Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (287)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (30)

* * *

Сабаби ҳирмони ашқиё аз ду ҷаҳон, ки «хасирад-дунё вал-охира» (3)

* * *

Ақли ту ҳамчун шутурбон, ту шутур,

Мекашонад ҳар тараф дар ҳукми мур.

Ақли ту монанди шутурбон аст ва ту монанди шутуре ба ҳар тараф, ки ақлат бихоҳад, мекашонадат, ҳатто туро ба сӯи дастуроте мебарад, ки барои ту талх асту ногувор.

Нукта: Дар ин байт низ ҷисми инсон ба шутур ташбеҳ шуда ва ақли ӯ ба шутурбон. Ҷисм тобеъи ақлу руҳ аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.748)

Ақли ақланд авлиёву ақлҳо

Бар мисоли уштурон то интиҳо.

Авлиёуллоҳ ақли ақлҳо ҳастанд ва соири ақлҳои башарӣ монанди шутурон, тобеъи сорбонанд ва маҳкум ва мутеъи ақли кулл.

Андар эшон бингар охир з-эътибор,

Як қаловуз-аст ҷони сад ҳазор.

Ту бояд бо дидаи ибрат ба онон дарнигарӣ ва он гаҳ хоҳӣ дид, ки сад ҳазор ҷонро фақат як тан пешвоӣ ва ҳидоят мекунад.

Қаловуз: пешоҳанг.

Нукта: Боз авлиёуллоҳ монанди он роҳнамои биёбонҳо ва роҳҳои ношинохта ҳастанд ва мардум ҳамонанди корвон, ки ба дунболи онон равонанд. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.749)

Чӣ қаловузу чӣ уштурбон? Биёб

Дидае, к-он дида бинад офтоб.

Мавлоно дар абёти ахир барои авлиёуллоҳ ду мисол овард, вале ҳар ду мисолро дар бораи онон ноқис мешумурад: яке, мисоли шутурбон, ва дигаре, роҳнамои биёбон, ки иддае аз мардумро ба дунболи худ мебарад, то аз бероҳаҳо наҷот диҳад ва ба ободӣ расонад. Сипас мегӯяд: агар бо дидаи худбинӣ бингарӣ, он авлиё на пешоҳанганд ва на шутурбон, балки «дидае биҷӯй, ки офтобро тавонад дид». (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1069)

Нак ҷаҳон дар шаб бимонда мехдӯз,

Мунтазир, мавқуфи хуршед-асту рӯз.

Инак, ҷаҳон дар шаби ҷаҳолат фурӯ рафта ва мехкӯб шудааст ва мунтазири хуршеди ҳидоят ва рӯзи вилоят гаштааст.

Нукта: Ҳамчунон ки шабҳангом мардум чашминтизори дамидани тобиши хуршед ва баромадани рӯз ҳастанд, ҷаҳониён, ки ғарқи торикиҳои нодонӣ ва ғафлат ҳастанд, мунтазиранд, ки офтоби ҳақиқат битобад ва пардаи нодониро аз ҳам бидарад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.749)

Мехдӯз: дӯхта ба мех, касе, ки ӯро бо мех бар замин мебастанд. (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.1069)

Ин-т хуршеде ниҳон дар заррае,

Шери нар дар пӯстини баррае.

Ин аст хуршеде, ки дар зарраи вуҷуди одамӣ пинҳон шуда ва ӯ мазҳари ақли акбар аст, монанди ин ки шери наре дар пӯстини барра фурӯ рафтааст.

Нукта: Мардуми зоҳирандеш авлиёро низ ҳамчун худ мепиндоранд, дар ҳоле, ки он мардони бузург ба зоҳир дар колбади инсонӣ таҷассуд ёфтаанд, аммо руҳе бас воло доранд, дуруст монанди ин ки хуршедеро дар заррае ва шери нареро дар пӯстини баррае қарор диҳанд. (Ҳамон манбаъ)

Ин-т дарёе ниҳон дар зери коҳ,

По бар ин каҳ ҳин манеҳ бо иштибоҳ.

Ин дарёе аст, ки дар зери коҳ ниҳон шуда. Ба ҳуш бош, мабодо аз рӯи иштибоҳу ғалат поятро рӯи ин коҳ бигузорӣ!

Нукта: Авлиёуллоҳ дар зоҳир монанди дигаронанд, вале дарёе аз ҳақоиқ дар даруни худ доранд. Ҳол бояд мувозиб буд, ки аз сари ҷаҳлу нодонӣ иҳонат ва тахфифе нисбат ба шаъни онон ворид наёяд. Инсони комил ба дарё ташбеҳ шуда ва зоҳири ӯ ба коҳ. (Шарҳи асрор, с.70)

Иштибоҳеву гумоне дар дарун,

Раҳмати Ҳақ аст баҳри раҳнамун.

Иштибоҳот ва гумонҳои носавобе, ки дар даруни одамӣ аст, дар воқеъ раҳмати Ҳақ аст, зеро мӯҷиби бедорӣ ва танаббуҳи инсон мешавад. Ва ин гумонҳо ва лағзишҳо муҳаррики одамӣ дар фаҳсу ҷустуҷӯ ва кашфи ҳақиқат мешавад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.750)

Ҳар паямбар фард омад дар ҷаҳон,

Фард буду сад ҷаҳонаш дар ниҳон.

Ҳар паёмбаре дар замони худ таку танҳо буд. Албатта дар зоҳир танҳо буд, вале дар маъно ҳомили сад ҷаҳон буд.

Нукта: Яъне ҳар паёмбар ҷомеи ҷамиъи маротиби олами вуҷуд аст ва ҷаҳоне дар вуҷуди ӯ нуҳуфтааст. (Ҳамон манбаъ)

Оламе кубро ба қудрат сеҳр кард,

Кард худро дар кеҳин нақше навард.

Ҳар паёмбаре гарчи ба зоҳир хурду танҳо буд, вале ҷаҳони акбарро таҳти тасарруфи худ гирифт, вале дар айни ҳол, бар ҳасби зоҳир, худро кучак нишон медод.

Кеҳин: кучак, кучактар.

Аблаҳонаш фард диданду заъиф,

Кай заъиф аст он, ки бо шаҳ шуд ҳариф?

Нобихрадону нодонон паёмбарро танҳову нотавон гумон мекарданд. Касе, ки бо шоҳи ҳақиқат ҳамроҳу мусоҳиб бошад, кай нотавон аст? Яъне ҳаргиз нотавон нест.

Аблаҳон гуфтанд: «Марде беш нест»,

Войи он к-ӯ оқибатандеш нест.

Нобихрадон дар ҳаққи паёмбар муддаӣ шуданд, ки ӯ шахсияте фавқулъода нест. Вой ба ҳоли касе, ки оқибатандеш набошад ва оқибатро набинад!

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: