш фаҳмид, ки заҳр вориди хуни ҳазрат шудааст. Аз ин рӯ изҳори аҷз кард. Маъмулан аҳволи маризи лоилоҷро ба худи мариз намегӯянд, ба касони ӯ мегӯянд, вале ӯ медонист, ки Алӣ (Алайҳис салом) касе нест, ки лозим бошад аҳволоташро ба касони ӯ бигӯяд. Пас арз кард: эй амиралмӯъминин! Агар васияте доред, бифармоед.

Вақте Умми Кулсум суроғи он лаъини азалу абад (Ибни Мулҷам) меравад, шурӯъ мекунад ба бадгӯӣ кардан ба ӯ, ки падари ман бо ту чӣ карда буд, ки чунин коре кардӣ? Баъд ба ӯ мегӯяд: умедворам, ки падарам саломати худро бозёбад ва рӯсиёҳӣ барои ту бимонад. То ин ҷумларо Умми Кулсум гуфт, Ибни Мулҷам шурӯъ ба сӯҳбат кард ва гуфт: хотират ҷамъ бошад, ман он шамшерро ба ҳазор дирҳам (ё динор) харидам ва ҳазор дирҳам (ё динор) додам, то масмумаш карданд ва ман самме ба ин шамшер хӯронидаам, ки агар бар сари ҳамаи мардуми Куфа якҷо ворид мешуд, ҳамаро аз байн мебурд. Мутмаин бош падари ту зинда намемонад.

Шигифтиҳои Алӣ (Алайҳис салом) ва мӯъҷизаҳои (2) инсонии ӯ дар ин ҷо зуҳур мекунад. Ҷузъи васиятҳояш мегӯяд: бо асиратон мудоро кунед. Ва баъд мефармояд:

يا بني عبد المطلب لا الفينكم تخوضون دماء المسلمين خوضا تقولون قتل أمير المؤمنين قتل أمير المؤمنين. الا لا تقتلن بي الاّ قاتلي

Авлоди Абдулмутталиб! Накунад вақте, ки ман аз дунё рафтам, байни мардум биафтед ва бигӯед Амирулмӯъминин шаҳид шуд, фалон кас муҳаррик буд, фалон кас дахолат дошт ва ину онро муттаҳам кунед; намехоҳам дунболи ин ҳарфҳо биравед, қотили ман як нафар аст. (Наҳҷул-балоға, номаи 47)

Ба Имом Ҳасан (Алайҳис салом) фармуд: фарзандам Ҳасан! Баъд аз ман ихтиёри ӯ бо туст. Мехоҳӣ озодаш кунӣ, озод кун, ва агар мехоҳӣ қасос кунӣ, таваҷҷӯҳ дошта бош, ки ӯ ба падари ту фақат як зарба задааст, ба ӯ як зарба бизан. Агар кушта шуд, шуд, ва агар кушта нашуд, нашуд. Боз ҳам суроғи асирашро мегирад: оё ба асиратон ғизо додаед? Оё ба ӯ об додаед? Оё ба ӯ расидагӣ кардаед? Косае шир барои мавло меоваранд; миқдоре менӯшад, мегӯяд: боқиро ба ин мард бидиҳед, то бинӯшад ва гурусна намонад. Рафтораш бо душман ин гуна аст, ки боис шуда Мавлавӣ бигӯяд:

Дар шуҷоат шери раббонистӣ,

Дар мурувват худ, ки донад кистӣ.

Инҳо мардонагиҳои Алӣ (Алайҳис салом) аст, инсониятҳои Алӣ (Алайҳис салом) аст. Алӣ (Алайҳис салом) дар бистар афтода ва соат ба соат ҳолаш вахимтар мешавад ва сумум рӯи бадани муқаддаси ӯ бештар асар мегузорад. Асҳоб нороҳатанд, гиря мекунанд, нола мекунанд, вале мебинанд лабҳои Алӣ хандону шукуфта аст, мефармояд:

والله ما فاجأني من الموت وارد كرهته ولا طالع أنكرته وما كنت الاّ كقارب ورد وطالب وجد

Ба Худо қасам, он чи бар ман ворид шудааст, чизе, ки барои ман нописанд бошад нест. Шаҳодат дар роҳи Худо ҳамеша орзуи ман буда ва барои ман чӣ аз ин беҳтар, ки дар ҳоли ибодат шаҳид шавам.

وما كنت الاّ كقارب ورد وطالب وجد

Масале меоварад, ки араб бо ин масал хеле ошно буд. Араб дар биёбонҳо ва ба таври фаслӣ зиндагӣ мекард ва вақте дар якҷо обу алаф барои ҳайвоноту ҳашамаш пайдо мешуд, то вақте, ки обу алаф буд, дар он ҷо мемонд, баъд дар ҷои дигаре обу алаф пайдо мекард ва мерафт. Чун рӯзҳо хеле гарм буд, гоҳе шабҳо барои пайдо кардани нуқтае, ки об дошта бошад мерафтанд, яъне шабҳо дунболи обгардӣ буданд («қориб» ба чунин касе мегӯянд). Ҳазрат ба мардум мегӯяд: эй мардум! Барои касе, ки дар шаби торик дунболи об бигардад ва ногаҳон обро пайдо кунад, чӣ суруре даст медиҳад? Масали ман масали ошиқе аст, ки ба маъшуқи худ расида ва масали касе аст, ки дар як шаби зулмонӣ об пайдо карда бошад:

Дӯш вақти саҳар аз ғусса наҷотам доданд

В-андар он зулмати шаб оби ҳаётам доданд.

Чӣ муборак саҳаре буду чӣ фархунда шабе,

Он шаби қадр, ки ин тоза баротам доданд.

Ин байт ҳамон

فزت ورب الكعبة

— ро мегӯяд. “Аз ғусса наҷотам доданд” яъне

وما كنت الاّ كقارب ورد وطالب وجد

Пурҳарораттарини суханони Алӣ (Алайҳис салом) онҳое аст, ки дар ҳамин 45 соат (тақрибан), аз эшон содир шудааст. Алӣ (Алайҳис салом) андаке баъд аз тулӯъи фаҷри рӯзи 19-ум зарбат хӯрд ва дар нимаҳои шаби 21-ум руҳи муқаддасаш ба олами боло парвоз кард.

Дар лаҳазоти охир, ҳама даври бистари Алӣ (Алайҳис салом) ҷамъ буданд. Заҳр ба бадани муборакаш хеле асар карда буд ва гоҳе вуҷуди муқаддасаш аз ҳол мерафт ва ба ҳоли иғмо дармеомад. Вале ҳамин ки ба ҳуш меомад, боз аз забонаш дур мерехт, ҳикмату насиҳату панду мавъиза мерехт. Охирин мавъизаи Алӣ (Алайҳис салом) ҳамон мавъизаи бисёр-бисёр пурҳарорату пурҷӯше аст, ки дар 20 модда баён кардааст. Аввал Ҳасану Ҳусайн ва баъд бақияи аҳли байташро мухотаб қарор медиҳад: Ҳасанам! Ҳусайнам! Ҳамаи фаразандонам ва ҳамаи мардуме, ки то доманаи қиёмат сухани ман ба онҳо мерасад, бо шумо ҳастам. (Яъне мову шумо ҳам мухотаби Алӣ (Алайҳис салом) ҳастем). Дар ин калимот, ҷомеъияти исломро баён мекунад:

الله الله في الايتام، الله الله في القرآن، الله الله في جيرانكم، الله الله في بيت ربّكم، الله الله في الصلوة، الله الله في الزكوة

Як-як баён мекунад: Худоро, Худоро дар бораи ятимон! Худоро, Худоро дар бораи Қуръон! Худоро, Худоро дар бораи ҳамсояҳоятон! Худоро, Худоро… Вақте он матолиберо, ки дар назар дошт бигӯяд гуфт, онҳо, ки чашмашон ба лабҳои Алӣ буд, диданд, ки ҳоли мавло бештар мунқалиб шуд ва арақе ба пешонии муқаддасаш омад ва дигар таваҷҷӯҳашро аз мухотабон салб кард. Чашмҳо ва гӯшҳо мутаваҷҷеҳи лабҳои Алӣ буд, то бибинанд Алӣ дигар чӣ мехоҳад бигӯяд. Як вақт диданд садои Алӣ (Алайҳис салом) баланд шуд:

اشهد ان لا اله الاّ الله واشهد ان محمدا عبده ورسوله

ولا حول ولا قوة الاّ بالله العلي العظيم

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Поварақӣ:

(1) Шояд дар ҷаласаи дигаре инро тавзеҳ диҳам, ки яке аз меъёрҳои инсони комил чигунагии аксуламалаш дар мувоҷеҳаи бо марг аст.

(2) На мӯъҷизае, ки барои исботи ҳаққоният аст, балки мӯъҷизае, ки бештар барои як олими мӯъҷиза аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: